Главная > Uncategorized > Нос, носкашӣ, носкаду

Нос, носкашӣ, носкаду

Кафани бепула ҳам ки ёфтӣ, ба дарунаш даро. Ҳай гапи боб гуфтаст-да ин Абдулфайз. ӯра ку намешиносам, лекин меган бачаи хушчақчақ аст, дар Душанбе андоз ҷамъ мекардаст… Гуфтагии ҳамин мардаки Абдулфайз ворӣ, ҳозир як замонае шудаст, ки нолата аз даҳанат кашида мегиранду либоста аз танат. Баъзеш ҳамин соята ҳам дуздида бурданӣ мешаванд-е. Кору касабаи баъзеш солаздувоздаҳмоҳ ҳамин аст. Ин чизҳора акаи Ҷалилтон мебинаду гиребонша маҳкам қапида, назди Худо тавбаву надомат мекунад. Акатона сарша гиру дори дунё не, ана ҳамин хел бемаънигиву шайтонмизоҷии баъзе харкаллаву рӯбаҳсифатҳо сафед кардагӣ.

Додарҳои ҷон, хокҳои потона садқа, пеши душманҳо дурӯғ, пеши шумо рост, дар умрам ягон бор дар гӯшаи дилам ҳам барои туфу ғурӣ кардани ҳар майда-чайда ҷо набуд. Худтон медонед, ки дар ин масъала акаи Ҷалилтон мардака мардаш. Лекин болои ҳамаи ин як сустӣ доштам-да. Мана, ҳозир, ки рамазон аст, ҳамин ки кайфи нос меояд, дилам рӯйи дигар мегардад…Медонед, як мардаки ранги ман носкаш чӣ кор кард? Дидед, ҷавон ки ҳастед, намедонед. Хулоса, акаи Ҷалилтон барин як мардаки хушаспу хушсурату хушбуруту хушлибос ба раҳи дур баромаду носкадура дар хонаш фаромӯш кард. Хеле рафту яке буд ки кайфи носаш омад. Лекин носкаду нест! Аспша серқамчин кард, ки тезтар ба ягон ҷойи обод бирасаду аз он неъмати ҷонбахш як кашиданиша таги забон партояд. Аз қазора аз пеш ягон носкаш набаромад. Дар ин хел ҳолат бадтарин одам барои акаи Ҷалилтон ҳамонест, ки аз пеши раҳаш барояду нос надошта бошад! Як бор як мардака як носкаши ашадӣ аз ҳамон неъмати ҷонбахш як кашиданӣ мепурсаду он кас мега, ки нос намекашам. Ин носкаши ашадии ҷӯраи мо он мардака чунон ҳақоратҳои обдоре мекунад, ки баъди ин бечора нос накашад ҳам, доим дар бараш нос дошт, кадом носкаше ки мепурсид, даррав носкадура мебаровард. Боз носа зӯрша мегирифт, ки ягон носкаша малол накунад… Меган-ку, носкаши беносу мурдаи бекафан бад баробар. Фарқаш ҳамин ки мурда бекафан ҳам метавонад ором хоб карда, лекин носкаша тоқат аз куҷо?

Баргардем сари қиссаи аспакии носкаш. Он мардак ҳам ки аз хоки акаи Ҷалилтон будаст, ҳушу хаёлаш кашоли ҳамин, оқибат аз беносӣ ба қароре меояд, ки ҳар касе ба ӯ аз ин неъмати ҷонбахш кашидание диҳад, дар ҳамон ҷо аз ҳамин аспи ҷавмасти ба сад нозу нуз парваридааш фуромада, лаҷомша ба дасти ҳамон кас медиҳаду худаш меравад ба роҳаш пиёда.

Қисса кӯтоҳ, фарзандҳои падар, оқибат ҳамин хел одам аз пеш баромаду аспакии ҷӯраи мо аз ӯ нос пурсид. Он кас гуфт, ки нос дорам, лекин дода наметонам, нос кам мондасту роҳ дароз… Ҷӯраи мо, ки дигар тоқати гапи зиёд надошт, даррав ба ивази як кашидани нос аспша пешкаш кард. Носдор, ки аз рангаш носкаши чалла будасту аз кайфи носкашӣ бехабар, як ба асп чашм медавонаду даррав носкадура аз ҷебакаш бароварда, даҳанакша кушода, баъд ба аспакӣ дароз мекунад. Аспакии ҷӯраи мо сарша ҷунбонда «ҳай дареғ, кайфа шикастӣ» мегаву як кашиданӣ носа таги забонаш партофта, аз асп мефурояд. Баъд шамшера аз камар кашида, каллаи аспа мебураду ба мардаки нос додагӣ мега: «бигираш, он аз туст». Он марди даҳанвоз ҳайрон мешавад. Ин ҷӯраи мо ба ӯ мега, ки ту ки сари носкадура кандиву баъд додӣ, ман ҳам сари аспа бурида, баъд ӯра ба ту додам. Он коре, ки ту кардӣ маънои ҳамин кори ман кардагира дошт. Аз носкадура доданат фаҳмидам, ки аз носкашӣ бӯ намебарӣ…

Акаи Ҷалилтон гап занаду шумо шунавед. Ҳамин носкашӣ фақат таги забон партофтани ҳамон чизи сабз нест. Вақте ки кайфи нос меояд, носкадура дар дасттон мегиреду молиш медиҳед, хуб молиш медиҳеду баъд дар вехи гӯштон ӯра меликонед ва аз дарун садои ба ин тарафу он тарафи каду задани он неъмати ҷонбахша мешунавед, мисли ӯе ки ошиқ овози маъшуқаша шунидан мехоҳаду дар сад рагу пайвандаш хуни гарм медавад — агар дар давраи навболиғӣ ба ягон духтари базебтар ошиқ шуда бошед, акаи Ҷалилтона нағз мефаҳмед — ва ана фақат пас аз ҳамин бо чеҳраи шукуфта даҳанаки носкадура оҳиста мекушоеду ӯра миёни ангуштони дасти рост дошта, бо ангушти ишорат дар кунаш тиқ-тиқ мезанед ва вақте дар кафи дасти чап як кашиданиша рехтед, рӯ тарафи осмон ӯ ҷонбахша бо ҳавсалаи тамом таги забон мепартоед. Кайфи нос ҳам дар ҳамин аст! Сағераҳои ҳозирара мебиниву носкашии олам шумат мешавад: дар халтаи салафанӣ нос мегиранд. То ин дараҷа беқадрии носа акнун мебинам. Ин хел нос кайфи чӣ дорад?! Носкашира ҳаром карданд!

ӯ сағераҳои хилмаке, ки худшона носкаш мегиранд, аз куҷо медонанд, ки акаи Ҷалилтон барои носкаду чӣ корҳое карда буд?!

Майлаш, бало ба паси ин подаи хилмак, як қиссаи акатона барои шумо нақл мекунам. Дар давраи ҷанг як бор ҳамин хел шуд, ки аз штаби Кремл, аз пеши акаи Сталин як генерал омаду ҳамроҳ дар самалот шишта рафтем хати фронт. Хуб тамошо кардему баъд фуромадем ба замин. Самалот қарор карду генерал дар ҷош шишта, бо ман чақчақа давом дод. Ман ҳам носа зада, ӯра хуб хандондам. Баъд дар бораи рӯ ба гурез кардани фашист камтари дигар гап задему генерал майли рафтан кард. ӯра акаи Сталин интизор будааст.

Хуласи калом, додарҳои лахти ҷигар, ман аз самалот фуромада, бо аскарҳо сӯҳбат доштам, ки боз сабил кайфи нос омад. Он вақт омад-омади кайфи нос барои акатон аз омад-омади фашист ҳам вазнинтар буд. Кайфи нос ки омад, ҳамаи корҳои дигар дар як миҷа задан паси парда мераванд. Кайфи нос омаду даст тарафи ҷебак рафт. Лекин носкаду нест! Даррав дар калла зад, ки вақти ба гап гирифтани генерал ман носа зада, носкадура дар самалот фаромӯш кардаам. Самалоти генерал ҳини гапзании мо ба ӯ тарафи майдон рафта, баъд ақиб гашт, ки бипарад. Як-ду бор ишорат кардам, лекин лётчик ё надид ё нафаҳмид, ки самалот тез давида, дар ҳаво хест. Носкадура Маскав барад ҳоли ман чӣ мешавад? Дигар ҷойи фикр кардан набуд. Ман дар як миҷа задан банди дарозе ёфта, чи хеле ки арқан партофта, аспа аз байни гала меқапанд, самалота қапиданӣ шудам. Лекин чӣ хел? Банда гирифта, болои баландӣ давидам. Аскари бисёр ҷамъ шуда, дар тамошои ман буд. Самалот дар ҳаво як давр дода, тарафи ман ҳаракат кард. Ман тайёр шуда истодам. Ҳамин ки ба болои ман омад «ё Муҳаммад, ё Алӣ, ё Зулфиқор» гуфта, банда партофтам. Афки давон дар чархи самалот маҳкам шуд. Даррав банда қапида, боло баромадан гирифтам. Вақте ба танаи самалот часпида, аз тиреза ба дарун нигоҳ кардам, генерал беруна тамошо дошт. Дар пеши рӯш пайдо шудани мара дида, қариб талхакаф шуда буд. Ҳозир ҳам ҳайрон мешавам. Дар тан либоси генераливу ҷигар ҷигари гунҷишк. Ман дара кушода даромадам, аз носкадуи ба ҷону дил баробарам як кашиданӣ аз он неъмати ҳаётбахш таги бинӣ кардаму баъд генерала ба ҳуш оварда, оҳиста дар вехи гӯшаш гуфтам, ки ба акаи Сталин саломи мара расонад. Баъд берун баромада, дари самалота пӯшидаму боз дар банд часпидам. Вақте акаи Ҷалилтон дар ҷойи дигаре ба замин фуромад, ҳамон аскарҳои будагӣ ҳашасту фашаст карда, дар он ҷо ҷамъ шуданд. Маълум шуд, ки вақте ман дар банд часпида боло баромадам, онҳо ҳама пойи пиёда аз думи самалот то фуромадани ман сур кардаанд.

Ман ба онҳо гуфтам, ки акаи Ҷалилтон чӣ кор карданша худаш нағз медонад, дигар ин хел алозун нашавед. Роҳи рафтанма ки ёфтам, омаданша ҳам як бало мекунам-да.

Носкаду дар амрагӣ баҳо надорад. Доим дар барат, на каҳ талаб мекунаду на ҷав, на ғайбати каса мекунаду на соҳибша мефурӯшад. Кайе ки даркор шуд, як кашиданӣ носа таги забон мепартоиву корҳо панҷ. Баъзан тоқабатоқа мешинаму худбахудӣ фикр мекунам, ки аз баъзе одаме ки дар рӯйи замин як алафа сабз накардаасту касабаш зараррасонӣ, пашшаи шабзод ворӣ хуни мардум мемаканд, ҳамин носкадуи акатон сад бор беҳтар аст.

Ҳозир умр ҳам ба ҷое расидасту боз фикри он тарафа мекунам. Сикандари Зулқарнайа вақте дар тобут бор карда мебурданд, ба гуфтае ду дасташ берун аз кафан буду холӣ. Додарҳои лахти ҷигар, хоки потона садқа, акаи Ҷалилтон дар зиндагӣ оши худша соҳиб буд. Ба гуфти он Абдулфайзи ҷӯрамон, кафани холӣ он сӯ, гӯри холира, ки биёбам, даромаданӣ нестам, лекин агар хости Худо бошаду он тараф рафтан, фақат як хоҳиш дорам. Дар зиндагӣ аспе, ки ман саворӣ кардам, харе, ки тавила кардаму каҳ додам, либосу қамчину дигар чизҳо — ҳисоб надошт, лекин акаи Ҷалилтон аз бачагӣ, аз рӯзе, ки худша шинохт, як носкаду дошт. Ҳамин носкаду барои ман ҷон мешуд, ки ҷонма мехарид, аз як гала одами беақлу бетамиз беҳтар буд. Ана акнун гӯш кунед, очаи гапи акатон дар куҷост. Мехоҳам, ки вақте акаи Ҷалилтон дар аспи чӯбин линга гардонду савор шуд, бигзор ҳар ду дастша мисли Сикандари Зулқарнай аз кафан бароранду ҳама бубинад, ки дар дасташ носкадуш ҳаст…

Дорои ДИЛОВАР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: