Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Оксана ки худ зани шаттоҳу сергап буд, баъди ҳабс шудани Алексей рӯзи сафедро пеши чашми шавҳар сиёҳ карда буд. Дар назди Оксана аз Пётр Пётрович дида, гурбачааш Муска хеле баобрӯй буд.

Ҳамин тавр, Оксана мехост як пораи сарвати хоҳарзодааш ва шавҳари ӯро канда насиби худ кунад, ки худи онҳо нафаҳмида монанд. Вале чи кор карданашро намедонист. Шабҳо рӯҳан азоб мекашид, ҳиллаву найрангҳо меҷӯст, табирҳо мекард. Ҳама бефоида буд.

Шаби гузашта Оксанаи сиюҳаштсола қариб то саҳар нахуфт. Фикр карду тадбирҳо андешид. Аз паҳлӯ ба паҳлӯ мегашт. Дар охир ба хулоса омад, ки роҳи ягонаи соҳиб шудани қисме аз сарвати хоҳарзодааш — ин дуздида пинҳон кардани духтари ӯ Катя мебошад.

Вале баробари дидани Азиз, ки ӯ низ як садди дигар дар роҳи ба амал баровардани мақсадаш буд, шасти Оксанаро ба қадре гардонд. Оксана баъди як — ду қадаҳ шампон нӯшидан дар бораи Азиз сухан кушода, Диана ва Артурро бовар кунониданӣ мешуд, ки осиёиҳо, қафқозиҳо ҳама одамони бад, ифлос, дузд ва ҷинояткор ҳастанд. Ба онҳо бовар кардан лозим нест. ӯ даъват мекард, ки лаҳзае тавваққуф нанмуда, ин «пуштсияҳ»-ро ронанд. Модари Диана бо хоҳари угаяш бехабар аз мақсади ниҳонии ӯ розӣ буд. Фақат Артур ва Диана зид буданд.

Оксана аз хонаи хешонаш фақат бо ду зарфи яклитраи мураббои тайёркардаи хоҳари угаяш баргашт. Дар роҳ, дар дохили мошин хешонашро дашном медод, ба шавҳараш мечаспид, ӯро ба беақлию ландаҳурӣ таънаҳо мезад.Дар ҳолати кӯшиш ба рад намудани таънаҳои Оксана, Пётр Пётрович ду бор дар роҳ бо сумкача зарба ҳам хӯрд. ӯ дар дил шукр мекард, ки дар хона набуданд, зеро зани ҷоҳилаш метавонист бо тухмпазак ба сари ӯ фурорад.

Мошини онҳо дар назди даромадгоҳи хонаашон қарор гирифт. Оксана ба шавҳараш фармуд, ки мошинро монаду рафта як шиша арақ гирифта биёрад. Пётр Пётрович садсӯмаи занаш додаро гирифта, сӯйи мағозаи нӯшокиҳои спиртӣ раҳсипор шуд. ӯ илоҷи дигаре надошт. Ин ҳама азобу шиканҷаро аз Оксана ба хотири дар кӯча намондану ба бомжҳо напайвастан таҳаммул мекард. Зеро занаш хонаю дар ва мошини хориҷӣ дошт.

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: