Главная > Uncategorized > Гӯштини наврӯзӣ

Гӯштини наврӯзӣ

Баъзе ҳолатҳо ҳамин хел мешавад, ки додарҳои ҷон, дар чашмҳотон садқа, каллама куҷо барам, намедонам, сарфарои ягон корам намерам. Зиндагӣ-да, то даме ҷон дар рамақ дорӣ, бояд биҷумбӣ, бикаловӣ, бипалмосӣ… Мисли каловаи саргардон…

Калла гуфтаму як чиз ба хотирам омад. Чанд сол пеш, як шиноси хушкалла доштам, каллаш чунон калон аст, ки одами якум бор медидагира ҳанг-пангаш мепарад. Дар як маърака аз зиндагӣ шикояти бисёре карду баъд гуфт, ки каллама куҷо бурданма намедонам. Як дӯсти ҳозирҷавоби додармон гуфт, ки ин каллаи якпудата куҷое мебарӣ, бубар, лекин хонаи ман наёр, ки шабу рӯзи келинтон наздик асту боз бача напартояд. Хушкалла аз ин гап чунон маззае карду чунон хандид, ки тамоми дарду ранҷаш фаромӯш шуд. Гоҳ-гоҳ гап дар ҷош омада, чунон кафшер мешавад, ки худат ҳайрон мемонӣ…

Ҳамин ҷӯраи хушкалламон боз як бори дигар аввалҳои тобистон дар пушта ҳамроҳи чанд каси дигар алаф медаравидаст. То чошт алаф медараванду баъд биргат ҳамара ба шакаровхӯрӣ даъват мекунад. Хушкаллаи ҷӯрамон сари дастархон мешинаду лекин майли хӯрдан надорад. Мардуми гӯшна ба табақи шакаров ҳуҷум мекунаду шиштаст хушкаллаи мо дар ҷош. Баъд ӯра боз муроот мекунанду ӯ мега, ки мара офтоб задааст, сарам дард мекунад, иштиҳом нест. Дар маърака як ҷӯраи дарвозии ҳозирҷавоб доштем, даррав гапша меёбад:

— Вало, ӣ каллае ки бай туст, ай мн боша, бай нимаш дард кунуме, бай нимаш шакаров хуруме…

Мана, иди Наврӯз ҳам меояду акатон пакари ҳот, чӣ кор карданша намедонад. Додарҳои лахти ҷигар, чӣ ҷойи гап — умр рафтан дораду одамӣ мурдан. Мурдани акатона-ку Худо худаш медонад, лекин умр ки рафтааст, худма базӯр ба ягон ҷо мекашам. Магар пеш ин хел буд? Акатон, ки ба майдони гӯштин медаромад, баъд медидӣ ки паҳлавонҳои хилмак чӣ хел худшона миёндарду сардарду шикамдард гирифта, якта-якта аз гирди майдон аҷина ворӣ ғайб мезананд.

Боре, солаш дар хотирам нест, дар рӯзи Наврӯз дар хамчагаҳии миёни деҳа, як ҷойи сабзазор буд, баақлҳои гузар гӯштин ташкил карданд. Овозаи гӯштина шунавида, аз гирду гӯша одами бисёре ҷамъ шуда буд. Ҳамон рӯз акатон қасдан ба майдон набаромад. Худма дур гирифтаму нигоҳ кардам, ки ин хурӯсчӯҷаҳо чӣ хел майдондорӣ мекунанд. Лекин онҳо ҳам гумроҳ не-да. Хиёл карданд, ки агар ягонташ ба майдон барояд мумкин акаи Ҷалилтон бо ӯ зӯрозмоӣ кардан хоҳад. Ва маълум ки зӯри панҷаи акатона ягон касаш надошт. Хулоса, галаи хилмак гирди майдона печонда, ҳамдигара ҳала-ҳала карда, ба майдон даровардан мехостанду худшона яктарафа мекашиданд. Як баақли гузар эълон кард, ки барои ғолиб фалон-фалон чизҳо мукофот дода мешавад.

Дар он давраи сахтиву қаҳтӣ барои як ҷуфт калӯш тайёр буданд якдигара пӯст кунанд, лекин тарс ҳам хуб чиз аст.

Баақл гапша гуфту боз касе ҷуръат надорад, ки ба майдон дарояд. Дар ҳамин вақт як бачаи калпангчоп буд, Абдулмӯъмин ном дошт, дар соддагӣ мардаш касе нест, пеши ман омаду гуфт, ки дар хона нони хӯрдан намондаст, як ба майдон даром шояд ягон кас бо ман гӯштин нагираду як-ду ҷуфт калуш насибам шавад. Ман «ошат шавад, даро ба майдон, ту ворӣ паҳлавон дар ягон гӯшаи замин нест» гуфтаму таги дил хандидам. ӯ хурсанд шуда, рост даруни майдон рафт. Баақли маърака эълон карда буд ё не ки ин паҳлавонҳои гирди майдон давиданд ба сараш. Рукаҳаш карданд, дар болош ғаврак шуданд, қариб буд байншон барои ин Абдулмӯъмини мо ҷанг шавад. Инаш мега, ки ман бо ӯ гуштин мегирам, дигараш мега ки ман. Хулоса, як бақувваттараш ҳамара аз майдон зада бароварда, Абдулмӯъмини галура баланд бардошта зад, ду ҷуфт калушу як таҳпӯши сафеда аз баақли гузар гирифта, ба кадом хешаш дод. Баъд дар майдон ин тарафу он тараф қадам задан гирифт.

Дар ҳамин вақт омад Абдулмӯъмин пеши ман гириста-гириста: «Акаи Ҷалил, ба гапи ту шуда, шарманда шудам». Ман гуфтам, ки ин майдон аст, ё ғолиб мешавӣ ё мағлуб. ӯ гуфт, ки агар мард бошӣ, қаҳрии мара бигир.

Ҳамин гапаш дар рагу устухонам кора кард. Акаи Ҷалилтон сари номус кӯҳра ҳам талқон мекард.

Ҷомара аз танам кашида, як сӯ партофтаму рафтам тарафи он хурӯсчӯҷае, ки Абдулмӯъмини ҷӯраи мора бардошта зада буд. Лекин чӣ меген, ки ӯ даррав шикамдард шуда, аз майдон баромад. Ана акнун ку паҳлавоне, ки бо акатон сану ман кунаду гӯштин гирад. Дар майдон дастҳора бардошта ду-се давр дода будам, ки як нафар ҳавсала карда баромад. Ман ӯра нашинохтам. Одами нобалад, аз як деҳаи дур омадагӣ, раҳгузар будаст, лекин лумби лула. Хулоса, нархи кадуву пиёза напурсида, ба майдон даромад. Ман ҳам исту бист накарда, гирифтам аз миёнбандаш, бо дасти чапам аз китфаш қапида, тарафи худам кашида будам, ки як чашм задана дошт надод. Дар як нафас сари севҷӣ карда, баланд бардошта, задамаш дар замин ба пушти рост. Ҳамин кора кардаму лекин баъд пушаймон шудам: бачаҳалок аз таҳти дил як нолиш карду дигар ку мехезад аз замин. Гуфтамаш, ки эй бародар, шухӣ накун, бихез аз ҷот, халқ нигоҳ дорад, айб аст. Лекин гапҳои ман фойда накард. Баақлҳо омада обаш пошиданд, лекин инаш ҳам бефойда. Диданд намешавад, гуфтанд, ки ӯра хобондан даркор, куҷоеш сахт лат хӯрдаст. Дар ин ҷо ягон шиносу одами наздик надорад. Бардошта бурдамаш хона. Гӯштингириву наврӯзгузароним ҳамин шуду як моҳи дигар ӯ мардака хӯрондаму табобат кардам. Баъд акаҳош деҳа ба деҳа суроғу пай карда, омада ёфта бурдандаш.

Пас аз ин ҳодиса агар ба гӯштингирӣ медаромадаму ягон ақлаки ношинос бо ман сарбасар шудан мехост, аввал мепурсидамаш, ки дар ҳамин ҷо ягон соҳиб дорад ё не, то боз дар гардани ман товон нашавад. 

Ана, ҳамин хел, додарҳои лахти ҷигар, хоки потона садқа, агар ҳамон зӯрии давраҳои ҷавоним бошаду боз ҳамин Наврӯзи пешомад ба майдон баром, баъд медидед, ки акатон аз ҳазор якташа гуфта будаст. 

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: