Главная > Uncategorized > Фаттоҳ Саидов: «Прокурори генералӣ ҳам мебуд, писараш боздошт мешуд»

Фаттоҳ Саидов: «Прокурори генералӣ ҳам мебуд, писараш боздошт мешуд»

Хабари боздошт шудани писари собиқ прокурори генералӣ Б. Бобохонов, собиқ прокурори ноҳияи ҳисор Файзулло Бобохоновро  аксар мардум на амри тасодуфӣ, балки чун як воқеият қабул намуданд. Чунки ҳодисаҳои қаблӣ — марги пурасрори собиқ вазири корҳои дохилӣ М. Солеҳов, қисмати қумондонҳои мухолифин бозгӯи он аст, ки касе аз мансаби баланди давлатӣ барканор мешавад, ё аз ҳадди худ пой берун мегузорад, ӯро чӣ интизор аст.

Соҳибназарон бар он ақидаанд, ки агар Б. Бобохонов дар маснади прокурори кулл мебуд, ҳеҷ гоҳ писари ӯ боздошт намешуд. Зеро ягон ниҳоди дигар ҷасорат намекард, ки ба чунин амал даст занад. Боздошт шудани писари собиқ прокурор монанд ба он шуд, ки то аз вазифа барканор шудани собиқ вазири корҳои дохилӣ алайҳи додари ӯ қонун амал накард. Яъне тафтиши парвандаи ҷиноятиро идома надоданд.Вале дар нишасти матбуотӣ, ки чанд рӯз қабл дар Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия доир гардид, раиси ин ниҳод дар робита ба боздошти Файзуллоҳ Бобохонов, писари додситони кулли собиқ Бобоҷон Бобохонов гуфт, ки дар парвандаи ӯ ҳолатҳои нав пайдо шудаанд: «Аз он ҷумла чор ҳолати ғасб намудани замин ошкор шудааст. Ба номи хешу ақрабоҳояш заминҳоро барои фурӯхтан ва ё сохтмон ҳуҷҷат кардааст. Як — ду хешу табораш ҳам гуфтанд, ки шиносномаҳояшонро бурда замину мошин харидааст».

Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон ҳафтае қабл як муфаттиши додситонии ноҳияи Ҳисорро бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 20 000 доллар боздошт карда буд ва тибқи ин манбаъ, гӯё ин нафар баёнот додааст, ки ин маблағро бо Файзуллоҳ Бобохонов бо ҳам дидаанд.

Дар посух ба ин суол, ки чаро писари додситони кулл пас аз барканории падараш ба ҷавобгарӣ кашида шуд, Фаттоҳ Саидов гуфт, ки он замон далоили кофӣ вуҷуд надошт: «Агар дар замони сари вазифа будани додситони кулл гуноҳи ӯ исбот мешуд, мехост — намехост, боздошт мешуд».

Раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки оё Бобохон Бобоҷонов ҳамчун як мақоми баландрутбаи Тоҷикистон ҳақ ба таъин кардани хешовандонаш дар мансабҳои давлатиро дошт, гуфт, дар ин маврид аз хабарнигорон гиламанд аст, ки чаро қонунӣ будани таъини писарашро ҳангоми сари кор буданаш аз ӯ худ суол накардаанд:

«Фақат як писараш не, боз писараш ҳаст, домодаш ҳаст, духтараш ҳаст, додараш ҳаст».

Фаттоҳ Саидов гуфт, ки ягон мансабдори баландмақом ҳаққи таъини на фақат наздиконаш, балки хешу ақрабояшро низ ба вазифаҳои давлатӣ надорад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: