Главная > Uncategorized > Муҳаммадраҷаб ХОЛОВ: «Нархҳо то охири моҳ тағйир намеёбанд»

Муҳаммадраҷаб ХОЛОВ: «Нархҳо то охири моҳ тағйир намеёбанд»

Имрӯз нахустин рӯзи моҳи шарифи Рамазон аст. Рӯзест, ки мардум гуноҳҳои худро бишӯянд, рӯй ба хайру саховатмандӣ оранд ва кину кудуратро аз қалбҳо дур намудаву адолатпеша бошанд. Рӯзест, ки аз тоҷирон талаб дорад ба инсоф рӯй оранд ва ба хизматгузории софдилона. Бозорҳо бояд озода бошанд ва нархҳо муносиб. Дар ин робита, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо тоҷирону роҳбарияти бозорҳои пойтахт машварате доир намуда буд. Мо тасмим гирифтем, атрофи ин машварат ва дигар масоили бозору бозордорӣ бо раиси бозори «Шоҳмансур» Муҳаммадраҷаб Холов сӯҳбате доир намоем. — Мӯҳтарам Муҳаммадраҷаб Холов, сараввал бигӯед, ки тасмими шаҳрдориро дар мавриди моҳи шарифи Рамазон чи гуна маънидод мекунед? — Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев сари мақсад омаданд, ки бо тоҷирон ҷаласае баргузор намоянд. Ин ҷаласа пеш аз моҳи шарифи Рамазон қабл аз ҳама ба хотири паст кардани нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум буд. Чизи аз ҳама асосие, ки дар ҷаласа садо дод, пеша кардани адлу инсоф аст. Баъди ин ҷаласа ҳамаи тоҷирон тасмим гирифтем, ки дар моҳи муборак барои мардуми мамлакат хайре карда бошем. — Ва ин хайрот дар кадом асос амалӣ мешавад? — Қарори раиси шаҳр М. Убайдуллоев таҳти №474, аз 5-уми августи соли ҷорӣ ба имзо расид, ки дар он нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум муайян карда шудааст. Тибқи он, як килограмм гӯшти гов набояд аз 18 сомонӣ, як килограмм гӯшти гӯсфанд — 19 сомонӣ, як халта орд аз 90 сомонӣ зиёд карда шавад. — Аз кадом ҳисоб? — Мо ба хулосае омадем, ки дар моҳи шарифи Рамазон бояд нархи чиниши пули яквақта 50 фоиз пойин бурда шавад. Яъне, чиниши чек аз 16 намуди маҳсулот, ки дар бозори мо арзи ҳастӣ доранд, кам карда мешавад. Ғайр аз ин, дар дохили бозор 4 нуқтаи ордфурӯшӣ амал мекунад, ки аз 11-уми август то 12-уми сентябри соли ҷорӣ савдогарони дӯконҳои номбурдаро аз супоридани андози захиравӣ озод мекунем. — Назорат аз болои маҳсулоти воридшуда ба чӣ тарз аст? — Эронро мисол овардан мумкин аст, ки ҳар як тоҷири эронӣ ба мардуми худ нон ё дигар маҳсулоти ниёзи мардумро хайр мекунад. Пас, мо аз дигарон бояд ибрат гирем. Чун худро мусалмон меҳисобем, бояд ба мусалмонии худ содиқ бошем. Дар ин маврид кӯшиши соҳибкорони ватанӣ ба назар мерасад. Ғайр аз ин, мо бо чанд хоҷагии фермерӣ зиёда аз 96 шартномаи маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ дорем, ки зиёда аз 8 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад. Умуман, бозори мо 4 дарвоза дорад; «Чехов», «Деҳлавӣ», «Лоҳутӣ» ва «Меҳмонхона». Дар ҳар як дарвозае, ки маҳсулот ворид карда мешавад, китобҳои махсус ташкил додаем. Ҳар як маҳсулот дар китоб сабт мешавад ва мо онро бо шартномаи худ муқоиса намуда, маълум мекунем, ки чи қадар маҳсулот ворид шудааст. Ғайр аз ин, дар дарвозаи «Лоҳутӣ» растаи «Моҳи Шарифи Рамазон» ташкил кардем, ки дар он ҷо соҳибкорон ба фурӯхтани биринҷ машғуланд. Худи ҳамон соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки аз 10-уми августи имсол сар карда, фурӯши биринҷро аз 15 то 20% арзон кунанд. Дар қарори №474-и раиси шаҳр оварда шудааст, ки бо мақсади нигоҳ доштани нархи маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои пойтахт новобаста аз шакли моликияташон дар моҳи шарифи Рамазон, аз 11-уми август то 10-уми сентябр нархи як килограмм гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ ва нархи як халта орди навъи якум то 90 сомонӣ нигоҳ дошта шавад. Аммо аз ин ҳам камтар кардан мумкин аст. Масалан, аз Комбинати орди шаҳри Ваҳдат орд овардем, ки нархи як халтааш 80 сомонӣ аст. Худи Комбинат бошад, арзиши онро то 75 сомонӣ муқаррар кардааст. Чун роҳи Ваҳдат назар ба дигар манотиқи мамлакат наздик аст, аз ин лиҳоз, нархҳо низ фарқ мекунанд. — Яъне, таваҷҷӯҳи бештар ба маҳсулоти ниёзи аввал — орд дода шудааст? — Дар ҳақиқат, имрӯз як мушкили бисёр ташвишовар — ин нархи орд аст. Тасаввур кунед, соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз як кило орд 1,60 ё 1,80 дирам муқаррар шуда буд, аммо имрӯз як халтаи он баробар ба 100 сомонӣ аст, ки ҳар килограммаш 2 сомониро ташкил медиҳад. Ба ростӣ, ҳоло дар бозори мо ин гуна нарх нест. Аз имрӯз ба хулосае омадем, ки як халта орд аз 90 сомонӣ зиёд карда нашавад. Барои он ки, захираи орд дар анборҳои мо низ ҳаст. Имрӯз мардуми моро таваҷҷӯҳашон равона шудааст ба орди Шамалғани қазоқӣ. Дар ҳоле, ки ғаллаи ватаниро аз ташхис гузаронида, маълум кардем, ки аз орди ватанӣ ҳам ғизо тайёр карда мешавад. Бояд мо мардумро ба воситаи ВАО фаҳмонем, ки аз маҳсулоти ватанӣ хӯрокҳои ордӣ тайёр кардан мумкин аст. Мо мақсад дорем дар ҳар чор дарвозаи бозор фурӯши орди ватаниро ба маблағи 75 — 80 сомонӣ ба роҳ монем. Тартиби кор муайян аст. Яъне, то 30% арзон кардем. Баъзе соҳибкорҳое ҳастанд, ки молҳои худро мехоҳанд ба фурӯш монанд. Мо ба онҳо низ имтиёз додем маҳсулоти ордии ватаниро ба фурӯш бароранд, то мардум бе мамоният харидорӣ карда тавонанд. Ғайр аз ин, нархи равғани растаниро ҳам аз 15 то 20% паст кардем. — Дар ҳоле, ки як сар гов қариб 3000 сомонӣ арзиш дорад, чи гуна метавонад 1 кг гӯшти он ба 18 сомонӣ баробар бошад? — Дар давраи Шӯравӣ бозорҳо моли «Тоҷикматлубот» буданду зарару фоидаашон танҳо ба он вобаста буд. Ҳоло бошад, аксарияти секторҳо хусусиянд. Аз ҳамин лиҳоз, мо тамоми фурӯшандаҳоро маҷбур карда наметавонем. Мо танҳо ба пасандозҳои худ ва анборҳо такя мекунем. Лекин имрӯзҳо дар сектори хусусии парваришӣ мол зиёд шудааст, ки ин хуб аст. Аз соли 1998 инҷониб бозорҳои пойтахт дар тобеияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор доранд. Масалан, мо дорем толори «Нозу неъмат», ки дар он 17 нуқтаи гӯштфурӯшӣ мавҷуд аст. Агар дар як рӯз ҳар кадом 130-килоӣ гӯштро ба савдо бароранд, дар як рӯз аз 17 нуқтаи гӯштфурӯшии толори «Нозу неъмат» 2 тоннаву 210 кило гӯшти гов савдо карда мешавад. Яъне дар худи толори «Нозу неъмат» 510 гов лозим аст, ки мо гӯшти онҳоро ба мизоҷон пешкаш намоем. Бе муҳобот гуфта метавонам, ки дар як рӯз мо то 5 тонна гӯшти ҳам гов ва ҳам гӯсфандро савдо мекунем. Умуман, мо лаборатория дорем, ки сифати гӯштро месанҷем ва аз рӯи сифат нархгузорӣ мекунем. Боз, зиёда аз 200 моли калони шохдорро аз секторҳои хусусии чорвопарварӣ гирифтем. Ин ҳам ба хотири моҳи шарифи Рамазон аст, то дар ин моҳ кори хайре карда бошем. Мушкили асосӣ дар он аст, ки чорвои калони шохдор нархаш тағйир наёфтааст. Ин ба нархи гӯшт бетаъсир намемонад. Пеш аз сармоя ба даст овардан бояд фикр кард, ки мо мусалмонем. Агар фурӯшандагони хусусии чорво нархро пойин баранд, тоҷирони мо низ бе чуну чаро арзон мефурӯшанд. Мо ҳаракат карда истодаем, ки фурӯши ҳама намуди маҳсулотро арзон ба роҳ монем. — Барои фурӯшандагони деҳқон чӣ имтиёзҳо муқаррар шудааст? — Ба деҳқононе, ки бе миёнарав ба фурӯши моли мутазаккира сарукор доранд, имтиёзҳо дода мешавад. Ба монанди озод намудан аз ҳама гуна маблағҳои муқаррарнамудаи бозор то 50%. Ин ҳам барои мусоидат намудан ба пастшавии нарх. Масалан, дар ҳамин шабу рӯз нархи як кило картошка аз нархи имрӯза то 50 дирам қимат буд. Аммо имрӯз ба куллӣ фарқ мекунад, ки ин ҳам вобаста аст аз деҳқонони ватании мо. — Гумон намекунед, ки низоми нархгузорӣ аллакай баъди гузаштани чанд рӯзи моҳи шарифи Рамазон дигар шавад? — Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки нархҳои бозор то охири моҳи шарифи Рамазон тағйир нахоҳад ёфт. Ин танҳо вобаста аст ба оромии кишвар ва пешрафти кори деҳқонони мо, ки дар фазои осоиштаи мамлакат метавонанд дар як сол як ҳосил нею ду ҳосил ба даст оранд. Мо ба наздикӣ ба вилояти Хатлон сафари хизматӣ доштем ва шоҳид гаштем, ки баъзе деҳқонони мо ҳатто тарбузу харбузаҳои парваридаи худро начидаанд. Ин намуна аз он шаҳодат медиҳад, ки нархҳо то охири моҳ тағйир намеёбанд. — Дар ҳоле, ки аксарияти дӯконҳои бозорҳои мо ба тоҷирон чун иҷора дода шудааст, метавонад иқдоми пешгирифтаи раиси шаҳр амалӣ гардад? — Дар баробари ташаббуси пешгирифтаи раиси шаҳр аз ҷониби худи тоҷирон ва роҳбарони бозорҳо пешниҳод карда шуд, ки мо бояд дар ин моҳи шариф ба мардум раҳму шафқат дошта бошем. Боз дар хусуси тозаву озода нигоҳ доштани растаҳои бозор. Яъне, тоза намудани растаҳои бозорро низ ба инобат гирифтем. Насиб бошад, аллакай аз аввали моҳи шарифи Рамазон аз рӯйи дастурамали пешниҳоднамудаи раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев амал хоҳем кард.

Мусоҳиб Умедҷон НАЗАРОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: