Главная > Uncategorized > Ҳоҷӣ Мирзо сафсата мегӯяд?

Ҳоҷӣ Мирзо сафсата мегӯяд?

Ё бо суханҳои «сафсата»-аш 70-80 фоизи ҷавононро аз нашъмандӣ, роҳзанӣ, хиёнат ба давлат бо изни илоҳӣ наҷот додааст? Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолае, ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» чоп шудааст, ба суханҳои оғои Абдуллоҳи Муҳаққиқ (ночиз ҳам бошад) ҷавоб медиҳам. Аввал Худо, баъд ба хотири даъвату таблиғи Ҳазрати Ҳоҷӣ аз роҳи гумроҳӣ, фасоду бадахлоқӣ дуру ислоҳ шудем.Аввал гуфтанӣ ҳастам, Паёмбар (с) гуфтааст, ки кулли банни одам хатокор ва хато мекунанд, ба ҷуз пайёмбарон ба изни илоҳӣ. Агар мо назар ба 4 мазҳаб кунем, байни онҳо ихтилофҳои ҷузъӣ ҳаст, аммо ҳамаи 4 мазҳаб дар ақида яканд, ихтилофе надоранд. Ҳатто байни Имоми Аъзам ва шогирдҳояш Абуюсуф ва Муҳаммад ихтилофе вуҷуд дорад, аммо ҷузъӣ ҳаст, лекин ақида як аст. Ҳоҷӣ Мирзо ҳам дар масъалаҳои ҷузъӣ ихтилоф дорад, вале дар ақидааш, боз ҳам такрор мекунем, заррае халал нест. Оғои Абдуллоҳ, Шумо гуфтед, ки Ҳоҷӣ Мирзо хилофи мазҳаб фатво медиҳад. Ман як чизро қайд карданӣ ҳастам. Дар мазҳаби Ҳазрати Имоми Аъзам мард бе ному нишон гардад, оилаи ӯро зарур аст 90 сол идда бипояд (интизор шавад). Дар ин фатво кадом зан амал мекунад ва кадом олимҳои мо фатво додаанд? Ё дар издивоҷи фарзанд. Фарзанд ба воя расид, розигии падару модар лозим нест. Чаро бо хилофи мазҳаб фатво медиҳанд ва баъзе инро куллан қабул надорад? Дар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ихтилофҳои ҷузъӣ бисёр вуҷуд дорад, аммо дар ақида ҳама як ҳастанд. Агар Ҳоҷӣ Мирзо сафсатагӯ мешуд ва хилофи Қуръону суннат амал мекард, оё сухани сафсата сабаби ҳидояти ҷавонон мешуд. Ман худ шоҳид ҳастам ва бо чашми худ дидаам, ки дар Тоҷикистон ва махсус дар шаҳри Кӯлоб дуздӣ, нашъамандӣ, бадахлоқӣ беҳисоб буд, вале аксари онҳоро пурсиш мекунӣ, онҳо миннатдорӣ аз Ҳоҷӣ Мирзо мекунанд. Баъзе одамҳо тайёр ба худкушӣ буданд. Аз онҳо шунидем, ки мегуфтанд даъватҳои Ҳоҷӣ Мирзо сабаб шуд, мо аз худкушӣ даст кашидем. Як мисоли одӣ оварданӣ ҳастам. Дар шаҳри Кӯлоб солҳои пешин  вориди бозорҳо мешудӣ, аз ҷайбат пулатро мегирифтанд, хабардор намешудӣ. Ё ин ки, маҳсулоти фурӯшиятро аз пешат мегирифтанд, чизе гуфта наметавонистӣ. Имрӯзҳо мо шоҳиди ҳол ҳастем. Банда гоҳо ба бозор мераваму мебинам, ки вақти таомхурӣ ё намозхонӣ мешавад, мардум дар болои маҳсулоташон як сони сафедро партофта мераванд. Касе даст ҳам намерасонад. Ин аввал Худо, дуюм ба сабаби даъвати Ҳоҷӣ Мирзо буд, ки тарси Худоро дар дили мардум ҷойгир кард. Илло, мо мебинем, дузд ва нашъамандро дастгир мекунанд, то 5-6 сол дар маҳбас мешинонанд. Аз маҳбас мебарояду боз ба ҳамон кирдори дуздӣ ва нашъамандӣ даст мезанад, зеро дар дили онҳо тарси Худо нест. Агар Ҳоҷӣ Мирзо сафсатагӯ мешуд, суханҳои ӯ бетаъсир мешуд, чаро дар маҷлисҳои ҳукумат ӯро даъват мекунанд, вазифадор мекунанд дар боби талоқ ва худкушӣ сӯҳбат кунед, шуморо мардум гӯш мекунанд. Ман аз забони худаш шунидам, гуфт аз ҷониби ҳукумат маро даъват карда, ба мо махсус иҷозатнома додаанд, ки дар бораи ВИЧ-СПИД сӯҳбат кунед. Ман ҳайрон мешавам, одами сафсатагӯро чӣ хел иҷозат медиҳанд, ки туро, суханҳоятро ҷавонон гӯш мекунанд, ба шумо иҷозати сухан гуфтан ҳаст. Мо имрӯзҳо мебинем, ҷавонҳое, ки аз қафои ин рӯҳониёни Тоҷикистон ба мисли Эшони Нуриддин, Эшони Маҳмудҷон ва Мавлавӣ Саидмаҳмуд, Домулло Муҳаммадулло ва ғайраҳо намоз мехонанд ва мавъизаи онҳоро гӯш мекунанд, иншоаллоҳ боварӣ дорам, бо дили пур гуфта метавонам, инҳо мухлисони воқеӣ бошанд, ҳеҷ гоҳ хиёнат ба давлату миллат нахоҳанд кард. Ногуфта намонад, ин ҳазратҳое, ки фиттаҳои мавъизаҳои онҳо сабт мешавад, аз он ҷумла Ҳоҷӣ Мирзо, гирифта санҷида бароянд. Фоидаи онҳо зиёд аст ё зарари онҳо? Боварӣ дорам, пурра гуфта метавонам, 99 дар сади суханҳои ӯ барои фоидаи ҷомеа ва давлату миллат, ободии ватан, тинҷии миллат ва дар ҳаққи сардори давлат доимо дуогӯйи хайр аст дар ҳар намози ҷумъа. Ва чизи дигар гуфтанӣ ҳастам. Ҳоҷӣ Мирзо як домуллои масҷид аст, на ягон директори корхона ва бо вуҷуди ҳамин, бо даъвату таблиғ бисёр манфиатҳои молӣ дар ҷомеа дорад. Чанд мактабҳо, ятимхонаҳоро дастгирӣ мекунад ва аз ҳисоби масҷидҳое, ки онҳо ягон чиз истеҳсол намекунанд, худашон эҳтиёҷ доранд, бо вуҷуди ҳамин ду хонаи зебо бо ашёҳояш, яктояш дар Қӯрғонтеппа, дигараш дар Кӯлоб ба зарардидагони офат сохта супорид ва ба ятиму бечораҳо кӯмакаш мерасад. Кӯмакҳояш беҳисоб аст. Аз он фиттаҳое, ки мавъизаҳои онҳо фурӯхта мешавад, ягон фоида, ягон маблағе ба ӯ намерасад ва талаб ҳам надорад. Аҷрашро аз Аллоҳ талаб дорад. Хусусан банда барои шартнома бастан барои фиттаҳо рафтам ва барои ҳаққи муаллифро пардохт кардан ба ӯ пешниҳод кардем. ӯ ба мо ҷавоб дод: «Ҳар мавъизае, ки ман мекунам, фақат ба хотири Аллоҳ аст ва ман муздашро аз Аллоҳ талаб дорам». Ва гуфт, ҳатто баъзе наворбардорҳоро намешиносам ва ба ман баъзе вақт ягон фитта даркор шавад, аз он фиттафурӯшҳо мехарам. Дар охир гуфтанӣ ҳастам, ки мо ҳеҷ гоҳ бо олимҳои пешвоҳои ҷомеаамон беэҳтиромӣ намекунем, зеро онҳо доимо дуогӯйи мо ҳастанд, доимо барои ободии ҷомеа, миллат, ватан саъю кӯшишҳо доранд ва агар мо суханҳои онҳоро сафсата гуфтем, гӯё сухани Худову Паёмбарро сафсата гуфтем. Зеро ҳар сухане, ки онҳо мегӯянд, ояту ҳадис аст. Аллоҳ дар сураи Ҳуҷурот (ояти 11) мефармояд: «Эй мӯъминон, парҳез кунед аз бадгумонӣ, зеро ки бадгумонӣ гуноҳи бузург аст». Ва Паёмбар (с) мефармояд: «Эй умматони ман, парҳезед аз гумони бад, зеро аксари шуморо гумони бад ба ҳалокат мерасонад». Худовандо, моро бо роҳи сироталмустақим ҳидоят бифармо ва дар охири ҳаёт аз имон хориҷ магардон. Як назме аз Бедил гуфтанӣ ҳастам: Аз кадом роҳ аст Бедил аз ту то домони марг, Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!

Мирзо ШАМОЛОВ,

сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: