Главная > Uncategorized > Соли БУЗУРГКУШ

Соли БУЗУРГКУШ

Дар ҳама давру замон шумқадам ва ё некқадам будани солҳоро ба мӯчали он вобаста медонанд. Масалан, яке соли мор, дигаре соли мурғ ва саввумӣ соли хубонро соли наҳс медонад. Ин то кадом андоза воқеият дорад ё не, касе дақиқ гуфта наметавонад. Аммо метавон соли равонро, ки соли паланг аст, дар таърихи миллати тоҷик соли БУЗУРГКУШ номид ва бешубҳа бо ҳарфҳои сиёҳ навишт.

Маргу мири бузургон ҳанӯз аз оғози соли нави мелодӣ аз марги Фаттоҳ Одинаву Муҳаммадраҳими Сайдар оғоз шуд. Соли паланг бо зарбаи даҳшатнок ба камари миллати тоҷик оғоз шуд. 2-юми январи соли 2010 оҳангсози маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А. В. Александров ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фаттоҳ Одина аз дунё даргузашт. Ва то кунун бо гузашти 8 моҳ ин соли наҳс сари зиёда аз 10 нафар фарзандони накӯном, соҳибистеъдоду нотакрорро хӯрд.

Албатта, марги Фаттоҳ Одина барои мусиқии миллати тоҷик талафоти бузург аст. Исми ӯ дар таърихи санъати мусиқии тоҷик бо даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравӣ ва симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо боқӣ хоҳад монд.

Пас аз ба хок супурдани Фаттоҳ Одина хабари шуми дигар аз Русия расид, ки журналист ва нависандаи соҳибқалам Муҳаммадраҳими Сайдар шоми 3-юми январ пас аз бемории тӯлонӣ аз ҷаҳон гузашт. Вай муаллифи чандин асари насрии бадеӣ мебошад, ки бархе аз онҳо ба забонҳои гуногун баргардонида шудаанд.

Бояд ёдрас шуд, ки Муҳаммадраҳим аз соли 2001 хабарнигори радиои «Озодӣ» дар Маскав буд ва солҳои охир аз бемории диабети қанд азият мекашид.

Аз ҳама хабари шуми дигаре, ки тамоми миллати тоҷикро андӯҳгин намуд — 8-уми феврали соли 2010 даргузашти Фаррухи Қосим мебошад.

ӯ яке аз ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик, коргардони театр ва дар умум  истеъдоде буд дар театри тоҷик бемислу монанд.

Фаррух Қосимов ҳунару маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар кишварҳои хориҷӣ, ба мисли Белгия, Эрон, Русия, ӯзбекистон, Полша муаррифӣ намудааст.

4-уми апрели соли 2010 адиб ва мунаққиди маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода дар синни 82-солагӣ ин дунёи фониро тарк гуфт. Расул Ҳодизода барои хонандаи тоҷик аз худ як силсила осори гаронбаҳои адабӣ ва тарҷумаи осори классиконро боқӣ мондааст. Маҳз бо заҳматҳои ӯ имрӯз мо девони ашъори Рӯдакӣ, “Калила ва Димна”, “Асарҳои мунтахаб”-и Аҳмади Дониш, “Девон”-и Анварӣ, “Дафтари дилкушо”-и Соиб ва даҳҳо намунаҳои бебаҳои адабиёти ҳазорсолаи форсиро бо хатти кирилӣ мутолиа мекунем.

Аз осори худи адиб бошад, романи “Ситорае дар тирашаб” дар бораи зиндагии Аҳмади Дониш, “Парвози Шоҳин” аз рӯзгори Шамсуддини Шоҳин ва “Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ” аз ҷумлаи муҳимтарин мероси Расул Ҳодизода дар адабиёти тоҷик дониста мешаванд.

12-уми июли соли 2010 дили як шоир ва нависандаи шинохтаи дигари тоҷик, сармуҳаррири моҳномаи «Хорпуштак» Басир Расо дар синни 79-солагӣ аз аз тапиш бозмонд.

Бояд гуфт дар соҳаи ҳаҷву танз кам эҷодкороне ҳастанд, ки то охири умр ба истеъдоди худ содиқ монанд. Басир Расо тайи 46 соли ахир, аз соли 1964 то дами маргаш сардабири маҷаллаи танзу маърифатии «Хорпуштак» буд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар нигоҳи аввал чунин менамояд, ки ҳазлу шӯхӣ танҳо дар саҳначаҳову барномаҳои ҳаҷвии «Ғарибшо-компания» ва дигар гурӯҳҳои ҳаҷвӣ нақши муҳим мебозад. Аммо касе эътироф намекунад, ки маҷаллаи ҳазлу танзи «Хорпуштак» аз бонуфузтарин нашрияҳои танзомез дар чил соли охир буд. Ҳамаи инро соҳибназарон ба фаъолияти Басир Расо вобаста медонанд.

Дар ҳаштумин моҳи соли ПАЛАНГ , 2-юми августи соли 2010 нависанда ва драматурги шинохта Иноят Насриддин бар асари сактаи қалб аз дунё даргузашт. Вай яке драматургҳои варзида ба шумор рафта, асарҳояш дар саҳнаҳои зиёд рӯи саҳна омадаанд. Дар байни эҷодиёти Иноят Насриддин асари «Қотили ҷонҳо» аз маҳбубияти зиёде бархӯрдор аст.

Таърихи 27-уми июни соли 2010 марги булбули санъати тоҷик, ки садояш то Амрико расида буд — Шоиста Муллоҷонова низ талафотест бузург. Дар пайравии ӯ дар санъати тоҷик овозхонҳои зиёде қадам гузоштаву мегузоранд, ки ин бешубҳа гувоҳи мактаби хоси Шоиста Муллоҷонова мебошад.

Марги нобаҳангоми овозхони маҳбуби насли Шӯравӣ ва истиқлол, бузургтарин чеҳраи фарҳангии кишвар дар соли равон миллати тоҷикро ин қадар мотамзада кард — ин Зафар Нозим мебошад.

Рӯзи 3-юми августи соли 2010 тамоми мардуме, ки аз санъати асил бохабар буданд, мотам дошт.

Лоиқ ба зикр аст, ки ҳарчанд дар замони нобасомониҳо бархе нотавонбинон хостанд номи ӯро тамоман аз китоби таърихи тоҷик нест кунанд, вале натавонистанд сафҳаи хотираи мухлисону шунавандаҳояшро нобуд созанд.

14-уми августи соли 2010 ягона нишоне аз устод Садриддин Айнӣ — фарзандаш Камол Айнӣ бар асари бемории сактаи майна ё хунрезии мағз, дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Ба қавли бархе соҳибназарон, вай аз ҷумлаи охирин донишмандони тоҷики зодаи Самарқанд ба шумор мерафт, ки бо хизматҳои худ адабиётшиносии муосири тоҷикро рангин намуда буд.

Шояд ин ҳама тасодуф аст ё амри илоҳӣ, ки соли паланг барои санъату ҳунар ва адабиёти миллати тоҷик ҷуз пираҳани сиёҳи мотам чизи дигаре ба бор наовард ва ин то як андоза андешаи мардумро дар мавриди соли наҳс будани соли паланг низ собит кард.

БОНУ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: