Главная > Иқболи САИДЗОД > Орзуи булбул баҳору орзуи каргас мурдор

Орзуи булбул баҳору орзуи каргас мурдор

Аксарият манфиати шахсиро фикр мекунанд ва донистан намехоҳанд, ки оянда натиҷаи амали эшон аҳли ҷомеаро ба чӣ гуна проблема мувоҷеҳ хоҳад сохт. Мисли он ки булбул танҳо  фасли баҳорро орзу мекунад ва каргас хоҳиши онро дорад, ки ҳар рӯз як мурдорро саркандаву парканда бинад.

Ҳар кӯдаки гаҳвора аз кадом як «хоҷаи хориҷӣ» 250 доллар қарздор аст

Ба иттилои вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ҳоло қарзи берунаи Тоҷикистон ба 1 миллиарду 755 миллион доллар расидааст, ки ин нишондод ҳудуди 32 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои давлате, ки 7 миллион нуфуз дорад, аммо иқтисодаш заиф аст, ин қарзи андак нест. Агар ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто кӯдаки гаҳвора ин қарзро тақсим кунем, ҳудуди 250-доллариро ташкил хоҳад дод. Вақте одати қарзро гирифтан ҳасту баргардонидан не, оқибат бори гарони дӯши кӣ хоҳад буд? Ба дӯши мардуме, ки худ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ буду шудашро фурӯхта, мошинпулӣ мекунад, аммо аз гаронии билет ва роҳкиро маҷбур аст бар замми фурӯхтани ҳамаи дороиҳояш боз аз куҷое қарз гирад, дар охир қарзи иловагиеро ба гардан хоҳад гирифт? Модоме, ки 50 дар сади аҳолии кишвар бо қашшоқӣ ва фақр ҳаёт ба сар мебаранд ва шояд бо гирифтани қарз ва хайр аз наздикону одамони алоҳида зиндагии «хӯру намур» доранд, беандеша ба амалҳои паёмадаш нохуб даст задан аз рӯи инсоф нест.

Агар аз дидгоҳи дигар баҳо диҳем, ки ҳангоми гирифтани қарз нақшаи баргардонидан вуҷуд дорад, ростӣ ба суоли «то куҷо ба воқеият наздик будани ин амал» посухе дарёфт карда наметавонем. Чун агар нақшае буд ё алъон вуҷуд дорад, чаро сол то сол қарзи берунии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст? Якчанд сол аст, ки қарз дар ҳоли афзоиш аст. Чаро як марҳилае набуд ва нест, ки нақшаи баргардони қарз иҷро шуда бошад? Ин гуна суолҳоро зиёд метавон пеши худ гузошт, аммо дарёфти посух ба онҳо хеле душвор аст.

Аз пушти шолӣ курмак об мехӯрад

Барои тоза кардани рӯди Тебалай ба гуфти шоҳидон ҳар сол маблағ ҷудо мешудааст, аммо «аз пушти шолӣ курмак об мехӯрад» гуфтагӣ барин, бо ин маблағ шояд якчанд мансабдор роҳату кайфу сафо медид, аммо натиҷа ин буд, ки даҳҳо нафарро сел ба комаш кашиду садҳо хонаву манзили мардумро хароб кард. Ё гуфта мешавад, ки дар кадом вазорате маблағи буҷет ғайримақсаднок истифода бурда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки вазир ё мансабдори дигари ин вазорат барои рафъи кадом як офат ё харидани ягон молу ашё аз буҷет маблағи бештар гирифта, ба киса задааст. Дар ҳоле ки он маблағ бояд барои беҳбудии соҳа, баҳри рушди иқтисод ва ободии мардуми кишвар равона мегардид. Аммо ҳамааш аз рӯи инсоф шавад, пул чӣ хел ба киса медарояд?

Ин гуна ҳолатро дар мавриди гирифтани қарз ва истифодаи он низ дучор шудан мумкин аст. Масалан, қарз ё гранту кӯмакпулиҳо дар он ҳолате дода мешавад, ки иқтисоди кишвар рӯ ба фалаҷшавӣ дорад, ё аз паёмади офатҳо ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид шуда бошад. Ва ё дар ҳолати ҳукмфармоии бӯҳрон ба иқтисод, касри буҷети давлатӣ ё ниёзи шадид доштани ягон соҳае ба дастгирӣ ва сармоягузорӣ. Аз чунин таҷриба Тоҷикистон кайҳост, ки баҳра мебарад. Соли гузашта ба хотири паси сар кардани таъсири бӯҳрон ба мо 116 миллион доллар кӯмак омад. Имсол низ бо баҳонаи таъсири бӯҳрон ва офатҳову монеаҳои сунъӣ аз гирифтани қарз ба андозаи 70 миллион доллар бӯи умед ҳаст. Ҳамчунин барои пур кардани касри буҷет ва анҷоми дигар корҳо қарз мегиранд. Вале бо вуҷуди ин қадар маблағҳои қарзи бадастомада чаро иқтисоди кишвар рушд намекунад? Вақте ин маблағҳо ба хотир ё бо баҳонаи беҳбуд бахшидан ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум гирифта мешаванд, барои чӣ сатҳи камбизоатӣ то ҳол беш аз 50 дар сад аст? Касоне ки аз буҷет маошу нафақа мегиранд, моҳонаашон танҳо ба пардохти масрафи нерӯи барқ кифоят мекунад?

Суоле пайдо мешавад, ки ҳангоми истифодаи қарзҳо назорат бурда мешавад, ки ин маблағҳо ба кадом соҳаи иҷтимоӣ ё иқтисодӣ харҷ шуданд ва чӣ натиҷа доданд?

Соҳибназаре, ки нахост номаш ифшо гардад, гуфт, ки наход ҳамаи қасрҳои бодабдаба ва мошинҳои хориҷии мансабдорон аз ҳисоби героин бошад? Ин қадар гранту қарзҳои боимтиёз, ки аз ҳисоби бонкҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ дода мешавад, куҷо мераванд?

Бесабаб намегӯянд, ки «аз пушти шолӣ курмак об мехӯрад». Ба назар чунин менамояд, ки аз офатзада шудани мардумон, хисорот дидани хоҷагии халқ ва фалаҷ гаштани иқтисодиёт гурӯҳе манфиат мебинанд. Зеро аз рӯи маълумоти баъзе соҳибназарон дар гузашта барои тоза кардани сойи Тебалай ва манзилҳои хатарзои дар Кӯлоб мавҷудбуда маблағ ҷудо мешуд, аммо кори назаррасе ба сомон намерасиду маблағ «списат» мешуд, то дар натиҷаи сели дигар аз нав кӯмакпулӣ дархост кунанд. Баъдан натиҷа чунин шуд, ки офат бо марги даҳҳо нафар анҷом ёфт. Чунин ба назар мерасад, ки шояд баъзеҳо орзу менамоянд то офатзадагиву маргу қашшоқӣ бар сари мардум ояд ва баҳонаи наве барои дарёфти кӯмакпулиҳо гардад. Аммо қарзҳои гирифташудаи беназорат истифодашаванда боис мегарданд, ки донорҳои хориҷӣ низ аз кӯмак даст мекашанд.

Ваъдаву вафо, қарзу адо

Дидгоҳи дигаре, ки дар илми иқтисод ҳаст, гирифтани қарзро раво медонад. Зеро дар шароити имрӯза дар байни мамлакатҳои рӯ ба инкишоф давлатеро, ки аз қарзи беруна орӣ бошад, дучор омадан душвор аст. Иқтисодшиносон мавҷудияти қарзи берунаро қабул мекунанд ва ақидаҳо низ пешниҳод мешаванд, ки аз қарзи беруна истифода бояд бурд. Аммо ба андешаи иқтисодшиносон, ин тасдиқот танҳо барои ҳамон ҳаҷми қарзи берунӣ мувофиқат мекунад, ки адои фоизи он гуна қарзҳо барои иқтисодиёти давлат ниҳоят гарон набошад. Ба ин далел, давлат бояд қарзро дар сатҳи муайян нигоҳ дошта, роҳу усули дилхоҳ ва безарари адои онро ёбад.

Аммо иқтисоди Тоҷикистонро ба назар гирифта, ба андозаи 1 миллиарду 755 миллион доллар қарзи берунӣ доштан ба ягон меъёр рост намеояд. Қарзи берунии Тоҷикистон муаммоеро мемонад, ки ба истилоҳ ба дараҷаи «астрономӣ» расидааст ва имкони ҳаллу фасл кардани он дар давоми даҳсолаи наздик вуҷуд надорад.

Қарздор биҳишт намеравад?

Гирифтани қарзро дар ислом танҳо дар сурати ниҳоят эҳтиёҷмандӣ ҷоиз шумурдаанд. Паёмбари ислом ҳам дар як ҳадисаш мефармояд, ки агар ниёзманде ба наздатон ояд, аз рӯи имконият қарз диҳед, вале аз қарз гирифтан то тавонед худдорӣ кунед. Зеро масъулияти баргардонданашро ба ӯҳда доред.

Мувофиқи ривоятҳо, шахсе барои сӯзанеро қарз гирифтанаш ба биҳишт дохил шуда натавонистааст. Яъне як сӯзани қарз ҳам дар назди Худо ҷавобгарӣ дорад. Вале ҳадс задан душвор аст, ки ҷавобгарии қарзи 1 миллиарду 755 миллион доллари Тоҷикистон ба гардани кӣ меафтад? Тақсим кунем, ҳамаи мардум ҷавобгаранд, ба ӯҳдаи қарзгирандаҳо партоем, боз ба сари шаҳрвандон меафтад, зеро онҳо ба хотири мардум қарз гирифтаанд. Беҳуда нест, ки бузургон «бало ҳам бар сари мардуми камбағал меояд» гуфтаанд.

Иқболи САИДЗОД, БМСТЖ

Рубрики:Иқболи САИДЗОД Метки:
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: