Главная > Uncategorized > Тендер бо усули тоҷикӣ?

Тендер бо усули тоҷикӣ?

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми апрели соли 2010 ва иловатан аз 22-юми апрели соли 2010 ба маблағи умумии 7 888 000 (ҳафт миллиону ҳаштсаду ҳаштодуҳашт ҳазор) сомонӣ «Хариди маҷмӯи автомотокунонидашудаи системаи омоданамоӣ, додан ва қайди шаҳодатномаҳои ронандагии пластикӣ намунаи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо микрочип ва ё штрих-код насб гардонида шудааст ва маводи хароҷотии он» тендер эълон мекунад. Санаи 14-уми июли соли 2010 даври якуми тендер баргузор мегардад, ки барои дар даври дуюм ширкат варзидан ба пудратчиёни зерин иҷозат дода мешавад:

1. РУП «Криптотекх»

2. SYSTEC Sistem TecnolojiLerri

3. Minlbauer ID Servicer GmbH

4. American Banknote Corporation

5. Corporation «EDAPS»

6. ООО «Престиж Кард»

7. ООО «Камнамо»

8. «METTANO ALLIANCE LLP»

Давраи дуюми баргузории тендерро санаи 27-уми июли соли 2010 эълон мекунанд. Ба даври дуюми тендер аз ҷониби 6 пудратчӣ дархост пешниҳод мегардад. Дар ҳузури пудратчиён ва аъзоёни комиссия лифофаҳои мӯҳрдорро мекушоянд. Маълум мегардад, ки ширкатҳои иштироккунанда ин корро бо чунин маблағ ба иҷро расонданиянд:

Комиссияи  тендерӣ дар ҳайати раиси комиссия:             

Х. С. Исмоилов, сардори шӯъбаи танзими хариди кор ва хизматрасонии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия;

Ҳ. Х. Маҳмадиев — мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аъзоёни комиссия:    

Ш. Салимов — сардори ШБИ РБДА Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

М. Камолов — сардори шӯъбачаи имтиҳонотии ШБИ РБДА ВКД Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

М. Мирмахсумов           — сардори гурӯҳи назоратии бақайдгирии имтиҳонотии РБДА ВКД ҶТ;

З. Раҷабов — мудири бахши кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ ва корҳои махсуси Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Котиби комиссияи тендерӣ:

А. Нажмуддинов           — сармутахассиси шӯъбаи танзими хариди кор ва хизматрасонӣ доир мегардад.

Санаи 27-уми  июли соли равон ғолиби озмун эълон карда намешавад, ки  боиси ҳар гуна сарусадо гардида истодааст. Бо мақсади ба масъала равшанӣ андохтан ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Тибқи иттилои ҷонишини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Каримов, маводҳоро барои омӯзиш Вазорати корҳои дохилӣ  гирифта будааст. Дар сурати пешниҳоди хулосаашон ғолиби озмунро эълон мекардfанд.

Ҳайратовар аст, ки чаро то баргузории тендер Вазорати корҳои дохилӣ ба кори комиссия ягон эроде нагирифтаасту пас аз гузаштани ду давраи он ба кори комиссия дахолат мекунад.

Аз БМСТЖ:

Вобаста ба ин масъала тадқиқоти мо идома дорад. Дар шумораи наздиктарин шарҳи пурраи ин қазияро мутолиа мекунед.

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: