Главная > Uncategorized > Таъсиси ташкилоти низомии дигар зарурат дорад?

Таъсиси ташкилоти низомии дигар зарурат дорад?

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз сарони кишварҳои Афғонистону Тоҷикистон даъват кардааст, ки баъди холӣ гаштани минтақа аз низомиёни Алянси шимолӣ, ташкилоти низомиеро ҳамсони НАТО таъсис диҳанд. Ин пешниҳод дар идомаи мулоқоти сеҷониба ба миён омадааст, ки бори 4-ум дар Теҳрон баргузор гардид. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки дар ҳоле коршиносони хориҷӣ берун шудани қувваҳои низомии бегонаро аз минтақа манфӣ арзёбӣ мекунанд:Султони ҲАМАД, рӯзноманигор:

— Пешниҳоди Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба роҳбарони Афғонистону Тоҷикистон оид ба таъсиси як паймони муштараки низомии шабеҳ ба паймони НОТУ баъди аз минтақа хориҷ шудани нирӯҳои низомии абарқудратҳо, ба фикри ман, қобили қабул ва дурандешона аст. Вазъи дохилӣ ва байналмилалии кунунии ин ҳар се кишвари форсизабон зарурати онро тақозо дорад, ки дар марҳилаи кунунӣ ҳамкориҳои амниятӣ ва низомии ин кишварҳо абъоди зичтару густурдатар дошта бошанд. Вале, мутаассифона, ҳоло чунин нест. Дар ояндаи наздик ба роҳ мондани чунин ҳамкорӣ ва таъсис додани чунин паймон, ба андешаи ман кори хеле дандоншикан аст. Аввалан ин ки, нирӯҳои низомии кишварҳои мустақар дар минтақа ба гумон аст дар даҳ соли оянда минтақаро бо хоҳиши худ тарк кунанд. Дувум ин ки, роҳбарони ҳамин кишварҳо агарчи ошкоро мухолифати худро ба таъсиси чунин як ниҳоди низомии кишварҳои форсзабон иброз надоранд ҳам, вале бо эҳтимоли зиёд мусоидат нахоҳанд кард, ки он амалӣ шавад. Ба ҳар ҳол, ба вуҷуд омадани чунин як идея албатта падидаи нек дар равобити байни ин кишварҳост.

Абдуғанӣ МАҲМАДАЗИМОВ, сиёсатшинос:

— Ба фикри ман, барои Тоҷикистон зарур нест, ки ба ҳар гуна созмонҳои ҳарбӣ дохил шаваду бо онҳо фаъолият дошта бошад. Беҳтараш, Тоҷикистон дар ҳамон созмони ҳарбие, ки ҳозир ҳаст, фаъолият кунад.

Қосимшоҳи Бекмуҳаммад, коршиноси мустақил:

— Ба назари банда, ҳамкориҳои се кишвари форсизабон — Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар шакле қарор надорад, ки дар ҳоли ҳозир битавон аз эҷоди паймони низомие ба сурати НАТО сӯҳбат кард. Фикр мекунам, раисҷумҳури Эрон бештар ин манзурро доштаанд, ки ба хотири таъмини ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ муқаддимаи лозим  бояд фароҳам гардад, ки он албата таъмини субот ва амният мебошад. Бидуни таъмини субот ва амният дар се кишвари форсизабон, аз кишварҳои дар арсаҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ сӯҳбат кардан маҳол аст. Яке аз масъалаҳои асосӣ сохтани роҳи оҳан миёни ин се кишвар аст. Агар дар Афғонистон суботу амният барқарор набошад, ин тарҳ иҷро нахоҳад шуд. Бинобар ин, фикр мекунам, раисҷумҳури Эрон ин манзурро доштанд, ки дар сурати хурӯҷи нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон бояд дар худи кишварҳои минтақа ва аз ҷумла се кишвари форсизабон иқдомоти ҷиддитаре барои таъмини субот ва амният дар ин фазо ба харҷ додан лозим.

Дар мавриди ташкили телевизиони муштараки форсизабон як иқдоми фарҳангӣ солҳо тӯл кашида, ҳанӯз аз амалӣ шудани он хабари умедворкунандае нест. Чи расад ба эҷоди як паймони низомӣ миёни се кишваре, ки аз назари сохтор, аз назари низоми сиёсию давлатдори бо ҳам хело мутафовут ҳастанд ва ҳар се аз ин кишварҳо дар баробари паймонҳо ва созмонҳои мухталиф ӯҳдадориҳое доранд, ки сарфи назар кардан аз онҳо барояшон ғайри имкон хоҳад буд. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки агар раисҷумҳури Эрон чунин бахшеро матраҳ карда бошанд, бештар манзурашон ҳамкориҳои низомӣ ба хотири таъмини субот ва амният дар ин фазо мебошад. Аз ҷумла дар амри мубориза бо маводи мухаддир, бо ифротгароӣ, терроризм ва аз ин қабил. Ин ҳамкориҳо дар ҳоли ҳозир дар сурати дуҷонибаю  сеҷонибаю чандҷониба дар ҳоли анҷом мебошад. Фикр намекунам кишварҳои форсизабон дар ҳоли ҳозир ин омодагиро дошта бошанд, ки як дафъа аз эҷоди эътилоф ё иттиҳоди иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро рафта ва    битавонанд як паймони низомӣ эҷод кунанд. Ман иҷро шудани чунин амреро аз эҳтимол дур медонам.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон:

— Ба назари манн, ҳозир ягон зарурият надорад Тоҷикистон ба ягон ташкилоти ҳарбии нав ҳамроҳ шавад ё дар сохтани ягон ташкилоти ҳарбии нав иштирок намояд. Чунки вазъият дар атрофи Тоҷикистон хуб нест ва руй овардан ба сохтани ташкилотҳои нав ба нави ҳарбӣ ба зарари Тоҷикистон анҷом меёбад.

Амният Абдуназаров, муовини раиси ҲСДТ дар Бадахшон:

— Се кишваре, ки ҳастанд, бахусус Тоҷикистон, ҳеҷ қудрате надоранд як созмоне ташкил бикунанд ва дар онҷо нуфузе дошта бошанд. Агар он ташкил шавад, фақат ба хотири давлати Эрон хоҳад буд. Агар Тоҷикистон аъзо шавад, он вақт муносибати Тоҷикистон бо Амрико хеле сард мешавад. Вақте муносибати Тоҷикистону Амрико сард шуд, то андозае зиндагии мардуми Тоҷикистон коста мешавад ва ин созмон қудрати низомӣ нахоҳад дошт. Чунки ҳеҷ корхонаю заводи низомие надоранд, то чизеро истеҳсол кунанд. Бахусус дар Тоҷикистон тамоми лавозимот аз Русия харида мешавад ва ҳеҷ қудрати низомие надорад. Ба ҳамин хотир, ин ба манфиати Тоҷикистон нест. Зарурати ташкил кардани чунин ташкилоти низомӣ ҳам нест.

Омодасоз Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: