Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта

***

Қариб як моҳ Азиз бо саги хӯҷаин — Бен дар як ҷой хурду хоб дошт. Рӯзонаҳо аз пагоҳӣ сар карда, Азиз аввало «Ҷип»-и хӯҷаинро шустаю тоза мекард, сонӣ ба марғзори гирду атрофи қасри ӯ даромада, алафҳои бегонаро чида мепартофт. Хулоса, ба рӯбучин ва нигоҳбонии қасри хӯҷаин машғул буд. Аммо ба дохили он намедаромад. Фақат дар рӯйи ҳавлӣ ва марғзор кор мекард, ки дар маҷмӯъ қариб як гектарро ташкил медод.

Баъди як ҳафтаи дигар хӯҷаин дар назди дарвоза, дар шафати қароргоҳи Бен як хоначаи тахтагине оварда монд, ки дар байни муҳоҷирон бо номи «вагон» ва миёни русҳо бо номи «бытовка» машҳур аст. Инчунин ба Азиз кат бо кӯрпаю болин, ҷевон столу стул, яхдони фарсуда ва як телевизори начандон калон оварда супорид. Либосҳои фарсудаи ӯро маҷбуран бадар намуд ва бо сарулибоси тозаи корӣ таъмин кард. Корҳои Азиз каме беҳ шуда буд. Диана ба ӯ дастгоҳи хӯрокпазии газӣ ва баъзе маводҳои хӯрока, аз қабили равғани офтобпараст, картошкаю пиёз, тухму нон ва баъзе чизҳои зарурии дигарро супорид.

Азиз бояд ҳар пагоҳӣ Бенро ба сайругашт мебурд ва бо дастгоҳи алафқайчикунӣ алафҳои марғзорро қайчӣ мекард. Ба тақдири Азиз, аксаран рӯзҳо офтобӣ буданд. Хӯҷаину хӯҷаинзан, ки ҳарду адвокат буданд, аз рӯи талабот ё даъват кор мекарданд. Хонуме бо номи Марта Петровна гоҳ — гоҳ бо «Митсубиси»-и сафедаш омада, бо Артуру Диана гуфтугӯ мекард. Гумон бурдан душвор набуд, ки Марта Петровна Диана ва Артурро бо корҳои адвокатӣ таъмин мекард. Аксар вақт ин корҳо вобаста ба нависонавис ва ҳимоя намудани ҳуқуқҳои амалдорон, олигархҳо ва бизнесменҳои руси гирду атрофи Санкт-Петербург ва худи шаҳр буданд. Артур ва Диана дар ҳимоя намудани корҳои ҷиноятӣ қариб ки иштирок намекарданд. Онҳо асосан дар қонунӣ намудани ҳуҷҷатҳо ва хонаҳо — манзилҳои сарватмандон кӯмак мерасонданд. Ин хел корҳоро барои онҳо Марта Петровна меёфт. Артуру Диана ин сӯ — он сӯ давида, корҳои мазбурро аз рӯйи қонун тахт мекарданд ва маблағи нағз мегирифтанд. Ин буд, ки шавҳари 43-сола ва зани 28-сола бо духтарчаи 8-солаашон Катюша дар ҳамин қаср хушу хурсандона зиндагӣ мекарданд. Бисёр вақт ҳуҷҷатҳоро аз рӯйи қонунгузории Русия дар хонаашон тахт мекарданд. Яъне бисёр вақт аз хона набаромада, маблағҳои хурду калон ба кисаи онҳо медаромад.

Ин бегоҳ баъд аз кушода шудани дарвоза бори аввал мошини сиёҳи тамғаи «Ауди» дохили ҳавлӣ гардид. Аз дохили мошин ду нафар, як марду як зан баромаданд ва бо Дианаву Артур хеле самимона вохӯрӣ карданд. Азиз акнун ба гардани Бен гарданбанд баста, арғамчинро ба он пайваст карда, ӯро ба сайругашт бурданӣ буд. Онҳо ба сӯйи Азиз нимнигоҳе карданд ва мард ба Артур гуфт: «Вот этого не хватила здесь! Что за чёрные чудовище?».

— Это не чёрное чудовище, это Азиз. Мы его нашли в лесу,- ҷавоб дод Артур.

Бо даъвати Диана онҳо ҳама ба хона даромаданд. Азиз Бенро гирифта ба сайругашт бурд.

Навомадагон холаи угаи Диана Оксана ва шавҳари ӯ Пётр Пётрович буданд. Онҳоро камбағал гуфтан нодуруст бошад, ба ҳисоби сарванмандон дохил кардан ҳам кори хато буд. Ғайр аз квартираи дуутоқа дар Питер ва ҳамин як мошини «Ауди»-и кӯҳна дигар сарвати казоӣ надоштанд. Айшу ишратро бениҳоят дӯст медоштанд. Хусусан майнӯширо. Алексей — писари ягонаи Оксана низ донишгоҳро партофта майхора шуд. Як сол пеш бо ким — кадом ҷиноят ҳафсола ба ҳабс маҳкум шуда, дар маҳкама буд. Оксана ва Пётр Пётрович ба Дианаву Артур ниҳонӣ ҳасад мебурданд. Бахусус Оксана дар як кунҷи дилаш аз Дианаву Артур доғ дошт. Бо кадом роҳе, ки набошад, зарар расонида, панҷа ба сарвати хоҳазодааш заданӣ буд. Баъди он ки Алексейро ҳабс карданду барои озодии ӯ Дианаву Артур коре карда натавонистанд, қаҳру ғазаби Оксанаро ҳадду канор набуд. Оксана ҳама буғзи дилашро ба сари хоҳарзодааш ва шавҳари ӯ бор мекард. Пётр Пётрович ҳам бенасиб намонд. ӯ шавҳари сеюми Оксана буд.

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: