Главная > Uncategorized > Рости дурӯғнамо

Рости дурӯғнамо

Тоҷиддин писари ягонаи хонадон буду волидайнашро нигоҳубин мекард. Бо гардиш хӯрдани чархи гардун ӯ ҳам роҳи Русияро пеш гирифт. Дар Русия Худованд барор доду ӯ соҳиби давлату кори сердаромад гардид. Ном ба номи Тоҷиддини ваҳдатӣ буд. Ҷавонмардони тоҷики Питер аз ӯ ифтихор мекарданд. Дар ҷойе, ки одам ҳаст, ҳамеша ҳасаду бахилӣ ҷой дорад. Чи шуду ӯро бо тӯҳмат дар маҳбаси душворшароити шаҳри Санкт-Петербург маҳкам карданд. Ҳарчанд додгустари беҳтаринро киро карда, барои ҳақиқат мубориза бурд, натавонист аз тӯҳмати ноҳак пок гардад. ӯ ҳанӯз тӯйи домодӣ барпо накарда, чодари ба номаш дӯхтаи модар интизори ӯ дар ватан меистод. Маҳбасӣ шудани Тоҷиддини паҳлавон зуд дар зодгоҳаш паҳн шуд. Модару падар беист ба ҳамқишлоқиҳояшон занг зада, саломатии Тоҷиддини ягонаашонро пурсон мешуданд. Аммо ҳайҳоти насибаи одамӣ! Рӯзе ба дӯсти қадрдони Тоҷиддин занг зада, хабар расониданд, ки гӯё ӯ дар маҳбас худро ба дор овехтааст. — На, бовар намекунам, ин дурӯғ аст,- мегирист Неъмат. ӯ ҳеҷ бовар карда наметавонист, ки Тоҷиддин тарсуву ноумед бошад. Медонист, ки ӯ барои худро сафед кардан то охирин нуқта мубориза мебарад. Худкушӣ барои Тоҷиддин барин ҷавонмард бегона буд. Аммо… Вақте Неъмат бо даводавҳои зиёд ҷасадро гирифта, ба ватан бурданӣ шуд, одамоне пайдо шуданд, ки зид баромаданд. Ҷанг барои мурдаи бегуноҳ қариб як сол идома ёфт. Оқибат ҷасади Тоҷиддини ғӯрамарг ба ватан интиқол гардид. Вой бар ҳоли нафаре, ки дар мулки мардум Азроил домангираш шаваду дур аз наздикон як қатра обе нанӯшида, тарки ин дунёи фиребо бикунад.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт-Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: