Главная > Uncategorized > Ин қонун метавонад истифодаи носу сигорро маҳдуд намояд?

Ин қонун метавонад истифодаи носу сигорро маҳдуд намояд?

Чанде пеш лоиҳаи Қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба Маҷлиси намояндагон фиристода шуд, ки тибқи он барои кам намудани кашидани нос ва сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҷарима ситонида мешавад. Дар ҳоле, ки фоизи зиёди шаҳрвандони тоҷик аз ин ду маводи камтаъсир истифода мебаранд, суоле посух мехоҳад:Саид ИСМОИЛОВ, омӯзгори ДТТ ба номи М. Осимӣ:

Не, наметавонад. Барои он ки, дар ҷомеаи мо ба қонун хуб итоат намекунанд. Ба ҳар ҳол, нисбатан кам намудан мумкин, танҳо дар баъзе ҷойҳои ҷамъиятӣ. Вале он қадар нафъ намеорад. Зеро аксари ҷавонон аз бекорӣ ва беаҳамиятии волидон ба носу сигоркашӣ даст мезананд.

Хилватшоҳи МАҲМУД, коршиноси мутақил:

— Ба назари ман, хуб мешуд рафтори нафаронеро манъ мекарданд, ки каллаи худро аз балкон ё тирезаҳои хонаҳои баландошиёна бароварда, аз ин тарафи кӯча ба он тарафи кӯча Ҷумъахон ё Каримхон гуфта дод мезананд ё ҳақорат мекунанд. Хуб аст, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ кашидани носу сигор ва навъҳои гуногуни тамокуро манъ кунанд. Аммо ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон он як навъ бар зарари буҷаи кишвар мешавад. Масалан, агар дар ёд дошта бошед, вақте чанд сол пеш қонуни зидди майро қабул карданд, шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми намудҳои кремро истеъмол мекарданд. Ман фикр мекардам, ки дар натиҷа истеҳсоли хусусии тамоку зиёд шуда, ҳар кас дар замини наздиҳавлигии худ ба ҷойи шалғам ва картошкаю помидору бодиринг тамоку корида, аз тамокуяш роҳат истифода мебарад.

Аз ин лиҳоз, ман фикр мекунам ки қонуни нав пурра муваффақ ҳам нашавад, то ҷойе маҳдуд мекунад. Аммо ин маҳдудкунӣ бар зарари ҷомеа аст. Яъне ҷомеа ба истеъмоли навъи тамокуи хеле заҳрдори аз қоғази одӣ истеҳсолшуда мегузарад. Ин бар зарари давлат, бар зарари ҷомеа, бар зарари миллат, бар зарари генофонди миллат хоҳад буд.

Умуман, ман фикр мекунам, ки ин қонун муваффақ нахоҳад шуд. Зеро бо манъ кардан, носкашҳои Тоҷикистон носкаширо бас намекунанд.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА, ҳафтаномаи «Тоҷикистон»:

— Дар ҳақиқат, шояд истифодаи носу сигор як муддат кам шавад. Аммо дар маҷмӯъ ба гумон аст, ки ин қонун ба кам шудани носу папирос оварда расонад. Нос ҳам аз ҷиҳати нарх ва ҳам аз ҷиҳати осон будани пинҳон намуданаш аз папирос бартарӣ дорад. Шояд дигар папироскашҳо ба мазҳаби носкашҳо гараванд ва шумораи носкашҳо зиёд шаванду папироскашҳо камтар…

Сафат БУРҲОНОВ, рӯзноманигор:

— Ман Сафват Бурҳонов, дар 60-солагиям сигор мекашам. Агар худашонро парронанд ҳам, мекашам. Ягон касро дидед, ки дар масҷид сигор кашад? Ё ягон касро дидед, ки дар даруни беморхона сигор кашад? Вақте онро ба тарзи қонунӣ мекунанд, бӯйи пул дорад. Масалан, вақте дар хориҷа қонун набаромада буд, мо сигор харида мекашидем, ки аз 10 то 30 сент буд. Вақте қонун баромад, нархаш соат ба соат зиёд шудан гирифт, ҳатто то 8 доллар як пачка сигор. Фарқ надошт, ки кадом намудаш бошад. Сифаташ ҳам аз сифати сигорҳои пешина пасттар шуд. Яъне, бадтар шуду беҳтар не.

Яъне, депутатҳо «лобик» карданд. Он фирмаҳое, ки сигор мебароранд, пул доданд ва депутатҳоямон дар парлумон қонунро гузаронданд. Вақте қонун ба амал дарояд, хароҷоти як пачка сигор ки 8 дирам аст, ба 8 доллар баробар мешавад. Вақте фирма 1 пачка сигорро 8 доллар мефурӯшад, ба ҷойи 1000 пачка 1 пачка мебарораду фоидааш ҳазор баробар зиёд мешавад.

Ман бо боварии сад дар сад гуфта метавонам, ки онҳо аввал аз хориҷа пул гирифта, баъд ин қонунро пешниҳод карданд. Аммо бо қонун пеши роҳи сигорро баста намешавад. Дар замони Шӯравӣ сигор мекашидему ягон қонун таҳдид намекард-ку! Масалан ҳамин наркотик. Умуман дар борааш касе ҳарф намезад. Вақте қонунҳо баромаду агентиҳо баромаданд, қисми зиёдро герчик карда партофтем. Ҳоло баъди ҳамин қонун зани ҳомила ҳам сигор мекашад, кӯдаки гаҳвора ҳам. Қонун барои тоҷик ҳамин қадар фоида дорад. Баъди амалӣ шудани ин қонун омори сигоркашҳоро дида бароеду бо соли пеш муқоиса кунед. Мебинед, ки зиёд шудаанду кам не.

Депутатҳо корҳои аҷоиб доранд. Тӯли фаъолияти парлумони Тоҷикистон ягон қонуни иқтисодӣ набаровардаем, ки мушкили иҷтимоии мардумро ҳал кунад. Дар бораи зиндагии иҷтимоии мардум ягон кас фикр накардааст. Мо қонуни забон, қонуни нос, қонуни наски барин қонунакҳоро ёфта, сари мардумро гаранг карда мегардем. Агар сатҳи зиндагии мардум боло равад, худи онҳо сигору нос намекашанд.

Фозил ЮСУПОВ, донишҷӯй:

— Мутафаккири чинӣ — Конфутсий мегӯяд, ки мо агар қарореро ба амал бароварданӣ бошем, бояд онро тавассути меъёрҳои ахлоқӣ пиёда кунем. Дар ин сурат ҳар шахсе набошад, шарм дошта, аз он кор даст мекашад. Вале ин қонуни нав барои як қишри ҷомеа шуда метавонаду бас. Зеро шахсони болоӣ аз рӯйи мақоми доштаашон чунин масъалаҳоро ба инобат намегиранд. Ҷорӣ намудани чунин қарор амри зарурӣ буд ва умед бар он мебандем, ки танҳо рӯйи қоғаз намонаду дар амал тадбиқ шавад.

Фирдавс МИРЗОЁРОВ, корманди ДМТ:

-Ҳар қонуне, ки ба тасвиб мерасад, ба ашхоси гуногуни ҷомеа таъсири мусбату манфӣ мерасонад. Аз он лиҳоз, ки ҳар он чизе дар чаҳорчӯбаи қонун сохта мешавад, мо мушоҳида мекунем, ки ба ҳадди ифрот рафта мерасад. Ба андешаи ман, ин қонун баръакс ғазаби ашхоси «хуморӣ»-ро афзуда, ба вайрон шудани меъёрҳои ин қонун оварда мерасонад.

Омодасоз Мавзуна АБДУЛЛОЕВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: