Главная > Uncategorized > Дуд ба осмон, на ба замин

Дуд ба осмон, на ба замин

Заводи алюминий ба кӣ зарар мерасонад?

Сомонаи интернетии http://www.tajmigrant.com иттилоъ дод, ки тӯли чанд ҳафтаи гузашта расонаҳои мухталифи ӯзбекистон ба аҳолии ин кишвар дар мавриди оқибатҳои  марговари фаъолияти корхонаи Арзизи Тоҷикистон иттилоъ пахш мекунанд. Маводҳои зиёди шайъӣ дар ин иртибот  тариқи бахусус сомонаҳои интернетӣ баррасӣ мешаванд. Аз маводҳои мазкур чунин бармеояд, ки чангу дуди корхонаи Арзизи Тоҷикистон барои аҳолии манотиқи наздисарҳадии ӯзбекистон хатарнок  ва марговар аст. Дар ҳар сурат, намояндагони ниҳодҳои экологии ӯзбекистон ин ақидаро тасдиқ мекунанд. Аммо оё матолиби расонаҳои ӯзбекистон воқеан ба хотири вазъи саломатӣ ва иқлими манотиқи наздисарҳадии ин кишвар пахш мешаванд ё асли мақсад чизи дигар аст? Сокинони тоҷикистонии атрофи корхонаи арзиз чӣ мегӯянд ва назару андешаи коршиносони тоҷик дар ин иртибот чӣ гуна арзёбӣ мешавад? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин ва дигар паҳлӯҳои мавзӯъ мо низ гузорише омода кардем ва онро пешкаши хонандагон мегардонем.

Аҳолии атрофи Корхонаи Арзиз чӣ мегӯянд?

Ҳанӯз соли 2006-ум расонаҳои ӯзбекистон проблема бардоштанд, ки гӯё корхонаи Арзизи Тоҷикистон ба вазъи саломатии аҳолии наздисарҳадии ӯзбекистон ва иқлими ин мавзеъҳо таъсири манфӣ мерасонад. Пас аз пахшу баррасиҳои батакрори расонаҳо ва «таҳлил»-у «исбот»-и коршиносону донишмандони кишвари ҳамсоя банда ҳам ба хотири фаҳмидани ҳақиқати ҳол ҷониби ноҳияи Турсунзода шитофтам, зеро корхонаи мазкур дар ҳамин ноҳия воқеъ аст. Сафари кории ман дар айни пухта расидани меваҳо ва ҷамъоварии пахта ҷараён гирифта буд. Рӯзи аввал ман аз каллаи саҳар то наздики шом, вақти фурӯ нишастани офтоб бо аҳолии се деҳаи атрофи корхона, яъне деҳоти Сешанбе, Яхшобод ва Максим Горкий сӯҳбат кардам. Зимни сӯҳбат аксари сокинони ин деҳот фаъолияти корхонаи Арзизро барои саломатӣ безарару бехатар гуфтанд. Албатта баъзан назару андешаҳо мухталиф буданд. Аз ҷумла як омӯзгори солхӯрда аз деҳаи Сешанбе гуфт, ки бар асари таъсири корхонаи Арзиз дар рустои онҳо як хонуми ҷавоне оиладор шудаву фарзанддор намешавад. Пурсидам, ки ин нуқсонро пизишкон мушаххас кардаанд? Ҷавоб надод. Аммо агар корхонаи Арзиз ба ҳама хонумҳои ҷавони деҳоти атрофаш чунин таъсир мекарда бошад, пас, имрӯз омӯзгори мӯҳтарам шогирд намедоштанд! Зани дигаре афзуд, ки хонуми ҳамсояаш ба бемории сил гирифтор шудааст. Аммо чун ба назди ҳамсояи ӯ рафтаву пурсон шудам, он зан сабаби беморияшро аслан аз таъсири корхонаи мазкур арзёбӣ накард. Умуман касе бо боварии том ва далели рӯшан исбот карда натавонист, ки саломатии худ ё нафаре аз ҳамдеҳаҳояш маҳз аз таъсири корхонаи мазкур заиф шудааст. Ҳатто бо шахсоне, ки қаблан ё то ҳамон замон дар корхонаи мазкур кор кардаанд, сӯҳбат доштам. Эшон низ ҳеҷ далеле дар ин маврид пеш наоварданд ва гузашта аз ин, аслан аз саломатии худ шикоят накарданд. Дар мавриди вазъи иқлим бошад, ҷавоби ҳамаи мусоҳибони ман як буд: «Худатон мебинед-ку! Ҳавои инҷо тозаву беғубор аст!». Тибқи мушоҳидаҳои худам низ ҳавои ин деҳот тозаву бебӯ буд. Мардум дар майдони васеи воқеъ дар назди корхонаи Арзиз ба ҷамъоварии пахта машғул буданд. Онҳо низ аз чизе шикоят накарданд. Боқӣ маскунини атрофи корхона дар боғҳову ҳавлиҳои худ низ мевачинӣ мекарданд. Бояд гуфт, ки аҳолии деҳоти номбурдаро аслан ӯзбекҳо ташкил медоданд.

Чанги корхонаи Арзиз ба ҳалқи кӣ мешинад?

Даъвои дигари коршиносону расонаҳои ӯзбекистон ин аст, ки гӯё чанг ё дуди Корхонаи Арзиз аз лӯлаҳои дароз баромада, сипас ба сӯи заминҳои наздисарҳадии ин кишвар меравад ва билохира ба замин мешинаду иқлими ин мавзеъҳоро вазнину халалдор мекунад. Ба ин васила гӯё дуди корхонаи мазкур ба саломатии мардум ва иқлими он мавзеъҳо таъсири манфӣ мерасонда бошад. Аҷоиб! Аммо сармуҳандиси ҳамонвақтаи Корхонаи Арзиз (мутаассифона исмаш аз ёдам рафтааст) ба ҳангоми сӯҳбат маро даъват кард ба саҳни корхона ва сипас ба дохили корпусҳои он, то бо чашми худ бубинам, ки дар асл алюминий чӣ гуна коркард мешаваду дуди он ба куҷо меравад? Вақте вориди корхонаи Арзиз шудам, тасаввур  кардам, ки ба ягон бӯсонсарои хушманзарае рафта бошам. Саҳни ҳавлии корхона тозаву озода ва саросар гулзору дарахтзор буд. Дарахтони мевадор ба мисли себу анҷиру ангур ва ғайра. Сармуҳандис шӯхиомез ба ман гуфт: «Дидед гулзорро!? Ҳамин хел ҷойи хушманзараву тозаву озодаро ҳатто дар Душанбе намеёбед! Боз мегӯед, ки заводи аллюминий ба иқлим таъсири бад мерасонад». Гуфтам: «Ҳақ ба ҷониби Шумост!». Корхона аз 14 корпус иборат буд, ки аз он 10-тояш кор мекард. Шояд тӯли ин солҳо боқимонда корпусҳои он низ ба кор даромада бошанд. Ҳар як корпус вазифаҳои махсуси худро иҷро мекарданд. Ҳамроҳ бо сармуҳандис назди ҳамон лӯлаҳое рафтем, ки аз онҳо дӯди корхона мебаромад. Дар атрофи лӯлаҳо боз зерлӯлаҳои бузурги ба ҳам васлшуда ҷойгир буданд. Сармуҳандис бо ишора ба лӯлаҳо ва зерлӯлаҳову умуман тарзи кори истеҳсоли аллюминий ба мо  гуфт: «Баландии ин ду лӯлае, ки аз онҳо дуди корхона мебарояд, 120 метрро ташкил медиҳад. Дар дохили ин ду лӯла сари ҳар масофаи муайян боз чанд чангкашак васл карда шудааст, то ки чанги аз дохили оташдонҳои алюминийпазиро ба худ кашида, дубора ба поин равона созанд. Он чанг аз паси лӯлаҳо, аз даричаи махсус пас мерезад ва онро дубора кормандони завод бурда ба оташдони алюминийпазӣ рехта, боз аз он алюминий мепазанд. Дар натиҷа, аз лӯлаҳо на чанги аллюминий, балки танҳо дӯди сабуку холӣ аз чангу ғубор, мисли дӯди сигор берун мебарояд. Он дуди сабук ба ҳеҷ ваҷҳ аз баландии 120 метр, ки ба ҳангоми сохтмони завод коршиносону муҳандисон ин фосиларо санҷида, лӯлаҳоро сохтаанд, ба замин намешинад. Он дуд бо самти бод ба ҳар тарафи ҳаво паҳн шуда меравад». Пас аз ин гуфтаҳои сармуҳандис ба дарозии лӯлаҳо зеҳн мондам ва воқеан чунин ба назар мерасид, ки дуди корхона ба сӯи осмон моил буд, на ба ҷониби замин. Бо сармуҳандис ва кормандони ҳамин бахши корхона хеле сӯҳбат кардам. Коргарон низ аз кори завод ҳеҷ нигаронӣ накарданд. Сипас, вақте бароям бисёр нозукиҳои кори корхонаи Арзиз рӯшан шуд, сармуҳандис низ шояд инро дарк карда бошад, ки шӯхиомез афзуд: «Ана фаҳмидӣ, ки асли воқеа дар куҷо будааст? Охир мо чанги арзониву бесоҳиб надорем, ки ба сӯи ӯзбекистон  равон кунем. Ба дигарон нафурӯхтему ба ӯзбекҳо ҳадя кунем!?». Аз ин шӯхии бамавриди сармуҳандис ҳарду хуб хандидем.

Тозагӣ дар бахши асосии корхонаи Арзиз!

Боздиди мо зери раҳнамоии сармуҳандис то ба корпус ё бинои асосии корхона, ки дар он алюминий истеҳсол мешавад, идома ёфт. Дарозии бино баръакси тасаввури ман хеле дароз буд. Ба дараҷае, ки нафари дар охири бино истода ба назар хеле дур менамуд. Дар васати бино шурӯъ аз аввал то охир оташдонҳо паси ҳам ҷой доштанд ва дар дохили онҳо оташ аланга мезаду алюминий истеҳсол мешуд. Болои оташдонҳо бо сарпӯшҳои оҳанин пӯшонида шуда буд. Кормандон барои ҳимояи пӯсту рӯю чашмонашон аз гармии ҳарорати оташ бо рӯйпӯши пӯшида кор мекарданд. Аслан ҳарорати гармӣ ба он дараҷае набуд, ки тоқатфарсо бошад. Баръакси тасаввури ман, дохили бинои асосӣ оина барин тозаву озода буд. Ягон хел гарду дуд ё чангу ифлосӣ ба назар намерасид. Ҳатто нафари дар кунҷи муқобил истодаро ба хубӣ дидан ва ҳатто шинохтан мумкин буд.

Бо чанд тан аз кормандони бахши асосӣ сӯҳбат карда дар бораи вазъи саломатӣ, маош ва имтиёзҳояшон сӯҳбат кардам. Онҳо изҳори нигаронӣ аз чизе накарданд. Бахусус аз вазъи саломатияшон. Танҳо, ба фикри ман, маошашон чандон ба кори сангинашон мутобиқ набуд. Пас аз шиносоӣ бо бахши асосӣ ва дигар бахшҳои корхона ман бо сармуҳандис хайрухуш кардаву роҳи бозгаштро пеш гирифтам. Ҳангоми баргаштан аз васати ҳавлии корхона мегузаштаму дубора лаҳзае ҳамон гулзори зебои саҳни ҳавлиро тамошо кардам. Хулоса сафари ман ду рӯз, рӯзи аввал бо сӯҳбати мардуми деҳоти атрофи корхона ва рӯзи дуввум бо мусоҳибаи масъулину кормандони корхона ва боздид аз бахшҳои асосии коркарди алюминий идома ёфт. Тӯли ин ду рӯз бо таассуроти тамоман наву тоза, яъне баръакси тасаввуроти қабл аз сафарам ба корхонаи Арзиз баргаштам.

Мақсади расонаҳои ӯзбекистон чист?

Ба андешаи иқтисодчӣ ва коршиноси соҳа Холаҳмад Азимов, олимону коршиносони ӯзбекистон ҳаргиз натавонистаанд тӯли баҳсу даъвоҳояшон дар иртибот бо таъсири манфии корхонаи Арзиз ба саломатии аҳолӣ ва иқлим ягон далели рӯшане ба мутаваҷҷеҳон пешниҳод кунанд. Аммо олимони Тоҷикистону Русия бо далелҳои қавӣ исбот кардаанд, ки корхонаи Арзизи Тоҷикистон ҳеҷ хатари экологиву тиббӣ надорад. Аз ҷумла Ҷ. Икромӣ зимни мақолаву пажӯҳишҳои худ далелҳои раднашаванда пеш оварда, бехатарии корхонаи Арзизро хеле нишонрас собит сохтааст. Мутаассифона, бо вуҷуди кӯшишҳои пай дар пай натавонистем бо ҷаноби Икромӣ дар робита шавем, аммо оянда дар назар дорем, ки бо он кас перомуни ин мавзӯъ як мусоҳибаи ихтисосие анҷом бидиҳем.

Бо он ки олимону коршиносони ӯзбекистон таъсири манфии корхонаи Арзизи Тоҷикистонро илман исбот карда натавонистаанд, пас, чаро расонаҳои кишвари ҳамсоя беист ин мавзӯъро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд ва ҳамоно хатарнок будани корхонаи мазкурро батакрор эълон медоранд? Ё ин корро аз роҳи бухлу ҳасад ва аз даричаи танги илми беисбот, аз дур истода амалӣ кардан мехоҳанду фитна мехезонанд? Холаҳмад Азимов, коршиноси тоҷик дар посух ба ин савол гуфт, ки баҳси корхонаи Арзизи Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои ӯзбекистон бештар тобиши сиёсӣ дорад! Ба андешаи ӯ, ҷониби ӯзбекистон ин амалро дигарбора дар пайи ҳамон 2000 вагонҳои дар сарҳад боздоштаи Тоҷикистон анҷом медиҳад ва бо ин роҳ заъфи сиёсати кишвари моро ба ҷаҳониён нишон доданӣ мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои боло расонаҳои давлатии моро мебоист дар ин баҳс фаъолтар бошанду ба ҷойи «таваллуд кардани модашер»-у «шинои моҳиён дар об» ва «рақси мор дар ҷангал», ки ҳамарӯза тариқи шабакаи аввалу ТВ Сафина пахш мешаванд, ақаллан як гузориши зинда ё тасвирӣ аз дохили заводи алюминий омода кунанд. Бо ин амал эшон ҳам эътимоди мардумро ба асли воқеа зиёд мегардонанду ҳам ғаразҳои расонаҳои хориҷиро рӯйи об мебароранд.

Нилуфари  СОБИР, рӯзноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: