Главная > Uncategorized > Раҳмонов ҷинояткор аст?

Раҳмонов ҷинояткор аст?

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон Вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард. Раиси ин ниҳод Фаттоҳ Саидов ба хабарнигорон гуфт, ки тайи ним соли равон дар Вазорати маориф 36 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Санаи 30-юми июли соли равон ректори ягона донишкадаи хусусии Тоҷикистон — ДТИКТ С. Акрамов ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ариза оид ба кушодани парвандаи ҷиноятӣ ва рӯёндани зарари маънавӣ дар ҳаҷми 125 ҳазор сомонӣ нисбат ба вазири маориф А. А. Раҳмонов муроҷиат намуд. Бори аввал аст, ки нисбати як нафар мансабдори баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти амали ҷиноятӣ эътироз карда мешавад. Дар ариза таъкид мешавад:

«Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Абдуҷаббор Азизович дар таърихи 03.06.2009 сол таҳти №03/1-21 ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон ариза навишта, дар он нисбати Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон (ДТИКТ) тӯҳмат ва таҳқир, ки аломатҳои ҷиноятӣ аз моддаҳои 135 ва 136-и КҶ ҶТ сарзанандаро дар худ доранд, фиристод ва аз Президент ба таври ғайриқонунӣ қатъ намудани фаъолияти Донишкадаро дархост намуд. Дар асоси аризаи мазкур дар таърихи 05.06.2009 сол таҳти №19583 супориши Президент ба Шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президент оид ба санҷиши аризаи вазири маориф қабул шуд. Дар таърихи 16.06.2009 сол дар асоси ин ариза як гурӯҳи корӣ таҳти раёсати корманди Дастгоҳи иҷроияи Президент Маликов, аз Ҳукумати ҶТ, Вазорати маориф, Дастгоҳи иҷроияи Президент барои тафтиши ДТИКТ омаданд ва изҳор доштанд, ки асоси доир кардани санҷиш аризаи вазири маориф ба унвони Президент мебошад. Мутаассифона, гурӯҳи корӣ хилофи қонунҳои амалкунанда аризаро ба ДТИКТ нишон надоданд ва матни он моҳиятан баён шуд. Аз гуфтору баён ва рафти ҳаракатҳои гурӯҳи корӣ ошкор буд, ки дар ариза нисбати ДТИКТ тӯҳмат ва таҳқирҳои ахлоқӣ, сиёсӣ ва маъмуриву айбзаниҳои ҷиноятӣ баён шудааст.

ДТИКТ барои дастрас намудани нусхаи аризаи мазкур ба унвони Президент аз 08.07.2009 сол, № 54, 09.07.2009 сол, № 78, 15.07.2009 сол, 379, Шӯрои амният аз 08.07.2009 сол, №54, 15.07.2009 сол, 379, вазири маориф, Ҳукумати ҶТ, Прокуратураи генералии ҶТ, ҷонишини сарвазир Р. Қурбонова аз 19.08.2009сол, № 518 дархости хаттӣ навишта, хоҳиш намуд, ки ҳадди ақал ба мундариҷаи ариза бевосита шинос кунанд. Мутаассифона, ҳеҷ кадоме аз ин мақомот то имрӯз нусхаи аризаи вазири маориф Раҳмоновро бевосита шинос накард. Аммо аз муносибате, ки имрӯз ба ДТИКТ аз тарафи мақомоти гуногун раво дида истодаанд, эҳсос мешавад, ки гумон ва ахборе, ки вазири маориф дар аризааш нисбат ба Донишкада ба Президенти кишвар баён шудааст, асос дорад.

Аз ҷумлаи гумонҳое, ки дар мазмуни ариза тӯҳмат ва таҳқир ҷой дорад, ин аст, ки гӯё дар Донишкада мухолифини Президенти кишвар гирд омада, дар ин корхона тарғиботи зиддиҳукуматӣ ҷой дорад. Маҳз дар асоси ҳамин аризаи тӯҳматии вазири маориф бидуни асос Пешниҳоди муовини сарвазир Р. Қурбонова ба Президент оид ба муваққатан манъ кардани қабули довталабон дар ДТИКТ ирсол шуд.

Дар бораи он ки аризаи вазири маориф воқеан ба унвони Президент фиристода шудааст, далелҳои исботкунанда мавҷуд аст.

Вобаста ба ин, аз суд хоҳиш менамоям, ки дар асоси муқаррароти қисми 3-и моддаи 355 ва моддаи 86-и КМҶ ҶТ аризаи тӯҳматӣ ва таҳқири вазири маориф Раҳмонов А. А. аз Ҳукумати ҶТ талаб карда гирифта шавад ва вобаста ба моҳияти он тафтишоти судӣ доир карда шуда, чораи ҳуқуқӣ дида шавад.

Дар асоси таъиноти моддаи 127-и КМҶ ҶТ якҷоя бо даъво дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ, ҳамчунин нисбати вазир Раҳмонов А. А. даъвои гражданӣ дар бораи ҷуброни зарари моддӣ ва маънавӣ пешниҳод менамоям. Маҳз ба иллати ин ариза соли таҳсили 2009-2010 дар ДТИКТ қабули довталабон ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашуд, соли ҷорӣ қабули довталабон дар ҳолати нестӣ мебошад, тӯли беш аз як сол аст ба миқдори зиёда аз 15 ҳазор сомонӣ барои намояндагони ҳуқуқӣ ва адвокатҳо сарф шуд, бештар аз 10 ҳазор сомонӣ барои харҷҳои изофии вобаста ба даъво талаф шуданд, зарари маънавии кормандони корхона ба зиёда аз 100-ҳо ҳазор сомонӣ рафта мерасад. Дар ин асос, дар асоси таъиноти моддаи 130-и КМҶҶИТ хоҳиш менамоям, вазири маориф дар як вақт ба сифати ҷавобгари гражданӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, зарари моддӣ ва маънавӣ ба миқдори 125 ҳазор сомонӣ рӯёнида шавад».

 Ба Президенти Тоҷикистон,

Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Ба ҷомеаи Тоҷикистон,

Ба ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ

 Изҳороти

гурӯҳи ташаббускори устодон, донишҷӯён ва довталабони Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон

 Мо имзокунандагони изҳороти эътирозии матни мазкур, як гурӯҳ устодон, донишҷӯён ва довталабони Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон аз амалҳои қонуншиканонаи Вазорати маориф ва Суди иқтисодии ҶТ изҳори нигаронии худро расман баён мекунем.

Намояндагии коллективи кормандон ва донишҷӯёни Донишкада дар марҳалаи аппелятсионии Суди Олии иқтисодӣ дар маҷлиси судӣ ширкат намуда, аз баромади тарафи ҳимояи Донишкада ва баромади тарафи айбдоркунандаи Вазорати маориф пурра ба хулоса омада будем, ки баҳс бидуни ягон андеша ба манфиати Донишкада ҳал мешавад. Зеро дар рафти мурофиаи судӣ танҳо дар асоси қонун будани мавқеи Донишкада ва ба усули ошкорои зиддиқонунӣ рафтор кардани Вазорати маориф ва Суди марҳалаи якуми иқтисодӣ возеҳ ошкор карда шуд.

Вақто ки суд қарори худро ба манфиати Вазорати маориф эълон намуд, мо дар ҳолати ҳайрати азим мондем ва тамоми бовариамон нисбати суди мазкур барбод рафт.

Дар давоми амалҳои қонуншиканонаи Вазорати маориф ва Суди иқтисодӣ тавассути қарори мушовараи Вазорати маориф тасмим шудааст, ки донишҷӯёни ДТИКТ ба дигар муассисаҳо тақсим карда шаванд.

Мо ба сифати эътироз аз амалҳои ҳуқуқвайронкунандаи Вазорати маориф давом додани таҳсили худро дар дилхоҳ муассисаи таҳсилотии дигар, фаъолияти меҳнатии худро дар муассисаҳои дигари давлатӣ қотеъ рад карда, аз қазовати таърих ҷуброни ҳуқуқии ошкоро ва дағалона вайроннамудаи худро талаб хоҳем дошт.

Мо устодон баъд аз чунин амали Вазорати маориф ва Суди иқтисодӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем дар назди шогирдон дар бораи эҳтироми қонун, риояи ахлоқ ҳарф занем.

Мо донишҷӯён умеди худро ба давлати ҳуқуқбунёду демократӣ аз даст дода истодаем.

Мо довталабон намедонем бо кадом ормон таҳсилро дар низоми маорифи Тоҷикистон давом диҳем.

Изҳороти мазкур ҷабрӣ набуда, онро танҳо шахсоне имзо карданд, ки дар дифои ҳуқуқи инсонии худ, дифои Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон, дар дифоъ аз ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди кишвар, муқовимат ба коррупсия худро ҳамчун фарзанди миллат ва Ватан масъул шумурданд.

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: