Главная > Uncategorized > Бо роҳи қаллобӣ хонаамро гирифтаниянд

Бо роҳи қаллобӣ хонаамро гирифтаниянд

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Одамро шири хомхӯрда мегӯянд, ки рост аст. Аз куҷо медонистам, ки ба доми нафарони маккор афтида, ин қадар сарсону саргардон мешавам. Асоси саргардонии ман зудбовариям мебошад. Ёров Маҳмадшоҳ Қаландарович ном шахс ба бовариям даромада, шахси ношинос Маҳмадуллоев Саидро ба хонаам овард. Аз ман илтимос намуд, ки барои ривоҷи тиҷораташ хонаро ба гарав мемонад. Бо ҳамин баҳона ба ман якҷоя бо баҳонаи аввал гарав мондан ва баъдтар харидуфурӯш 20000 ИМА-ро дода, забонхат навишт, ки боқимонда 30000 долларашро пас аз чанд рӯз медиҳад. Оид ба ин ҳолат забонхати Маҳмадуллоев С. мавҷуд мебошад,  ки номбурда навишта дод.Пас аз он маро ба идораи нотариалӣ даъват намуда, фиреб доданд, ки барои аз бонк қарз гирифтан ҳатман шартномаи хариду фурӯшро имзо гузоштан лозим аст. Ман бовар кардам. Дар мӯҳлати кӯтоҳ манзили истиқоматии ман се маротиба харидуфурӯш карда мешавад. Вобаста ба ҳамин масъала нисбат ба айбдории Ёров Маҳмадшоҳ Қаландарович бо  моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд. Номбурда мувофиқи ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 11.08.2009 сол айбдор ҳисобида, ба мӯҳлати 8 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум шуд. Аз мазмун ва моҳияти ҳукм маълум мегардад, ки маҳз се маротиба хариду фурӯш гардидани хонаи баҳсӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи А. Навоӣ 9, ҳуҷраи 63, ки ба ман ва аҳли оилаам тааллуқ дорад, дар рафти фаъолияти ҷиноятии Ёров Маҳмадшоҳ Қаландарович баргузор гардидаанд. Тамоми ҳолатҳои содиршавии ҷиноят аз ҷониби Ёров М. К. бо ҳам алоқаманд ва мавриди муҳокимаи судӣ қарор доштаанд. Лаҳзаҳои содиршавии амалҳои ҷиноиро худи маҳкумшуда Ёров М., ҷабрдидагон ва шоҳидон тасдиқ намуданд. Яке аз амалҳои қаллобии Ёров М. К. вобаста бо роҳи қаллобии ба гарав ва харидуфурӯш намудани хонаи ман мебошад. Барои аз ӯ талаб карда гирифтани маблағҳои ишорашуда аз ҷониби Мунавварова Фотима ин хонаи баҳсиро бо супориши ӯ Маҳмадуллоев С. ба Воҳидова Муҳаббат мефурӯшад. Воҳидова Муҳаббат бошад, хонаро ба Билолов Ф. мефурӯшад. Суди марҳилаи якум яктарафа фақат ба ҳолатҳое, ки гӯё шартномаи хариду фурӯши байни Воҳидов А. ва Билолов Ф. тасдиқ мекарда бошад, такя намуда, ҳалнома қабул намудаaст. Вале судя ҳолатҳои мардумфиребии Ёров М. К. ва Маҳмадуллоев С.-ро низ вобаста ба ду маротиба фурӯши хонаи баҳсӣ бояд ба назар мегирифт. Лекин судя аз чӣ бошад маҳз Билолов Ф.-ро ҷонибдорӣ намуда, талабҳои ӯро қонунӣ эътироф намудааст. Ҳайрон мондаам, ки чаро қаллобии нафаре вобаста ба манзили истиқоматии ман собит шуду ӯ подоши амали худро гирифт. Вале нафарони бо роҳи фиреб хонаи маро соҳибшуда ҳар рӯз, намедонам бо кадом роҳу восита ба ман нусхаи иҷроварақро меоранд, ки хонаро холӣ кунам. Охир ман на хона фурӯхтааму на то ҳол маблағи 30000 доллари ИМА-ро аз касе гирифтаам. Пас, ба доди ман кӣ мерасад!?

Фотима Мунавварова, сокини шаҳри Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: