Главная > Uncategorized > «Доля»

«Доля»

Бо гузашти чанд соли муҳоҷирати кории мардуми тоҷик ба Русия ва баррасиву қабули чанд санаду ҳуҷҷати дуҷониба миёни Душанбеву Маскав, гумон доштам, ки аҳволи мардуми мо онҷо хеле беҳтар шудааст. Ва дар ҳақиқат ҳам, он нафароне, ки беш аз 10 сол аст таъминоти рӯзгорашон аз ҳисоби дастархони мардуми рус аст, вазъро як каме беҳ арзёбӣ мекунанд. Пеш аз ҳама худи муҳоҷирин дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳатмии будубош дар Русия ба таври ҷиддӣ аҳамият медодагӣ шудаанд. Дигар кам касе ҳаст, ки дар Русия бе қайд ва иҷозаи кор қарор дошта бошад. Созмонҳои зиёди ҳимояи ҳуқуқи ҳам тоҷикиву ҳам дигар кишварҳо фаъол шудаанд, ки бо гирифтани музди муайян «даррав» ин масъаларо ҳал мекунанд.

Ин саргузашти бофтаву тофта нест ва шояд, саргузашти ту, хонандаи азиз, аз ин ҳам пурошӯбтару ғамангезтар бошад. Аммо ман он чи бо чашми сар дидам, онро рӯйи коғаз овардам ва он кофист, ки барои таваҷҷӯҳи сардамдорони Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирини корӣ сабаб бошад.

«ДОЛЯИ ПРОВОДНИК ЧАНД АСТ?»

Ман низ чун издиҳоми беш аз миллионнафараи тоҷик бо сабабҳои ба ҳамагон маълуми ногузашти рӯзгор озими Русия шудам… Аввалин сухане, ки аз ҳамсафарон дар дохили қатора ба ҷойи салом шунидам, ин буд: «Доляи правадник (роҳбалад) чанд аст?». Ростӣ, ба ин савол ҷавобе надоштам, чун бори аввал ба муҳоҷирати корӣ мерафтам ва  намедонистам. Либосам, ки ба русияравандагон монанд набуд, маро намояндаи қатора ва ё корманди роҳи оҳан пиндоштаанд, бечораҳо. Нигоҳи саволомезу ҳайрони ман онҳоро зиёдтар ба ҳайрат оварда, хомӯширо ҳукмфармо гардонд. Баъди он ки фаҳмиданд коркунӣ меравам, табассум кушоданд ва гуфтанд: «Ин либосат намешад, маълим!».

Андак баъдтар рафиқам, ки маро гусел мекард, ба қатора ворид гашту гуфт: «Ту 50-фоизаӣ, бидон». Ҳеҷ чиз нафаҳмидам. Ҳамсафарон хандиданду гуфтанд: «Гуфтем-ку, ту одам дорӣ». Ман гулу гаранг чизе намефаҳмидам. Қатора ба роҳ даромаду дили ман ба тапидан. Соат 11-и шаб бошад ҳам, бо ҳирс дар торикӣ долу дарахтони Ватанро меҷӯстам…

Баъди чанд муддат ҳамааш фаҳмо шуд. Ба сарҳади ӯзбекистон расидем ва роҳбалад ба гирифтани «доля» шурӯъ кард. «Ҳама 800 рубли русӣ тайёр кунед»,- садо омад аз аввали вагон. Ҳама хапу хомӯш даст ба ҷайбу пулдон бурданду пулҳоро омода карданд. Ман ҳайрон будаму намедонистам чӣ кор кунам.

— Маълим, пула бурор,- хандид яке аз ҳамсафарон.- Хай, ту 50-фоизаӣ — ку, ай ту камтар мерад.

Роҳбалад омада сарикасӣ пулҳоро шумурдан гирифт.

— Як кас кам. Кӣ пул надод?,- суол кард.

— Ман.

— Чӣ, ту бо ай осмони ҳафтум омадӣ?!

— Пул барои чӣ?

— Якум бор мерӣ?,- ба суолам суол дод, роҳбалад.

— Маълим 50-фоизайай,- садо баровард Сулаймон, бачаи 19-сола аз Данғара.

— Ҳа, ин дар бораи ту таъкид карданд? Хай майлаш, ту 500 рубл те.

Ман ҳам аз дигарон қафо намонда, 500 рубл додам.

Ана ин аст «доля»-и проводник…

… Шаби сеюми сафар даромад. Охири ноябр бошад ҳам, ҳаво хеле хунук шуд. Аз хунукӣ дарақ-дарақ меларзидам. Дандон ба дандон мемондам. Аз садои дандонам ҳамсафарам аз деҳаи Шакардашти ноҳияи Панҷ духтур Икром Муродов беқарор шуду садо кард:

— Маълим, чӣ бало шуд?

Ҳама баякбор хандиданд. Маълум гашт, ки ҳамаро аз хунукӣ хоб набурдаасту касе забон намекушояд.

— Бачаҳо, роҳбаладҳо алов намекунанд, о пули ангишта гирифтанд-ку?!,-пурсидам.

— Маълим, худат хондагиӣ, рафта гап зан, шояд гапи ту гузарад, инҳо инсоф надоранд,- садо кард Сулаймон,- лекин ҳолӣ хунукӣ дар пешай, тоқат кунен бачаҳо,- насиҳат кард ҳамагонро…

Тоқат нашуд. Рафтам назди роҳбалад. Гуфтам: «Пули ангишта гирифтӣ, чаро алов намекунӣ?».

— Дамата гирифта хоб рав, ки дар граница мефурорамат,- ҳаросонд маро.

— Маро мефуровардагиро очаш назоидааст. Ному насабатонро гӯед, баъд бо шумо гап мезанем,- ман ҳам ӯро ҳаросондаму гашта омадам.

Баъди муддате заҳри вагон каме шикасту об ҷӯшид ва мо ҳама хомӯшона чойи гарм нӯшидем…

ДОЛЯИ «ПОСРЕДНИК»-И ТОҶИК ЧАНД АСТ?

Ба яке аз деҳаҳои вилояти Маскав, ба самти шаҳри Можайск омадам, ки як ҳамсинфам 8 сол боз муқимӣ шудаасту ба ин ҷо муҳоҷирати корӣ меояд. Ҳаво хунук, борон меборид. Рӯзи дуюм оби чоҳи як соҳибхоназани русро холӣ кардему як каме пул дод. Хурсанд шудам ва гуфтам, ки агар кор чунин сурат бигирад, дар шаш моҳ қарзамро меканам ва боз чанд сумаки дигар кор карда, ба хона бармегардам. Яку якбора барф ба боридан сар карду ҳама хурсандиҳои маро барабас бурд. Дар деҳа касе намонд, ки ба мо кор диҳад. Мардуми рус ҳама ба шаҳр баргаштанд. Ҳамсинфам, ки посбонии деҳаро бар ӯҳда дошт, ҷояшро ба ҷиянаш вогузошту ба Тоҷикистон баргашт.

Барфи зиёд бориду зонуро мепӯшонд. Бекору бепул, гурӯсна дар хона менишастем. Чӣ кор карданро намедонистем. Дар наздикии мо, дар шаҳраки Дорохово ширкати калони маъруфи LG фаъолият дошт. Як ҳафта чор километр роҳи пурбарфро пиёда мерафтему меомадем, касе моро гӯш намекард ва кор ҳам намедод. Ниҳоят як нафар ӯзбек аз ноҳияи Шаҳритус ба мо маслиҳат дод: «Чориро ёбед, коратон ҳал. Бе Чорӣ касе шуморо гӯш намекунад». Ёфтем Чориро. Як лақай аз ноҳияи Қубодиён будааст. Ваъдаи бисёр карду вориди коргоҳ шудем. Дар ҳақиқат гапаш ба ҳама роҳбарияту хадамоти бехатарӣ мегузаштааст. Ба кор даромадем. Як моҳ корҳои сиёҳро анҷом дода, дандон ба дандон монда, тоқат кардем. Соати корӣ 45 рубли русӣ қимат доштааст. Охири моҳ мувофиқи соати корӣ бояд 13 ҳазори русӣ маош мегирифтам. Маошро худи Чорӣ ва ё ёрдамчияш Сафар Сариев медодааст. Маошамро 8 ҳазор рубл дод. Гуфтам, ки бояд 13 ҳазор шавад.

— Бале,- бепарво гуфт Чорӣ,- 5 ҳазораш доляи ману Сафар. Кӯдакои мо ҳам бояд нон хӯранд…- илова кард Сафар.

Ин будааст «доля»-и миёнарави тоҷик.

Довуди Сулаймон, Маскав

(Давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: