Главная > Uncategorized > Ҳоҷӣ Мирзо сафсата мегӯяд?

Ҳоҷӣ Мирзо сафсата мегӯяд?

Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратӣ рейди муштараке дар бозорҳои шаҳри Душанбе барои барчидани сабти суханронии рӯҳониён гузарониданд. Ин амал дар баъзе маворид норозигии дискфурӯшҳоро ба бор оварда онҳо мегӯянд, бегуфтугӯ «ғорат» шудаанд.

 Яке аз фурӯшандаҳои бозори «Панҷшер» бо номи Азиз дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, ки «худашон ба мо на ягон ордер ва на ягон ҳуҷҷат нишон доданд. Агар барои ташхис бошад, хуб, метавонанд, ки якдонаӣ аз ҳар диск баранд, ин хел не ки ҳамаи дӯконро бор карда баранд». Фурӯшандаи дигар аз ҳамин бозор Мирзо низ изҳори нигаронӣ намудааст, ки «омаданд, ҳеҷ гап нагуфта, дискҳоро парешон карданд. Мо ҳайрон шудем, ки чӣ гап бошад. Ҳуҷҷату ҷавозномаи мо ҳама дурустанд. Омаданд, даромаданд, ҳуҷҷат ҳам напурсиданду ҳамаро ҷамъ карданд. Нагуфтанд, ки шумо ки ҳастед, чӣ кор мекунед. Камера овардану панҷ — шаш нафар одами хашин даромаданд. Бо попӯшӣ рӯи ҷойҳое қадам гузоштанд, ки он ҷо мо менишинему нон мехӯрем».

Аммо директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиккино» Хайриддин Зайниддинов сабаби пеш омадани тасмими барчидани дискҳоро чунин шарҳ медиҳад: «Асосан, мақсади мо он аст, ки аз болои фурӯши дискҳои фарогири масоили зуроварӣ назорат барем. Барои ба фурӯш баровардани дискҳои динӣ, вақте дар чорчӯбаи қонун аз тарафи Кумитаи дин иҷозат дода мешавад, мо ҳеҷ вақт садди роҳ намешавем. Агар дар чорчӯбаи қонун ҳуҷҷатгузорӣ шуда бошад, иҷозатномаашон бошад,  мо умуман ба ин дахолат намекунем. Рости гап, мақсади гузаронидани рейд пеш аз ҳама супориши Кумита буд. Масалан бисёри шаҳрвандон шикоят мекунанд, ки дар мағозаҳои бозор баландгӯякҳо ҳастанд, ҳаминро кӣ бояд назорат кунад? Бо супориши Кумита мо рейд гузаронидем. Дар аксарияти нуқтаҳои фурӯши бозори «Шоҳмансур», дар фурӯшгоҳҳои бозори «Садбарг», дар фурӯшгоҳҳои бозори «Саховат» ва дар фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон» дар ҳақиқат мо ҳамин рейдҳоро гузарондем».

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки магар санаде аз тарафи Кумитаи дин тартиб дода шудааст, то рӯҳониён барои мавъизаашон иҷозатнома гиранд? Дар ҷавоб ба ин суол як намояндаи Кумитаи дини Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки «Кумита ягон санади меъёрӣ ё ҳуқуқӣ набаровардааст. Талаботи қонун аст, шояд ҳаминро дар назар дошта бошанд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», истеҳсол, содир, ворид ва паҳн кардани адабиёт ва маводу ашёи таъиноти динӣ танҳо баъди гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ иҷозат аст. Шояд ҳамин меъёри қонун манзур бошад». Вале агар посухи ин масъули Кумитаро ба назар гирем, оид ба иҷозатгирӣ барои фурӯши дискҳои мавъизаҳо мушаххасан чизе гуфта нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯҳонии саршиноси тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мегӯяд: «Ҳеҷ ҷойи айбе нест, инро бояд иҷозат диҳанд. Аммо, мутаассифона, иҷозат намедиҳанду боз чунин маъракаҳои ҷамъ кардани дискҳоро роҳандозӣ мекунанд. Хуб, дигар чӣ кор кунем? Осмон баланду замин сахт. Фақат мегӯем, ки Худо тавфиқашон диҳад ва аз ин корҳои зиддиисломӣ даст кашанд».

Дар бораи то куҷо зарурат доштани гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти рӯҳониён, ки сабти мавъизаҳояшон дар байни мардум паҳн мегардад, Абдуллоҳи Муҳаққиқ, корманди Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин андеша дорад: «Нафарони зиёде ҳастанд, ки дар мавзӯҳои динӣ сухангӯӣ мекунанд ва мавъизаҳояшгон барои тарбияи ахлоқи ҷавонон дар ҷомеа мебошад. Мавзӯҳои динӣ бисёр нозук ҳастанд ва илми дақиқро мехоҳанд. Ба ҳамин хотир, лозим аст пеш аз ба мардум дастрас кардани мавъизаҳояшон онро ба Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд. Чун бинанд, ки ба талаботи илм ҷавобгӯст, баъд паҳн кунанд. Ҳол он ки, ҳамаашон маводҳои хом, носуфта, ҳадисҳоро аз ҳисоби ғаразҳои ғаразҳои шахсӣ, сиёсӣ на динӣ дар шакли бисёр касиф тафсир мекунанд. Аз ҳамин хотир, ҳар як фитта, ки дар байни мардум паҳн мешавад, бояд ҳатман аз ташхиси диншиносӣ гузарад».

Дар боби ин ки аз зери назари ягон ниҳод гузаронидани фитта ё умуман маълумот магар сензура нест, Абдуллоҳи Муҳаққиқ гуфт: «Сензура чизи дигар аст. Сензура дар он ҳолат сензура мешавад, ки масалан зидди  таълимоти дин ва маҳдуд кардан ё поймол кардани ҳуқуқи диндорон ё ақидаи исломӣ бошад. Ин ба хотири покию асолати худи маърифати исломӣ мебошад, ки таълимоти динӣ газанди афкори хавориҷ дар амон бошанд. Ин ягон маҳдуд кардан нест. Балки боиси тараққии динӣ мешавад. Вақте як нафар аз хориҷи кишвар мавъизаҳои рӯҳониёни моро гӯш мекунад, бисёр хандаовар аст чун ноҷо баҳс мекунанд. Масалан яке мегӯяд, ки дар як шохи гов як ҳазор малоика ҷой мегирад, дигараш мегӯяд, ки ду ҳазор. Вале Худо хоҳад миллион малоикаро ҷой медиҳад. Ба ҳамин хотир, мавъизаҳояшон ба меъёрҳои шаръӣ ва таълимоти Расулуллоҳ (с) ҷавобгӯ нестанд». Ба Абдуллоҳи муҳаққиқ суоли дигаре низ доштем: «Рӯҳониёне, ки имрӯз амри маъруф мекунанд ва фиттаҳои онҳо мавриди дастрасии мардум қарор дорад, суханронии онҳо Шуморо қонеъ мекунад?». Ҷавоб ин буд: «Албатта не. Ин вобаста ба он  аст, ки маърифат ва шуури динӣ дар ҷомеаи мо хеле паст аст. Вақте инсон ғизои хубро намешиносад маводи нуқсдорашро мехарад, сатҳи пасташро мехарад. Шахсе, ки дар бунёди сохтмон маърифати сохтмонӣ дорад, барои мустаҳкам кардани он масолеҳи хубро мехарад. Имрӯз ки сатҳи маърифати динӣ дар ҷомеа хеле паст аст, аксари кулли мардум, ки худро мутадаййин мешуморанд, маърифати худогоҳӣ надоранд. Шинохти мазҳаб, ки дар сатҳи паст қарор дорад,  мактаби воизони салафитабор бисёр густариш ёфтааст. Агар маърифати исломию шуури динӣ густариш меёфт,  ҳеҷ кас таваҷҷӯҳ ба чунин воизони сафсатагӯ намекард. Масъалан дар як боби қасам хӯрдан ё зиёрат кардан мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо гӯш диҳед пур аз сафсатаанд, бештари он хилофи таълимоти Қуръон, хилофи таълимоти суннат ва хилофи таълимоти Расули акрам (с) ва хилофи мазҳаби Имоми Аъзам мебошанд. Истинҷои обиро дар ҳолати вузӯъ гирифтан зарур намешуморад. Ҷавонон ба доми фиреби онон афтидаанд… Ё ҳангоми сафар кардан нахондани намозҳои суннатии панҷвақта. Худо дар сураи Нур, ояи 63 мегӯяд, ки касе тарки суннати Расулуллоҳ мекунад, мавриди азоби Худованд мегардад. Бад-ин хотир ташхиси диншиносии сабти мавъизаҳои рӯҳониён лозим аст ва ташхискунанда бояд мутадайин ва огоҳ аз улуми динӣ бошад . 

Завқи фитрии шинохти улуми исломӣ дар ҷавонони тоҷик бисёр аст  . Аз сабаби кам будани фазои комили иттилооти динӣ хоҳ ё нохоҳ қишри камогоҳ аз дин рӯ ба мавъизаҳои Ҳоҷӣ Мирзо мекунанд ва ӯро тараннумгари ҳадафҳои имонии худ мешуморанд.

Мақсади савдогарони амри маъруффурӯш интишори маърифати исломӣ нест, балки мақсад аз фурӯши дискҳои Ҳоҷӣ Мирзо ва дигарон барои фурӯшандаҳо ба даст овардани манфиат аст. «Амри маъруф»-фурӯшӣ хоси саҳобагон ва тобеъин, ё салафи солеҳин набуд. Ин пайравӣ ба салафия мебошад, ки хилофи равиши Расулуллоҳ (с) аст. Ин навъ гароиш ва интишороти «амри маъруф» ва «наҳйи аз мункар»-ҳо ба хотири ба даст овардани мавқеи сиёсӣ дар ҷомеа мебошад. Бад-ин хотир, фазои иттилоотии динии кишвар бо хизмати хирсонаи чунин пешвоён ниёз надорад ва халалпазир мегардад. Дар ҳеҷ ҳолат Расулуллоҳ (с) ба саҳобагон ва ёрони дин мавъизаҳои хешро намефурӯхт».

Аҳлиддини САЛИМПУР,

Муҳаммадамин ИМОМӣ,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Август 9, 2010 в 7:56 пп

    марг барои хамин хел одамхои дуруггу. камтар шарм доред аз мусулмон буданатон хок басари хамон уламохои мо ки на худашон мегуянд на дигар касро мемонанд ин чи берахмист магар мо чашни имоми аъзам на гузаронидем магар айб нест бо ин рафторатон кане бинам раиси уламо дар бораи фохишахои мо гап зананд .барои онки инхо худшон мисли мунофикон рафтор мекунанд ман 31сол дорам ман нашунидам ки уламохои мо дар бораи дини ислом гуфта бошан .. мо ки алхамдулилох ки ду олими бузург дорем яке ХОЧИ МИРЗО дигаре ЭШОНИ НУРИДДИН мебошан ман барои он ки ин дукасро интихоб кардам ки мардумро ба суи ХУДО даъват мекунанд .точикино чи хак дорад дар бори дин гап мезананд ман бовар кунед дилам аз хамон кинохои точики мондааст ман як фимро тамошо кардам бовар кунед мисли давлатхои гарб кардагиан номаш АЗ ХАЕЛАМ БАРОМАДААСТ шумо худатон казоват кунед ки инхо чикор кардайсодан .барои чи инхо духтарон мисли европа рафтор мекунанд дам намезананд вакте мегуедашо чавобат медихан ки озоди аст . кане баъд озоди шумо дар бораи ислом магар шумо наметарсед аз ХУДОВАНД . ман хохиш дорам аз коркарони точиккино шумо кори худатонрокунед ба дин ва ба олимхо чака нашавед .зури бехуда накунед миени худатон мешиканад …..

    Нравится

    • Август 24, 2010 в 5:10 дп

      Ҷавоб ба: «Комментарий от Саймумин — Август 9, 2010 @ 7:56 пп»

      Саймумин ҳомии кин омадаст?,
      Назди мулло ғули фолбин омадаст.
      Аз ҳақорат карда оғози сухан,
      Аз ҳақорат карда олӯда даҳан.
      Аз ҳақорат фитраташ олӯда аст,
      Аз надомат синааш шолӯда аст.
      Аз хабосат дидагонаш пардапӯш,
      Аз ҳаромот меъдааш оташ ба ҷӯш.
      Ғамхору ҷоҳилу ғофил зи дин,
      Хоб дидӣ, ту магар мурдори кин?.
      Ҳарзагӯянд пайравони зоғи дин,
      Шикваҳо дорад нигар аз мулки Чин?
      Мехиромад ишвагар дар роҳи дин,
      Хари худро дур дор аз боғи дин.
      Дунгузикҳо мезанад ақли харат,
      Мекӯшад охир туро сумби харат.
      Шаппарак сифат ба парвоз омадӣ,
      Ҳамчу хаффош суи мурдор омадӣ.
      Лаззати мурдор дар ҷони ту аст,
      Айби ту не, айби пайкори ту аст.
      Марг з- они Худост, не з-они ту,
      Хок беҳтар бар лабу дандони ту.
      Уламоҳоро ту дашном додай,
      Ғули нодон! Дил ба дунон додай!
      Сиву як сол бо хасон гар зистай,
      Ту магар ҷуз порӯи хар дидай?
      Зодаи ақли харӣ, хар мешавӣ,
      Бош ҳушёр! З-он ки бадтар мешавӣ.
      Сиву як солро ту додӣ бар абас,
      Таъна бар шед мезанӣ, эй хармагас.
      Аз машомат бӯи хар ояд мудом,
      Чун магас пар мезанӣ ту ҳарзамон!
      « Аз хаёлам баромадааст», гуфтӣ,
      Ҳарфи бадро бар забонат суфтӣ?
      Эй ту аҷноси гилу ғули фаранг,
      Медавӣ ҳар сӯ чу артиши фаранг.
      Мазраи динро ҳимоят мекунӣ,
      Бар мусалмонон хиёнат мекунӣ?
      Эй ту артиши гаранг берангӣ,
      Пӯсти хурмо хӯрдаӣ камрангӣ?
      Дар Ироқи дин мусалмон мекӯшӣ,
      Ту мусалмонӣ? Мусалмон мекӯшӣ?
      Эй ту Бушию Саддомӣ мекунӣ,
      Хари Бушро хукбонӣ мекунӣ.
      Саймумин ту салафии магар,
      Кардаи дашном динро ҳиллагар?
      Саймумин! Эй ниқоб аз рӯй гир,
      Мекӯшад охир туро ин оби Нил.
      Гар шиновар нестӣ аз мо гурез,
      Аз дуои нимашаби мо гурез.
      Тири гуфторат аз мулки фаранг,
      Хӯрдаи фанди фарангро эй гаранг.
      Ошиқони иблисӣ мафтуни ту,
      Вой бар ту, вой бар аҳволи ту.
      Ихтилофэҷод ин феъли шумо,
      Ихтилофзодаст афкори шумо.
      Фитнаэҷод аст воизи ҷадид,
      Фитнаэҷодро магар кас надид?
      Фитнаэҷодро ҳимоят мекунӣ,
      Бо ҳарифон боз шикоят мекунӣ.
      Таъна бар худ мезанӣ, эй бехабар,
      Бар ҳадиси суннату Қуръон нигар.
      Ҳар кӣ аз Қуръон безорӣ кунад,
      Бар равиши Мустафо зоғӣ кунад.
      Воизи суннатгурезро дӯст мадор,
      Воизи мазҳабгурезро пуст махор.
      Воизӣ ин пешаи паёмбарист,
      Аз ҳарому гуфти бад дилҳо барист.
      Воизи Ҳақношиносро мешинос,
      Воизи суннатзудоро сар тарош.
      Воизи суннатгурез нанг оварад,
      Бар сари уммат ҳаме санг оварад.
      Даъваташ лойлуқа аз бозори гов,
      Доманаш олӯда аз пешоби гов.
      Ин чунин воиз на пешвои династ,
      Оташе дар домани поки династ.
      Гулхани шайтонӣ дар домони ӯст,
      Ишваи нодонӣ андар ҷони ӯст.
      Аз фиребу фитнаи иғвогарон,
      Бош воқиф то бимонӣ дар амон!
      Динситезон дар камини роҳи мо,
      Хоб дорад воизи ғамхори мо.
      Маърифатуллоҳ дар бозор нест,
      Духтаронро беҳиҷобӣ ор нест?
      Маърифати дин мебояд туро,
      Ҳам шинохти Ҳақ мешояд туро.
      Таъна бар занҳо намебояд задан,
      Зинати мурда ҳамебояд кафан.
      Духтаронро худшиносӣ беҳтар аст
      Хоҳаронро Ҳақшиносӣ хуштар аст.
      Зиннати занро ҳиҷоб дону ҳиҷоб,
      Қуввати динро китоб дону китоб.
      Аз ҳиҷоби навгароён ал- ҳазар,
      Аз ҳиҷоби соқурён сад ҳазар.
      Аз ҳиҷоби фосиқони лутапӯш,
      Аз ҳиҷоби духтарони тангпӯш.
      Аз ҳиҷоби духтарони танфурӯш,
      Аз нигоҳи духтарони худфурӯш.
      Аз ҳиҷоби духтарони шаҳватӣ,
      Аз нигоҳи духтарони роҳатӣ.
      Аз ҳиҷоби синаҷунбонон ҳазар,
      Аз ҳиҷоби думбаҷунбонон ҳазар.
      Аз нигоҳи марди ҳаром ал-ҳазар,
      Аз нигоҳи чашми дунон ал-ҳазар.
      Ал-ҳазар аз фитнаи марди хараҷ,
      Ал-ҳазар аз нағмаи марди фахаҷ.
      Аз нигоҳи марди бедин ал-ҳазар,
      Аз нигоҳи марди каҷбин ал-ҳазар.
      Ал-ҳазар аз макри мардони даюс,
      Ал-ҳазар аз хандаи марди ғаюс.
      Сатр мардонро ҳамебояд дигар,
      Шарм мардонро ҳамешояд дигар…
      Эй Муҳаққиқ! Уламоро мешинос,
      Ҷилваи ноҷури бадбинро шинос?
      Уламоҳо қуввати динанду дин,
      Уламоҳо зинати динанду дин.
      Уламоҳо вориси Паёмбаранд,
      Гулбаҳори суннату тоҷи саранд.
      Уламоҳо душмани кинанду кин,
      Уламоҳо чашмаи илманду илм.
      Уламои дингурезро ёр нест,
      Ҷуз ба комаш оташи пурхор нест.
      Душмани динро ҳамебояд шинохт,
      Ғӯли баддинро ҳамебояд шинохт.
      Ин ҳама ағёри дин, ағёри дин,
      Ин ҳама асҳоби кин, асҳоби кин.
      Саймумин аз сари кин омадаст,
      Буд ғофил баҳри ғофил омадаст.
      Абдуллоҳи Муҳаққиқ

      Нравится

  2. Рахим
    Август 16, 2010 в 10:32 дп

    Боиси хайрат аст, ки чаро танхо ин чо номи Хочи Мирзоро овардаанд. Аллакай, дар ислом низ махалгароиро чори карданианд? Ё дар дуконхо факат диски Хочи Мирзо фурухта мешавад.Ё ба шухрати рузафзуни Хочи Мирзо низ хасад мебаред? агар чунин аст, пас Худо тавфикатон дихад.

    Нравится

  3. Муъмин
    Август 19, 2010 в 9:04 дп

    Салом. Хеле хуб кардед, чомеаи мо «кур» шудааст ва ба гапи чанд рухони гуш медиханду акли илохи додашударо кор намефармоянд.
    Имруз муллохои мо чунон ба чуръат шудаанд, ки мегуянд «ман хукм мекунам…» Худо ба касе хукук надодааст, ки гайри хукми У хукм кунанд.
    Бисёр хуш мешудам, то мавъизахояшон сузонда мешуд ва мавъизахои баъдияшон аз ташхиси диншиноси мегузашт. То мавъизавхои «муллохо»-и точик масхараи мардуми гайриточики мусалмон намегашт. Дар сурати масхараашон ба тамоми мардум бахои паст медиханд.

    Нравится

    • Дилшод
      Август 19, 2010 в 9:05 дп

      Офарин бехтарин андешахо!

      Нравится

    • Август 20, 2010 в 2:15 пп

      Марг ба ту барин точик Муъмин садкаи Муъмин шави . забонат лол шудааст барои дисхои фохишахо барои итсломи забонат фурас мекунад илохо забонат сузад дигар гапзада натони

      Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: