Главная > Uncategorized > Панҷ сафорат изҳори нигаронӣ доранд

Панҷ сафорат изҳори нигаронӣ доранд

Ба ҷаноби Хамрохон Зарифӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонов, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазирони мӯҳтарам!

Дар зер имзокунандагон аз бозхонди лисензияи академикии Вазорати маориф, ки ба Донишкадаи технология ва коммуникасияи инноватсионӣ (ДТКИ), мактаби олии хусусӣ мебошад, дода шуда буд, нигаронанд.  Вазорати маориф рӯзи 3 декабри соли 2009 аз Суди иқтисодӣ бе нишон додани ҷузъиёти меъёрҳои иҷронашуда хоҳиш кард, ки лисензияи ба ДТКИ додаашро бекор кунад, зеро «донишкадаи мазкур меъёрҳои талаботи Вазоратро иҷро накард.»  Судҳои зинаҳои поён қазияро ба манфиати Вазорати маориф ҳал карданд.  Рӯзи 27 июл Суди олии иқтисодӣ даъвои ДТКИ-ро беасос хонда, қарори суди поёниро бетағйир гузошт.

Мо аз он нигаронем, ки Вазорати маориф бе пешниҳоди далелу санади асоснок лисензияи ДТКИ-ро бозхонд кард.  То он дараҷае, ки мо медонем, Вазорат намунаҳои ҷиддии меъёрҳои аз тарафи ДТКИ иҷронакардаро пешниҳод накардааст.  ДТКИ дар акси ҳол барои ташкили таҳсили хуб ва ҳам хазинаи идеяҳо обрӯ касб кардааст ва дар ин ҷо донишҷӯён имконият доранд аз сарчашмаҳои гуногуни академикӣ баҳра бардоранд.  Аз сабаби он ки ДТКИ донишҷӯёни фаъолу боғайратро тарбия мекунаду ҳамзамон Вазорат амали худро ба таври бояду шояд шарҳ намедиҳад, ин чиз боз боиси нигаронӣ мебошад.  Тарзи гузаронидани мурофиаи судӣ боиси ба миён омадани суолҳои ҷиддӣ дар бораи шаффофу бо риояи волоияти қонун гузаштани он мегардад.

Баста шудани ДТКИ ҷиддан имконияти гирифтани маълумоти олиро дар Тоҷикистон маҳдуд мекунад.  Барои ҷавонони тоҷик ин боз як сабаби дигар мешавад, ки барои таҳсил рӯ ба кишварҳои хориҷӣ оранд.

Зеримзокунандагон бар он ақидаанд, ки баръакс Тоҷикистон бештар ба чунин донишгоҳҳо ба монанди ДТКИ ниёз дорад.  Имконияти омӯзиши илм аз сарчашмаҳои мухталиф ва баҳсу мунозираи мавзӯъҳои гуногуни ҷавонон омили хеле муҳимест барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ.  Ин барои тараққиёти иқтисодиёт низ муҳим аст; зеро донишҷӯёне, ки озод ва кушод андеша меронанд, навовариро дар иқтисодиёт низ дар оянда таъмин мекунанд.  Бо сабабҳои номаълум баста шудани донишкадаи хусусӣ таъсири гарон на танҳо ба фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ба вуҷуд меорад, балки чунин ақидаро эҷод мекунад, ки донишгоҳи хусусиро дар кадом замоне хоҳанд бе ягон сабаби ҷиддӣ метавонанд банданд.  Дар замоне, ки Ҳукумат мехоҳад сарпарастон маблағи бештарро ба соҳаи маориф ҷалб кунанд, мо аз Ҳукумат даъват ба амал меорем, ки қазияи ДТКИ-ро ба таври бояду шояд омӯзанд ва бовар кунонанд, ки донишҷӯёни тоҷик аз имконияти соҳибмаълумот шудан маҳрум нагарданд.

Бо эҳтиром:

Кеннет Гросс, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафир Эдуард Ауэр, Раиси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тревор Чарлз Мур, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дорис Ҳэртрампф, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби Грегуар Шиловский, қоиммақоми Сафорати Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фикри коршиносон:

Хуршед Зиёев,

сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф: 

— Тоҷикистон давлати мустақил аст ва суди мустақил дорад. Ин масъаларо суди мустақили Тоҷикистон аллакай ҳал кард.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов,

 раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон:

— Дар ҳалли баъзе қазияҳо Тоҷикистон афкори ҷомеаи ҷаҳониро, ки асалан тавассути сафоратхона эълон мешавад, дар баъзе ҳолат қабул дорад, дар баъзе ҳолат не. Ба фикри ман, хубтар мешуд, ки вазорати мо, яъне Вазорати маориф пешниҳоди ин сафоратҳоро гӯш мекард, то обрӯи худро дар арсаи байналмилалӣ нигоҳ дорад. Зеро ин мактаби олии хусусӣ то ҳозир хеле хуб кор мекард. Лекин баъзе таҳлилгарҳо дар ин ҷо ҷанбаи сиёсӣ мебинанд. Гӯё дар он ҷо баъзе намояндагони оппозитсия ҳамчун омӯзгор фаъолият мекунанд. Ба ҳар ҳол, хуб мешуд, ки ҳарду  вазорат, ҳам Вазорати маориф ва ҳам Вазорати корҳои хориҷӣ пешниҳоди ин давлатҳоро қабул мекарданд. 

Шокирҷон  ҲАКИМОВ,

сиёсатшинос:

— Ба ҳар сурат, бояд воқеъбин шуд. Воқеияти Тоҷикистон ин аст, ки новобаста аз мустақил будани шохаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ адолати судӣ таҳти назорати раёсати ҷумҳур ва мақомоти иҷроия қарор дорад ва ин аз моҳияти қонунгузор низ бармеояд. Аз ин хотир, агар иродаи сиёсӣ бошад, мувофиқи мақсад ва мантиқан дуруст мебуд раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумат ба масъала дахолат кунанд. Чун мо фаъолияти озоди иқтисодӣ ва рақобатро шарти асосии рушди устувори ҷомеа эътироф кардаем, будан ва фаъолият доштани як донишкадаи ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон мувофиқи мақсад мебуд. Чун мо ниёз ба сармояи хориҷӣ махсусан барои соҳаи маорифи Тоҷикистон дорем, бояд нисбати муроҷиате, ки кишварҳои мутамаддин ва Иттиҳоди Аврупо имзо кардаанд, ҷиддӣ муносибат кунем. Нодида гирифтани ин ҳуҷҷатҳо ба манфиати кор ва давлатдории муосири тоҷик нест.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: