Главная > Uncategorized > Владимир Шаманов: «Ба ноором шудани вазъ дар Осиёи Миёна тайёр бояд буд. Пеш аз ҳама дар Тоҷикистон»

Владимир Шаманов: «Ба ноором шудани вазъ дар Осиёи Миёна тайёр бояд буд. Пеш аз ҳама дар Тоҷикистон»

ИА REGNUM: — Рафиқ фармондеҳ, ҳадафи асосӣ аз тайёрӣ ба гузаронидани чунин чорабинӣ чист?

Владимир ШАМАНОВ: — Мо на танҳо барои он гирд меоем, ки ба хотири нафарони хизматчии Қӯшунҳои десантӣ — ҳавоӣ қадаҳе шароб нӯшем, на танҳо барои ветеранҳо, на танҳо ба хотири ёдоварии нафароне, ки сари худро фидои ватан кардаанд. Рӯзи ҚДҲ рамзи муборизаи якдилонаву бародаронаи десантҳост, сарфи назар аз он, ки имрӯзҳо дар сафанд ё берун аз он. Ин рӯз на танҳо дар Русия ва мамлакатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, балки дар хориҷи дур ҳам ҷашн гирифта мешавад. Аммо анъанаи ҷашнгирии Рӯзи Илин — 2-юми август ҳамчун рӯзи десантҳо аллакай       дар асри 18 пайдо шуд. Замоне, ки шоҳ Михаил Федорович ва Патриарх Филарет ба хотири нишон додани садоқату муносибати махсуси худ ба пайғамбари Худо онро дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтанд. Вале дар ин хусус дар Русия танҳо соли 2003 ёдоварӣ карданд.

Ба хотири ин рӯз мо дигар маросимҳоеро низ нақшабандӣ кардаем, ки дар бисёр шаҳрҳои Русия мегузаранд. Рӯзҳои наздик ба Воронеж меравем, ки онҷо маросими расмии кушодашавии ёдгории «Воронеж — ватани ҚДҲ» дар назар аст. 2-юми августи соли 1930 дар Воронеж аввалин бор дар таърихи қувваҳои мусаллаҳи кишвар гурӯҳи ҷангии ҳамаҷиҳата таъмингардидаи десантҳо ба миён омад, ки иборат аз 12 парашутист буд. Дар ташкил кардани нахустин гурӯҳи десантҳои парашутист нақши асосиро ҳавонаварди ҳарбӣ Леонид Григоревич Минов ва ёрдамчии ӯ Яков Давидович Мошковский гузоштаанд.

Ҳамчунин, бахшида ба 80-солагии ҚДҲ филми мустанади наве ба навор гирифта шуд, ки дар он ман нақши шореҳ ва маслиҳатчии асосиро дорам. Аз имконияти иттилоотонӣ истифода бурда, мехоҳам тамоми хизматчиёни ҚДҲ, ветеранҳо ва махсусан аскару афсаронеро, ки имрӯзҳо дар Қирғизистон қарор доранд, ба ифтихори ин санна табрик гӯям.

ИА REGNUM: — Ба вазифаҳои ҳарбии ҚДҲ дар Қирғизистон чӣ дохил мешавад?

Владимир ШАМАНОВ: — Десантҳои мо дар онҷо дар Кант бехатарии базаи ҳавоии русиро таъмин мекунанд. Десантҳо дар Қирғизистон то вақте қарор хоҳанд дошт, ки ба ҷону саломатии хизматчиёни ҳарбии Русия ва аъзоёни оилаи онҳо хатар таҳдид мекунад.

ИА REGNUM: — Дар артиши Русия ислоҳоти ҷиддии ҳарбӣ гузаронида шуда истодааст. Ин ба тайёрии ҳарбии Қӯшунҳои десантӣҳавоӣ чӣ таъсир мерасонад?

Владимир ШАМАНОВ: — Агар гӯем, ки ислоҳот ба ҚДҲ таъсире нагузоштааст, муболиға мешавад. Мушкил бо нафароне, ки тариқи шартнома хизмат мекунанд, вуҷуд дорад. Аммо сарфи назар аз он, ки дар дигар қисмҳои ҳарбӣ ҳайати афсарӣ ихтисор мешавад, баръакс, шумораи хоҳишмандон барои хизмат дар ҚДҲ афзуда истодааст. Мо ният дорем дар соли 2011 ба қӯшунҳо аввалин хатмкунандагон — сержантҳои касбиро дохил намоем.

ИА REGNUM: — Владимир Анатолевич, ИМА аллакай санаҳои мушаххаси баровардани қувваҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистону Ироқ эълон кард. Шумо натиҷаҳои ҳарбию сиёсӣ ва геополитикии чунин тасмимро чи гуна баҳогузорӣ мекунед?

Владимир ШАМАНОВ: — Ин ки ИМА ва ҷонибдоронаш ҳеҷ гоҳ ҷангро дар Афғонистону Ироқ бой намедиҳанд, пештар ҳам маълум буд. Дар ин бора ман аллакай панҷ сол пеш дар як навиштаам қайд карда будам. Аммо барои амрикоиҳо ва тарафдорони онҳо ин далел наметавонад чун «синдроми ветнамӣ» бошад. Ин танҳо далели нокомии ширкатҳои ҳарбӣ дар Шарқи Наздик хоҳад буд. Аз ҷониби дигар, баъди берун шудани дастаҳои мусаллаҳи ИМА ва ҷонибдоронаш дар минтақа бебандуборие ба миён меояд, ки ба тағйирёбии мувозинати қувваҳои минтақавӣ пайванд мегирад. Аз ин лиҳоз, ба ақидаи ман, дар оянда бояд ба ноором шудани вазъ дар Осиёи Миёна ва Қафқоз тайёр буд.

ИА REGNUM: — Шумо Қирғизистонро дар назар доред?

Владимир ШАМАНОВ: — Не, Тоҷикистонро.

ИА REGNUM: — Дар Қафқоз чӣ? Инҷо сухан дар бораи Қаробоғ меравад?

Владимир ШАМАНОВ: — Боз не. Ман Грузияро дар назар дорам.

Манбаъ: ИА REGNUM

Фармондеҳи қушӯнҳои десантӣҳавоии Русия Владимир Шаманов гуфтааст, ки дар сурати аз Афғонистону Ироқ берун кардани қувваҳои мусаллаҳи Амрико вазъ дар Осиёи Миёна, бахусус дар Тоҷикистон ноором мешавад. Аммо шарҳи бештаре дар бораи омилҳои ин далел гуфта нашудааст. Дар ҳоле ки вазъияти Қирғизистон нисбат ба Тоҷикистон имрӯзҳо дар минтақа нооромтар аст. Дар робита ба мусоҳибаи В. Шаманов ба ду нафар сиёсатшиноси тоҷик муроҷиат кардем, то назароти худро оид ба иддаои чеҳраи рус бигӯянд.

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси ҲСДТ:

Андешаи Шамановро ҷонибдорӣ мекунам

— Ахиран яке аз шахсиятҳои босалоҳияти соҳаи ҳарбии муосири Русия қоил шуд, ки ҳамин шабу рӯз будани ИМА дар Афғонистон на танҳо ҷавобгӯи манфитаҳои ду кишвар, балки ҳам давлатҳои минтақа ва ҳам Русия аст. Дувум, кишварҳое, ки таҳти таъсири Амрико мебошанд, амалиёти худро ҳамоҳанг месозанд. Новобаста аз бархӯрди манфиатҳо бо Русия ва баъзе давлатҳои минтақа, аз ҷумла Чину Ҳиндустон. Вале умумият ҳаст миёни онҳо. Яъне пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза ва пахш намудани экстремизм ва терроризми байналмилалӣ, ки ҳамчун хатар пеш аз ҳама ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Аз ин хотир, агар мо аз гузоришҳои дигари раҳбариятҳои динии мухталифи ин давлат пеши назар орем, баъзан онҳо фишор меоварданд, то ки Амрико ҳарчи зудтар аз қаламрави Афғонистон равад. Ишора мекарданд, ки барои мӯҳлатҳои маҳдуд омадаанд, вале барои замони тӯлонӣ монданд ва ғайра. Аз ин хотир, андешаи Шамановро ман ҷонибдорӣ мекунам.

Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ:

Мо бояд таҳлил кунем…

— Ба назари ман, баъзе аз гуфтаҳои Шаманов асос дорад, зеро дар баъзе мавридҳо ҳамин гуна нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд. Дар бобати Осиёи Марказӣ  дар интернет ва дигар манбаъҳо маълумотҳои зиёде ҳаст. Вале ин вобастааст ба он, ки худи кишварҳои Осиёи Марказӣ чи гуна сиёсат мебаранд ва чи гуна масъалаҳои дохилии худашонро ҳал мекунанду чи гуна дар онҳо муттаҳидӣ ва ягонагӣ байни ҳукумат ва халқ ҳаст. Ин ягона омиле ҳаст, ки метавонад ҳамаи нақшаҳои бударо барбод диҳад ва албатта кори хубу мунтазами органҳои ҳифзи ҳуқуқ низ ин ҷо истисно нест. Яъне онҳо муҳимтарин ҳалқаҳои ҳифзи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳамин гуна нақшаҳои вайронкорона ҳастанд ва хоҳанд буд.

Албатта заминаҳои мавҷудаи гуфтаҳои Шамановро ман намедонам, вале нисбати ин гуфтаҳои вай бепарво будан лозим нест. Мо бояд таҳлил кунем, ки чаро як генерали рус чунин фикрҳоро гуфтааст? Дар кадом асос? Ва дар асоси кадом далелҳо? Ва шояд дар асоси кадом нақшаҳо?

Омодасоз Аҳлиддини САЛИМПУР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: