Главная > Uncategorized > М. Салимов: «Набояд касе бетарафӣ кунад…»

М. Салимов: «Набояд касе бетарафӣ кунад…»

Сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, одобу ахлоқи онҳо, таъсири мактабу оила ва муҳити атроф ба онҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки доимо мавриди омӯзишу муҳокима қарор мегиранд. Дар вилояти Хатлон, ки зиёда аз 1300 мактаби гуногун амал мекунаду дар онҳо беш аз 640 ҳазор нафар таҳсил менамоянд, ба масоили мазкур аҳамияти зарурӣ дода, барои беҳтар шудани сифати таълим, ҷалби ноболиғону ҷавонон ба донишомӯзӣ ва гузаронидани ҳар гуна маҳфилу чорабиниҳои ташвиқотӣ дар байни онҳо кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Вале дар баробари ин, масъалаи ҷинояткории наврасону ҷавонон, паҳн гардидани ҳар гуна амалҳои ношоиста дар байни онҳо ва даст ба ҳуқуқвайрокунӣ задани насли наврас боиси нигаронии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф, волидон ва созмонҳои мухталифи вилоят гардидааст. Аз ин рӯ, ҳолати мазкурро ба инобат гирифта, атрофи ин ва дигар масъалаҳои ба таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон дахлдошта сӯҳбате анҷом додем бо сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, подполковники милитсия М. Салимов.

— Яке аз самтҳои фаъолияти мақомоти милитсия доир намудани сӯҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, хусусан миёни наврасону ҷавонон мебошад. Масъалаи мазкур аз ҷониби Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РКД-и вилояти Хатлон чӣ гуна амалӣ мешавад?

— Гузаронидани чорабиниҳои профилактикию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти милитсия мебошад. Зеро чунин корҳо дар ҳама давру замон натиҷаҳои хуб дода, ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва амалҳои ношоиста дар ҷомеа мусоидат менамоянд. Кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон, аз ҷумла Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон (ХПҲНҶ) дар шаш моҳи соли равон дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, амният, созмонҳои ҷавонону занон, мактабу маориф ва падару модарон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 647 маротиба сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Аксари иштирокчиёни ин мулоқотҳоро наврасону ҷавонон ташкил доданд.

Гузашта аз ин, дар асоси фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми апрели соли 2010 «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи созмони «Дӯстони навраси милитсия» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хубтару беҳтар шудани сифати таълиму тарбия аз ҳисоби 10-12-нафарӣ хонандагони лаёқатманди синфҳои болоӣ гурӯҳҳои «Дӯстони навраси милитсия» таъсис дода шудаанд. Ин созмонҳо дар ҳамкории зич бо кормандони ХПҲНҶ-и РКД-и вилояти Хатлон қарор доранд. Муҳассилини фаъол саъй мекунанд, то ҳамсолони худро ба илм омӯхтану дониш андӯхтан ташвиқ созанд ва дар бораи хонандагони бетарбияву бадахлоқ ва ҳуқуқвайронкун ба мақомоти милитсия хабар диҳанд. Роҳандозии чунин усули ҳамкории тарафайн ба натиҷабахшии кори мақомоти милитсия ва ҳам ба сифати таълиму тарбия ва одобу ахлоқи наврасону ҷавонон таъсири мусбат мерасонад.

— Пас чунин талошҳо аллакай бояд натиҷа дода бошанд. Ҳамин тавр не?

— Дуруст аст. Агар дар нимсолаи аввали соли гузашта дар ҳудуди вилояти Хатлон аз ҷониби ноболиғон 64 ҷиноят содир шуда бошад, пас ин рақам дар ҳамин давраи соли равон 46-торо ташкил дод. Ногуфта намонад, ки агар сабабҳои дигар ба ин таъсир расонида бошанд ҳам, вале омили асосӣ — гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкории мақомоти милитсия бо мактабу маориф ва хонандагону волидони онҳо мебошад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз боварӣ ба мақомоти милитсия афзудааст, ки дар аксари ҳолатҳо худи падару модарон дар бораи тарбияи суст ва аз доираи одобу ахлоқ дур шудани фарзандонашон барои ёрӣ ба мо муроҷиат менамоянд.

Ҳарчанд натиҷабахшии кор хуб аст, вале ҷиноят ҷиноят аст. Махсусан, вақте онро ноболиғ ва ё наврасе содир мекунад…

— Манзури шуморо фаҳмидам. Албатта, аз сабабе, ки наврасону ҷавонон ояндаи ҷомеаи мо мебошанд, дар масъалаи таълиму тарбияи онҳо набояд касе бетарафӣ кунад. Агар чунин шахс ёфт шавад ҳам, ӯ бояд дарк созад, ки бетарафӣ ба ин масъала бетарафӣ ба ояндаи худу фарзандони хеш аст. Аз ин рӯ, ҳар қадами гузоштаи ноболиғону ҷавонон бояд зери назорат бошад. Вақте наврас дур аз хона аст, ё ба мактаб гуфтаву ҷойи дигар рафтааст, кӣ барои назорати ӯ масъул аст? Волидон, муаллимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё каси дигар? Албатта, дар ин сурат бояд ҳама масъулият ҳис намоянд, зеро масъалаи тарбияи ноболиғон имрӯз вазифаи ҳар яки мост.

Мутаассифона, ҷинояткории ноболиғону ҷавонон ҳанӯз ҳам масъалаи доғи рӯз боқӣ мемонад. Аз тарафи наврасону ҷавонон ҷиноятҳое чун дуздиву ғоратгарӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, куштор, қаллобӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани маводи мухаддир, авбошӣ, латукӯб ва ғайра содир гардидаанд.

— Масъалаи асосие, ки имрӯз кормандони мақомоти милитсияро ба ташвиш овардааст, кадом аст?

— Масъалаи нигаронкунанда дар вилоят — афзудани ҳолатҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон мебошад. Ин проблема дар баробари кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин боиси ташвиши волидон ва намояндагони касбу кори дигар низ гардидааст. Дар шаш моҳи соли равон дар вилоят 16 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 12-то буд. Аз шумораи умумӣ 5 нафарро писарбача ва 11 нафари дигарро духтарон ташкил медиҳанд.

Бо супориши роҳбарияти ВКД ва Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, баҳри пешгирии ҳолатҳои худкушӣ дар байни ноболиғон ва омӯхтани омилҳои ба ин кор даст задани онҳо дар шаҳру ноҳияҳое, ки чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта шудаанд, кормандони ХПҲНҶ-и РКД-и вилояти Хатлон сафарбар шудаанд. Санҷишҳо нишон дод, ки ҳарчанд бештари ноболиғони худкушикарда касалиҳои рӯҳӣ доштанд, вале далелҳое низ ҷой доранд, ки чунин ҳодисаҳо дар натиҷаи муноқишаҳои оилавӣ рӯй додаанд. Масъалаи дигари ташвишовар — ҳолатҳои беному нишон гум шудани ноболиғон мебошад. То имрӯз дар вилояти Хатлон 4 нафар ноболиғ бедарак шудааст, ки дар робита ба ин парвандаҳо оғоз гардида, кофтукови онҳо идома дорад.

— Дар охир чӣ гуфтание доред?

— Дар нимсолаи гузаштаи соли равон кормандони ХПҲНҶ-и ШКД-ҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар дигар самтҳои фаъолияти хизматӣ низ кор бурда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Онҳо 20 ҷиноят — 12 дуздӣ ва 8 ҳолати расонидани зарари ҷисмонӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони дигар бахшҳои мақомоти милитсия 28 ҷинояти дуздиро ошкор намуданд. Инчунин, аз гардиши ғайриқонунӣ 770 грамм бангдона, 100 грамм афюн ва ниҳоли худрӯйи бангдона дарёфту мусодира намуданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки масъалаҳои вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон доимо таҳти назорати роҳбарият ва ҳайати шахсии РКД-и вилояти Хатлон, аз ҷумла Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони РКД-и вилоят қарор доранд.

Мусоҳиб Умеди ОЛИМ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: