Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > Муҳиддин Кабирӣ: ««Минаи дерамалкунанда» дар ҳаракат даромадааст»

Муҳиддин Кабирӣ: ««Минаи дерамалкунанда» дар ҳаракат даромадааст»

Ҳар сол қабл аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистони азиз вокунишҳои зиёд нисбат ба пайравони дини ислом ва намозгузорон ба миён меояд. Имсол низ истисно нест. Аз ҳамин хотир хабарнигорамон бо чанд суол ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ муроҷиат намуд.

— Устод, чун танҳо чанд рӯзе аз моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шудааст, нахуст онро бароятон муборак мегӯем ва таманниёти Шуморо ба мардуми Тоҷикистон пурсиданием.

— Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Шумо ва мардуми шарифи кишварамонро ба фарорасии моҳи Шариф муборакбод мегӯям ва аз Худованд қабули ибодатҳо ва сарбаландиву ободонии мардумро таманно дорам. Иншоаллоҳ, ки ин фурсатро ҳамагон ҳам барои тақарруб ба Парвардигор ва ҳам барои парвариши хислатҳои ҳамидаи инсон истифода намоем, зеро рӯза доштан танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан нест, балки худдорӣ аз ҳама амали норавост.

Ҳафтаи ахир Кумитаи дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти намозгоҳи ҲНИТ-ро дар маҳаллаи Борбади шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ шуморид. Намозгоҳи ҲНИТ дар ҳақиқат бояд сабти ном шавад, ё ин тасмим фишори навбатист?

— Тахминҳо ва таҳлилҳо дар ин бора гуногунанд. Яке ин иқдомро фишор медонад, хусусан пас аз интихоботҳо, ки ҷонибдории ҳаматарафаи мардуми кишвар аз ҳизби мо барои бисёриҳо ғайримунтазира буд. Дигарон инро як иқдоми худнамоии баъзе масъулин медонанд, аз рӯйи мақоли «кӯзаи нав обаш хунук». Масъулине, ки бо мо вохӯрӣ доштанд, зоҳиран қонуни ахиран қабулшуда «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ»-ро асос медонанд. Қонуне, ки ҳангоми қабулаш сарусадоҳоро ба вуҷуд оварда буд ва мо мухолафат ба он доштем, ки ин қонун бо духӯрагӣ ва номушаххасиҳои худ мушкилиҳоеро болои ҷомеа, бахусус диндорон хоҳад овард. Он вақт мегуфтанд, ки ин ҳангомаҳо асос надорад ва касе пеши роҳи намозгузоронро дар ҷойи кору идораҳо нахоҳад гирифт. Ба ёд биёрем шарҳу тафсирҳои вазири фарҳангро, ки ҷавобан ба нигарониҳои матбуот ва шаҳрвандон нашр карда буданд. Ҳоло мебинем, ки нигаронии мо ва онҳое, ки эрод доштанд, беасос набудааст ва ба истилоҳ «минаи дерамалкунанда» имрӯзҳо дар ҳаракат даромадааст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам лоббии «динситез» ва «динҳарос» дар долонҳои ҳукумат қавӣ аст ва гоҳо муваффақ мешавад, ки зеҳни роҳбарияти кишвар ва тасмимгирандагони сиёсиро ба тарафи қабули чунин санадҳои мушкилзо бикашонад. Он ҷо кори худро карданд ва ҳоло аз дур тамошо доранд, ки таркиши минаи гузоштаашонро бубинанд. Мо ба сапёрҳо табдил шудаем, ки бояд ҳамеша дар фикри безарар гардонидани амалҳои дигарон бошем, то вазъи ҷомеа ба ҳам нахӯрад. Ман мехоҳам ҳоло ба чашми касоне нигоҳ кунам, ки ҳангоми баррасии қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагон моро мутмаин месохтанд, ки пеши намози касеро ин қонун нахоҳад гирифт ва шумо оромона намозатонро дар ҷойи коратон хондан гиред. Бисёре аз масъулини давлатии мо нигоҳи васеъу ояндабин надоранд, мавқеъ ва ҷаҳонбинии танги шахс ё гурӯҳии худро болотар аз ҳама муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва мазҳабӣ мегузорад.

— Пештар низ, дақиқтараш ҳангоми таътил, амале дар мавриди аз масҷидҳо берун кардани мактаббачаҳо ба иҷро расида буд. Агар калимаи «дунявӣ»-ро сарфи назар кардаву рӯй ба калимаи «демократӣ» орем, ин амали мақомотро то куҷо дуруст арзёбӣ кардан мумкин аст?

— Муносибати мо ба мафҳумҳое мисли «дунявӣ « ва «демократия» ҳикояи Мавлонои Балхиро дар бораи фил мемонад, ки онро дар хонаи торике ҷой карданд ва аз мардум хоста шуд, ки ҳар кӣ пас аз баромадан назарашро бигӯяд, ки филро чигуна ёфт. Оне, ки пойи филро ламс карда буд, филро монанди сутуне бузург шарҳ дод, оне ки хартумро қапида буд, бардошти худро баён кард, ки комилан мухолифи аввал буд. Саввум гӯшҳои филро пеши назар меоварду шарҳи худро медод. Замоне, ки филро берун оварданд, ҳамагон дарк карданд, ки тасаввуроташон комилан ғалат будааст. Ҳоло ҳар кӣ сари мансаб биёяд, як шарҳу тафсири хоси худро аз дунявияту демократия дорад ва бадияш ин аст, ки ҳамон тасаввуроти ғалати худро болои дигарон таҳмил месозад.

Назари мо ин аст, ки набояд қалби наврасон ба омӯзиши дин аз ҳисоби вақти мактаб ва истироҳати онҳо сурат бигирад. Ҳар кӯдак бояд дониши мактабиро пурра фаро бигирад ва он гоҳ ба омӯзишҳои берун аз барномаи мактаб ҷалб шавад. Беҳтарин фурсат барои омӯзишҳои динӣ ҳамроҳ бо истироҳат фасли тобистон аст. Коре ки аксари волидайн анҷом медиҳанд. Дар тобистон чи далел дорем барои манъи омӯзиши динӣ? Агар шароитҳои тиббӣ ва педагогӣ мусоид нест, биёед кӯмак расонем то санадҳоро дуруст намоянд, шароити беҳтареро фароҳам созанд ва барномаи намунавиеро таҳия ва пешниҳод намоем. Ин аст ҳамкории созанда ва самаранок. Чаро ҳамеша аз услуби манъ ва маҳдудсозӣ истифода шавад? Ҳама медонанд, ки тобистон қисме аз волидайн фарзандонашонро ба деҳот назди устодони улуми динӣ мефиристанд. Чаро барномаеро барои ин гуна чорабиниҳо аз тарафи ниҳодҳои илмӣ ва педагогӣ омода насозем, то ҳамагон аз он истифода баранд. Пинҳон намедорам, ду фарзанди синни мактабии худам ҳам дар яке аз деҳаҳои хушҳавои атрофи Душанбе дар як хонадони бофарҳанг истироҳати тобистонаро бо омӯзиши дин якҷо мегузаронанд. Ҳам таълим асту ҳам варзишу ҳам истироҳат. Чаро мо бачаҳои шаҳриро тобистон ба хонаводаҳои дилпур ва бофарҳанги деҳот нафиристем, то ҳам аз гармои шаҳр наҷоташон диҳем ва ҳам бо зисту ҳаёти деҳоти кишварамон аз наздик шмнос шаванд? Оё медонед, ки Амрико ҳамасола миллионҳо долларро сарф месозад, то кӯдакону наврасонро аз саросари олам аз як моҳ то се моҳ дар оилаҳои маъмулии амрикоиҳо таълим диҳад? Магар ин ҳама беҳадаф ва бе барнома аст? На, зеро амрикоиҳо хуб дарк кардаанд, ки беҳтарин таъсири фарҳанг ба инсон аз тариқи фарҳанги оилавӣ мебошад. Оё медонем, ки ин муллоҳои «белитсензия» ва «беҳуҷҷат» барномаи фарҳнгиеро анҷом дода истодаанд, ки давлати мо бояд барои он миллионҳо сомонии буҷаро сарф намояд? Чаро ба ин масъала аз равзанаи дигар нигоҳ намекунем ва ҳамеша таълимоти диниро дар манзилҳо як амали қафомонда ва хилофи қонун баҳо медиҳем? Мо намегӯем, ки ҳамаи домуллоҳо муносибати дуруст доранд бо шогирдон, вале ба хотири дағалӣ ва иштибоҳи чанд муаллим мактабро қулф намебандем.

Як нуктаро мехостам таъкид намоям. Ин услуби таълимоти дин солҳои Шӯравӣ ҳам роиҷ буд ва нимошкору нимпинҳон садҳо ва шояд ҳазорҳо таълимгоҳҳои ғайрасмии динӣ амал мекарданд. Аз раиси Шӯрои уламо сар карда то имомхатибҳои мӯҳтарам, ки ҳоло худ ба «танзимгарони» ин таълимгоҳҳо табдил шудаанд, худашон бо шарофати ҳамин таълимгоҳҳои ғайрирасмӣ ва «муллоҳои белитсензия» соҳиби илму манзалат гаштаанд. Навад дар садашон мадрасаи расмиро хатм накардаанд. Имрӯз ки худ «расмӣ» шудаанд, чаро барои расмӣ шудани бародарони худ кӯшиш намекунанд. Баръакс, аз мақомоти давлатӣ дида баъзеи онҳо дар манъ кардану бастану кам кардан ҳавсала нишон медиҳанд. Манъ роҳи ҳал нест, кӯмак барои расмӣ шудан роҳи ҳал аст.

— Назари Шумо дар мавриди хондани азон бо баландгӯ чи гуна аст? Манзурам манъ шудани ин усул дар масҷидҳои шаҳри Панҷакент аст, ки сарусадои зиёд ба бор овардааст.

— Шарми кас меояд, ки дар асри 21 мо баҳси азону баландгӯякро дорем. Масеҳиву мусалмону яҳудию бедин ба кайҳон рафт, дар фикри зиндагӣ дар Миррих афтодааст, мо ба «шарофати» чанд масъули динии хурофот ва давлатмардони тангназару динситез ҳоло ҳам дар баҳси микрофону азон, «инҷо бихону онҷо нахон, инро дароз куну онро тарош» мондаем. Мо ҳамаро баҳам омехтаем. Агар ин ҳолат идома ёбад, мо ҳамон тавр як ҷомеаи аз лиҳози дунявӣ қафомонда ва аз лиҳози дин хурофотӣ хоҳем монд. Маъмулан ҳизби моро эрод мегиранд, ки динро бо давлату сиёсат омехта карда истодаем. Агар мо кардем, мантиқист, чун ҳизби сиёсии динӣ ҳастем. Вале, мебинем, ки бародарони дунявии мо он қадар давлатро бо дин омехтаанд, ки ба ҷойи пешбурди иқтисодиёту таъмини иҷтимоиёт мақомоти маҳалии ҳокимият машғули онанд, ки азон чи гуна гуфта шавад ва чанд ракаъат намозро дар куҷо бояд хонд. Масъулини Панҷакент ҳамон кореро кардаанд, ки дигар масъулин дар минтақаҳои тобеи худ анҷом доданд. Қонунан, расман касе микрофонро манъ накардааст, вале дар мо хоҳиш ё супориши як мансабдор аз қонун гоҳо боло меистад. Ҳар кӣ ҳуқуқи худро медонад ва ҷасорат дорад, аз микрофон истифода карда истодааст, ин дастурҳои шифо барои касонест, ки на қонунро хуб медонанду на ҳуқуқи худро ва на шариатро.

— Умуман, чаро воқеаҳои ҷиддии марбут ба дини Ислом дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба вуқӯъ пайвастанд?

— Тақрибан ҳар сол ҳамин хел аст ва бояд инро аз касоне пурсид, ки ин иқдомҳоро пеш аз моҳи Рамазон шурӯъ мекунанд. Ин масъала метавонад тафсири динӣ дошта бошад ва аз нигоҳи дин метавон шарҳ дод, ки чаро пеш аз Рамазон одатан ин корҳо пайдо мешаванд. Ҳадисе дорем аз Паёмбари гиромӣ, ки «Дар Рамазон дарҳои ҷаннат боз, дарҳои ҷаҳаннам баста ва шайотин занҷирбанд мешаванд». Табиист, ки касе намехоҳад занҷирбанд бошад, шайотин ҳам. Вале, чун Рамазон моҳи маҳбусии онҳост, дар арафаи Рамазон хеле нороҳат ва бесаранҷом мешаванд ва ин ҳолат натиҷаи бесаранҷомии онҳост, ки пас аз Рамазон ором мешавад.

— Ниҳоят, дар як сӯҳбати роҳбарияти ҲНИТ бо намояндаи Кумитаи дини ҷумҳурӣ баҳс сари масъалаи намозгоҳи ин ҳизб то охири моҳи Рамазон мавқуф гузошта шуд. Фикр намекунед, ки он вақт аллакай барои муҳокимаи мавзӯъ дер хоҳад шуд?

— Сӯҳбат барои ҳамдигарфаҳмӣ ва пайдо кардани роҳи ҳал ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ин пешниҳоди мо буд, ки баъди Рамазон сари масъала баргардем. Зеро ин дӯстони мо ҳатто ҳаминро ҳам андеша накардаанд, ки дар моҳи Рамазон манъи намоз хондан чи зарбае ба имиҷи худи ҳукумат мезанад. Ман намедонам ин дӯстон дар бораи ватану миллату кишварамон чи фикр доранд, вале мо намехоҳем ки боз номи Тоҷикистон дар ҷаҳон бо иқдоми манъи намоз дар Рамазон машҳур шавад. Модоме, ки сарфаҳми ҳаминро нарафтанд, тасаввур кунед, ки сӯҳбату баҳс бо ин гуна «коршиносону ҳуқуқдонҳо» атрофи намозу макони он чи қадар душворӣ дорад. Чанд нуктаро бояд равшан намоям, шояд ин фурсат муносиб бошад. Мо як ҳизби сиёсии динӣ ҳастем, ки дар асоси ақидаи исломӣ бунёд ёфтааст. Ин меъёр дар ойинномаи мо сабт шудааст ва Вазорати адляи ҳам моро бо ҳамин ному вежа сабт намудааст. Имон ба Худо, малоик, китобҳои осмонӣ, Паёмбарон ва эҳё баъди марг ҷузъи боварҳо ва анҷоми намоз, рӯза, закот ва аз ҷузъи ибодатҳои мост. Агар касе акси инро фикр дорад ва рукнҳои дар боло зикршударо ҷузъи ақидаи ислом намедонад, далеле биёрад ва моро мутақойид бисозад. Модоме, ки чунин аст, пас як ҳизби диниро чи гуна метавон аз намозу рӯза ва дигар аркони ислом ҷудо тасаввур кард? Хеле аҷиб аст даъвои дӯстон, ки ҲНИТ дар фаъолияти ҳизбияш аз арзишҳои ислом истифода мебарад, аз тариқи дини мубини ислом худро таблиғ мекунад. Ба мо бигӯед, ки як ҳизби ислом худро аз тариқи чӣ ва кӣ таблиғ намояд, агар аз тариқи ислом, Қуръон, Суннат ва дигар сарчашмаҳои динӣ набошад? Аз тариқи «Капитал»-и Карл Маркс ё «Целина»-и Брежнев?

Агар мо аз Қуръону Паёмбар сӯҳбат накунем, аз намозу рӯза истифода набарем, ҳатто дар қароргоҳамон намози дастаҷамъиро надошта бошем, ҳизби ислом чи маънӣ дорад ва ба кӣ зарур аст? Президент исломро ҷузъи фарҳанги миллии мо эътироф карданд ва агар намоз ҷузъи ислом аст, пас мантиқан ҷузъи фарҳанги мост. Агар илова бар ибодат боз ҷузъи фарҳанги мост, пас мо дар қароргоҳи ҳизбамон як амали фарҳангиро анҷом медиҳем. Намоз барои мо ибодат аст, вале ин далелро барои дӯстоне меорам, ки бо намози дастаҷамъонаи мо дар дафтари ҳизб созиш карда наметавонанд, бигузор онро ҳамчун як кори фарҳангии ҳизб барои худ маънидод кунанд ва ором бошанд. Агар оромашон монанд.

Бо назардошти таърихи 70-солаи динзудо ва динситез ва фарҳанги хоси муносибати давлат бо дин барои мо ҷойи тааҷҷуб нест, агар як масъули давлат бигӯяд, ки намозро инҷо бихону онҷо нахон. Барои мо тааҷҷубовар он буд, ки домуллое ҳам дар ҳайати дӯстон моро «амри маъруф» мекард, ки дар қароргоҳ намоз нахонем. Аллома Иқбол шояд аз ҳамин гуна ҳолат ба дод омада буд:

Бар мусалмон гуфт он султони дин,

Масҷиди ту ин ҳама рӯйи замин.

Ал-амон аз гардиши ин осмон,

Масҷиди мӯъмин ба дасти дигарон.

— Дар моҳи шарифи Рамазон ҳар як мусулмон бояд ба ғайр аз ибодату қироати Қуръон қалби худро аз кину адоват пок созад, душманӣ наварзад ва аз корҳои ғайришаръӣ даст кашад. Бовар доред, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ин корҳо риоя мешаванд?

— Бешак, наметавон гуфт, ки сад дар сад риоя мешавад, вале ба зиндагии аксари мардум дигаргунӣ ворид мешавад. Арзишҳое мисли раҳму шафқат, гузашт кардан, сабр ва некандешӣ дар ҷомеа бештар мустаҳкам мешаванд. Инсоне, ки як моҳ ба хотири Худо гармову гурӯснагиро сабр мекунад, табиист, ки дигар мешавад. Агар дигар нашавад, пас ин ҳама гурӯснаву ташнагиҳо суде надорад. Паёмбар (с) ҳам вақте мефармоянд, ки «Рӯза барои баъзеҳо ҷуз гурӯснагиву ташнагӣ кашидан чизе беш нест», ҳамин гуна инсонҳоро дар назар доранд, ки Рамазон ҳеҷ таъсире дар зиндагӣ ва афкорашон надорад. Ҳар кас оламро бо чашми дили худ мебинад. Дар назари мо менамояд, ки ҳамин як ҳафтаи аввали Рамазон ҷомеаи моро дигар кардааст. Аксари мардумро меҳрубон мебинам, ба якдигар хушмуомила ва таҳаммулпазир ҳастанд. Шояд ба назари мо чунин менамояд, Худо кунад ки чунин ҳам бошад ва чунин боз бимонад.

— Яке аз рукнҳои муҳими дигари моҳи мубораки Рамазон хайр кардан ба камбизоатону мӯҳтоҷон аст. ҲНИТ дар ин самт чӣ бартариятҳоро дорост?

— Кӯмак расонидан ба камбизоатон бояд ҷузъи рафтори доимии як мусалмон бошад ва дар моҳи Рамазон он бештар мегардад. Чун моҳи раҳмат, мағфират ва наҷот аст. Чигуна инсон интизори раҳмат ва мағфирати Худованд мебошад, ҳангоме ки худ дар ин моҳ ба касе раҳм накардааст ва гуноҳи касеро набахшидааст? Агарчи ҲНИТ созмони хайрия нест, вале кӯмак расонидан ба камбизоатон ҳамеша дастури кори мост. Риё мебуд, агар ҳама кори анҷомшударо номбар мекардем, вале дар даҳаи аввали Рамазон мо ҳар сол барои бештар аз 1000 нафар шабҳои Рамазон бо ифтор баргузор мекунем, ки аксари меҳмонони мо камбизоатон ва донишҷӯён мебошанд. Имсол, ки даҳаи аввал ба вақти таътил рост омад, шумораи донишҷуён камтар аст, вале мардуми зиёде аз атрофи қароргоҳ меҳмони мо мешаванд. Иловатан, мо барномаҳои дигаре низ дорем, ки дар ин моҳи муборак амалӣ мешаванд. Худованд ибодатҳо ва амалҳои неки ҳамагонро ба даргоҳаш қабул намояд.

Мусоҳиб

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: