Главная > Uncategorized > Рӯза ВА НАЗАРИЁТИ ДОНИШМАНДОНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Рӯза ВА НАЗАРИЁТИ ДОНИШМАНДОНИ ШАРҚУ ҒАРБ

Инак, баррасии донишмандони физиологӣ ва зистшинос ва дигар мутафаккирон аз кишварҳои шарқ ва ғарбро дар масъалаи рӯза ва асароти тиббӣ ва беҳдоштӣ ва равонии он, ҳамчунин назариёти исломшиносони дунёро ба назари хонандагони мӯҳтарам мерасонем.

Назарияи илмии «Бандикат» дар бораи рӯза

Дар маҷаллаи илмӣ ва тиббӣ — Сonsteletion дар соли1960 ба қалами Elian Morcl матолиби зер дида мешавад: «Бандикат донишманди физиологист, ки як давраи рӯзаро сивуяк рӯз дониста ва мегӯяд, дар ин муддат дар таркиби хун ҳеҷ гуна омехтагӣ ба ҳам нарасида ва он нуре, ки дар баъзе аз рӯзадорон дида мешавад, як ҳолати ҷавонӣ ва нишотест, ки барои рӯзадорон рух медиҳад».

 Назариёти доктор Жон Фрумузон ва доктор Олксис Корл

Доктор Жон Фрумузон мегӯяд: «Захоири кликужени кабид (ҷигар), прутесини хун, ва захираи чарбӣ, ки дар мард сӣ дар сад ва дар зан бист дар сад аст, ки барои бадан як моҳ кофӣ аст, бинобар ин, тибқи натоиҷи мавҷуди пизишкӣ, дар як моҳ рӯза халале аз назари беҳдоштӣ дар вуҷуди инсон ба амал намеояд».

Доктор Олксис Корл дар китоби «Инсон мавҷуди ношинохта» мегӯяд: «Бо рӯзадорӣ қанди хун дар кабид (ҷигар) мерезад ва чарбуҳое, ки дар зери пӯст захира шудаанд ва прутесинҳои азалот ва ғудад ва сулулҳои кабдӣ озод мешаванд ва ба масрафи тағзия мерасанд».

Доктор Саидризо Покнажод мегӯяд, ки чун бо сухани Жон Фрумузон, ки гуфт баъзе аносири захираҳои бадан барои сӣ рӯз кофӣ аст, дар канори якдигар қарор дода шавад, натиҷа мегирем, ки дар зарфи як моҳи рӯзадорӣ одамӣ дорандаи як бадани тоза таъмиршуда ва озодгардида ва аз қайду банди самум раҳошудааст. Ба илова набояд ҳилол (моҳи нав) то маҳоқ (охири моҳи қамарӣ) ва ғарраҳ (фирефта, мағрур) то салх (пӯст кандан) моҳро ки қариб сӣ рӯз аст, фаромӯш кард, яъне гардиши осмонҳо низ муддати рӯзадориро сӣ рӯз ё бистунӯҳ рӯз эълон доштаанд. Бинобар ин, Холиқи муттаъол мефармояд: «Эй Паёмбар салаллоҳу ъалайҳи ва Олиҳи ва салам, бигӯ покизатарин арзоқ (ризқ) ҳамоно барои мӯъмин аст».

Рӯзиҳои пок ва ҳалол барои мӯъминин аст ва ё мефармояд: «Бихӯред аз рӯзӣ ва ризқҳои покизаи мо, ки ба шумо рӯзӣ кардем ва сипосгузори Худованд бошед, агар шоистагии ибодати ӯро дошта бошед» (сураи Бақара, ояи 172).

Худованде, ки дар оёти фавқуззикр ва даҳҳо оёти назири он бандагони шоистаашро тавсия ба баҳрабардорӣ ва интифоъ аз неъматҳояш менамояд ва ҳама чизро барои онон офарида, ки бақо ва давоми вуҷуди инсонҳо ба ҳамин хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо аз неъматҳои Худованд аст.

Онҷо ки мефармояд: «Ҳар оина барои шумо (мӯъминон аст) дар чаҳорпоён (гов ва гӯсфанд ва шутур ва…) ибрате, ки менӯшонем ба шумо ончи дар бутуни онҳо аст, ки аз байни саргин ё чирку хун, шири холис ва гуворо ва тасвияшуда барои шорибин аст ва аз меваи дарахти хурмо ва ангур, ки аз он нӯшобаҳои ширин ва шакар ва ризқу ҳалоли некӯ ба даст ояд, дар ин кор низ ояте ҳаст (аз қудрати ҳақ) барои хирадмандон» (сураи Наҳл, ояи 66-67) бо ин ҳама неъматҳо, ки барои инсонҳо офарида ва тавсия ва таъкиди баҳрабардорӣ аз онро ба бандагонаш дода ва гуфта, бандаи ман «ҳама чизро барои ту офаридам ва туро барои хеш» (ҳадиси Қудсӣ) «ҷин ва инсро наофаридам, магар барои ибодати (ё шинохти) ман» (сураи Зориёт, ояи 56), бо ин ҳама муҳибатҳо ва иноёти хоса чи иноде ва чи сӯи нияте нисбат ба бандааш дар рӯзадорӣ ҷуз хайр ва маслиҳат ва манфиат доштааст? Оё на ин аст, ки ӯ таборак ва таъоло, ба масолеҳи банда ошнотар аст!? Ва оё Худо меҳрубонтар аз худи банда барои ӯ нест? Оё сухани Паёмбар салаллоҳу ъалайҳи ва Олиҳи ва саллам наметавонад фоидаҳо ва манофеи рӯзаро дар абъоди мухталиф аз тарафи парвардигори меҳрубон барои мо собит намояд?

Худо аз рӯзадорӣ иродаи хайр ва суҳулат (бемашаққатӣ) барои шумо кардааст. Ва ояи шарифа «Худованд иродаи осонӣ ва суҳулат ва хайр ба шумо карда, на иродаи душворӣ ва фишор ва сахтӣ» оё наметавонад моро ба фоидаҳои бисёри рӯзадорӣ мутмаин ва мӯътақид гардонад? Посухи ҳамаи ин пурсишҳо мусбат аст.

Оре, рӯзаро манофеи дармонӣ бисьёр аст, ҳам акнун дар Суис, Олмон, Инглистон, Амрико ва… бемористонҳое ҳаст, ки дар бахше аз онҳо ҳамаи қисматҳои он беморонро ба равиши рӯзадорӣ дармон менамоянд.

 Доктор Корл ва назарияи ӯ дар бораи рӯза

Доктор Корл мегӯяд: «Лузуми рӯзадорӣ дар тамоми динҳо таъкид  шудааст. Дар рӯза ибтидо гурӯснагӣ ва гоҳе навъе таҳрики асабӣ ва баъд заъфе эҳсос мешавад, вале дар айни ҳол кайфиёти пӯшидае, ки аҳамияти зиёде доранд, ба фаъолият меафтанд ва билохира тамоми аъзои маводи хоси худро барои нигаҳдорӣ ва таъодули муҳити дохилӣ ва қалб қурбонӣ мекунанд».

Доктор Гуелпои фаронсавӣ мегӯяд: «Аз чор панҷ ҳиссаи бемориҳо аз тахмири (хамир кардан) ғизо дар рӯдаҳо аст, ки ҳама бо рӯза ислоҳ мегардад».

 Равиши муолиҷаи баъзе бемориҳо бо рӯза

Доктор Жон Фрумузон равиши муолиҷаи бо рӯзаро шустушӯи аҳшоъ (даруни шикам, рӯдаҳо) таъбир мекунад, ки дар оғози рӯзадорӣ забон бордор  аст, арақи бадан зиёд аст, даҳон бӯй мегирад, гоҳ об аз бинӣ роҳ меафтад ва ҳама аломати шурӯъи шустушӯи комили бадан аст, пас аз се — чаҳор рӯз буй бартараф мешавад, асиди урики идрор коста мегардад ва шахс эҳсоси сабуке ва хушии хориқулъода мекунад. Дар ин ҳол аъзо ҳам истироҳате доранд.

Абдуҷаббори АМИНЗОДА

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: