Главная > Uncategorized > Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш

Дар гоҳи (вақти) муносиби дигаре шайтон ба сурати хидматгор ва ошпази забардасте роҳ ба андаруни кохи Заҳҳок меёбад ва чун дар хидмати Заҳҳок бисёр хушхизматӣ мекунад ва суфраҳои рангоранг ва ғазоҳои лазиз барояш омода мекунад, рӯзе аз ӯ иҷоза меёбад, ки бар ду китфаш бӯса бизанад ва чун чунин мекунад, бедаранг (ҳамзамон) ду мор аз китфи Заҳҳок мерӯянд ва шайтон низ ба ногоҳ нопадид мешавад. Заҳҳоки тозӣ сахт дар банди шайтон гирифтор шудааст ва худ намедонад. Пизишкони фаровоне барои муолиҷаи морҳои сабзшуда аз ду китфаш меоянд, вале чорае барои ин дарди бедармонаш намеёбанд.

Саранҷом бори дигар шайтон ба сурати пизишке (табибе) бар болини Заҳҳок меравад ва нусхаи ниҳоиро (рецепт) барои зинда мондани ҲАМЗОДИ ХЕШ тавсия мекунад. Заҳҳоки тозӣ барои идомаи зиндагии палидаш ҳар рӯз бояд мағзи сари ду инсонро ба морҳои баромада аз китфаш бихӯронад. Намунаи том ва тамоми палидӣ ва нопокӣ, ин охирин таҷвиз ва тавсияи шайтонро низ мепазирад ва ҳамон кореро мекунад, ки шайтон мехоҳад.Заҳҳоки тозии мардуми одамихорро ҳеч омили дигаре ба ҷуз ситаму бедоди Ҷамшед ва коргузорони ҳукуматиаш ба қудрат нарасонд. Агар халқ аз озору ситами Ҷамшед ба сутӯҳ (ғазаб) наёмада буданд, барои раҳоӣ аз зиндагии пурдарду ранҷи худ ба Заҳҳоки тозӣ рӯй намеоварданд.

Саворони Эрон ҳама шоҳҷӯй,

Ниҳоданд яксар ба Заҳҳок рӯй.

Ба шоҳӣ бар ӯ офарин хонданд,

Варо шоҳи Эронзамин хонданд.

Кайи аждаҳофаш биомад чу бод,

Ба Эронзамин, тоҷ бар сар ниҳод.

Ҷамшед низ асири сарнавишти хеш аст. Умри дарозу ҳукумате тӯлонӣ мекунад ва саранҷом пас аз 700 соли зиндагӣ ва подшоҳӣ навбатро ба дигарон месупорад ва меравад:

Аз ӯ беш бар тахти шоҳӣ кӣ буд?

Бар он ранҷ бурдан чӣ омад-ш суд?

Гузашта бар ӯ солиён ҳафтсад,

Падид оварида ҳама неку бад. Саҳ. 12.

Давоми достонро ҳамагон медонем, ки баъди бедодгариҳои Заҳҳок намояндаи мардум Коваи оҳангар даст ба шӯриш мезанад ва мардумро барои сарнагун кардани Заҳҳок даъват мекунад. Мардум ба ин хулоса меоянд, ки ин шӯришро бо раҳнамоии шоҳи оянда – Фаридун амалӣ созанд. Худи Фаридун аз аслу насаби Ҷамшед аст. Ҳамин тавр бо сарварии Фаридун ва сарлашкараш Коваи оҳангар ба сӯи Заҳҳок ҳуҷум мекунанд ва ӯро мекушанд. Ҳукумати адлу дод аз нав барқарор мегардад.

Муҳаққиқи фозил, устод Муҳаммад Карамӣ достони Ҷамшед ва Заҳҳокро чунин хулоса мекунад: «Ин ки чаро афсонаи Заҳҳок ва Коваи оҳангар дар байни достонҳои ҳамосии мо ҷойгоҳи махсусе дорад, мавзӯи бисёр дархӯри таваҷҷӯҳ аст.

Фирдавсӣ, ки дуализм ва санавияти фалсафиро (фалсафаи ҳастӣ ва нестиро) ҳоким бар олами вуҷуд медонад, ба ангушт гузоштан бар рӯи ду шахсияти мутазод, яъне Заҳҳоки тозӣ (араб) ва Коваи порсӣ (эронӣ), ки аввалӣ символ ва рамзи бедоду ситам, зиштхӯию зишткирдорӣ аст ва дуввумӣ (Кова) намояндаи мубориза бар зидди зулм ва ситам амалан ин дуро умда ва асосӣ мекунад, то ошкоро бигӯяд, ки ҳеҷ зулму бедоде, агар ҳазор сол ҳам тӯл бикашад, пойдор нахоҳад монд ва тамоми ситамгарони ҳастӣ дар ҳар асру даврае сараҷом ба муҳокимаи додгоҳи адолат кашонда мешаванд ва ба сазои кирдор ва рафторашон мерасанд.

Ҳаким Фирдавсӣ агарчи офаранда ва эҷодкунандаи аслии достони қаҳрамонӣ нест, вале аз он ҷойе, ки бо устодӣ ва маҳорате бемонанд ба қаҳрамонони мусбат ва манфии ин достон ҷон ва рӯҳе тоза бахшида, персонажҳоро ба шаклу формаи навине нишон дода ва ҳатто маҷмӯаи достонро бо зеботар ва бисёр арзандатар аз ривоятхои аслии он ба шеър даровардааст. Ҳақ ин аст, ки ҳамосапардози (достонсарои) бузургамонро холиқ ва бавучудоварандаи ин ҳамоса ва ё ҳамосаҳои дигаре бидонем, ки дар ривоятҳои шифоҳӣ (даҳонӣ) ва осори мансури пешин дар муқоиса бо каломи шевои вай, бештар аз як достони маъмулӣ ва пешипоафтода нестанд.

Ба ҳамин далел Фирдавсӣ – ин кадхудои бечуну чарои хирад ва андешаи поки Эронзамин хуб медонад, ки аз чи роҳе метавонад зудтар ба ҳадаф бирасад. Коваи оҳангар пешаварест ҳаммонанди садҳо ва ҳазорон коргари заҳматкаши дигар. Вале ин ки чаро Фирдавсӣ аз миёни ҳамаи ҳирфаҳо, касбҳо ва шуғлҳои мавҷуд дар ҷомеа, фардеро бармегузинад, ки пешаи оҳангарӣ дорад ва ӯро символи ҳаракат ва тохту тоз ва мухолифату мубориза бар зидди зулму бедоди дастгоҳи ҳокима мекунад, аз андешае зариф ва фикри навине моя мегирад, ки ҷойи тааммул (андеша) ва нигариши бештар дорад.

Чаро ҳакими хирадманди мо як фармондеҳи низомӣ ва ё як ҳоким ва ё як амир ва ё як шоҳзодаро намегузинад ва коргаре бисёр маъмулӣ, вале бисёр сахткуш ва пуртавонро ештози ин ҳаракати инқилобӣ мекунад?

Ҳама медонем, ки пешаи оҳангарӣ, пешаи сахт, сангин, тоқатфарсо ва ранҷовар аст…

Фирдавсӣ бо огоҳии комил ва илму иттилоъ пиромуни сахтӣ, сангинӣ ва тоқатфарсоии ин пеша, хостааст то сахттарин, таслимнопазиртарин ва устувортарин фардеро, ки шахсе ҷуз як оҳангари заҳматкаш нест, ба унвони символи мубориза ва истодагӣ дар муқобили бедод ва ситами ҳокими қудратманд, бераҳм ва шайтонсифат қарор диҳад, ки дар танготанги мубориза, ҳеҷ гуна сустӣ дар кораш мушоҳида нашавад.

Азбаски танқиди ҳокимон ва қозиён ба кайфи (табъи) ҳукумат ҳам мувофиқ наяфтод, ҳукумат бо баҳонаи таскини фитна домулло Икромро ба тумони Занданӣ қозӣ таъйин намуда, аз Бухоро баровард» (саҳ.73).

Устод Садриддин Айнӣ

(1878-1954, Душанбе)

Фалсафаи таърих

Таъсиси рӯзномаи «Бухорои Шариф» ва «Тӯрон»

Тараққихоҳон ва маорифпарварони Бухоро дер боз орзуи як ҷарида (рӯзнома) дар Бухороро доштанд, лекин назаран ба аҳволи ҳукумати Бухоро вусул ба ин орзу мутаассир ва душвор буд. Зеро ҳар касе, ки аз раияи Бухоро ба ягон кори маданӣ ташаббус карданӣ шуда, ба ҳукумати Бухоро муроҷиат кунад, ҷавоби рад мешунид (саҳ. 124). Агар дар элчихонаи (сафорати) Рус муроҷиат карданӣ шавад, бинобар раияи Бухоро будан дар он ҷо ҳаққи муроҷиат надошт. Дар санаи 1330 ҳиҷрӣ (1912 мелодӣ) аз Бухоро Мирзо Муҳйиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким барои ба феъл овардани ин орзу кӯшиши балеғ карданд. Аввал соҳиби матбааи Когон, Левии яҳудиро дида, фоидаи бисёре аз нашри ҷарида ба назараш ҷилва дода, дар майдон андохтанд. Дар аъзои элчихонаи Рус он вақт Петров ва Шулка (Шулга) ном ду шахс буданд, ки ба Мирзо Муҳйиддин ошноии хусусӣ доштанд.

Комил БЕКЗОДА

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: