Главная > Uncategorized > Пешниҳоди Тӯраҷонзода ва баҳонаҳои Фаррух Ҳамралиев

Пешниҳоди Тӯраҷонзода ва баҳонаҳои Фаррух Ҳамралиев

Корхонаи алюминиюми  Тоҷикистон сарпарасти  эҳтиёҷмандон ва муҳайёкунандаи ҷои кор аст ё осиёбу масрафкунандаи бесобиқаи барқ?

«ТАЛКО»-ро фурӯхтан лозим аст?

Ахиран баҳси фурӯши «ТАЛКО» — Корхонаи алюминиюми тоҷик дар нишасти матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳини сӯҳбати хабарнигорон бо Фаррух Ҳамралиев, вазири иқтисод аз нав ба миён омад. Вазири иқтисод дар ин бора чунин ибрози назар кардааст: «Ман наметавонам бигӯям, ки пешниҳод дар бораи фурӯши корхонаи алюминиюм пешниҳоди бад аст. Вале ин ширкат нерӯи барқ мехарад, ҳамзамон 14 ҳазор нафар коргар бо ҷои кор таъминанд. Мо бояд манфиати ҷумҳуриро ба назар гирем».

Ёдовар мешавем, ки пешниҳоди фурӯхтани «ТАЛКО» ба Русия аз ҷониби рӯҳонии саршиноси кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода сурат гирифта буд, ки масъулини ширкат ва мақомоти давлатӣ мухолифати шадид нишон дода буданд. Вале ҳоло таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гуфтаҳои ҷаноби Тӯраҷонзода асоси воқеӣ доштаанд.

 Фоидаи «ТАЛКО» ба давлат чист?

Аз рӯи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми андози ба буҷаи давлат воридшудаи ширкати алюминиюми «ТАЛКО» ҳудуди 200 миллион сомонист. Вале ба гуфтаи Фаррух Ҳамралиев, 9 корхонаи дигар, ки дар ҷумҳурӣ бо маҳсулоти ин ширкат фаъолият доранд, ҳудуди 80 миллион сомонии дигар ба буҷа андоз месупоранд, ки дар маҷмӯъ 280 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ба суоли он, ки чаро ин қадар маблағи кам ба буҷаи кишвар ворид мекунад, масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо гуфтаанд, бо далели он, ки ширкати «ТАЛКО» дар Тоҷикистон истироҳатгоҳҳо месозад, ба унвони сарпарасти баъзе идораҳои давлатӣ ва эҳтиёҷмандон фаъолият мекунад, камтар андоз месупорад. Баргардонидани Расул Боқиев, дзюдочии тоҷик аз Маскав ва сарпарастии ӯ аз ҷониби ин ширкат сурат гирифта буд. Лекин ширкати «ТАЛКО» бояд то имсол якчанд варзишгарони тоҷикро сарпарастӣ мекард, ки ҳоло ин ваъда ҷомаи амал напӯшидааст. Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар як сӯҳбаташ қайд кард, ки «ТАЛКО» аз ваъдааш нагаштааст ва дар оянда варзишгаронро сарпарастӣ хоҳад кард. Аммо аз сӯи дигар, ӯ аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Тоҷикистон дарёфти сарпараст хеле мушкил аст.

Аз сӯи дигар, масъулини ширкат мегӯянд, ки «ТАЛКО» ба фаъолияти толлингӣ машғул аст ва бояд дар супоридани андоз аз имтиёз бархӯрдор бошад. Толлинг — яъне ширкатҳои фармоишгар «ТАЛКО»-ро бо ашёи хоми барои истеҳсоли алюминий зарурӣ таъмин мекунанд, «ТАЛКО» бошад, алюминий истеҳсол карда, ба фармоишгарон медиҳад ва ҳаққи хизмат мегирад. Яъне ҳамон масали машҳури «Осиёбу осиёбон», ки ҷаноби Тӯраҷонзода мегуфт.  

Қарор аст соли ҷорӣ ширкати алюминиюми «ТАЛКО» 380 ҳазор тонна алюминиюми аввалияро тавлид карда, ба бозори ҷаҳонӣ ба фурӯш барорад. Имсол нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ нисбати соли гузашта 708 доллар боло рафта, арзиши 1 тоннаи он ба 2030 доллар расидааст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ин ширкат 187 ҳазор тонна алюминиюм истеҳсол кардааст. Ин дар ҳолест, ки ахиран масъули ширкати аудитии «Мур Стефенс» Гавин Стоддарт, ки бозрасии корхонаи «ТАЛКО»-ро анҷом дода буд, гуфтааст, ки тиҷорати алюминиюм дар Тоҷикистон 860 миллион долларро ташкил медиҳад. Аммо ин нуктаро бояд ба инобат гирифт, ки то давраи бӯҳрони иқтисодӣ 1 тонна алюминий 2800 доллари амрикоӣ нарх дошт. Баъдан то 1250 доллар пойин рафт. Ҳоло бошад, қимати 1 тонна алюминий 2030 доллар аст. Аммо ба гуфтаи Шералӣ Кабиров, ҷонишини раиси ширкати «ТАЛКО», барои истеҳсоли 1 тонна алюминий наздики 2000 доллар масраф мешавад. Дар ин сурат тақрибан ширкат ҳеҷ фоидае намебинад. Зеро вақте 1 тонна алюминий дар бозори ҷаҳонӣ 2030 доллар арзиш дорад ва барои коркарди 1 тонна алюминий «ТАЛКО» 2000 доллар масраф дорад, сухан дар бораи кадом фоида меравад? Вале аз сӯи дигар, имкон надорад, ки ширкат мудом бар зарар фаъолият кунад. Шояд ин ҷо сирре пӯшидааст ва аз роҳҳои даромади он мардум огоҳ нестанд?    

Ба гуфтаи вазири иқтисод, корхонаи алюминиюм ҳаст, ки нерӯи барқ харидорӣ мешавад ва ҳамзамон ин ширкат 14 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷойи кор таъмин мекунад.   

Бо вуҷуди ҳамаи ин паҳлӯҳои мусбат, дар фаъолияти «ТАЛКО» омилҳои зиёновар ё на ҳама вақт ба суди халқу давлатро баъзе коршиносон далел меоранд, ки аз рӯи таҳлили онҳо фурӯхтани он авлотар аст, нисбат ба он ки бар зарар фаъолият кунад ё фоидаи хубе ба давлат наорад.

Яке аз инҳо пардохти ночизи андоз бошад, дигараш масрафи бесобиқаи нерӯи барқ, ки дар як шабонарӯз 20 млн. кв соатро ташкил медиҳад, ки тибқи баъзе маълумотҳо 70 дар сади нерӯи барқи истеҳсоли Тоҷикистонро ширкати мазкур истифода мебарад. Дар сурате, ки дар истифодаи нерӯи барқ арзиши пасттарин, ҳатто пойинтар аз қиммате, ки мардум мепардозанд, барои «ТАЛКО» муқаррар шудааст.

Раҳматулло Валиев, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки агар барқи масрафкардаи корхонаи алюминиюмро ба хориҷа фурӯшем, аз маҳсулоти истеҳсолкардаи он бештар маблағ ба даст меояд. Ба гуфтаи ӯ, корхона бо масрафҳое, ки дорад, дар ҳоле ба буҷа фоида оварда метавонад, ки давлат корхонаҳои коркарди алюминиюмро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунад.

Ба таври мисол, агар 1 кв соат нерӯи барқро ин корхона 5-дирамӣ харад, ҳаққи пардохт беш аз 300 миллион сомониро барои 6,5 миллиард кв соат нерӯи барқ ташкил медиҳад. Боз ба буҷаи давлат 280 миллиони дигар андоз супорад, ҷамъан ҳудуди 600 миллион сомониро ташкил хоҳад кард. Аммо агар 6,6 миллиард нерӯи барқро бо нархи ҷаҳонӣ, беш аз 4 доллар ё ҳудуди 20 дирам ба кишварҳои хориҷӣ фурӯшанд, зиёда аз 1 миллиону 200 ҳазор фоида ба даст меояд. Яъне ду баробар зиёдтар аз маблағе, ки ширкати «ТАЛКО» ва дигар корхонаҳои марбут ба фаъолияти он ба давлат мепардозанд, фурӯши нерӯи барқ ба хориҷ фоидаовар аст.

Аммо мушкили дигар он аст, ки дар бораи фоидаву зарари корхона ва ба куҷо сарф шудани маблағи он касе маълумоти муфассал пешниҳод намекунад. Ҳатто масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ин бора аз додани маълумот худдорӣ кардаанд. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари масоили иқтисодӣ бар ин назар аст, ки ин корхона ба рӯйхати сирри давлатӣ шомил буда, дар бораи фоидаву зарари он маълумот пайдо кардан аз мақомоти расмии Тоҷикистон ғайриимкон аст. — Аммо дар ҳеҷ давлати дунё алюминий сирри давлатӣ маҳсуб намешавад,- мегӯяд ӯ.   

Сиёсатшинос Раҳмутулло Валиев сабаби хомӯшӣ ихтиёр кардани кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро дар он медонад, ки ин корхона ба раиси ҷумҳур тобеъ аст ва фаъолияти он аз сӯи дафтари раёсати ҷумҳурӣ назорат карда мешавад.

Яке аз паҳлӯҳои дигар фаъолияти ношаффофи корхона маҳсуб меёбад, ки агар дар дохили корхона фасод ва камбудиҳо эҳтимол мавҷуд бошад ҳам, мардум огоҳ нестанд. Ин дар ҳолест, ки бозрасии молии фаъолияти «ТАЛКО» ба анҷом расид ва ҳанӯз натиҷаи он эълом нагаштааст. 

 Фурӯхтани «ТАЛКО» нодуруст аст

Аз нуқтаи назари масрафи зиёди нерӯи барқ дар корхонаи алюминиюм, тавре ҳисоб нишон медиҳад, нисбат ба фаъолияти ин корхона он нерӯи барқе, ки масраф мешавад ба ягон кишвари хориҷӣ фурӯшем, фоидаи бештар ба даст меояд. Зеро агар фоидаи «ТАЛКО» ба давлат ҳудуди 600 млн. сомонӣ бошад, аз ҳисоби фурӯши нерӯи барқе, ки дар ин корхона масраф мешавад, беш аз 1 миллиарду 200 млн. сомонӣ фоида ба даст меояд.

Аммо боз масъалаи печида ин аст, ки оё воқеан ин қадар нерӯи барқро ба хориҷа интиқол додан имкон дорад? Кишваре пайдо мешавад, ки харидорӣ кунад? Ва баъдан кӣ медонад, ки фурӯши нерӯи барқ шаффоф сурат мегирад? Боз шояд баҳонаҳо пеш меоянд, ки аз ҳисоби интиқоли нерӯи барқ ба хориҷ талафот зиёд шуду даромад кам. Ё харидор пайдо нагашту беҳуда талаф гашт. Назорат дар системаи барқ ҳоло чӣ тафовуте бо корхонаи давлатии алюминий дорад? Агар дар бораи «ТАЛКО» маълумот пайдо кардан сирри давлатӣ бошад, дар бораи хариду фурӯш ва талафоти нерӯи барқ тақрибан маълумоте нест. На танҳо мардум, балки бештаре аз масъулини «Барқи тоҷик» низ хуб огоҳ нестанд, ки дар кадом хати интиқоли барқ талафот ҳасту дар кадомаш не. Ҳоло дар бораи «муомилаи махфӣ»-и назоратчиён бо муштариҳо агар ҳарфе нагӯем.

Агар паҳлӯи дигари масъаларо ба инобат гирем, таъмини 14 ҳазор коргар бо ҷойи кор ва бунёди истироҳатгоҳҳову сарпарастии бахшҳои гуногуни ҷамъиятиро саҳми «ТАЛКО» ташкил медиҳад, ки инро ҳам сарфи назар кардан нашояд. Вале бо вуҷуд, маблағе, ки аз фурӯши барқи масрафкардаи корхонаи мазкур ба даст меояд, бештар аз ҳамаи инҳост. Дар ҳамин ҳол агар бо мадди назар доштани пешниҳоди ҷаноби Тӯраҷонзода корхонаи «ТАЛКО» фурӯхта шаваду аз маблағи он «Роғун» бунёд гардад, нерӯи барқ дар Тоҷикистон фаровон мегардад, ки ба таври табиӣ корхонаҳои нав таъсис меёбанд ва шояд бештар аз 14 ҳазор нафар соҳиби кор шаванд. Ин ҳам дар ҳоле, ки барқи масрафмекардаи ин корхона дар ҳоли фурӯш боқӣ мемонад ва он 1 млд. 200 млн. ҳамасола баст хоҳад омад.

Аммо коршиносон дар ин хусус назари гуногун доранд. Зулфиқори Исмоилиён, таҳлилгари иқтисодӣ аз як ҷониб бо далели маблағи бештар касб кардан аз фурӯши нерӯи барқи масрафшуда дар ин ширкат нисбати тавлиди алюминиюм фикри Тӯраҷонзодаро дуруст мешуморад. Аз тарафи дигар чунин андеша дорад, ки бо сохтани якчанд корхонаҳои тавлидкунандаи ашёи хом дар дохили кишвар барои «ТАЛКО», ба мисли сохтмони корхонае, ки дар ноҳияи Ёвон шурӯъ шуд, имкон дорад корхонаи алюминий барои Тоҷикистон фоидаовар бошад.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар як сӯҳбаташ пешниҳоди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро дар мавриди фурӯши корхона ва арзон харидорӣ кардани нерӯи барқ нодуруст шуморида, афзуд, ки дар Русия корхонаи алюминий нерӯи барқро ба ҳадде арзон мехарад, ки нисбат ба ширкати «ТАЛКО» қиматаш пойинтар аст. Яъне дар ин самт бояд давлат ба ин корхона имтиёз диҳад.

Дар ин сурат хулоса кардан душвор аст, ки андешаи кадоме аз ҷонибҳо ба манфиати халқу давлат аст. Ин дар ҳолест, ки вазири иқтисод Фаррух Ҳамралиев низ гуфтааст, ки наметавонад пешниҳоди фурӯхтани корхонаро бад унвон кунад. Вале ҷиҳатҳои хубро бештар ба сифати далели фаъолият кардани корхона мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ин рӯ, кадом пешниҳод бештар ба манфиати кор аст, ҳанӯз беҷавоб мондааст.

Иқболи САИДЗОД

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: