Главная > Акаи Ҷалил > Бузкашӣ

Бузкашӣ

Сарам кал бошад ҳам, табъам нозук аст. Як ҳамшаҳрӣ доштем, ҳамин матала дӯст медошт, такрораш мекард. Гуфтаи ҳамон ворӣ табъи акаи Ҷалилтон ҳам нозук аст. Як Ризвони қоқ дорем, қадами мондагиш каҷ аст, ба маймунбозиву асаг-асаг сарша сафед карду қади кӯдак ақл надорад. Меган-ку, гӯсола ки калон шуд гов мегардад. Баъзеша дар кӯдакишон сарҳошона дастмол мекардем, ки хайр, калон шаванд, як чизе мешаванд. Баъд калон ки мешаванд аз ҳамон будагишон мемонанд. Мебиниву аз зиқира дилат ба кафидана меояд. Ана ҳамин Ризвони қоқ дина дар хонаи кампири Шакарбӣ дар пеши ду-се каси дигар гашта гуфт, ки «акаи Ҷалил, бисёр таърифтон мекунанду ягон бор ягон корнамоитона надидем». Аввал аз гапи ин ақлак як қаҳрам омаду баъд «алҳамдулиллоҳ» гуфта, ту чорғовак раҳ мегаштӣ, лойа папа мегуфтиву санга кака…О ин галаи хилмака коршон саг сӯз додану лоқ-лоқ гаштани қади кӯчаву бозор бошад, аз куҷо медонанд, ки акатон чӣ хел асп дошту чӣ хел буз мекашид. Ба ин Ризвони нулқоқ ҳам гуфтам, ки агар раҳматии атат дар хобат дарояд, аз ӯ пурс, аз бузкашиҳои акаи Ҷалилат ягонташа нақл кунад, кайф мекунӣ. Ҳозир шумо бузбалаҳои чортаранг мондагӣ қаҳрамонӣ кардан ба мани мӯйсафед мондаст?… Додарҳои ҷон, бало ба паси ин Ризвони нулқоқу як чиза ба Шумо гуфтанӣ будам. Акатон дар майдони бузкашӣ якта буд. То омадани акаи Ҷалилтон ҳама бузкаш, ҳама човандоз, ҳама соҳиби майдон. Лекин вақте ки акатон ба майдон медаромад, ҳапҳапи ҳамашон мешишт, чашм ба чашм мешуданд. Вақте буз дар сағрини аспаму бод ворӣ ба пала наздик мешудам баъзе бузбалаҳои тамошобинаш аз тарсара худшона дар пушти занҳошон мегирифтанд. Барои ҳамин ҳам, дар аввали бузкашӣ акатон доим камтар дертар ба майдон меомад, ки ин пурҳавасакҳо як худшона нишон диҳанд, тафи танашона бароранд. Баъде ки акатон ба майдон медаромад, ин галаи ба номаш човандоз якта-якта худшона берун мекашиданд. Хулоса, акатон ворӣ човандоз набуд, чунон қиссаҳое, чунон саргузаштҳое дорам, ки… Акатон дар як рӯзи рӯшан аз хоб хеста бузкаш шудагӣ не. Мо ҳам мактаби калона гузаштаем. Ёд дорам, давраи навболиғӣ буду хубии гармии хун. Амаким як айғири маст дошт, мардаки андак-мандака гардан намедод. Бо пеши синаш баъзе аспи лоғартара қатӣ човандозаш зада чапа мекард. Як рӯз дар набудани амаким ҳавасам омаду линга гардондам болои ҳамин айғир. Асп зад силтав тарафи пешу шуд дуқ-дуқу чорхез. Лаҷом аз дастам ҳуй хӯрд. Дигар имкони манъ кардани асп нест. Айғир давид тарвоза тарафи пастхамие, ки пури буттаи каину ирғайу тулох буд. Илоҷи дигар наёфта, хостам, ки буттаҳора қапида, аспа аз давиш нигоҳ дорам. Омад-омади баҳор асту замин мулоим. Як буттара меқапам, решакан мешавад, буттаи дигара меқапам, решакан мешавад, сеюмаш, чорумаш… Хулоса, як замон бинам дар ин хамгаҳ дигар буттаи рост намонд, ҳамаш решакан шудагӣ. Айғири маст бошад дар обу арақ тар, камтари дигар давиду ба шикам ғалтид. Ман даррав лаҷома ба даст гирифтам ва ҳамин ки хест, маҳмезаш задаму гардондамаш тарафи дашт. Ният доштам ки хуб медавонамаш, лекин дидам ки дамака дорад, боз дилам сӯхт, оварда дар ҷойи пештараш, дар яккамех қантараш кардам. Як замон буд, ки ними мӯйсафеду баақли деҳа пешам омад. Раҳматгӯиву хурсандишон ҳадду канор надошт. Гуфтанд дар фикр будем, ки ин замина чӣ хел аз ҷангал тоза мекунему гандум мекорем. Баъди ин кори ту замин ҳамин қадар шудгор шудаст, ки фақат пошидани гандум мондасту халос. Кори як колхоза кардӣ. Ҳамин хел, рафта-рафта човандоз шудам, линги буз ки ба дастам мерасид, дигар ягон кас  ӯра гирифта наметонист. Гуфтам-ку саргузаштҳо бисёр, лекин якташ ҳич аз ёдам намеравад. Дар поинтари Чинораки мо, дар лаби дарё дашти дарозрӯяе буд. Ҳозир он ҷора шинохта намешавад: ҳама ҷо пури хона, долу дарахт, ҷойи харбандӣ нест. Дар вақташ ҳамин дашт ҷойи бузкашии мо буд. Аз гирду гӯша — деҳаҳои ҳамсоя одам меборид. Пиёдаву харакиву аспакӣ — касе чи хеле метонист — ҳамин қадаре меомад, ки дигар саг соҳибша намеёфт. Пала дар таги баландӣ буд. Баақлҳои деҳаву мардуми бекор дар сари баландӣ мешиштанду бозира тамошо мекарданд. Ана акнун бубинед, ки акаи Ҷалилтон чӣ кор мекард. Бузкашҳо дар майдону акатон дар ҳавлӣ аспша хору мол дорад, дар баландии болои дашт аз одами бисёра ҷойи сӯзан задан несту акаи Ҷалилтон дар хона баҳавсала либос мепӯшад, ҳамаи баақлу бариши деҳа дар бари боло ҷо гирифтаанду акаи Ҷалитон аспша зину банд мезанад, айилу пушттарангу тасмаи ойзангура мекашад, дар майдон бозира эълон кардаву буза сар додаанду акатон бафурҷа аспша аз ҳавлӣ меброрад, дар пушти дарвоза, дар болои санг мешинаду аз ҷебак ошнои давраи сағерагиша мебарорад, дар бехи гӯшаш меликонад-меликонад, баъд пупакчаша канда, аз он неъмати ҷонбахш як кашиданиша ба кафи даст рехта, таги забонаш мепартояду рагу пайша як мекунад, баъд оҳиста мехезаду ба чашми аспаш нигоҳ мекунад, ду бари рӯйи аспша бо кафи дастҳош як молиш дода, пешониша ба пешонии ӯ мерасонад, аспу акатон як нафаскашии ҳамдигара ҳис мекунанду асп ҳам мефаҳмад, ки гап дар куҷост. Баъд акатон ток задагӣ ворӣ яке тез мешавад, як хез зада, худша болои зин мегираду аспаш ҳам маҳтали ишора чорхез мекунад суни дашт. То ин ғот бузкашӣ барвақт сар шудааст. Дар майдон чунон човандозе ҷамъ шудагӣ, ки дигар ҷойи фур гаштан нест. Дар ин хел ҳолат барои акатон бас буд, ки як бало карда, ба ин бузкашҳо наздик шаваду гардан ё пойи буза қапад. «Омин аллоҳу акбар», дигар буза аз дасти ӯ ҳич кас гирифта наметонист. Баъд медидӣ, ки бисёри аз човандозҳо аз бузкашии худ ноумед шуда, аз майдон мебаромаданд. Чанд боре, ки даркор мешуд, буза акатон оварда, дар пала мепартофт. Хулоса, додарҳои ҷони ака, он рӯз вақте акатон ба майдон даромад, дар бари баландӣ чӣ тамошобине, ки буд, аз ҷо хест, «акаи Ҷалил, акаи Ҷалил» гуфта, дод мезаданд. Майдон пури човандозу ҳамаш дар як ҷо туп шуда, буза аз ҳамон мобайн, аз дасти касе гирифтанӣ буданд. Ман ҳам худма ба қура ҷафс карда, «пири ту мардон» гуфта, дастма ба байни бузбалаи бисёр дароз кардам. Дар ин хел вақтҳо қамчина бо дандонҳо меқапию дар як дастат лаҷоми аспу дасти дигарат даруни қура. Аспи омӯхт нӣ як бало карда, дарунтар медарояд, аспҳои дигара ё бо фукаш тела медиҳад ё мегазад… Қисса кӯтоҳ, дастма дароз карда, як чанг зада будам, ки гардани буз ба дастам омад. Дар ин ҳолат дигар ба ин тарафу он тараф нигоҳ намекунӣ, худта дар болои зин мустаҳкам мегириву бо пошнаҳои по ба шиками асп мезанӣ, ки аз қура барояд. Аз қура, ки буза баровардӣ, барои дастат шалпар нашудану дилпур будан буза ба танаи асп назик мекашиву зонура аз болош мегардонӣ. Лозим донӣ дар қоши зин мебандиш. Баъзеҳо барои ин чилбури алоҳида доранд. Баъд аз човандозҳои дигар канда, аспа маҳмиз мезаниву ба пала наздик шуда, сари този асп буза дар байни пала мепартоӣ. Баъд вағасти мардаку ҷағасти кӯдак гӯшҳота кар мекунаду дар даҳани ҳама номи акаи Ҷалил. Ҳамон рӯз ҳам гардани буз ки ба дастам омад, қапида кашидамашу аз қура баромадам, ба танаи асп ҷафстар кардаму зонура аз болош гардондам. Баъд аспа серқамчин карда, аз човандозҳо канда ҷудо шудам. Дар ҳамин вақт одами — чи тамошобине ки буд аз ҷо хест, доду фарёд, дар даҳани ҳама номи акаи Ҷалил. Хостам дар миёни майдон ду-се давр дода, хуб човандозима нишон диҳаму беҳунарии ин галаи хилмака. Як давр дода будам, ки бинам аз бари пуштам ягон кас асп намедавонад. Парвое накарда, боз аспма маҳмиз задам. Яке шунавам, аз поин овози хираи касе «акаи Ҷалил, ман буз нестам, ман Шодиям». Аввал нафаҳмидам, «фарқаш чӣ, ки ту кистӣ» гуфтаму яке дар сарам зад, ки боз ягон балоро сар набарам. Созтар нигоҳ кунам, ҳақатан ҳам буз не, як сағераи човандоз доштем, бачаи хуб буд, Шодии миҷадарозаш мегуфтанд, ҳамон дар таги зонуи акатон дарозобанд кашол. Сараш қариб ки дар замин мерасид. Дар пош хумак дошт — он вақт аз пӯсти буз ё гов ҳамин хел попӯшӣ медӯхтанд, мӯйҳош аз берун меомад, дар танаи по мебастандаш, сабук буд, — вақти дастма дароз кардан ҳамин хумаки бачаҳалок ба дасти ман омадаасту ман гумон кардаам, ки гардани буз аст… Ҳамин ки чашмам часпид, тез кашидамаш боло, шинондамаш болои сағрини асп. Баъд гашти аспа суст карда, фуровардамаш ба замин. Бечорара ранг дар рӯш намонда буд, сафедхок ворӣ, қади барги бед меларзид. Фармидам, даррав оби хунук оварданд, дар рӯш пошиданд. Гуфтамаш, ки то як ҳафтаи дигар рӯғанӣ нахӯр, ки ягон балот нарасад. Баъд даромадам даруни қура. Ҳамон рӯз ғайр аз акаи Ҷалилтон ягон каси дигар тарафи пала наздик шуда натонист…

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Акаи Ҷалил Метки:
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Оставьте комментарий