Главная > Uncategorized > «Ба Саидамир Зуҳуров ҳаққи устодӣ дорам»

«Ба Саидамир Зуҳуров ҳаққи устодӣ дорам»

Руҷӯи 1

«Дар Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) Кумитаи амнияти давлатӣ (КГБ) шояд ягона ниҳодест, ки дар он фасод кам ё умуман вуҷуд надорад».

Академик Андрей Сахаров

Ин суханон ба олими ҷаҳоншумул, падари «бомбаи водородӣ«-и Шӯравӣ, се карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Андрей Сахаров (1923-1989) тааллуқ доранд, ки бинобар ақоиди сиёсӣ ва оштинопазирӣ бо навоқиси ҷомеаи сотсиалистӣ аз ниҳоди амниятии давлати бузург ранҷи фаровон дид, вале заррае аз ҳақиқат дурӣ наҷусту эътироф намуд, ки идораи амниятии Шӯравӣ орӣ аз фасод аст. Ва чунин ҳам буд! Ҳарчанд бо фано ёфтани давлати Шӯроҳо ҳарзагӯёну ёвабофон ва аламзадаҳову худнамоён аз ҳар гӯшаю канор дар ҳаққи КГБ гапҳои пасту баланд зиёд гуфтанду ҳай кафки даҳон рехтанд, офтобро бо доман пӯшида нашуд. Сардамдорони Шӯравӣ воқеан тавонистанд як ниҳоди пурқудрати амниятиро рӯи кор оранд, ки на танҳо бехатарии давлати бузург ва шариконашро таъмин менамуд, балки дар саросари ҷаҳон тарсу ваҳм меандохт. Дасти шабакаҳои хуфияи Шӯравӣ дар дохилу хориҷ ниҳоят дароз буд ва дар ҳоли зарурат ба ҳар кунҷу канор мерасид. Дуруст аст, ки хадамоти амниятии Шӯравӣ дар дохили мамлакат баъзан зиёдаравӣ мекарданд ва ҷойи салла калла меоварданд, лек ҳеҷ кор бе камбудӣ набуду нест. Муҳимаш, сутуни давлатдорӣ «дар шашяки рӯи замин» сахт устувор буд ва дар ин ҷода хадамоти амниятӣ нақши муҳим мебозиданд.

Руҷӯи 2

«Дар Амрико ашхоси боақлу доно ба олами сармоя (бизнес) роҳ мегиранд, дар ИҶШС (СССР) чунин афрод дар хадамоти амниятӣ ба кор ҷалб мешаванд».

Аз нимшӯхиҳои даврони Шӯравӣ

Аммо нимшӯхие, ки воқеият дошт. Хидмат дар КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ на ба ҳар кас муяссар мегардид. Довталабро ба қавле «аз қилак» мегузаронданд, то ҳафтод пушташро меомӯхтанду месанҷиданд. Фақат беҳтаринҳо (аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ) баргузида мешуданд. Қабл аз ҳама садоқат ба сохти мавҷудаи давлатӣ, ба идеалҳои он мадди назар гирифта мешуд. Мусоҳиби мо подполковник Нӯъмон Ризвонов аз зумраи нафарони хуштолеъест, ки умри азизро дар хадамоти амниятии Шӯравӣ ба нафъи халқу Ватан сарф намудааст. Арз мекунем, ки мавсуф Рихард Зорге, Максим Исоев, Николай Кузнетсов нест, то аз саргузаштҳои моҷароангезашон қисса кунем. ӯ як чекисти оддист, ки дар даврони худ бо амри тақдир ба идораи амниятӣ роҳ ёфт, сазовори боварии бузург гардид ва бо заҳмату садоқат миёни мардум шӯҳрат ёфт. Сӯҳбатамон тӯлонӣ буд, вале ҳоло фишурдаи онро ба ихтиёри хонанда мегузорем. Агар нафаре ба умеди кушудани сирру асроре ин сатрҳоро қироат мекунад, хубаш аз ин чашмдошт бигзарад.

Л. Д: — «Чекист»-шавии Шумо чӣ гуна сурат гирифт? Касе восита шуд, миёнравӣ кард ё худ зиёд кӯшидед?

Н. Р: — На ину на он. Соли 1958 факултаи биологияи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод (ҳоло Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров)-ро бо баҳои аъло хатм намудам ва нақшаи фаъолияти минбаъдаро мекашидам. Ин замон ғайричашмдошт ба идораи амнияти ҷумҳурӣ барои «сӯҳбат» даъват намуданд. Яқинан, қаблан «аз қилак» гузаронда будаанду худ ҳеҷ хабар надоштам. Он замон ба КГБ-и Тоҷикистон генерал-майор Семён Свичун роҳбарӣ мекард. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, марди пасту баланди зиндагиро дидагӣ буд, баъдан ба Маскав рафт ва то муовинии аввали раиси КГБ-и СССР, генерали артиш расид. Вале чун давраи қабули ман ба кор дар рухсатӣ буд, муовинаш Абдусалом Ғаффоров маро пазируфт, сӯҳбат кард ва ба ҳуҷҷатҳоям имзо гузошт. Ин марди доною чеҳракушод солҳои минбаъда ба вазифаи муовини фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии Осиёи Миёна (ин нерӯҳо ба КГБ пурра итоат мекарданд) таъин шуд, соли 1971 рутбаи генерал-майор гирифт. Абдусалом Ғаффоровро ман ва дигар ҷавонони дар ниҳоди амниятӣ ба кор шурӯъ намуда аввалин устод ва мураббии худ мешуморем. Маро ба шаҳри Хоруғ, ба раёсати вилоятии Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон фиристоданд. Роҳбарии раёсатро чекисти собиқадор Абдулло Солеҳбоев ба дӯш дошт. Номрафта ва муовинаш Борис Бурнаев маро ба шефӣ гирифтанд. Бештар ба сарҳад бо Афғонистон таваҷҷӯҳ менамуданд. Се моҳ аз имтиҳон гузаштам ва чун ваколатдори оперативӣ дар ноҳияи Рӯшон ба кори мустақилона пардохтам. Андрей Малаоков ном шахс сардори шӯъба буд, марди орому меҳрубон буд, тез бо ҳам унс гирифтем.

Л. Д: — Қадамҳои аввал мушкил наафтоданд? Чӣ монеаҳоро паси сар кардан лозим омад?

Н. Р: — Оғози ягон кор бе душворӣ намешавад. Лекин хушбахтона, ҳампешагон нафарони хуб баромаданд. Ҳамеша дар ҳолати зарурӣ дасти мадад дароз мекарданд, чун як ҷавонмарди хунаш дар ҷӯш аз пайи кор будам. Баъди чанд моҳ ҳодисае рӯй доду қариб бо ин кор хайрухуш менамудам. Падарам дар зодгоҳ — ноҳияи Ванҷ ҳангоми хонасозӣ сахт маъюб шуд ва ман чун писари ягона мебоист дасти аҳли хонаводаро мегирифтам. Фавран ба шаҳри Хоруғ рафта, назди Абдулло Солеҳбоев даромадам ва «рапорт»-ро дар хусуси аз кор ҷавоб додан рӯйи мизи корияш гузоштам. Он кас гуфтанд, ки ҳаққи аз кор ҷавоб додани маро надоранд, масъаларо раиси КГБ-и ҷумҳурӣ бо иҷозати Маскав  бояд ҳал кунад. Кашмакаш чанд рӯз давом кард ва Абдулло Солеҳбоев маро назди котиби якуми обкоми вилоят Наҷмиддин Абдуллоев бурда, мақсадро фаҳмонд.

— Офарин писар,- сӯям меҳрубонона нигариста, гуфт котиби обком,- иззату эҳтироми падару модар воҷиб аст. Сипас ба Абдулло Солеҳбоев гуфт, ки масъалаи дар зодгоҳ кор карданашро ҳал намоед. Он замон қонуни нонавиштае вуҷуд дошт, ки дар зодгоҳ фаъолият кардани кормандони идораи бехатариро иҷозат намедод, зеро ба хешу табору наздикон ҳар нафаре хостаю нохоста «гузашт» мекард. Ин қонуни нонавишта бори аввал иҷро нашуд ва ман дар зодгоҳ ба сифати ваколатдори фаврӣ ба фаъолият пардохтам. Бубинед, он замон ба масъалаи кадр чӣ қадар аҳамият медоданд. Ба тақдири як афсари хурд (лейтенант) касе бозӣ намекард.

Л. Д: — Чунин муносибат ба як кадри ҷавон бешак дили Шуморо ба кор гармтар сохт, ё монеаҳо минбаъд вуҷуд доштанд?

Н. Р: — Албатта, қадрдонӣ касро рӯҳбаланд месозад. Ман эҳсос кардам, ки барои ин ниҳод одами лозимиям. Пайваста талош меварзидам, ки вазифаҳои хидматиямро накӯ ба субот расонам. Чор сол дар Ванҷ кор кардам. Саломатии падарам хуб шуд. Дар ноҳияи Қалъаи Хум (ҳоло ноҳияи Дарвоз) ба ҳайси ваколатдори калон чор соли дигар заҳмат кашидам. Нӯҳ сол дар ноҳияи Рӯшон сардори шӯъба будам. Панҷ сол роҳбарии шӯъбаро дар ноҳияи Ленинград (ҳоло ноҳияи Мӯъминобод) ба ӯҳда доштам. Дар раёсати вилояти Кӯлоб кор кардам. Он замон сардорони шӯъбаи ноҳияҳоро бюрои КМ ПК Тоҷикистон бевосита тасдиқ мекард, чуноне фақат котибони аввали шаҳру навоҳиро чунин «бахт» насиб буд. Ман тӯли фаъолияти қариб сисолаам қабл аз таъин ба вазифа панҷ маротиба аз сӯҳбати Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов гузаштаам. Ин боиси фахру саодати ман аст.

Л. Д: — Шумо бо раисони КГБ-и Тоҷикистон (солҳои 1958-1985) Свигун С. К., Милютин М. М., Сазонов С. Г., Шевченко В. Т., Первентсев Е. И.  кор кардаед. Чӣ хотироте аз эшон доред? Муносибаташон ба кадрҳои миллӣ чӣ гуна буд?

— Н. Р: — Замони генерал Свигун С. К. ба кор сар кардам ва давраи генерал Первентсев Е. И. ба нафақа баромадам. Ба сифати сардори шӯъба бо ҳамаи раисони вақти кумита аз наздик ошно будам, борҳо сӯҳбатҳои расмию хоса доштам. Рӯирост мегӯям: ин панҷ тан чекистони касбӣ буданд ва корашонро нек медонистанд. Ба ҳама тобеъон новобаста ба маҳалу минтақа бо як чашм менигаристанд. Дигаронро намедонам, вале шахсан ман аз эшон бадие надидам. Миёни эшон Шевченко В. Т. бештар ба ёд меояд. Марди ниҳоят кордон, лек тез буд, кори имрӯзаро асло ба фардо намегузошт, ба ҳама чиз — сару либос, тарзи суханронӣ аҳамият медод, ба маҳалҳо аксар бо либоси низомӣ меомад. Боре дар сарҳади Рӯшону Шуғнон — деҳаи Пастхуф ӯро пешвоз гирифтам, сардори раёсати вилоятӣ Аҳмад Норматов варо ҳамроҳӣ мекард. Чун аз мошини хидматӣ фуромад, ман «рапорт» додам, хеле маъқулаш омад. «Вот только так встречают генерала» гӯён хушҳол гардид. Одамони ҳарбӣ ҳамин хел мешаванд. ӯ набераи шоири бузурги украин Тарас Шевченко буд, аз адабиёту фарҳанг сухан карданро дӯст медошт. Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон рафт, генерал — лейтенант шуд.

Л. Д: — Аз миёни кадрҳои маҳаллӣ фақат як нафар (соли 1973 Шариф Қурбонов) ба гирифтани рутбаи генералӣ муваффақ гардид. Замони шӯравӣ ҳатто теъдоди полковникҳо дар ин ниҳод ангуштшумор буд. Даврони истиқлол барои баршумории генералҳо ангуштони ду даст камӣ мекунанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?

Н. Р: — Он вақт фақат раиси КГБ-и ҷумҳурӣ рутбаи генерал — майор дошт, боқӣ муовинонаш, ҳамчунин сардорони раёсатҳо подполковник ва қисми каме полковник буданд. Рутба қадру қимат дошт. Шариф Қурбоновро хуб мешинохтам, варо «сутуни кумита» мегуфтем, чекисти  касбӣ буд, чашми корро медонист, бо камбудиҳо асло муросо намекард, гапаш гап буд. Дар кумита русу белорус, тотору яҳудӣ, гурҷию арманӣ ва дигар миллатҳо кор  мекарданд. Ҳама пеши Шариф Қурбонов ба қавле «шляпаашонро аз сар мегирифтанд», сиёсат дошт ин марди воқеан шариф. Вале миёнаи солҳои ҳафтодум қарори махсуси  КМ КПСС  «Дар бораи мустаҳкам намудани мақомоти маъмурӣ аз ҳисоби кормандони партиявӣ» баромад. Аз ҷумла ба КГБ-и ҷумҳурӣ Комил Пӯлодов ном шахс ба сифати муовини аввали раис омад. Қаблан мудири шӯъбаи ташвиқоти  КМ ПК Тоҷикистон буд. Шояд дар ташвиқу тарғиб истеъдод дошт, вале ба корҳои идораи амниятӣ дуруст сарфаҳм намерафт. Одами тасодуфӣ буд. Баъдан ба округи сарҳадии Осиёи Миёна рафт, ҷояшро партиявии дигар гирифт.

Мусоҳиб

Лаззат ДИЛОВАРЗОД

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: