Главная > Uncategorized > Иззат АМОН: «Сафорати Тоҷикистон наметавонад расидагӣ кунад…»

Иззат АМОН: «Сафорати Тоҷикистон наметавонад расидагӣ кунад…»

Бо вуҷуди миллионҳо навбат нақз шудани ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвари Русия ва муроҷиати бепоёни ин муҳоҷирини корӣ ба мақомоти расмии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар Русия мушкил роҳи ҳалли худро пайдо накард ва раванди зиндагӣ сари кор омадани созмонҳои ҷамъиятии тоҷикиро тақозо намуд. Яъне, акнун умеди муҳоҷирин танҳо ба нерӯи худ дар сарҷамъиву иттиҳод нигаронида шуд. Феълан созмонҳои ҷамъиятии тоҷикӣ бар 12 адад бо шӯъбаву бахшҳои худ дар манотиқи гуногуни ФР ба фаъолият шурӯъ карда, ба мушкилоти муҳоҷирини тоҷик расидагӣ мекунанд. Чанде қабл дар Маскав як созмони нави тоҷикӣ бо номи «Миллат» ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳадафи ин созмон чист, то куҷо он метавонад барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷири кории тоҷик саҳм дошта бошад? Ин ва дигар суолоте буданд, ки зимни сӯҳбат бо сарвари ин созмон, номзади улуми сиёсӣ Иззат Амон матраҳ намудам.

— Мӯҳтарам Иззат Амон, сараввал мегуфтед, ки созмони «Миллат» чӣ созмонест ва чаро «Миллат»?

— Аввалан ба мардуми шарифи Тоҷикистон салом арз мекунам. Баъдан, созмони «Миллат» як иттиҳоди ҷавонони рӯшанфикр аст, ки бо аҳдофи сирф иҷтимоӣ рӯйи кор омадааст. Солҳои мадид аст, ки нерӯи асосии созандаи Тоҷикистон — ҷавонон ба Русия ба муздурӣ, ба мардикорӣ меоянд. Шояд фикр кунем, нафароне, ки маълумот ва касб надоранд, малакаи кор дар Тоҷикистонро надоранд, ба муҳоҷират мераванд, вале ин нуқтаи назар як хатои маҳз аст. Зеро аз ду як нафар муҳоҷири кории тоҷик соҳибкасбу дорои маълумоти олист. Аз ин рӯ, як гурӯҳ ҷавонони рӯшанфикри тоҷик сари як пиёла чой, дар вақти танаффус, ба қавли русҳо «перекур», доим ҳасрат мекардему аз мушкилоти худ ҳарф мезадем. Аммо мавзӯъ доим як буд: нақзи ҳуқуқи тоҷикон аз сӯйи пулиси рус, аз сӯйи кордиҳандаи рус, миёнарав ё ба қавли дигар, даллолу мардикорҷаллобон. Ба гуфти дигар, «бечоранолӣ» мекардему халос. Бо гузашти чанд муддат косаи сабри мо лабрез шуд ва аммо дар ин миён бисёр аз бародарони тоҷикро талаф додем, бисёраш бегуноҳу богуноҳ зиндонӣ шуданд ва бархеи дигар ҷароҳатҳои зиёд бардошта, маъюб шуданд. То имрӯз умед аз намояндагони ҳукумати вақти Тоҷикистон доштем, ки ба таври ҷиддӣ оид ба нақзи ҳуқуқи хӯронандагонаш, яъне муҳоҷирин, садо баланд мекунанд. Мутаассифона, накарданд. Маҷбур шудем ба хотири ҳимояи ҳуқуқи худ, ҳимояи анъанаву суннати миллиямон як созмонеро таъсис бидиҳем. Чаро «Миллат»? Дар ҷаласаи тадорукотии созмон, ки асосан ҷавонони маърифатпарвар гирд омада буданд, оид ба номи созмон таклифҳо зиёд буданд. Ахиран сари ду ном — «Иттиҳод» ва Миллат» қарор гирифтем. Ба ман «Иттиҳод» бештар маъқул буд. Аммо бо аксари овоз «Миллат» номгузорӣ шуд. Мо ҳам қабул кардем ва шод ҳам шудем.

— Сафорати Тоҷикистон дар Маскав фаъол аст? Ба андешаи Шумо, онҳо ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирин машғул нестанд?

— Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бо он миқдор корманде, ки дорад, наметавонад ба таври бояду шояд ба мушкилоти зиёди муҳоҷирини тоҷик расидагӣ кунад. Баъдан, масоили зиёди байнидавлатӣ ҳаст, ки сафорат бештар ба он машғул мешавад. Онҳо албатта кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аммо фаромӯш набояд кард, ки муҳоҷирини кории тоҷик қариб 1,5 миллион нафаранд ва ҳар яке мушкилоти фардӣ доранд.

— Феълан дар ҳудуди Русия созмонҳои зиёди тоҷикӣ таъсис шудаву фаъолият доранд. Ҳама бонги дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷир мезананд, рӯзномаву моҳномаҳо бо теъдодҳои ҳангуфте чоп мекунанд. Ба андешаи Шумо, оё онҳо аз ӯҳдаи ин кор набаромаданд?

— Чаро? Ҳар як ташкилоте, ки шурӯъ ба фаъолият мекунад, албатта дар самти дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон, бозомӯзиву парвариши онҳо саҳми арзандае дорад. Аммо Фирдавсии бузург фармудаанд: «Пароканда лашкар наояд ба кор». То имрӯз амалкарди ҳамаи ин созмону иттиҳодияҳои тоҷикӣ ба таври пароканда, хилофи якдигар ва ҳатто зиддиятҳо ба хотири манофеи қавмӣ, гурӯҳӣ ва аз ҳама бадтараш маҳалгароӣ сурат мегирад, ки боиси таассуф аст. Мо аз ҷаласаи аввали муассисин ҳадафи аслиямонро ба ҳам овардани созмонҳои тоҷикии фаъол дар Русия қарор додем. Таҷриба нишон дод, ки бе ҳамоҳангсозии фаъолият, бе таъсиси як маркази ҳамоиш кӯшишҳои мо ба қавле «дар гӯши кар азон гуфтан»-ро мемонад. Гузашта аз ин, сари фаъолият омадани созмонҳову иттиҳодияҳо — ин нишондиҳандаи рушд аст. Онҳо бояд таъсис дода шаванд ва ҳарчи бештар.

— Хуб, бигӯед, ки то имрӯз амалан барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷири кории тоҷик чӣ корро анҷом додед?

— Бояд бигӯям, ки мақсади мо на танҳо дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷири корист. Мо барномаҳои омӯзишиву парваришии зиёд, мизҳои гирд дорем, ки барои рушди маънавию васеъ кардани ҷаҳонбинии муҳоҷири корӣ хизмат мекунанд.
Агарчанде феълан як теъдоди камеро фарогир ҳастем, чун созмони тозатаъсисем. Аммо то имрӯз аллакай як мизи гирд дар мавзӯи «Равандҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ» бо ширкати намояндагони сафоратҳои 12 давлати ҳамсояи Тоҷикистон доир намудем. Ҳатто намояндаи сафорати ӯзбекистон, ки имрӯз муносиботи дипломатияш бо ҳукумати мо каме коҳидааст, ширкат намуд. Аммо ҷойи таассуф аст, ки намояндагони сафорати Тоҷикистон шояд бар асари серкорӣ аз ширкат дар ин мубоҳисот худдорӣ намуданд. Яъне, тартиби фаъолияти мо аз рӯи барномаҳои алоҳида сурат мегирад, ки мушкилотро ба таври умум баррасӣ мекунад. Раҳо кардани як муҳоҷир аз дасти пулис, рӯёнидани ҳаққулзаҳмати каси дигар, фиристодани як тобути муҳоҷири тоҷикро мо асосан кор ҳисоб намекунем. Ин қарзи инсонисту фаъолони мо ҳамарӯза ба ин кор машғуланд. Бояд ба умқи масъала фаротар рафт, решаи онро пайдо кард ва роҳи ҳалро ҷӯст. Мо фикр мекунем, роҳи аз ҳама хубтар муколама бо ҳама ақшори ҷомеа, намояндагони ҳукумат ва созмонҳои ҷамъиятии фаъоли Русия мебошад. Дигар ин ки, бояд маданияту фарҳанги миллиямонро ба таври арзанда инъикос намоем. Тоҷикро танҳо ҳамчун роҳрӯбу мардикор нашиносанд, ки доим бо либоси чиркину риши расида мегардад.

— Сафорати Тоҷикистон як миқдор саҳмияҳои нерӯгоҳи «Роғун»-ро миёни муҳоҷирин ба фурӯш гузошт. Ба андешаи Шумо, дар ҳоле ки муҳоҷири корӣ бар ивази мехнати сангин пайсаи ночиз меёбад, ин амал зарур буд?

— Бояд арз кунам, ки қаблтар аз сафорат созмони мо, ки ҳанӯз сабти ном нашуда буду ҷаласоту машваратҳои таъсисотии худро доир мекардем, аз муҳоҷирин даъват ба амал овард, то аз ин тарҳ ба андозаи тавон дастгирӣ кунанд. Аммо ин танҳо як даъват буду бас. Хеле мардум моро дастгирӣ карданд. Аммо боз пайдо шуд як созмони тоҷикие, ки (номашро намегирам) моро барои ин иқдомамон санг зад. Ман болотар ҳам гуфта будам, ки муҳоҷири тоҷикро набояд фақат роҳрӯбу мардикору муздур дид.

Миёни мо ҳастанд нафарони зиёде, ки тиҷорат мекунанду ширкату коргоҳҳои зиёд таъсис додаанд, дар мақомоту ҳукумати Русия, пулис, бонк ва дигар соҳаҳо фаъолияти густарда доранд. Ва албатта ба ояндаи ин миллати имрӯз овораву сарсони худ бетафовут нестанд. Ҳар касе ба қадри тавон аз сафорат барои худ саҳмияҳо хариданд.

— Чаро созмонатонро созмони ҷавонон гуфтед? Магар як созмони ҷавонон дар Тоҷикистон кифоя нест?

— Қисмати аслии аъзоёни созмони моро ҷавонони рӯшанфикру маорифпарвар ташкил медиҳад. Вале мо гуфтанӣ нестем, ки калонсолон наметавонанд узви мо бошанд ва аз хидматҳои мо истифода кунанд. Мо барномаҳои худро асосан барои ҷавонон хоҳем рехт. Пеш аз ҳама, барои маърифатноккунии ҷавонони тоҷик дар Русия. Дигар ин ки, аксари кулли ҷавонон дар Русияанд.

— Аз рӯйи шунидам, доир кардани чорабиниҳои суннативу миллиро низ мақсади худ қарор додаед.

— Бале. Чанд барномаи милливу суннатӣ дорем. Яъне, мехоҳем оину русуми тоҷикиро дар ин кишвар гум накунем, онро пос дорем ва эҳтиром намонем. Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки мо алҳамдулиллоҳ мусулмон ҳастем. Имрӯз боиси хурсандии зиёд аст, ки 60 дарсади намозгузорони масоҷиди Маскавро тоҷикон ташкил медиҳанд. Имом-хатибон, муаззинон аз ҳисоби тоҷикон афзуда истодааст. Дар ин муддат тавонистем бо кӯмаки дигар дӯстону созмонҳои тоҷикӣ намояндаи маъруфи Ислом устод Ҳоҷӣ Мирзоро, ки дар Тоҷикистон хеле маҳбубият доранд, даъват намоем. Устод дар масҷиди марказии Маскав беш аз 1 соат оид ба миллатдориву ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, одамияту исломпарварӣ ҷавононро насиҳат намуданд. Акнун, ки моҳи Шарифи Рамазон аст, созмон тасмим гирифтааст озмуни қориёни Қуръон ва додани ифторро доир намояд. Ин ҳам оини милливу суннатии мост. Аз ин набояд ҳаросид. Зеро беш аз ҳазор сол аст, ки мо дар Ислом ва Ислом дар мо зиндагӣ дорем. Таҷрибаи талхи солҳои 90-уми қарни гузашта нишон дод, ки танҳо миллат будан натавонист моро сарҷамъ кунаду рушд бидиҳад. Бояд омилҳои созандаи мазҳабиро сари кор гирифт ва роҳи рушдро, ба андешаи ин ҷониб, бояд дар ин ҷо ҷӯст.

Як озмуни дигар миёни донишҷӯёни тоҷике гузаронидем, ки дар шаҳроҳи Русия таҳсил доранд ва маблағи таҳсили 15 нафар беҳтаринро барои 1 сол пардохт намудем. Соли оянда теъдоди онҳо, Худо хоҳад, афзун хоҳад гашт.

Ҳар як иқдом маблағ мехоҳад, бахусус дар кишвари бегона. Хароҷоти Шуморо кӣ мепардозад?

— Баргузор кардани чорабинӣ назар ба Тоҷикистон дар ин ҷо осонтар аст. Зеро ҳар чорабиние, ки дар Тоҷикистон доир мегардад, хоҳу нохоҳ масрафоти ғайричашмдошти барерӣ дорад. Яъне, маблағи ҷудошуда чанд сатҳро мегузарад ва дар ҳоле, ки фасод дар Тоҷикистон хеле рушд дорад ва бахусус мансабдори тоҷик аз баднафсӣ орӣ нест, дар ниҳояти кор сифати чорабинӣ ба таври коҳида ба назар мерасад. Аммо ин ҷо маблағ аз ҳисоби ҳар як узви созмон ва хайрхоҳони он аст ва 17 нафар узви комиссияи назорат онро муштаракан масраф мекунанд. Оё мешавад аз ин киса дуздида ба кисаи дигарат андозӣ? Албатта не. Аз ин рӯ, ин ҷо ҳама шаффоф аст. Дигар ин ки, ягон нафари беруна то имрӯз ба мо ягон кӯмаки молӣ накардааст ва агар бикунад, ҳеҷ боке нест, мегирем.

— Ба назар мерасад, ки иқдоматон хеле ҷиддист. Дар амалӣ гаштани он бароятон барор мехоҳем.

— Ташаккур.

Мусоҳиб

Довуди СУЛАЙМОН

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: