Главная > Uncategorized > Далели Наҷмиддинов: монеаҳои сунъии Узбекистон!

Далели Наҷмиддинов: монеаҳои сунъии Узбекистон!

Дар нимсолаи соли ҷорӣ қисми буҷети давлатӣ иҷро нашудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия дар як сӯҳбаташ қайд кард, ки аз сабаби бӯҳрони молиявӣ ва эҷоди монеаҳои сунъӣ аз ҷониби ӯзбекистон ҳангоми ворид гардидани молу таҷҳизоти Тоҷикистон, 366 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид нагардидааст. Танҳо аз ҳисоби боздошти вагонҳо бо молу колояш дар қаламрави ӯзбекистон, иқтисоди Тоҷикистон дар бахши даромад аз воридот 65 миллион доллари амрикоӣ зиён дидааст.

Аммо ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки оё воқеан иҷро нашудани қисмати буҷети давлатӣ танҳо ду сабаб дорад, яъне бӯҳрон ва монеаҳои сунъии ӯзбекистон ё омилҳои дигаре низ мавҷуданд? Оё қарзҳои гирифтаи Вазорати молия холигии буҷетро пур карда наметавонистанд? Ё хориҷиҳо ҳоло қарз надода истодаанд? Агар хориҷиҳо қарз надиҳанд, аз куҷо қарзи берунаи Тоҷикистон меафзояд? Дар ин бора назари коршиносон гуногун аст.

«Дефитсит»-и буҷа

Шояд то андозае қарзҳои дарёфтшуда барои пур кардани қисмати буҷет кӯмак кунанд. Вале ба гуфти вазири молия, қарзи дарёфтшуда асосан барои пӯшиш додани касри (дефитсит) буҷет ва маблағгузории бахши иҷтимоии кишвар равона карда мешавад.

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки бо вуҷуди дарёфти қарзҳои молиявӣ, сол то сол ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Ба иттилои масъулини Вазорати молия феълан қарзи давлатии кишвар аз 1 миллиарду 775 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 30 дар сад мебошад. Беш аз 1 миллиард доллар қарзи давлатии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии мардумии Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд рост меояд.Ҳоло суоле пешорӯст, ки бо вуҷуди дарёфти қарзҳои молиявӣ қарзи давлатии Тоҷикистон чаро дар ҳоли афзоиш аст?

Иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки касри буҷет (дефитсит) дар аксари ҳолат ҳамчун сабабгори зиёдшавии қарзи давлатӣ намудор мегардад. Тавре дар илми иқтисод гуфта мешавад, касри буҷет шаҳодат медиҳад, ки хароҷоти буҷет назар ба даромади он зиёдтар аст. Ба андешаи коршиносон давлат бояд қарзро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, роҳу усули безарари пардохти онро дарёбад. Қарзи берунӣ то замоне хавфу хатар надорад, ки адои фоизи он гуна қарзҳо барои иқтисодиёти мамлакат ниҳоят гарон набошад. Ин маънои онро дорад, ки зиёдшавии қарзи давлатии Тоҷикистон танҳо бар зарари кор аст. Касри буҷетро бо интишори пули иловагӣ, қарзҳо аз Бонки миллӣ, қарз аз аҳоливу корхонаҳо ва қарзи ширкату давлатҳои хориҷӣ бартараф кардан имкон дорад, лекин танҳо бо назардошти назорати дуруст аз болои он. Дар акси ҳол, афзоиши қарзҳо идома меёбад.

Шарҳи дигар «саҳмия» аст

Бархе аз коршиносон сабаби иҷро нашудани қисмати буҷетро аз фурӯши барзиёди саҳмияҳо медонанд. Иқтисодшинос Қаландар Судурдинзода мегӯяд, ки манъи вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави ӯзбекистон ва эҷоди монеаҳо ба рушди иқтисоди кишвар аз ҷониби давлати ҳамсоя сабаби камомад дар буҷети давлат буданаш чандон мантиқи қавӣ надорад. Ба андешаи ӯ, ҷамъоварии садҳо миллион сомонӣ мблағи шаҳрвандон барои саҳмияи «Роғун», камбуди маблағи нақд дар гардиши иқтисодӣ сабаби аслии заъфи иқтисоди миллӣ мебошад. Зеро маблағе, ки имрӯз тариқи саҳмия аз шаҳрвандон ҷамъоварӣ шуд, ҳоло ин пул дар бонкҳо истодааст. Бисёре аз соҳибкоронро водор карданд, ки ба миллионҳо сомонӣ саҳмия харанд, ки дар натиҷа дар дасти мардум пули нақд намонд. Ҳоло соҳибкорон пеш аз ҳама пули кофӣ надоранд ва баъдан, аз ворид кардани молу коло дар ҳаросанд.

Дар гузашта сафири Олмон дар Тоҷикистон низ аз паёмади маъракаи ҷамъоварии маблағ ва харидории саҳмияҳои «Роғун» мақомоти кишварро ҳушдор дода буд. Вай дар сӯҳбат бо масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз механизми ҷамъоварии маблағ барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки ин маърака дар авҷи бӯҳрони иқтисодӣ ҷараён дорад, ки ба вазъи кишвар ва мардум таъсири манфии худро хоҳад гузошт.

Ҳушдор аз бӯҳрони иқтисодӣ, ки сафири Олмон аз ҷамъоварии маблағ барои «Роғун» паёмади онро зикр кардааст, аз ҷониби баъзе коршиносон низ дар гузашта гуфта шуда буд. Иқтисодшиносоне чун Масъуд Собиров ва Давлат Усмон аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки фурӯши саҳмияҳо аз гардиши пул дар бозор бештар аст, ки метавонад ба оқибати ногувор оварда расонад.

Замоне нобовариву акнун далел

Замоне, ки нишонаҳои аввали бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар бархе аз кишварҳои абарқудрат падидор шуд, шахсони аввали блоки иқтисодии Тоҷикистон намехостанд эътироф кунанд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба ин кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Бо ин вуҷуд, ки таҳлилгарон оид ба таъсири бӯҳрони молӣ қабл аз вуқӯъ бонги изтироб зада буданд. Масалан, Ашӯрбой Солиев, мудири бахши муносибатҳои иқтисоди байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар моҳҳои охири соли 2008 гуфта буд, ки дар натиҷаи кам гаштани талабот ба алюминий ва пахта нархи он дар бозори ҷаҳонӣ коҳиш меёбад ва ба буҷети давлат ҳамин миқдор маблағ кам ворид мешавад. Баъдтар ин гуфтаи ӯ тасдиқи худро ёфт ва арзиши як тонна алюминий аз 2800 доллар ба 1250 доллар паст шуд. Дар ҳоле ки барои истеҳсоли як тонна алюминий аз рӯи маълумоти Шералӣ Кабиров, ҷонишини директори ширкати «ТАЛКО» 2000 ҳазор доллар масраф мешавад. Ин маънои онро дошт, ки аз истеҳсоли як тонна алюминий корхона 750 доллар зарар медид.

Дар баробари ин, коҳиш ёфтани интиқоли маблағро аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ аз эҳтимол дур намедонист, ки ин низ дуруст баромад. Зеро дар семоҳаи аввали соли 2009 интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳудуди 30% коҳиш ёфт. Аммо ба ҳамаи ин пешгӯиҳо дар аввал нобоварона назар карда мешуд. Пас аз он, ки таъсири амиқи бӯҳрони молӣ эҳсос шуд, коршиносон зарурати барномаи зиддибӯҳрониро дар Тоҷикистон таъкид мекарданд. Зеро аллакай баъзе кишварҳои дигари дар ҳоли рушд барномаҳои зиддибӯҳронии худро омода карда буданд. Вале барномаи зиддибӯҳронии мо муддати тӯлонӣ дар арафаи пешниҳод шудан ба Маҷлиси намояндагон буд. Блоки иқтисодӣ барномаи зиддибӯҳрониро таҳия кард, ҳарчанд дер буд ва ҳини пешниҳод аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) танҳо 116 млн. доллар кӯмак карда шуд, ки мавриди интиқоди коршиносон қарор гирифт. Онҳо мегуфтанд, ки блоки иқтисодӣ натавонист аз ҳамаи он масъулияте, ки дар наздаш гузошта шудааст, барояд. Зеро Арманистон бо аҳолии 1,5 маротиб камтар аз Тоҷикистон барои барномаи зиддибӯҳронияш 500 млн. доллар гирифт, вале ба мо танҳо 116 млн. доллар ҷудо карда шуду халос.

Вале ҳамакнун бӯҳрон гӯё ба далели рӯйпӯшкунандаи нуқсонҳо мубаддал гаштааст. Ҳама камомаду норасоиҳоро ба бӯҳрон рабт додан расм шудааст. Вақтҳои ахир монеаи сунъии вагонҳо ба баҳонаи наве табдил гашт, ки бештари хисоротро ба он рабт медиҳанд. Боздошти вагонҳоро баҳона қарор дода метавонанд, вале масъули ҳалли қазия буданро оё фаромӯш мекунанд?

Як роҳи ҳалли мушкили камомад дар буҷетро масъулини Вазорати молия дар дарёфти қарзи боимтиёзи Бунёди зиддибӯҳронии созмони ҳамкориҳои иқтисодии АвруОсиё маънидод мекунанд. Ба гуфтаи вазири молия, Сафаралӣ Наҷмиддинов, ахиран Ҳукумати Тоҷикистон ба созмони мазкур бо далелҳо собит кардааст, ки бӯҳрони сартосарии молиявӣ ва эҷоди монеаҳо аз ҷониби кишвари ҳамсоя ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонид ва нахустин бор ба дарёфти 70 миллион доллари амрикоӣ қарзи молиявии ин созмон комёб шуд.

Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё бо ин қарз касри буҷетро бартараф кардан имкон дорад? Зеро дар гузашта низ аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор будан давлатро сол то сол қарздортар карда истодааст. Чӣ тавре мегӯянд, «вақт довар аст». Мебинем, ки боз чӣ мешавад.

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: