Главная > Uncategorized > Оқибати хатои духтур ва ё доғи сиёҳ ба хилъати сафед

Оқибати хатои духтур ва ё доғи сиёҳ ба хилъати сафед

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии   ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ҳазор умед бори дигар тавассути ҳафтанома муроҷиат намуда истодаам. Як бори дигар ҳам, пас аз аризанависиҳои зиёд аз ВАО истифода намуда, арзамро ба садрнишинони Вазорати тандурустию масъулон расонида будам. Вале бо як ҷавоби хушку холӣ, монанди оне, ки тифлро фиреб медиҳӣ, маро ором карданӣ мешаванд. Аммо ман чӣ тавр ором бошам, ки шарики умрамро аз даст додам. Ҳодиса чунин аст: Охири моҳи августи соли 2007 ҳамсарам Нигина Бобоева аз дарди шиддатноки шикам шикоят кард ва баъди аз кор омаданам ӯро ба беморхонаи Қарияи Боло ба ташхиси ултрасадо бурдам. Баъди муоинаи духтур маълум шуд, ки дар талхадони ӯ санг пайдо шудааст ва ман яқин кардам, ки сабаби пайдоиши дарди сахт маҳз ҳамин санг аст. Ҳамон рӯз дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе маро бовар кунониданд, ки ӯро фавран ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Ба гуфти онҳо, роҳи табобати дигар вуҷуд надоштааст. Зеро дар беморхона дастгоҳи лазерии ҳозиразамон доранд ва дар давоми 4-5 рӯз бемор сиҳат ёфта, аз шифохона ҷавоб мешавад. Ман пурсидам, ки дар шифохона табибони бо ин дастгоҳ кор карда метавониста мавҷуданд? Маро бовар кунониданд, ки ҷарроҳ таҷрибаи зиёда аз 20-сола дорад ва ҳар рӯз 1-2 чунин беморро ҷарроҳӣ карда, табобат мекунад ва маслиҳат доданд, ки ҳарчи зудтар беморро биёрам, вагарна дер шуданаш мумкин. Пагоҳии рӯзи дигар ҳамсарамро дар беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳр бистарӣ карданд. Рӯзи дигар, соатҳои 9 ҷарроҳӣ оғоз ёфт ва якуним соат давом кард. Беморро баъди 4 соат нигоҳ доштан дар шӯъбаи эҳёгарӣ, худи ҳамон рӯз ба палата гузарониданд. Ҳолати бемор соат ба соат бад мешуд ва дарди сахти дилбеҳузурӣ ӯро сахт ғам медод. Ҳамин ҳолат то нимашаб давом кард. Ман бори дигар духтури ҷарроҳ Давлат Гулаҳмадов ва ҷонишини сардухтури беморхона Ф. Маҳмадовро назди бемор овардам. Онҳо дору мегузаронданд, аз боло ва поён маҳлул равон карда, организмро тоза мекарданд. Аҳволи ҳамсарам шаб ниҳоят бад шуд ва ӯ аз шиддати дард беҳуш гашт. Дар ҳамин асно як духтур, ки чеҳрааш дар ёдам намондааст, мегузашт ва ӯ ин ҳолатро дида ба назди бемор омад ва гуфт, ки фавран ӯро ҷарроҳӣ кардан лозим аст. Агар таъхир кунед, ӯро аз даст медиҳед. Ҷарроҳии такрорӣ қариб 3 соат давом кард ва ӯро ба шӯъбаи эҳёгарӣ бистарӣ карданд. Духтури эҳёгар-анестизиолог Мадёр Тӯрақулов ба ман чанд номгӯи доруҳоро дода, гуфт: — Фавран доруҳои мазкурро ёфта биёр, вагарна бемор нобуд шуданаш мумкин. Соат аз 2-и шаб гузашта буд. Ман доруҳоро дар давоми 1 соат ба воситаи посбони аптекаи «Кафолат» пайдо намуда овардам. Рӯзи дигар маълум шуд, ки духтури ҷарроҳ Гулаҳмадов Давлат ба хатои дағал роҳ дода, талхадонро бурида гирифтааст, вале роҳи онро маҳкам накардааст ва талха дар ковокии шикам ҷамъ шуда, ба воситаи хун ба тамоми бадан паҳн шуда, организмро заҳролуд кардааст. Ба қавли духтури эҳёгар-анестизиолог, 80-90 фоизи беморон бо чунин диагноз ҳалок мешудаанд. Баъди ҷарроҳии дуюм ҳамсарам зиёда аз як моҳ бистарӣ шуд. Роҳҳои талхаравиро аз бадан тарафи берун баровардаанд. Ва аз нав хато карда, роҳи талхаи тарафи талхадон мерафтаро маҳкам карда натавониста, роҳи асосии ба воситаи ҷигар мебаромадаро, ки ба амалиёти ҷарроҳӣ дахл надошт, ба воситаи лазер сӯзондаанд. Яъне роҳи табиие, ки он аз ҷигар рафта ба рӯда дохил мешавад, сӯзонда шудааст. Акнун найча монда талхаро ба берун баровардаанд. Ҳолати ногувор ва тоқатнофарсо сар шуд. Худ тасаввур кунед, бемор дар бистар. Сето найча аз бадан мебарояд ва онҳо ба зарфҳои пластикӣ равонанд ва ба воситаи онҳо талха дар зарф ҷамъ мешавад. Бо ҳамин аҳвол мо аз беморхона ҷавоб шудем. Бо ҳамин аҳвол бо зарфҳои дар бадан овезон якуним моҳ дар хона нигоҳубин кардем. Талха худаш роҳ ёфта ба рӯда дохил шуд ва аз тариқи найчаҳо рафтани он қатъ шуд. Дар муддати якуним моҳ рӯздармиён ба беморхона омада, ҷароҳатбандӣ мекардем. Охири моҳи марти соли 2008 яку якбора ҳолати бемор вазнин шуд. Баъди ташхисҳои навбатӣ ва нақли табибон яқин шуд, ки талха боз роҳаш маҳкам шудааст ва дар ҷигар ҷамъ мешавад. Ин аҳвол организмро тез заҳролуд мекунад. Ҳарорати баландшуда, зардшавии тамоми бадан, дилбеҳузурӣ ва дарди сахти шикам беист ӯро ғам медод. Боз ӯро маротибаи дуюм ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳрӣ овардем. Табибон маслиҳат доданд, ки беморро бояд аз нав ҷарроҳӣ кард. Зеро ҷарроҳӣ ягона роҳи наҷот аст. Вале аз сабаби он ки банда ба малакаи табибони шифохонаи мазкур боварӣ надоштам, ба ҷарроҳии навбатӣ розӣ шуда наметавонистам. Яъне ҷарроҳӣ ҷарроҳии оддӣ набуд. Малакаи баланди духтуриро талаб мекард. Дар ин ҷарроҳӣ талхаро аз ҷигар бо роҳи сунъӣ бурда, бо рӯда бояд пайваст кунанд. Он роҳе, ки организм худ пайдо карда буд, роҳи боэътимод нест ва ҳар лаҳза маҳкам шуданаш мумкин, чӣ хеле ки ҳоло шудааст. Баъди табобатҳои пай дар пай ба хулосае омадам, ки ҳамсарамро ба хориҷа барои табобат равон кунам. Моҳи апрели соли ҷорӣ ӯро ба давлати исломии Эрон, ба шаҳри Машҳад барои табобат ба воситаи рафиқони эронӣ ва хешу табор равон кардем. Зиёда аз 20 рӯз дар Машҳад табобат гирифт. Мутахассисони эронӣ низ ба он ақида буданд, ки ӯро бояд ҷарроҳӣ кард. Хулоса, баъди фикру маслиҳатҳои зиёд ба қароре омадем, ки ӯро дар Душанбе ҷарроҳӣ мекунем. Мутахассиси беҳтарини ин соҳа дар ҷумҳурӣ, профессор, академик, аъзо-корреспонденти академияи илмҳо Қурбонов К. М. шинохта мешавад. Баъди маслиҳатҳо бо он кас мо розӣ шудем, ки ҷарроҳӣ аз тарафи он кас гузаронида шавад. Қурбонов ваъда доданд, ки дар ин амалиёт тамоми таҷриба ва кӯшишу ғайрати худро сарф менамоянд. 8-уми сентябри соли ҷорӣ ҷарроҳӣ гузаронида шуд. Аҳволи бемор якбора бад шуд ва ночор баъди як рӯзи ҷарроҳӣ ҷарроҳии дигарро кардан зарур омад. Рӯзи 10-уми сентябр ҷарроҳии навбатӣ гузаронида шуд. Ҷарроҳии 1-ум 6,5 соат ва 2-юм 1,2 соат давом кард. Баъди ин ду ҷарроҳӣ аҳволи бемор тамоман вазнин шуд. Хатое, ки дар аввал Гулаҳмадов Давлат содир кард, кори худро карда буд. Ва ҳатто бузургтарин табиби ҷумҳурӣ он саҳвро наметавонад ислоҳ намояд. Хамсарам бо ҳаёт падруд гуфт ва тамоми орзуҳои худро ҳамроҳаш бурд. Вале маро андешае ором намегузошт: Оё ҷарроҳе, ки одитарин амалиёти ҷарроҳиро гузаронида, хато мекунад, ҳуқуқи дар ин соҳа кор карданро дорад? Оё рафтори табибе, ки дар рафти ҷарроҳӣ ба хатоӣ роҳ дода, шахсро ба ҳолати марг расонидааст, ҷиноят ҳисоб намеёбад? Тавассути  ҳафтаномаи «Фараж» муроҷиат намудам. Ба мактуби ман сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбне Темуров А. А. посух гардонд, ки пур аз худсафедкунию тарафгирии ҳамкасбонаш буд ва он маро ҳеҷ гоҳ қонеъ намекунад. Ба Прокуратураи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ навиштам. Аризаамро барои моҳиятан санҷидан ба Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фиристоданд. Аз он ҷо ба ман посух доданд, ки бинобар дар рафтори духтурон набудани аломати ҷиноят аз оғози парванда худдорӣ намудаанд. Ман ҳайронам, ки чи хел одам бинобар сабаби ҷарроҳӣ мураду аломати ҷиноят набошад? Дар даст нусхаи хулосаи комиссия дар асоси қарори прокурори  ноҳияи Шоҳмансур таҳти роҳбарии директори МҶТСТ ВТ ҶТ коршиноси судию тиббии дараҷаи олӣ, нит И. М. Ҳалимов ва аъзоёни комиссия: муовини директори МҶТСТ ВТ ҶТ, коршиноси судию тиббии дараҷаи якум С. Н. Эшонкелдиев, мудири шӯъбаи навбатдории МҶТСТ ВТ ҶТ, коршиноси судию тиббии дараҷаи якум Ҳаитов М. Э., маърӯзачӣ оид ба кор: коршиноси судию тиббӣ, нит Ғаниев Ф. И.-ро дорам. Ба саволи гузоштаи прокурор: — «Оё  марҳум Бобоева Нигинамоҳ Эмомбердиевна аз ҷарроҳии нодуруст фавтидааст?» чунин посух додаанд: «Ҳангоми гузаронидани ҷарроҳии якум (эндовдеоҷарроҳӣ), мутаассифона чангаки (клипси) дар ҷои чоки талхадон буда канда мешавад, ки ба вуҷуд омадани оризаи ба монанди перитонити талхавӣ оварда мерасонад, аммо қайд намудан лозим мебошад, ки ин намуди ориза дар амалия вомехӯрад, ҳангоми пайдошавии ориза бошад аз тарафи ҷарроҳони беморхона ҳамаи чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани ориза гузаронида шуданд ва дар натиҷа Бобоева Н. Э. бо ҳолати қаноатбахш аз беморхона ҷавоб дода шудааст. Пайдоиши бемории ҳамроҳӣ-гепатомегалия, гепатохолангиоэктазия ва оризаҳо пас аз ҷарроҳии 1-ум дар рафти ҷарроҳии 2-юм муддати табобатро давомноктар намуда, ба натиҷаи табобати бемории асосӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Муайян намудани ҳаракатҳои кормандони тиб, ки бо таври бояду шояд баҳо дода мешавад (небрежное или халатное отношение к должностным  обязанностям), берун аз ваколатҳои экспертизаи судию тиббӣ мебошад». Пас ки бояд ба ҳаракати духтурон баҳо диҳад?! Тоҳир ЛАШКАРОВ, сокини шаҳри Душанбе

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: