Главная > Uncategorized > Куҷо меравед, Бобохонов?

Куҷо меравед, Бобохонов?

Ду ҳафтаи охир боздошти писари додситони кулли собиқ ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Рӯзи душанбе сарусадо дар бораи вазъи саломатии Бобоҷон Бобохонов паҳн шуд. Манобеи огоҳ изҳор доштанд, ки воқеан чанд рӯз додситони кулли собиқ аз фишори баланди хун азият мекашад.

Сабаби ин бемории Бобохонов боздош шудани писараш Файзулло Бобохонов аз тарафи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия бо ҷурми гирифтани пора мебошад, ки айни замон дар ҳабс қарор дорад.

Файзулло Бобохонов баъд аз барканор шудани падараш аз вазифаи додситони кулли Тоҷикистон аз вазифаи додситонии ноҳияи Ҳисор сабукдӯш шуд. Файзулло Бобохонов соли 1999 соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ гардида, соли 2005 дар асоси фармони падараш додситони ноҳияи Ҳисор таъин гардида буд.

Мувофиқи гузориши муфаттиши Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия, ки тариқи шабакаи аввал пешниҳод гардид, амволи марбут ба Файзулло Бобохонов аз қабили манзил ва заминҳои муталлиқ ба ӯ дар Душанбе, Ҳисор, Қӯрғонтеппа, Рӯдакӣ ва мошинҳои ӯ ба ҳабс гирифта шудааст.

Бинобар ин хабар, ӯ 2 манзил дар Душанбе, 2 манзили нимсохт дар Ҳисор ва Қӯрғонтеппа, ду қитъа замин дар ноҳияи Рӯдакӣ ва як боғ дар ноҳияи Ҳисор доштааст, ки аз сӯи мақомоти марбута банд ё ҳабс шудаанд. Ҳамакнун ин моликият, бо шумули чанд маскан дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва шаҳри Қӯрғонтеппа, се мошини «Лексус» ва «Тойота-кемри» забт шудаанд.

Баъди гузориши телевизионӣ Бобоҷон Бобохонов ба суолҳои хабарнигори радиои «Озодӣ» Ҳарамгули Қодир ҷавоб гуфтааст:

Ҷаноби Бобохонов, имрӯз ба чӣ кор машғулед?

Бобоҷон Бобохонов: Баъди ба нафақа баромадан саломатиям чандон хуб нест. Нисбати қазияи писарам нороҳатам.

Қазияи писаратон чи гуна сурат гирифт?

Бобоҷон Бобохонов: Баъди 1 моҳи ба нафақа баромаданам, писарамро, ки додситони ноҳияи Ҳисор буд, аз кор озод карданд ва ба кадрҳои додситонӣ гузарониданд. Давоми чанд моҳи охир дар кадрҳои додситонӣ буд. Ахиран нисбаташ парванда кушоданд, ҳоло маълум нест, ки натиҷаи тафтиш чӣ мешавад.

Ҳоло писратон куҷост, манзурам озод ҳасту парванда рафта истодааст?

Бобоҷон Бобохонов: Не озод нест, 15-16 рӯз аст, ки боздошт шудааст ва то анҷом ёфтани тафтиш чизе намедонем.

— Гуфта мешавад, ки дар вақти дар вазифаи додситони кулл буданатон, хилофи қонун писар, духтар ва бародаратонро ба мақомоти додситонӣ ба кор гирифтед, ҳоло барои ин бояд ҷавоб гӯед?

Бобоҷон Бобохонов: Фарзандони ман ҳамин ихтисосро хатм кардаанд. Духтарам дар додситонии кулл кор накардааст. Вай дар кадрҳои додситонии кулл дар рӯйхат буд ва ба додситонии шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Додситонии шаҳри Душанбе ӯро ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ интиқол доданд. Ду-се рӯз кор кард накард, ки масъалаи шав?ар карданаш баромад ва бо ҳамин хонашин шуд. Гузориш навишт, ки фарзанддор шудааст ва ба тарбияи фарзанд машғул аст. Бародарам ҳоло ҳам дар Суғд ёвар ва ё муфаттиши додситонӣ кор мекунад.

— Таҷрибаи чанд соли охир нишон дод, ки вақте шахсиятҳо ба нафақа мераванд, дигар «кофтукоб»-и онҳо ба истилоҳ оғоз мешавад. Маъмулан нисбати фаъолиятҳои вақти кори парвандаҳо кушода мешаванд?

Бобоҷон Бобохонов: Ман аз соли 1973 дар системаи додситонӣ сар карда аз муффатиши одӣ то Додситони кулл кор кардам. Барои тинҷиву осудагии диёр саҳм гузоштам. Ҳатто, вақте, ки вазъ дар Хатлон ҳассос буд, ман онҷо кор кардам, вақти қумондонҳо буд.

Вақти митинги соли 1996, барои ором кардани он ба Суғд рафтам. Онҷо додситони вилоят таъин карданд, кор кардем барои мардум, миллат ва ҳукумати қонунӣ саҳми калон гузоштем. Баъди он, ки нооромиҳо дар Душанбе сар шуд, инҷо оварданд. То ба имрӯз хидмат кардем.

— Ба ҳар сурат, дар давоми 10 соли Додситони кулл буданатон чандин парвандаи нафароне мисли Маҳмадрӯзи Искандаров, Ёқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва чанд нафар афроди дигар, ки ҳоло маҳбуси сиёсӣ муаррифӣ шудаанд, ба давраи роҳбарии Шумо рост меояд.

Бобоҷон Бобохонов: Дар Тоҷикистон ягон маҳбуси сиёсӣ нест. Онҳо маҳбуси сиёсӣ нестанд.

— Пас бо кадом гуноҳ паси панҷара рафтанд?

Бобоҷон Бобохонов: Бо гуноҳи ғорат кардани моликияти иҷтимоӣ.

Тибқи гузориши  радиои ВВС, як манбаъи мӯътамад дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, ки супориш шудааст аз сафари эҳтимолии додситони кулли собиқ ба хориҷ аз кишвар монеъ шаванд.

Ин манбаъ афзудааст, ки дастури манъи Бобохонов барои сафари эҳтимолӣ аз сӯйи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон дода шуда, ду рӯз қабл дар ихтиёри масъулони фурӯдгоҳ қарор гирифтааст. Аммо раиси Агентии мазкур Фаттоҳ Саидо ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ниҳоди ӯ чунин як дастуреро имзо накардааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон таҳқиқи аъмоли ҷиноии мақомоти собиқ ба ҳукми анъана даромадааст. Ба унвони мисол, аз сарнавишти Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои фавқулодда ва Маҳмадназар Солеҳов, вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон ном бурда мешавад, ки дар тобистони соли гузашта дар шароити номуайян вафот карданд.

БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: