Главная > Uncategorized > «Доля»

«Доля»

Август 20, 2010

Баъди се моҳи кор баъд фаҳмидам, ки ин Чории гӯрсӯхта ба ғайри оилаи доштааш дар кӯчаи Горкийи ноҳияи Қубодиён дар Русия се зани дигару ду мошини сабукравро ана аз кадом ҳисоб гирифта будааст. Аз ин бадтараш он аст, ки Чорӣ дар ин ҷо як ширкати ҷалби қувваи корӣ бо номи «Спектр»-ро ташкил кардааст, ки миёни роҳбарияти корхона  мавқеи хосро доро будааст. Касе пишакашро «пишт» намегӯяд. Зеро кормандони рус барои 1 соати корӣ 230 рубли русӣ бигиранд, имтиёзу ғизоҳои зиёдро доро бошанд, соати муҳоҷири кории тоҷик ҳамагӣ 45 рубл қимат дораду тамом. Яъне, роҳбарияти корхонаи LG низ аз қувваи ба 6 маротиб арзони кори тоҷики бечора, ки аз ҷониби ҳамватани худаш ба ин қимати ночиз фурӯхта мешавад, фаровон истифода мебарад ва дар мавриди зарурӣ, ҷавобгар нест ва ширкатҳои миёнарав ҷавобгариро ба дӯш мегиранд. Ва боз, кӣ ҳам даъво мекунад? Тоҷиддин ном муҳоҷир аз ноҳияи Хуросон барои маошаш даъвову ҷанҷол кард, дар миёни зимистон бекору сарсон монд, даррав пешаш карданд.

Бечора наврасони 18-20-сола моҳе 5-7 ҳазор рубли русӣ мегирифтанду мегиристанд, вале намедонистанд чӣ кор кунанд. Ҳаво хунуку Ватан дур ва касе соҳиби онҳо не. Чашми модар ба раҳашон чору шиками хоҳару бародар интизори ғизо. Ҳама бо умед баҳорро интизор мешуданд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла ШКД, марказҳои шуғли аҳолӣ, шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва хадамоти муҳоҷирати ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав аз фаъолияти ин ширкат, ки ҳамасола беш аз 300 нафар ҷавони синни даъватиро ба Русия ғайриқонунӣ ва ё қонунӣ интиқол медиҳанд, огоҳ бошанд?!

Бале, ин ҷавонон аз чӣ будани ҳақ ва ҳуқуқ хабар надоранд, аммо давлат вазифадор аст бехатарии иҷтимоии шаҳрвандонашро таъмин кунад ва ҷилави Чориву Сафар барин ҳаннотонро, ки дар бозори кори Русия ба миқдори зиёд фаъолият доранд ва аз ҳисоби ранҷи дигарон қасру кӯшкҳо месозанду шаҳрвандони Тоҷикистонро ғорат мекунанд, бикашад…

ДОЛЯИ МИЛИСАИ РУС ЧАНД АСТ?

Рӯзи 23-юми феврал ид буд. Аз кор озод, истироҳат доштем. Ман ба бозор равона шудам, то ғизо бихарам. Ҳамагӣ 100 рубли русӣ (муодили 14-15 сомонӣ) маблағ дорам. Дар миёни бозор бо лафзи шикастаи тоҷикӣ «бача, инҷа биё» гуфта, садо кард милиса. Омадам, ҳуҷҷат пурсид, додам. Гирифту «что-то все правильные стали, блин!» («сабил монад, ҳама дуруст кор мекардагӣ шудаанд»),- гуфту ба ҷайбаш андохта, ба мошин ишора кард. Нишастам. Пурсупос сар кард. Гуфтам, ки ғизо мехарам. Мошин суръаташро афзуд, миёни ҷангал омаду «100 рублей давай, свободен (100 рубл те, озод)» гуфт. Гуфтам, ки ҳамагӣ 100 рубл дорам, каме макарону рӯған мегирам. Шумо гиред, мо чӣ мехӯрем? Ҳуҷҷатам дуруст, ҷавобам диҳед. Гӯш накарда, ба шӯъбаи шаҳраки Дорохово овард. Пури тоҷику тоҷикистонӣ. Кисаҳоямро кофтанду ҳуҷҷати журналистиямро пайдо карданд. «Что за хрен?» (ин сабил чист?)- пурсид. Гуфтам, ки ҳуҷҷати журналистӣ. Як каме калавиду худро бой надод. Аз дигарон 500 рублӣ ҷамъ мекунӣ, аз худат 200 рубл мегирем, набошад то саҳар ҳавлӣ мерубӣ гуфт. Гуфтам, ки ҳақ надоред. Хандид. Гуфт, ки ин сухана ба модарат мегӯӣ, ин ҷо давлати ман, қонун ҳам ман, дигар ҳеҷ. Бачаҳо таҷриба доштаанд, ки худашон даррав «доля»-и милисаи русро ҷамъ карданду яке паси дигар шӯъбаро тарк гуфтанд. Ман мондам. Ҷорӯбу белро доданд, ҳавлии пурбарфи шӯъбаро тоза кардам. Як мошини навбатдори дигар 2 нафар ӯзбекистониро оварда, 700-800-рублӣ гирифту ҷавоб дод. Маро дида механдиданд милисаҳо.

— Мошини маро дамаш кам, дам куну гум шав!,- гуфт навбатори шӯъба.

То хона расидам, ки шаб аз нисф гузашт. Дар рӯзи Иди мардон мо гӯшна хоб рафтем…

АГАР ҚИРҒИЗ МЕБУДӣ…

Гармӣ расид. Ба маркази Маскав омадам. Барои гирифтани иҷозаи кор ба чанд ташкилоти тоҷикие, ки барои расонидани хизматҳои пулакӣ барои муҳоҷирон дар шакли ширкату созмонҳо, марказу иттиҳодияҳо таъсис шудаанд, муроҷиат намудам. Яке аз онҳо Иттифоқи касабаи муҳоҷирини корӣ дар соҳаи сохтмон будааст. Як рӯзнома ҳам ба нашр мерасонанд, ки дар масҷиди ҷомеи марказии Маскав дастрас кардам ва шумораи телефонашонро аз он пайдо намудам. Дар сӯҳбати телефонӣ ҷавонмарде ба сад исрори ман қимати хизматашро нагуфт ва хоҳиши ба дафтараш омадан кард. Рафтам. Дилафрӯз ном духтари зебо маро пешвоз гирифт ва ба дафтарашон бурд. Мақсадамро фаҳмид ва ба Ҷонибек ном шахс занг заду ӯ гуфт, ки қайд дар Русия 3 ҳазор рубл ва иҷозаи кор 17 ҳазор рубл. Тамом ва салом. Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ ихтиёрат. Гуфтам, ки ҳамаатон бонги «кӯмак ба миллати овораи тоҷик» мезанеду коратон ҳаннотӣ. Малул берун рафтам. Дар ҳавлии ҷойи зист як қирғизро вохӯрдаму қазияро гуфтам. Суроғаи як ташкилотро дод, ки роҳбараш қирғиззани зебое бо номи Джамиля Асановна будааст. Гарм пешвоз гирифт ва гуфт, ки агар қирғиз мебудӣ, қайд бепул ва иҷозаи кор 9 ҳазор рубл. Аз ин муносибати гарм хавосам якбора беҷо шуд. Не, аз муносибати ин зани қирғиз не, аз муносибати он Ҷонибеки тоҷик.

Ин аст бародарон, ҳуввияти милливу ҳисси ҳамватанӣ. Дар ҳақиқат он ҷо фикр кардам, ки агар қирғиз мебудам, шояд беҳтар буд…

Довуди Сулаймон, Маскав

P.S. Хонандаи арҷманд. Шояд ин қисса танҳо ба ман тааллуқ дошта бошад, аммо ин қиссаи яке аз миллион нафар муҳоҷири тоҷик аст, ки дур аз Ватан барои Ватан меҳнат мекунад. Ҳадаф аз овардани ин саргузаштҳо ҷалби диққати масъулин ба мушкилоти муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия мебошад. Вақти он расидааст, ки мақомоти расмии Тоҷикистон ба хомӯшнишиниву бепарвоӣ ва нодида гирифтани таҳқири ин миллат хотима диҳанд ва аз минбарҳои баланд барои ҳимояи мардумашон бонги пурғулғула бизананд.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
%d такие блоггеры, как: