Главная > Uncategorized > «Ба Саидамир Зуҳуров ҳаққи устодӣ дорам»

«Ба Саидамир Зуҳуров ҳаққи устодӣ дорам»

Халқи Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умум баҳори соли 1991 барои бақои СССР овоз дод. Тоҷикон қариб навад фоиз тарафдор буданд. Вале раъйи мардумро чанд сиёсатмадори беандеша ба ним пул  нагирифтанд. Пошхӯрии Шӯравӣ сабабҳои зиёд дошт. Хоса солҳои охири роҳбарии Леонид Брежнев давраи воқеан «рукуд» фаро расид, фасод рушд ёфт, дар мақомоти роҳбарии мамлакат сӯиистифода аз вазифа бисёр шуд. Душманони давлати Шӯравӣ аз ин ҳама босамар истифода карданд, ба осиёби ҷудоихоҳон об ва ба деги ҳарзагӯён равған бебаркаш рехтанд, миллиардҳо доллар ба ин мақсад ба бод доданд. КГБ дар он шароит коре карда наметавонист, зеро дар ҳайати он ҳам хостаю нохоста ашхоси гуногунхислат кор мекарданд.

Л. Д: — Магар кадрҳои миллии касбӣ набуданд, ё ба онҳо чандон эътимод надоштанд?

Н. Р: — Буданд, бисёр буданд. Яке аз чунин афроди шоиста — Холбобо Шарифовро хуб мешинохтам, дар риштаи ҳуқуқшиносӣ хонда, мактаби олии ҳизбиро ҳам ба итмом расонд. Вақте дар назди КГБ шӯъбаи панҷум кушоданд, варо сардори он таъин карданд. Бо зиёиён, ҷавонон, аҳли дин кор мебурд. Якрав, мубориз, доно буд, пешаш на ҳар кас маҷоли гап задан дошт, бузургҷуссаю пурқувват буд. Чун обрӯ ёфту имкони боло рафтан, нотавонбинон садди роҳ шуданд, дасисаҳо ба кор бурданд ва ӯ аз кумита ронда шуд.

Л. Д: — Боз бармегардем ба масъалаи генералҳо. Чаро теъдодашон ин қадар афзудааст?

Н. Р: — Жириновский, ки бо номи «хурӯси Думаи давлатии Русия» машҳур аст, чанд сол пеш тариқи телевизиони Маскав ҷор мезад: «генерал шудан хоҳед, ба Тоҷикистон равед, он ҷо ҳар нафари дуюм генерал аст». Гапи мардак ҷон дорад. Ҳоло дар ниҳодҳои низомию қудратии Тоҷикистон генералҳои тоҷик чун занбурӯғи баъди борон дар афзоишанд, раису муовинон он тараф, ҳатто сардорони раёсатҳо ҳама генерал, на фақат генерал-майор, балки генерал-лейтенант ва аз он болотар. Замони Шӯравӣ барои баршумории генерал-майорҳои тоҷик аз ҳамаи ниҳодҳои маъмурӣ ангуштони ду даст зиёдатӣ мекарданд, имрӯз ангуштони дастони бист нафар камӣ мекунанд. Генералҳои ҳозира аксар ба капитанҳои солҳои 60-80-уми қарни гузашта аз ҳама ҷиҳат баробар шуда наметавонанд.

Л. Д: — Пас чаро чунин шуд?

Н. Р: — Қадри рутба намонд, ба хоки сиёҳ яксон гардид. Ашхоси ғайрикасбӣ дар ниҳодҳои низомию қудратӣ зиёданд. Даврони Шӯравӣ мактабҳои махсус фақат дар Маскав вуҷуд дошт. Чекистони касбӣ ба ҷавонон сабақ медоданд, нозукиҳои касбро меомӯзонданд. Боз курсҳои кӯтоҳмуддат амал менамуданд. Шахсан худам сол дар миён аз он курсҳо мегузаштам, донишу малакаро такмил медодам, талабот чунин буд. Ҳоло чӣ?  Дар мо низ мактаби олии амниятӣ ташкил кардаанд, ки хуб аст, вале он ҳанӯз ба талаби рӯз ҷавобгӯ нест, курсҳои чандмоҳаи бозомӯзӣ кушодаанд. Роҳбарияти кумита чанд сол қабл маро низ чун собиқадор ба ин мактаб ба кор даъват кард, рафтам, чанде талош намудам, то таҷрибаамро ба дигарон омӯзонам. Аз рӯи вазифа сардорони раёсатҳоро аз курсҳои роҳбарикунанда мегузарондам. Мушоҳида мекардам, ки сатҳи донишу ҷаҳонбинии аксарашон ниҳоят паст аст. Айб нест, ки полковник надонад дар Тоҷикистон чанд вилоят мавҷуд асту бо кадом давлатҳо ҳамсарҳадем? Ноилоҷ аз кор рафтам, аз чунин ашхос ҳаргиз чекист намебарояд.

Мебинам, ки бо гузашти чанд сол талабот оид ба тайёр кардани кадрҳо низ тағйир ёфтааст. Хайриддин Саидович Абдураҳимов, ки имрӯз роҳбарии ин Кумитаро бар ӯҳда дорад, чекисти касбист. ӯ тамоми зинаҳои роҳбариро дар Кумита аз сар гузаронидааст, нозукиҳои ин касбро хуб медонад ва аз рӯйи принсипҳои касбӣ амал мекунад. Дар давоми 20 соли давлати навбунёд аз ин зиёд талаб кардан низ шояд аз рӯйи инсоф набошад. Аммо ман ояндаи Кумитаро рӯшан мебинам. Муҳимаш, чекистони миллӣ ба воя мерасанд.   

Л. Д: — Хадамоти амнияти Шӯравӣ аз пурқувваттарин ниҳод дар дунё буд. Пас, чаро натавонист давлати бузурги бечорапарварро охири солҳои ҳаштодум ва аввали навадуми қарни рафта аз фаношавӣ эмин дорад? Ё худи ин ниҳод дар барҳам задани СССР ҳамдастӣ дошт?

Н. Р: — Ба ин савол ҷавоб додан ниҳоят мушкил аст. Халқи Шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умум баҳори соли 1991 барои бақои СССР овоз дод. Тоҷикон қариб навад фоиз тарафдор буданд. Вале раъйи мардумро чанд сиёсатмадори беандеша ба ним пул  нагирифтанд. Пошхӯрии Шӯравӣ сабабҳои зиёд дошт. Хоса солҳои охири роҳбарии Леонид Брежнев давраи воқеан «рукуд» фаро расид, фасод рушд ёфт, дар мақомоти роҳбарии мамлакат сӯиистифода аз вазифа бисёр шуд. Душманони давлати Шӯравӣ аз ин ҳама босамар истифода карданд, ба осиёби ҷудоихоҳон об ва ба деги ҳарзагӯён равған бебаркаш рехтанд, миллиардҳо доллар ба ин мақсад ба бод доданд. КГБ дар он шароит коре карда наметавонист, зеро дар ҳайати он ҳам хостаю нохоста ашхоси гуногунхислат кор мекарданд. Ин ҷо дар хусуси нақши ашхоси алоҳидаи роҳбарикунанда, аз ҷумла Горбачёву Елтсин чизе намегӯям. Дар ин бора бисёр гуфтанду боз мегӯянд.

Л. Д: — Аз бурди КГБ бисёр гуфтаанду навиштаанд, аз бохташ камтар ёд мекунанд. Ба андешаи Шумо, дар фаъолияти ин ниҳод чӣ камбудию кӯтоҳӣ буд, ки бояд сари вақт ислоҳ меёфт?

Н. Р: — Ҳадафи ин ниҳод танҳо якто буд: таъмини бехатарии мардуми Шӯравӣ ва Давлати коргару деҳқон. Ин вазифаи ниҳоят мушкил аст. КГБ аз ӯҳдаи он сарбаландона баромад. Зеро дар ин ниҳод аксари кулл профессионалҳо заҳмат мекашиданд, ба қавли Феликс Дзержинский чекистони «бо ақли расо, дили гарм ва дасти пок» буданд.

Ман дар ноҳияи Рӯшон нӯҳ сол кор кардам, таъриф нашавад, вале аз кӯдаки гаҳвора то пири садсола ҳамаро медонистам. Гӯшае намонд, ки поям ба он ҷо нарасида бошад. Он сӯи дарёи Панҷ Афғонистон, разведкаи Англияю дигар кишварҳо фаъол буд. Хушрӯзии мардуми Шӯравиро намехостанд. Ҳар лаҳза дасисаю ғиромбозӣ менамуданд. Ҳамагӣ ду-се коргари оперативӣ будем, аммо ҳамаро назорат мекардем, чунки дасту диламон ба кор буд. Аммо бояд эътироф кард, ки дар баъзе мавридҳо аз сӯи ниҳоди мо дар маҳалҳо зиёдаравӣ рух медод, аз ҷумла дар баробари аҳли адён, қисми зиёиёни дигарандеш ва ғайра. Бояд чекистон аз доираи ваколатҳояшон пой берун намемонданд.

Л. Д: — Аҳли адён, яъне рӯҳониёнро дар назар доред?

Н. Р: — Бале, ҳаминҳоро. Баъзан дар баробари эшон сахтгирӣ аз ҳад мегузашт. Лекин бо тамоми масъулият мегӯям, ки ҳаргиз кормандони мо намозхонию таробеҳро манъ накардаанд. Нотавонбинон барои паст кардани обрӯи кормандони мо бисёр маврид овозаҳои бардурӯғ паҳн менамуданд. Муллоҳо низ ҳар хела буданд. Қисме ташвиқоти зиддишӯравӣ мебурданд, сохти ҷомеаро бад мекарданд. Дар баробари чунин афрод чора дида мешуд, давлат ба ин ҳақ дошт. Лек бо муллоҳои ҳақиқӣ ва фаросатманд ҳамеша алоқаи хуб доштем.

Л. Д: — Ҳоло бисёр миёни мардум мешунавем, ки фулон муллою фулон нафар агенти КГБ буд, аз ӯ эҳтиёт мебояд…

Н. Р: — Ҳеҷ ниҳоди амниятӣ дар ҳеҷ кишваре бе «агент» намешавад. Чунин афрод аксаран ба хотири амнияти мардум ва Ватан ҳамкорӣ мекарданд. Пас чӣ бадӣ дорад анҷоми коре, ки ба нафъи умум аст? Сӯи чунин нафарон санги маломат андохтан нишонаи оқилӣ нест. Онҳо бояд аз имтиёз бархӯрдор бошанд.

Л. Д: — Ба саҳми рӯҳониён дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чӣ назар доред?

Н. Р: — Ҳанӯз оғози солҳои ҳаштодум Ғоибназар Паллаев ҳангоми котиби якуми обкоми Қӯрғонтеппа буданаш маълумоти мақомоти амниятиро дар хусуси сар боло кардани баъзе доираҳои рӯҳонӣ нобоварона қабул мекард. Боре аз ман пурсид: «Аз дасти муллоҳо чӣ меояд?». Дарҳол ҷавоб додам: «Тамоми чиз меояд». Баъди чанд сол ин гапҳо тасдиқ шуданд. Гурӯҳҳои иртиҷоии рӯҳонӣ дар оташ задани ҷанги шаҳрвандӣ нақш бозиданд. Ин як аксиома аст.

Л. Д: — Замони хидмати Шумо масъалаи ба истилоҳ «муноқишаи кӯлобиҳою помириҳо» сари забонҳо буд. Шумо ҳам дар Бадахшон ва ҳам минтақаи Кӯлоб кор кардаед. Сабабҳои ин ангезаро беш аз дигарон медонед. Онҳо кадомҳоянд?

Н. Р: — Муноқишаҳо ҳақиқатан сурат мегирифтанд, вале дар шаҳри Душанбе. Дар Бадахшон ва Кӯлоб ягон хушунати маҳаллӣ ба назар намерасид. Дар Кӯлоб намояндагони Бадахшон оромона кору зиндагӣ доштанд, оилаҳо барпо мекарданд, касеро бо касе коре набуд. Ман фикр мекунам, ки сабаби ин ангеза ғурури ҷавонӣ буд. Ҷавонони ду минтақа ба ҳам сар намефуроварданд ва мардона бармеомехтанд. Дар кӯҳистон одат чунин аст, ки яке бар дигаре тан намедиҳад. Аммо шояд баъзе доираҳои сиёсии вақт аз ин муноқишаҳо ба манфиати худ кор мегирифтанд.

Л. Д: — Аз ҳамкасбон, устодону шогирдон киро бештар ёд мекунед?

Н. Р: — Устодонам Абдусалом Ғаффоров, Абдулло Солеҳбоев ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, рӯҳашон шод бод! Бо генерал-полковник Саидамир Зуҳуров, генерал-лейтенант Сафаралӣ Сайфуллоев якҷо кор кардаам, ба онҳо ҳаққи устодӣ дорам. Генерал-майор Давлат Мамадризобеков, полковникҳо Мирсаид Султонов, Сайналӣ Пирӯзалиев ва даҳҳо ҳампешаро  пайваста ба некӣ ёд меорам, баъзан вомехӯрем. Ҳамаашонро ном бурдан имкон надорад.

Л. Д: — Аз касби интихобкарда пушаймон нестед? Ба қавле, аз нав ҷавон мешудед, аз чӣ оғоз мекардед?

Н. Р: — Шукри парвардигор, ки алоқадри ҳол дар хидмати мардум ва Ватан будам, бо ордени «Нишони Фахрӣ», бисёр медалу ифтихорномаҳо сазовор шудам. Фарзандонамро ба воя расондам, соҳиби набераю абераам. Магар хушбахтӣ аз ин беш мешавад. Агар аз нав ҷавон мешудам, бе ҳеҷ мулоҳиза ба коре даст мезадам, ки онро аллакай анҷом дода будам. Боқӣ ба ҳама барори кор, сарбаландӣ ва саломатӣ мехоҳам.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: