Главная > Ҷумъаи ТОЛИБ > Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзодаи Одина

Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Фаттоҳ  Саидов

Зайнура тамоми хароҷоти хонаро мепардозад. Дар асоси қарори раиси ноҳия ба кампири яккаву танҳо парастор таъин мешавад. Кампир мемураду пас аз ду рӯзи вафоташ дар фасли зимистон Зайнура, кӯдаки хурдсолаш ва хоҳарону додарашро кормандони прокуратура аз хона берун карда, дари хонаро мӯҳр мезананд. Баъдар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тағои Зайнура чанд муддат дар ҳабс менишинад. Парванда ба суд ирсол карда мешаваду суд онро ба тафтиши иловагӣ бармегардонад. Ёрдамчии прокурори ноҳия эътироз менависад. Вале коллегияи судӣ ва раёсати суд таъиноти суди зинаи аввалро бетағйир гузошта, эътирози прокурорро рад мекунанд. Парванда боз ба ҳамон судя ирсол карда мешавад. Аммо нишондоди раёсати суди вилоятро ба инобат нагирифта, таъиноту ҳукм қабул карда мешавад, ки гӯё давлат ба маблағи 26 272 сомонӣ зарар дида бошад. Дар ин қазия кӣ гунаҳкор карда шуду кӣ паси парда монд? Оё нафарони судшуда гунаҳкор буданд? Шарҳи онро дар зер мутолиа мекунед.

Гапи мард яктост. Аз прокурор чӣ?!

Дар кӯча ҳаво ниҳоят сард буду дари утоқи кории моро сокини ноҳияи Ёвон Зайнура Авезова кӯфта, бо ҳаяҷон нақл намуд, ки ӯро кормандони прокуратураи ноҳия ҳамроҳи кӯдаки хурдсолашу хоҳарону додараш моҳе қабл аз хона берун кардаанд. Баъд ҳикоя намуд, ки дар ҳамсоягии холааш зане бо номи И. А. Медведова зиндагӣ доштаасту якаву танҳо умр ба сар мебурдааст. Ягон сарпарасте надоштааст, ки ба кампири синнаш ба ҷое расида ёрӣ расонад. Зайнура бо сабабҳои оилавӣ аз хонаи падарарӯсаш, ки шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст, баромада, дар хонаи холааш зиндагӣ мекардааст. Байни он кампиру холаи Зайнура муносибати хуб будааст. Аз ин ҷо, бо хоҳиши И. А. Медведова ва тавсияи холааш Зайнура барои нигоҳубини кампир розигӣ медиҳаду ду моҳи аввал кампирро нигоҳубин намуда, аз ҳисоби худаш маводи хӯрока оварда таъмин мекунад. Вақте муносибати ӯ ба И. А. Медведова хуш меояд, кампир таклиф мекунад, ки омада дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Зайнура ба хонаи кампир мекӯчад. Азбаски бардоштану дигар ҳоҷатҳои биологии кампирро иҷро намудан ба Зайнура мушкилӣ мекунад, вай хоҳарашро ҳамроҳ мегирад. Вақте онҳо ба хонаи И. А. Медведова кӯчида меоянд, кампир иброз медорад, ки аз мағозаҳо, хизмати коммуналӣ, қувваи барқ, маблағи истифодаи об ва ғайра қарздор мебошад. Ҳамаи ин маблағҳо аз тарафи Зайнура пардохт карда мешавад. Дар як вақт барои истифодабарӣ ҷиҳози хонаро аз нав мехарад. Ҳангоми  дар хонаи И. А. Медведова зиндагӣ карданаш нафароне пайдо шуданд, ки қарзашонро аз кампир талаб карданду ӯ имкони қарзи барои нигоҳубинаш қаблан сарфкардаро пардохт кардан надошт. Яке аз онҳо А. Ғойибов буд, ки 400 доллари амрикоӣ талаб мекард. Зайнура ин маблағи қарзи кампирро пардохт мекунаду дар санаи 5-уми июни соли 2006 И. А. Медведова бо хати худ дар он забонхат менависад, ки ҳамаи ин ҳаракатҳо бо розигии ӯ сурат гирифтааст ва ҳақиқатан қарздор буду Зайнура қарзашро пардохт намуд. Бо дархости И. А. Медведова Зайнура ҳуҷҷат омода намуда, ба Ҳукумати ноҳияи Ёвон барои сарпараст таъин намудан ариза менависад. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 12-уми августи соли 2008 таҳти №460 Зайнура сарпараст таъин карда мешавад. Зайнура барои саломатии кампир ҷаҳд намуда, мудом ӯро ба духтурон нишон медиҳад. Ҳатто ду маротиба ба шаҳри Душанбе оварда, дар беморхонаи «Медгородок» аз ташхиси тиббӣ мегузаронад. И. А. Медведоваро дилаш бемор будааст. Ҳатто ҳамшираи шафқатеро киро мекунад, ки мудом аз ҳоли кампир огоҳ гардида, дору диҳаду сӯзандору гузаронад. Вале ҳодисаи гӯшношуниди тоҷикона, овозаи заминҷунбии шаби 10-уми январи соли 2009 дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба гӯши Зайнура ҳам мерасаду онҳо як илоҷ карда, аз ошёнаи сеюм кампирро ба саҳни хавлӣ мефуроранд. Шаби дигараш бошад, якбора саломатии И. А. Медведова бад мешаваду Зайнура, холааш ва дигар ҳамсояҳоро хабардор мекунад. Ба қисми ёрии таҷилӣ занг мезанад, онҳо сари вақт намеоянд. Кампирро ба беморхона бурданӣ мешаванду ӯ ба беморхона нарасида, дар роҳ ҷон медиҳад. Ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд. Онҳо омада сабаби марги кампирро муайян мекунанд. Зайнура бо кӯмаки хешу табораш кампирро ба хок месупораду ногаҳон санаи 14-уми январи соли 2009 кормандони прокуратураи ноҳия ӯро бо хоҳарону додарашу кӯдаки хурдсолаш аз хона берун мекунанд. Назди прокурори ноҳия Т. Ю. Юлдошев меравад. Прокурор онҳоро қабул намекунад. Ба назди ёрдамчии прокурор Б. Х. Розиқов мераванду илтимос мекунанд, ки хонаро кушоянд, ақаллан либосҳои кӯдакро гиранд. Аммо дағалӣ намуда, онҳоро аз дар меронад ва талаб мекунад, ки хонаро холӣ кунанд.

Ҳамон рӯз, аниқтараш  санаи 9-уми феврали соли 2009 мо роҳи ноҳияи Ёвонро пеш гирифтем. Аввал бо ҳамсояҳо ва шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса сӯҳбат намудему сипас роҳи прокуратураи ноҳияро пеш гирифтем. Ҳамроҳамон Зайнура дар даст тифли хурдсолаш буд. Прокурор моро қабул намуду котибааш иброз дошт, ки Зайнура дар қабулгоҳ истад. Худро шиносондему аз чанд ҳолати дар давоми ним рӯз ошкорнамуда ба прокурор нақл кардем. Вай моро бо таҳаммул гӯш карда, қавл дод, ки агар шароити ин занак (Зайнура Авезова,- муаллиф) чунин бошад, ҳатман барои ба ӯ гирифта додани хона ёрӣ мерасонад ва супориш медиҳад, ки хонаро кушоянду дар он Зайнура зиндагӣ кардан гирад. Ҳатто дасти мардӣ дода, илова намуд: «Гапи мард яктост. Ин масъаларо худамон ҳал мекунем, ҳоҷат ба газет нест»…

Мо ба Зайнура фаҳмондем, ки ҳама корҳояш ба некӣ анҷом меёбад. Пагоҳ рафта хонаро мекушоянду дар он зиндагӣ кардан гирад. Вале аз байн чор рӯз гузашту ба мо боз занг заданду гуфтанд, ки хонаро ҳанӯз накушодаанд. Ҳарчанд прокурори ноҳия рақамҳои телефонии хизматию ҳамроҳашро ба мо дода буд, занг заданро ба худ муносиб надониста, боз роҳи ноҳияи Ёвонро пеш гирифтему ба утоқи кории прокурор даромадем. Т. Ю. Юлдошев 100 фоиз тағйир ёфта буду гуфт:

— Мо нисбат ба ин масъала парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем… Метавонед нусхаи онро гиред…

Як манзилу ду ордер

Ба ин манзил, ки имрӯз мавриди баҳсу боиси суд шудани чанд нафар гардидааст, касони зиёде орзуи аз они худ намудан доштаанд. Шаҳрванд Ф. Меликова аз рӯи нақлаш, ки дар ҳалномаи суд қайд гардидааст, аз моҳи марти соли 2007 то 15-уми июли соли 2007 И. А. Медведоваро нигоҳубин менамояду хостгори гирифтани хона мешавад. Вале И. А. Медведова намегузорад, ки дар хона зиндагӣ намояду бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат мекунад. Дар аризааш қайд менамояд, ки тибқи ордери рақами 550 силсилаи ДЖ-31 аз 16-уми феврали соли 1994 хона ба ӯ дода шудааст. Ордер бошад, дар асоси қарори комиссияи комиҷроияи ноҳияи Ёвон дода шудааст ва дар ин манзил аз ҳамон вақт то ҳоло зиндагӣ мекунад. Ягон рӯз ҳам аз ин манзил баромадагӣ нест ва ба ягон ҷой кӯч набастааст. Аммо ғайриқонунӣ ҷавобгар Файзигул Меликова ба манзили истиқоматие, ки ба ӯ номнавис карда шудааст ва дар ин хусус ордер мавҷуд аст, ба номи худаш карда гирифтааст.

Ордери рақами 33 силсилаи ДЖ-51 аз 25-уми майи соли 1994, ки дар асоси қарори раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Ёвон дода шудааст, ғайриқонунӣ мебошад ва ба манзили баҳсӣ ордери дуюм додаанд.

Ҳайратовар аст, ки чаро бори дуюм ба ин манзил ордер додаанд. Аз сабаби он ки судяи Суди ноҳияи Ёвон дар ҳайати раисикунанда Т. С. Ҳамзаев аризаи даъвогиро тибқи талаботи қонун баррасӣ намудааст, аз шарҳи ҷузъии он худдорӣ менамоем. Судя ҳал намудааст:

«Аризаи даъвогии Медведева Ирма Алксандровна нисбати Меликова Файзигул ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон «Дар бораи бекор кардани ордер ва кӯчонидан аз манзили истиқоматӣ» қонеъ карда шавад.

Ордери рақами 33 силсилаи ДЖ-51 аз 25 майи соли 1994 сол, ки ба номи Меликова Файзигул бо аҳли оилааш дода шудааст, бекор карда шавад.

Аризаи муқобили Меликова Файзигул нисбати Медведева Ирма Александровна «Дар бораи рад кардани аризаи даъвогӣ ва боэътибор донистани ордер» рад карда шавад».

Меликова Файзигул ба коллегияи шикоятӣ оид ба баррасии парвандаҳои граждании вилояти Хатлон аризаи кассатсионӣ менависаду аризаи ӯро беқаноат ва ҳалномаи Суди ноҳияи Ёвонро бетағйир мемонанд.

Хабари «хуш»

Ёрдамчии прокурори ноҳияи Ёвон Б. Х. Розиқов нусхаи қарор аз 11-уми апрели соли 2008 «Дар бораи оғоз намудани кори ҷиноятӣ», ки онро прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи якум Т. Ю. Юлдошев қабул карда буду имзо надошт, ба мо пешниҳод намуд. Дар ин қарор аз ҷумла навишта мешуд: “Иззатов Маҳмадшариф аз моҳи ноябри соли 2007 дар вазифаи мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон кор карда истода, шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, бо маслиҳати пешакӣ бо котиби ҷамоати шаҳраки Ёвон Ҳоҷиев Маҳмуд, муовини раиси маҳаллаи А. Ҷомӣ-1 Имомова А., шаҳрвандон Ҷабборов Латиф ва Авезова Зайнура бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даст ба ҷинояти сӯистифода аз мансаби хизматӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ задааст.

Чунончи Иззатов М. моҳи янари соли 2008-ум бе аризаи хаттии шаҳрванд Медведова И. манзили истиқоматии охиронро воқеъ дар шаҳраки Ёвон, кӯчаи А. Ҷомӣ, хонаи №51, ҳуҷраи 9, ки дар он Медведова И. танҳо ба қайд гирифта шуда истиқомат мекард, дар асоси талаботи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хусусигардонии фонди манзилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дарназардошти як нафар будани аъзои оила (худи Медведова И.) ва манзили истиқоматии бе пул додашаванда ба маблағи 26272 сомонӣ хусусӣ гардонида, ҳуҷҷатҳои дахлдорро тайёр намуда, бо қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 16.01.2008 сол ин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ кардааст.

Вале баъдан шаҳрванд Ҷабборов Латиф сокини ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Оби Мукӣ, деҳаи Даштобод бо мақсади ғаразнок, бе пул хусусӣ гардонидани манзили истиқоматии мазкур ва аз они худ намудани ин манзили истиқоматӣ бо маслиҳати пешакӣ бо хешу табори наздики худ Авезова Зайнура рафта, аз муовини раиси кумитаи маҳаллаи Ҷомӣ-1 Ибодова А. ва 20.06.2008 сол аз котиби ҷамоати шаҳраки Ёвон Ҳоҷиев М. маълумотномаи қалбакӣ оиди аҳли оилаи соҳибхона Медведева И. таҳти №1986-ро бо қайди 5 нафар хешовандони наздики Ҷабборов Л. ва Авезова З., ки онҳо дар қайди ҷамоати деҳоти Оби Мукӣ, деҳаи Даштобод буда, дар он ҷамоат истиқомат мекунанд, гирифта оварда ба Иззатов М. месупорад.

Баъдан Иззатов М. ин маълумотномаи қалбакии мазкурро асос намуда, бо назардошти зиёд нишон дода шудани аъзоёни оила ва манзили истиқоматии бепул додашаванда варақаҳои якуми аслии протоколи натиҷаи комиссияи хусусигардонии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Ёвон №1 аз 15.01.2008 сол ва қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти № 48 аз 16.01.2008 сол оиди тасдиқи натиҷаҳои ин протоколи комиссияро оиди хусусигардонии пулакии ин манзили истиқоматӣ нобуд сохта, онҳоро бо варақаҳои қалбакии оиди хусусигардонии бепули ин манзили истиқоматӣ иваз менамояд ва баъдан ҳуҷҷатҳои хусусигардонии ин манзили истиқоматиро ба шаҳрванд Ҷабборов Л. бармегардонад.

Танҳо баъди гузаронидани ин амалиётҳо 25.06.2008 сол Медведова И. ҳуҷҷатҳои хусусигардонии манзили истиқоматиашро гирифта дар идораи нотариалии ноҳияи Ёвон ба қайд мегирад.

Мувофиқи маълумотномаи бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳияи Ёвон дар натиҷаи хусусигардонии ғайриқонунии ин манзили истиқоматии мазкур ва кирдорҳои шаҳрвандон Иззатов М., Ҳоҷиев М., Имомова А., Ҷабборов Л. ва Авезова З. ба буҷаи маҳаллии ноҳияи Ёвон ба маблағи 26 272 сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст”.

Бинобар ин, қарор карда шудааст, ки нисбат ба Иззатов М.- мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тибқи талаботи моддаи 314 ва 323 КҶ ҶТ,  Ҳоҷиев Маҳмуд котиби ҷамоати шаҳраки Ёвон бо моддаи 323, шаҳрвандон Имомова А., Ҷабборов Латиф ва Авезова Зайнура бо моддаи 247 қисми 3, банди “а” ва 340 қисми 2 банди “б” КҶ ҶТ кори ҷиноятӣ оғоз карда шавад.

Қарорро хонда, бо нусхаи маводҳои дар даст доштаамон муқоиса намуда, ҳайрон мондем. Аниқтараш ангушти ҳайрат газидем, ки  ҳуқуқшиноси ин қарорро қабулнамуда маводҳоро варақ зада бошаду  илми мантиқ хонда бошад? Аз қарор чунин мазмун бардошта мешавад, ки М. Иззатов — мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бе аризаи дахлдори шаҳрванд И. Медведова манзили истиқоматиашро бо дарназардошти як нафар будани аъзои оила (худи Медведова И.) ба маблағи 26272 сомонӣ хусусӣ гардонида, ҳуҷҷатҳои дахлдорро тайёр намуда, бо қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 16.01.2008 сол  тасдиқ кардааст. Яъне, гӯё хона ба ин аризиш як маротиба хусусӣ гардонда шудаасту баъд дар асоси маълумотномаи ба таъбири нафари қарорро қабулнамуда “бо маслиҳати пешакии Ҳоҷиев М., Имомова А., Ҷабборов Л., Авезова З ” ва пешниҳоди “маълумотномаи қалбакӣ” аз 20-уми июни соли 2008 ин манзил ройгон дода шудаасту давлат зарар дидааст.

Намедонистем додамонро ба кӣ гӯем, ки “мӯҳтарам прокурор, кай ин манзил бо ин нарх хусусӣ карда шудааст? Ку он нусхаи қарори раиси ноҳия, ки аз ин чиз шаҳодат диҳад?”. Дарвоқеъ, ин манзил бо қарори раиси ноҳия хусусӣ карда нашудааст. Нусхаи қарори қалбакиро асос намуда, парванда оғоз карда буданд. Дар ин бора дар поёнтар ҳарф мезанем.

Бо Зайнура вохӯрдему хабари «хуш» расондам, ки парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанду тибқи талаботи қонун мо ҳуқуқи ба тафтишот дахолат карданро надорем.

Сохтакорӣ

Пас аз муроҷиати Зайнура нахуст мо аз манзили баҳсӣ дидан кардем. Ба ростӣ, ҳамон рӯз ба гуфтаи муроҷиаткунанда бовар накарда будем, ки кормандони прокуратура дарро мӯҳр задаанд. Меандешидем, ки прокуратура як мақомоти салоҳиятдор аст ва риояи дақиқу якхелаи қонунро дар тамоми самтҳо назорат мебарад. Дар ин хона ягон ҷиноят содир нашуда бошад, ягон касро накушта бошанд, чаро прокуратура дари хонаро мӯҳр занад? Барои соҳибӣ кардан, агар хона давлатӣ бошад, ҳукумат ҳасту дигар корхонаҳои зертобеаш, агар аз шаҳрванд бошаду ягон меросхӯр набошад, онро мақомоти суд ҳал мекунад. Вале бо чашми худ дидему бовар кардем, ки дар се гӯшаи дар имзои кадом корманди прокуратураи ноҳияи Ёвону мӯҳри ин мақомот меистод. Ба мо гуфта буданд, ки санаи 14-уми январи соли 2009 нафарони дар хона зиндагӣ доштаро ба сардии ҳаво нигоҳ накарда, аз хона берун кардаанд. Ба идораи коммуналию истеҳсолӣ ва истифодаи манзил раҳсипор гардидем. Чунки дар прокуратура гуфтанд, ки дар асоси мактуби ин ташкилот онҳо ба ин манзил омадаанд. Ана он мактуб: “Ба прокурори ноҳияи Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи 1 мӯҳтарам Юлдошев Т. Ю.

Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзили шаҳри Ёвон, ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар таърихи 11.01.2009 сол, истиқоматкунандаи шаҳраки Ёвон, кӯчаи А. Ҷомӣ, хонаи № 51, ҳуҷраи 9 шаҳрванди ноҳия Медведова И., ки яккаву танҳо буда, ягон хешу табори наздики худро надошт ва дар ин ҳуҷра зиндагонӣ мекард, вафот кардааст.

Аз ин рӯ, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки бо мақсади ҳимояи молу амвол ва манзили истиқоматии марҳум Медведова И. воқеъ дар суроғаи дар боло овардашуда, яъне шаҳраки Ёвон, кӯчаи А. Ҷомӣ, хонаи №51, ҳуҷраи 9 чораҷӯӣ намоед.

Сардори раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳри Ёвон Н. Холиқов”.

Мактуб дар таърихи 12-уми январи соли 2009 таҳти рақами 14 ба қайд гирифта шудааст. Чун ин мактубро хондем, тааҷҷубамон афзуд. Раёсати коммуналӣ аз куҷо медонад, ки ин манзилгоҳ дар мувозинаи (баланси) Раёсати коммуналӣ, истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳр қарор дорад? Охир, тибқи қарори раиси ноҳия аз 16-уми январи соли 2008 ин манзилгоҳ ба таври ройгон ба И. Медведова дода шуда бошад ва Медведова дар асоси ин қарор дар идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ёвон ҳамчун соҳибмулк шаҳодатнома гирифта бошад, боз чаро Раёсати коммуналӣ ба ин манзил дахолат мекунад? Ё ин ки Раёсати коммуналӣ чаро ба Ҳукумати ноҳия муроҷиат накард, чаро худаш бо ташаббуси худ рафта, агар ин хона дар мувозинаташон мебуд, дари онро маҳкам накарду ба прокуратура муроҷиат намуд? Раёсати коммуналӣ аз куҷо медонад, ки ин манзил аз давлат аст?!

Аз сардори Раёсати коммуналӣ Н. Холиқов китоби қайди мактубҳои содиротиро гирифтему гумонамон ба ҳақиқат мубаддал гардид. Дар китоб аз оғози соли 2009 то 27-уми январи соли 2009 27 мактуб қайд карда шуда буд. Мактуби дар боло овардашуда, яъне ба прокурори ноҳия фиристондашуда баъд аз мактуби таҳти рақами 13 аз 19-уми январи соли 2009 дода шуда ва пеш аз мактуби дар санаи 20-уми январи соли 2009 қайд гардида, таҳти рақами 14 сабт шуда, санаи фиристодани мактуб 12-уми январи соли 2009 қайд гардидааст. Маълум мегардад, ки мактуби Раёсати коммуналӣ санаи 19 ё 20-уми январи соли 2009 омодаю ба прокуратура фиристода шудааст. Пас, дар кадом асос кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон санаи 14-уми январи соли 2009 дари хонаро маҳкам карданду дар хона зиндагӣ доштагонро берун карданд? Магар ин амали кормандони прокуратура сӯиистифода аз мансабу баромадан аз ваколатҳои мансабӣ ба ҳисоб намеравад? Гуфтем, ки Раёсати коммуналӣ ба прокуратура муроҷиат кард. Пас чаро ҳангоми маҳкам кардани дари ҳуҷраи баҳсӣ намояндаи ин ташкилотро даъват накарданд ё баробари мактуб фиристодан худашон иштирок накарданд? Дар санади аз 14-уми январи соли 2009 тартибдода, ки дар саҳифаи 9-и парванда, ҷилди 1 меистад, бо имзои муовини покурори ноҳияи Ёвон Х. Давлатов, нозири минтақавии ШКД-и ноҳияи Ёвон А. Исматов ва муфаттиши калони прокуратураи ноҳия Ғ. Одинаев дари хона “бо мақсади таъмини ҳимояи молу амвол ва манзили истиқоматии марҳум Медведова” мӯҳр зада шудааст. Ақаллан ягон ҳамсояро ба сифати шахси холис даъват накардаанд.

Ҳангоми омӯзиши масъала иброз намуда буданд, ки нафаре аз кормандони прокуратураи ноҳия хонаи зист надоштаасту кайҳо боз ба ин манзил «чашм ало доштааст». Хусусан, пас аз дар асоси қарори раиси ноҳия ба Медведова парастор таъин намудани Зайнура ин хонаро зери чашм карда будааст… Масъалаи эълон намудани айб нисбати нафаре нишондоди қонунро ба инобат нагирифтан, дигар кардани қарори раиси ноҳия аз чунин манфиатдорӣ дарак медиҳад.

Маълумотнома қалбакӣ ё хулосаи айбдоркунӣ рӯякӣ?

Дар боло аз қарори қабулнамудаи прокурори ноҳияи Ёвон ёдовар шуда будем, ки вобаста ба ин манзил чанд нафарро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданӣ буданд. Вале муовини прокурори ноҳияи Ёвон, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Х. Х. Давлатов танҳо нисбат ба Л. Ҷабборов ва З. А. Авезова тибқи талаботи моддаҳои 247, қисми 3 ва ва 36-340 қисми 2 банди “б” бо тасдиқи фикри айбдорӣ парвандаро барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол менамояд. Дар фикри айбдорӣ аз ҷумла таъкид мешавад: Ҷабборов Латиф соли 2008 бо маслиҳати пешакӣ бо ҷиянаш Авезова Зайнура Авазбадаловна ва Медведева Ирма ҳуҷраи истиқоматии охиринро таҳти №9 воқеъ дар хонаи № 51, дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ, ноҳияи Ёвон, ки дар тавозуни Раёсати коммуналии ноҳияи зикршуда мебошад ва Медведева И. дар он танҳо ба қайд гирифта шуда, истиқомат мекунад, мақсад гузоштаанд бо роҳи фиреб, яъне тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бепул ҳуҷраи мазкурро аз ҳисоби давлат ба номи Медведева И. гузаронида, минбаъд ин ҳуҷраро ба номи Авезова З. А. кунанд. Пас Ҷабборов Л., ҷиянаш Авезова З.А.-ро бо қарори раиси ноҳияи Ёвон таҳти № 460 аз 12.08.2008 сол парастори Медведева И. таъин кардааст. Баъд аз он барои амалӣ гардондани мақсади худ ӯ ба воситаи Авезова З. А. аз раиси маҳаллаи “Ҷомӣ-1” ноҳияи Ёвон Имомова Адолат Шамсуддиновна маълумотномаи қалбакӣ гирифтааст, ки гӯё шавҳари Авезова З. — Раҷабалиев Бахтиёр, фарзанди Авезова З. — хурдсол Фирӯзҷони Бахтиёр ва хоҳарони Авезова З. — Авезова Рухшона, Авезова Мафтуна дар ҳуҷраи Медведева И. истиқомат мекунанд. Ҷабборов Л. ин маълумотномаи қалбакии зикршударо гирифта дар таърихи 20.06.2008 сол ба котиби ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон Ҳоҷиев Маҳмуд пешниҳод кардааст. Ҳоҷиев М. дар асоси маълумотномаи қалбакии зикршуда маълумотномаи қалбакии дигарро таҳти №1986 аз 20.06.2008 сол дар бораи аҳли оилаи Медведева И. тартиб дода, дар он Авезова З.-ро ҳамчун келинаш, Раҳматуллоев Б. Т.-ро ҳамчун модараш, Фирӯзҷони Бахтиёрро — наберааш, Авезова Мафтунаро — хешаш ва Авезова Рухшонаро — наберааш қайд кардааст. Дар асл Медведева И. дар худи ноҳияи Ёвон ягон хешу табори дуру наздик надорад. Ҷабборов Л. маълумотномаи қалбакии зикршударо аз Ҳоҷиев М. гирифта дар таърихи 20.06.2008 сол ба мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон Иззатов Маҳмадшариф Шамсович супоридааст. Мудири бахши зикршуда Иззатов М. Ш. дар асоси маълумотномаи мазкур бар хилофи талаботи моддаи №12-и зикршударо, ки хусусигардонии он мувофиқи санади санҷиши муҳосиби молиявӣ 26272 сомониро ташкил мекунад бепул ба номи Медведева И. хусусӣ гардонидааст. Дар натиҷа Ҷабборов Л. бо кирдори қасдонаи худ ба давлат 26272 сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст”.

Ҷумъаи ТОЛИБ,

БМСТЖ

(Давом дорад)

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: