Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш. Аввалаш

Баъди рафтани Оксанаву Пётр Пётрович зиндагии Азиз дар хонаи Артур боз ба дараҷае душвор шуда буд. Модари Диана аз Азиз чашм намеканд. Инчунин, назорати Азизро аз Диана ва Артур тақозо мекард. Ба хотири онҳо меовард, ки чи хел ҳангоми ороиши қисми дохилии бино сохтмончиёни молдованӣ хонаи онҳоро ғорат карда, гурехта буданд. Ҳарчанд ин воқеа чаҳор — панҷ сол пештар рух дода бошад ҳам, дар хотири Диана нақш баста буд. Сохтмончиёни молдованӣ асосан олотҳои барқии сохтмонии гаронбаҳо, ба монанди паркетка, мабзил, арраҳои барқӣ, дастгоҳҳои кафшеркунии нимавтоматӣ, дастгоҳи оҳанбурии қиматаш 10000 рублро бурда буданд.Тақозои гаштаю баргаштаи модар дар бораи Азиз ва ин дуздии молдованиҳо кори худро карда буд. ӯ низ акнун ба Азиз бо назари шӯбҳа менигарист. Фақат Артур каме бепарво буд. Дар охир кор ба дараҷае расид, ки модару духтар бо маслиҳат ба санҷидани Азиз шурӯъ карданд. Ҳангоми рӯбучини ҳавлӣ ва гирду атрофи он Азиз гоҳ ангуштарини тиллоӣ меёфту гоҳ телефони қиматбаҳои мобилӣ. Ҳатто боре дар ҳолати баркандани алафҳои бегона аз марғзори ҳавлӣ дарзаҳои миёнбастаи доллари амрикоиро вохӯрд.

Азиз бозёфтҳояшро бурда ба соҳибони хона месупорид ё дар набудани онҳо аз дари даромадгоҳ ба дарун ҳавола мекарду аз қафои кору бори худ мешуд. Чунин санҷишҳо ҳафтаю моҳҳо давом мекард. Хусусан ҳар гоҳе ки Оксана бо хоҳар ва хоҳарзодааш алоқаи телефонӣ мекард, боз роҳҳои нав ба нав ва гуногун авҷ мегирифтанд.

Дар охир ин ҳама тафтишу санҷишҳо ба дили Диана зада буд. ӯ дигар ба суханони холааш бовар намекард. Фақат модараш ҳоло ҳам зери таъсири суханони ҳангомаомези хоҳари угаяш гоҳ-гоҳе Азизро имтиҳон мекард ва бо назари нобоворона ба ӯ менигарист.
Аз байн қариб се моҳ гузашт. Ҳама санҷишҳо, ҳама нобовариҳо паси сар шуданд. Акнун моҳи дуввум буд, ки хӯҷаини Артур ба Тоҷикистон аз номи Азиз ба модари ӯ панҷсад доллар ба воситаи банк мефиристад. Хӯҷаинзан ба Азиз телефони фарсудаи мобилие тӯҳфа карда буд ва ҳар ҳафта Азиз аввал ба модари касалманд ва баъд ба хонаи хусураш занг зада, аз аҳволи зану фарзандонаш огаҳӣ меёфт… Вале…

Ин пагоҳӣ Азиз барвақт аз хоб хест. Як шабонарӯзи охир беист барф меборид. Ҳаво хеле сард шуда буд. Азиз курткаи нимдошти хӯҷаин додаро ба бар кард. Каллапӯши кӯҳнаву ғиҷимшударо ба сар кашида, бели фонерини барфтозакуниро ба даст гирифту аз хона баромад.

Аз дари хобгоҳи худ то дарвоза ва гирду атрофи он, аз онҷо то дари қасри хӯҷаин ва гирду атрофи гаражи мошинҳову таҳхонаро дар муддати якуним — ду соат тоза намуда, ба охир расонд. Баъд барфтозакунаки худро ба гӯшае ниҳод ва ба хоначаи худ даромад. Ба соати телефон нигарист. Соат нӯҳу сивупанҷ дақиқаро нишон медод. «Вақти аз хоб хестани хӯҷаину хӯҷаинзан шудааст»,- аз дил гузаронд ӯ. Дар чойники барқӣ чой монд. Баъд пулти телевизионро гирифта, онро ба кор даровард. Дар ҳамин ҳол, овози хӯҷаинзан аз телефон баромад:

— Азиз, ты стал? Нагревай джипа и приготовь выезду.

— Сделаю,- дарҳол ҷавоб дод Азиз ва кӯлоҳашро ба сар кашида, сӯйи таҳхона раҳсипор шуд. Таҳхона гармакак, равшан, тозаю озода буд. Деворҳои он бо мармар оро дода шуда буд. Азиз аввал мӯзаҳояшро ба замин зада тоза намуд, сонӣ либосҳояшро афшонда, дарро кушод. Чун ҳарвақта калид дар ҷояш набуд. Азиз капоти онро бардошта, равғани моторро дид. Баъд ба хӯҷаин дар бораи тайёр будани мошин ба сафар арз кард. Аз таҳхона баромада, ба сӯйи хоначаи худ раҳсипор шуд. Дар ҳамин асно хӯҷаину хӯҷаинзан аз дари баромад берун баромаданд. Диана Азизро хитоб карду ба сӯяш раҳсипор шуд. Масофа байни ӯ ва хӯҷаинзан даҳ — дувоздаҳ метрро ташкил мекард, вале бӯйи хушбӯиҳои франсавие, ки Диана бебаркаш ба худ зада буд, на танҳо димоғи Азизро хушу таъбашро болида гардонида буд. Ин бӯйи гуворо саҳни ҳавлиро фаро гирифта, ба димоғи Бен ҳам расида буд, ки аз хоначаи худ баромада, думашро ҷунбонида, гӯё ӯ низ аз ин хушбӯиҳои фаронсавӣ баҳра мебурд.

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: