Главная > Uncategorized > «Добавка» ё фиреб?

«Добавка» ё фиреб?

Дар қарори №474-и раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оварда шудааст, ки бо мақсади нигоҳ доштани нархи маҳсулот ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бозорҳои пойтахт новобаста аз шакли  моликияташон дар моҳи шарифи Рамазон, аз 11-уми август то 10-уми сентябр нархи як килограмм гӯшти гов то 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 19 сомонӣ ва нархи як халта орди навъи якум то 90 сомонӣ нигоҳ дошта шавад. Вале тӯли ин чанд рӯзе, ки мардуми Тоҷикистон Рамазонро аз сар мегузаронанд, овозаҳо, ҳангомаҳо, вокунишҳо нисбати нарху навои бозорҳо зиёд шуд, ки кам не.Гӯшти зарди ғуноҷин дар бозори «Деҳқон»

Тараддуди раисони бозорҳои пойтахтро кас дида, хурсанд мешавад, ки онҳо дар пайи таъмини талаботи қарори раиси шаҳранд. Аммо чун вориди бозорҳо мегардӣ, бо чашми сар мебинӣ ва мушоҳида мекунӣ, ки дар ҳар нуқта норасоие ҷой дорад. Харидорон бо изтироб гаҳе шикоят аз боло рафтани нарх мекунанд, гаҳе аз сифати пасти маҳсулот ва гаҳи дигар аз бемасъулиятии маъмурияти бозорҳову беинсофии савдогарон.

Дар чанд бозоре, ки ҳузур доштему аз вазъи хизматрасонӣ дидан кардем, камбудиҳо ҷой дошт.

Дар бозори «Деҳқон» дидем, ки нархи 1 килограмм гӯшт 18 сомонӣ навишта шуда буд. Вале гӯшти зардшуда, ки аз лаҳмаш дида устухонаш зиёд буд. Ҳамзамон, мушоҳида намудем, ки ҳангоми харидории як килограмм гӯшти серустухон фурӯшанда «добавка» гуфта, ба халтаи харидор порае шуш мепартофт.

Бо ҷонишини раиси бозори «Деҳқон» Ҳақдод Cафаров ҳамсӯҳбат шуда, дар бораи иҷроиши қарори раиси шаҳр пурсидем. Мавсуф иброз дошт: «Мувофиқи ин қарор, бояд нархи 1 килограмм гӯшт 18 сомонӣ муқаррар карда шавад. Ин нархгузорӣ дар бозори мо ҷорист. Тухм бояд 55 дирам фурӯхта шавад, аммо дар бозори мо 45 дирам ба савдо гузошта шудааст». Изҳор доштем, ки чаро гӯшти дар ин бозор ба фурӯш гузошташударо рангаш зард аст? Гуфт: «Гӯшт чанд намуд мешавад; гӯшти модагов, ғуноҷин ва гӯшти буққа. Гӯшти ғуноҷин зард аст. Мо аз хоҷагии деҳқонии «Файзбахш» ба ҳисоби миёна 1 то 2 тонна гӯшт қабул мекунем». Инчунин, аз Ҳақдод Сафаров мепурсем, ки аз аввали рӯза то имрӯз аз тарафи харидорон ба роҳбарияти бозори мазкур шикояте расидааст ё не? «То ҳол ягон арз шудагӣ нест»,- мегӯяд ӯ. Вале, «он чӣ ки аён аст ҳоҷат ба баён нест».

Дар қарори раиси шаҳр ду чизи муҳим таъкид шудааст, ки поин фаровардани нархи орду гӯшт аст. Тибқи ин қарор, нархи орд набояд аз 90 сомонӣ боло равад. Вале дар бозори «Деҳқон» орди навъи якум фурӯхта мешаваду фурӯшандаҳо мегӯянд: «Аз ин орд танҳо дар «духовка» нон пухта мешавад».

Равған болои гӯшт

Бозори «Саховат», ки яке аз бузургтарин бозорҳои кишвар дар пеш буду ҳоло ҳам мавқеи худро гум накардааст, нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ҳам дорад. Барои бохабар шудан аз нархҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ба ин бозор ворид шудем. Онҷо гӯшти гов 18 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд — 19 сомонӣ, пиёз — аз 80 дирам то 1 сомонӣ, картошка — аз 1 сомонӣ то 1 сомонию 20 дирам, нон — аз 80 дирам то 2 сомонӣ, тухми Файзобод — 60 дирам, тухми «Порсиён» — 50 дирам, сабзӣ — аз 2 сомонӣ то 2,5 сомонӣ, орди шамалған (навъи якум) — 118 сомонӣ, орди истеҳсоли ватании навъи якум — 90 сомонӣ, навъи дуввуми орди шамалған — 90 сомонӣ, 1 литри равғани пахта — 5,5 сомонӣ,   1 литр равғани офтобгардон (офтобпараст) — 7 сомонӣ, биринҷ — аз 6 то 8 сомонӣ буд.

Дар ин бозор низ ба мисли бозори «Деҳқон» ба 1 килограмм гӯшти фурӯхташуда 200-330 грамм шушу устухон «добавка» мекарданд. Кас ҳайрон мемонд аз амалу рафтори фурӯшандаҳо ва ба фикр фурӯ мерафт, ки чун қуввату инсоф надоранд чаро бо усули «добавка» мардумфиребӣ мекунанд? Дар робита ба ин масъала ба раиси бозори «Саховат» Бобоҷон Абдуллоев муроҷиат кардем. Посухашон чунин буд: «Нисбати ин нукта мо масъалагузорӣ кардем. Савдогарони гӯшт мегӯянд, «мо бар зарар кор карда истодаем». Аммо раиси шаҳр дар сӯҳбат гуфта буд, ки бар зарар ҳам кор кунем, як моҳ аст, бояд мардумро таъмин кунем. Мо ба савдогарон пешниҳод кардем, ки танҳо бо хоҳиши харидор ба гӯшт равған илова кунанд. Ба чанд дӯкондоре, ки нахостанд зарар бинанд, гуфтем, ки агар нахоҳед, савдо накунед ва мо дӯконҳоро мебандем. Мо бо хоҷагии деҳқонии «Баракат»-и ноҳияи Ҳисор шартнома дорем. Ин хоҷагӣ ҳар саҳар аз 400 то 500 килограмм гӯшт ворид мекунад».

Дар робита ба он, ки дар бозори «Саховат» барои савдогарон ягон имтиёз пешбинӣ шудааст ё не, Бобоҷон Абдуллоев гуфт: «Деҳқонҳое, ки молашонро дар ин бозор ба савдо мегузоранд, аз тамоми пардохтҳо озоданд».

Пеш аз сӯҳбат бо Б. Абдуллоев ярмаркаи бозори «Саховат»-ро зери мушоҳида гирифтаву дида будем, ки нархи тарбузу харбузааш аз дигар нуқтаҳои муқаррарии савдо фарқе надорад. Дар ин маврид мавсуф гуфт: «Дар ярмаркаи мо деҳқон кам аст. Вақте дар сафари хизматӣ будем, дидем, ки дар ҳақиқат худи деҳқонҳо нархи тарбузу харбузаашонро боло бурдаанд. Мо ба савдогарон фаҳмонидем, ки тарбузу харбуза тибқи қарори раиси шаҳр набояд аз 9 сомонӣ боло бошад. Хайр, гуфтем, чандтояшро пеш кардем. Ҳаракат карда истодаем, ки нархҳо боло нараванд».

Танбеҳ

Аммо пеш кардани савдогар аз бозор ҳанӯз анҷоми кор нест. Бояд роҳи муфидтареро ҷӯст, то худи фурӯшанда ба риояи талаботи қарори раиси шаҳр майл кунад. Зеро дар ҳоли аз кор рафтан худи як савдогар танишҳои дигареро ба бор оварданаш мумкин аст. Ва ин норозигӣ на танҳо бар зарари дигар савдогарон, балки ба паст рафтани нуфузи раиси дилхоҳ бозор низ бурда мерасонад. Чун кор ба ин ҷо кашид, раиси бозорро ҳам ба он гунаҳкор мекунанд, ки натавонистааст низомро ҷорӣ намояд. Шояд аз ҳамин нигоҳ бошад, ки раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 23-юми август бо роҳбарони бозорҳо ва сохторҳои марбута доирнамудааш барои роҳ додан дар фурӯши орд ба нархҳои ғайримуқаррарии дар моҳи Рамазон пешбинигардида, ба муовинаш Санавбар Раҳимова, ки масъули назорат дар бозори «Саховат» аст ва директори он Бобоҷон Абдуллоев танбеҳ эълон карда, ҳамзамон директори бозори Қарияи Боло В. Давлатовро аз вазифа сабукдӯш намуд.

Аҳлиддини САЛИМПУР,

Муҳаммадамин ИМОМӣ,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: