Главная > Uncategorized > Истиқболи моҳи Рамазон бо ниёиш

Истиқболи моҳи Рамазон бо ниёиш

Инак моҳи муборак ва пурфайзи Рамазон фаро расид. Моҳе, ки саропо раҳмату мағфират аст. Моҳе, ки сангдилтарин инсон бузургии онро ламс ва эҳсос мекунад. Моҳе, ки раҳмату баракоти Илоҳӣ монанди борони баҳорон фурӯд меояд. Моҳе, ки тамоми ҳаракоту саканоти хуби инсонӣ дар даргоҳи Илоҳӣ арзиши чанд баробарро мегирад. Болотар аз ҳама, моҳе, ки Худованд онро тавсиф намуда, бузургтарин мӯъҷизаи худ Қурони Каримро фурӯ фиристод. Ин моҳи муборакро ба тамоми мусалмонони ҷаҳон, хусусан мардуми шарифи Тоҷикистони азизамон табрик мегӯем!

Моҳи мубораки Рамазон фурсати хубест барои сохтани рӯҳу ҷисми инсон. Бинобар ин, дар ин моҳ метавон саҳафоти аъмоли хуби худро ба некӣ кардан ба мардум ва садақоту тоату ибодат чанд баробар афзуд. Ҳар амале фурсате дорад, ки инсон дар он мавқеъ ба чизҳое дастрасӣ пайдо мекунад, ки дар дигар фурсатҳо он чиз ё ба даст намеояд ё ин ки андаке ба даст меояд. Рамазон низ нисбат ба дигар моҳҳо чунин аст. Яъне ваъдаи Худованд аст, ки подоши аъмоли хуби инсонро дар ин моҳ чанд баробар мекунад.

Сипос Худоро сазост, ки моро барои сипосгузории худ роҳнамоӣ намуд ва аз сипосгузорон қарор дод, то барои эҳсон ва некӯияш аз шукргузорон бошем. Ва моро бар он сипосгузорӣ подоши накӯкорон диҳад ва сипос Худоро, ки дини худро ба мо ато намуд ва моро ҷузви миллати хеш (ислом) ихтисос дод ва дар роҳҳои эҳсон ва некияш раҳнамун кард, то ба василаи неъматаш дар он роҳҳо рафта ва ба сӯи ризо ва хушнудияш даст ёбем. Сипосе, ки онро аз мо бипазирад ва ба василаи он аз мо хушнуд гардад.Сипос Худоро, ки Рамазонро барои мо моҳи тазкия қарор дод. Ва сипос Худоро сазост, ки моҳи худ — Рамазонро, моҳи сиём ва рӯза ва моҳи ислом ва моҳи тазкия ва моҳи тасфия ва пок кардан аз гуноҳон ва моҳи қиём ва истодан барои намоз дар шабҳо ё ба по хостан дар эҳёи ислом ва ҷиҳод дар роҳи Худоро яке аз он роҳҳои эҳсон қарор дод. Ончунон моҳе, ки Қуръон дар он фурӯ фиристода шуд, дар ҳоле, ки барои мардум роҳнамое аз гумроҳӣ ва нишонаҳои ошкори раҳбарӣ ва ҷудокунандаи миёни ҳақ ва ботил аст.

Пас бартарии онро бар моҳҳои дигар ба сабаби ҳурматҳо ва гиромидоштанҳои бисёр ва фазоил ва бартариҳои ошкор, ки барои он қарор дод, ҳувайдо гардонид ва дар он моҳ аз ҷиҳати бузургдошт, он чиро ки дар моҳҳои дигар ҳалол карда, ҳаром намуд ва хӯрданиҳою ошомиданиҳоро дар рӯзҳои он манъ кард ва барои он вақти  муайяне қарор дод, ки Худои бузургу тавоно ҷоиз ва раво намедонад, ки пеш андохта шавад ва намепазирад, ки аз он вақт ба таъхир афтад. Сипас ибодат ва бандагӣ дар шабҳои ҳазор моҳ бартарӣ дод ва онро Шаби қадр номид, шабе, ки Худои таъоло аҷалҳо, рӯзиҳо ва ҳар амреро, ки ҳодис мешавад, муқаддар мефармояд. Дар он шаб бисёре аз фариштагон ва рӯҳ, ки махлуқе аст бузургтар аз фаришта, ба фармони парвардигорашон бар ҳар, ки аз бандагонаш бихоҳад, бо қазо ва қадаре, ки маҳкам ва устувор карда, ки тағйир ва табдиле дар он нест.

Вақте Паёмбар (с) дар хутбаи шаъбония фазоили моҳи Рамазон ва рӯзаро баршумурд, амирулмӯъминин Алӣ (к.в.) пурсид: беҳтарин аъмол дар ин моҳ чист? Дар посух Паёмбар (с) фармуд: «Алвараъу ъан маҳоримиллоҳ», яъне парҳез ва иҷтиноб аз маъосӣ ва гуноҳон аст, бинобар ин рӯза омили боздоранда аз гуноҳ омили саркӯбкунандаи нафси исёнгар аст, ки рӯзадор бо анҷоми ин дастури Илоҳӣ ба наҳви аҳсан, ки аз шароити камоли рӯза аст, рӯҳ, тақво ва парҳезгориро дар хеш зинда мекунад. Зеро ки бо рӯза ва дар моҳи мубораки Рамазон, ислоҳи нафс ва тарбияти он ва тақво пеша кардан ба маротиб осонтар аст. Зеро гурӯснагӣ ва ташнагӣ ва дигар маҳрумиятҳои рӯза, шӯълаҳои саркаши ғароизи ҳайвонӣ ва ҳавоҳои нафсониро хомӯш месозад.

Мавлоно Мавлавӣ гӯяд:

Ҳаст рӯзаи тоҳир, имсоки таъом,

Рӯзаи маънӣ, таваҷҷӯҳ дон тамом.

Ин даҳон бастӣ, даҳоне боз шуд,

Ки хӯранда, донаҳои роз шуд.

Ҷӯъ мар хоссони ҳақро додаанд,

То шавад аз ҷӯъ шер зӯрманд.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: