Главная > Uncategorized > ВАЗИРРО БА СУД ДОДА, 1000000 СОМОНӣ ТАЛАБ МЕКУНАМ

ВАЗИРРО БА СУД ДОДА, 1000000 СОМОНӣ ТАЛАБ МЕКУНАМ

Озмуни байналмилалӣ — «Хариди маҷмӯи  автоматикунонидашудаи системаи омоданамоӣ, додан ва қайди шаҳодатномаҳои ронандагии пластикии намунаи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо микрочип ва ё штрих-код насб гардонида шудааст ва маводи хароҷотии он», ки тибқи дархости Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2010 то 27-уми июли соли 2010 баргузор гардида, ғолиби он бояд корхонаи мо эълон мегардиду ин тавр нашуд. Чунки корхонаи дилхоҳи вазорати номбурда аз рӯи пешниҳоди нархҳо танҳо ба гирифтани ҷойи чорум ноил гашт. Ин ширкат — «Mettano Alliance LLP» (Британияи Кабир)-ро танҳо эътирози мо-ҶДММ «Камнамо» имкон надод, ки бо сад ҳилаю найранги ҷонишини раиси Комиссияи тендерӣ, мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадиев Ҳ. Х. аллакай худи ҳамон рӯз эълон карда шавад. Ман бисёр ҳам мехостам, ки бо вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам пеш аз эълони озмун, ҳам дар ҷараёни озмун ва ниҳоят баъд аз баргузор шудани марҳилаи дуюм вохӯрда, норозигии худро баён намоям. Аммо афсӯс, ки инро вай нолозим шуморид. Бинобар ин, ман нияти қатъӣ дорам, ки роҳбари ин вазорати бонуфузи ҷумҳурӣ — генерал — полковники милитсия Қаҳҳоров А. Ҳ.-ро ба суд дода, ҳамчун ҷубронпулии молиявию маънавӣ маблағи 1000000 (як миллион) сомонӣ талаб намоям. Зеро маҳз ҳамин «ғамхорӣ»-и ин вазир аст, ки корхонаи «Дурнамо» зиёда аз 1,5 сол аст, ки дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дораду имкониятҳои бузурги мо дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳоро дидаю дониста нодида мегирад.

А. Азизхоҷаев, директори ҶДММ «Камнамо»

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: