Главная > Uncategorized > «Ҷавонон»

«Ҷавонон»

ва саққобозию шоҳмоту шашка

Дар ҷомеа нафароне ёфт мешаванд, ки бо мардум дилсӯзона муносибат карда, сазовори обрӯй гардидаанд. Дар ин нигоштаҳо сухан дар бораи фарде меравад, ки дар корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободии диёру кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Ин фард Дилшод Салимов буда, дар корҳои созандагии НБО-и «Роғун» солиёни зиёд кор кардаву аз меҳнати ҳалолу бобаракаташ нон хӯдааст.

Ёд дорам, аввали моҳи майи соли 2009 буд. Дар даромадгоҳи утоқи кории сардори «Роғунгесстрой» одамони зиёди касбу кори гуногун ҷамъ омада буданд. Дар назди қабулгоҳи сардор Саидамир Сиёҳмардов, ки ҳоло раиси ноҳияи Нуробод аст, марди чилупанҷсола барои воридшавӣ навбат меистод. Аз ӯ пурсидам, ки бо кадом мақсад назди сардор даромаданиед? Гуфт, ки дар маркази шаҳри Роғун сардори «Роғунгесстрой» бо маблағи шахсияш ошхона-кафе сохта, мавриди истифода қарор додааст, аммо сарошпазу ошпаз ва пешхизмат намерасад. «Бо мақсаде ба ин ҷо омадам, ки сардор иҷозат диҳад, то ошхона-каферо обод кунам»,- афзуд ӯ. Навбаташ фаро расиду Дилшод Салимов ба назди сардор даромада, мақсади ба ин ҷо омаданашро фаҳмонд. Сиёҳмардов каме ба андеша фурӯ рафту пас пурсон шуд, ки чӣ ҳунар доред? Номбурда гуфт, ки ҳама намудҳои таомҳои миллиро пухта метавонам. Сардор ӯро ба сифати сарошпаз ба кор қабул карда, дар иҷрои мақсадаш бурдбориҳо орзу намуд.

Дилшод Салимов рӯзи ба кор омаданаш ба ошхона-кафеи «Ҷавонон» корро аз ҷобаҷогузории кормандон оғоз кард. Дар навбати аввал нафаронеро, ки аз ӯҳдаи тайёр кардани таомҳои миллӣ мебароянд, ба кор гирифт ва ҳаёти тарзи солими онҳоро таъмин намуд.

Чанде пеш ба шаҳри Роғун сафар карда, ба ошхона-кафеи «Ҷавонон» рафтам. Ҳамин ки вориди ошхона шудем, пешхизмат Зулфия Азизова ба нишастан таклифамон карда, пурсид: «Ба шумо аз кадом таомҳои миллӣ биёрам, оши угро, самбӯса…?». Хомшӯрбо фармоиш додем.

Пешхизмат фармоишро иҷро карда, гуфт: «Агар таомҳои фармоишиатон маъқул набошад, таомҳои дигарро пешкашатон мекунем».

Таомҳои миллие, ки дар ошхона-кафе тайёр карда мешаванд, нисбати ошхонаҳои дигари шаҳр босифату арзон буда, ба ин ҷо мизоҷони зиёд меоянд. Ошхона-кафе аз субҳ то бевақтии шаб кор карда, ба мардум хизмат мерасонад.

Бояд зикр кард, ки дар иншооти ҳаётан муҳими стратегии аср НБО-и «Роғун» ҳазорҳо нафар машғули корҳои созандагию бунёдкориянд. Онҳо пас аз кор ба ошхона-кафе омада, бо нархи арзон хӯрок дастрас мекунанд. Дар назди ошхона-кафе ҷойи саққобозию шоҳмоту шашка мавҷуд аст. Коргарон пас аз меҳнати пурсамар ба ин ҷо омада, ба бозиҳои варзишӣ машғул мешаванд. Дар ин рӯзҳои гарми тобистон ошхона-кафе ба мардум хизмати хуб мерасонад.

Ҳокими САФАР, шаҳри Роғун

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: