Главная > Uncategorized > Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

Рӯза ва назариёти донишмандони шарқу ғарб

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта Каланл Друшо — равоншиноси маъруф мегӯяд: «Рӯза муҷиби ҳолати ҷазабаи рӯҳӣ мебошад». Саъдӣ мегӯяд:

Андарун аз таом холӣ дор, то дар ӯ нури маърифат бинӣ, Тиҳӣ аз ҳикмате ба иллати он, ки пурӣ аз таом то бинӣ.

Риёзати (ранҷ) нафс барои чист?

Риёзаткашон ва касоне ки дар пайи тараққӣ ва таъолии рӯҳӣ ҳастанд, аз тағзияи хеш аз назари кайфият ва камият мекоҳанд, то онҷо, ки як нафар муртоз дар тӯли рӯзу шаб ба як адад бодом иктифо мекунад ва ё баъзе ба ғизои наботӣ иктифо карда ва аз хӯрдани гӯшт парҳез менамоянд, то дар канори риёзат аз холӣ будани меъда ва иҷтиноб аз кулли хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо битавонад ба ҳадафи олии худ, ҳамон тарақии рӯҳ ва парвариши он аст, бирасанд. Аз суханони боло ду натиҷа оид мегардад: 1. Рӯза риёзати воҷибест, ки Худованд барои тазкияи нафс ва омодагии рӯҳ муайян фармудааст. 2. Амали рӯза ва ҳамаи риёзатҳо дар рӯҳ марбут ба мазҳаб ё ақидаи махсусе нест, балки як амали табиӣ аст, рӯи қонун сабаб ва мусабаб кор мекунад. Чунон ки баъзе аз риёзаткашон ҳастанд, ки рӯҳашон дар марҳилаи олӣ аст, вале аз ҳақиқати мазҳаб ғофиланд ва беҳтарин ва ҳақиқаттарин риёзати нафсонӣ ҳамон пайравӣ аз дастуроти динӣ аст, ки одамиро ба сӯи марҳилаҳо ва мартабаҳои ҳақиқат роҳнамоӣ мекунад.Равоншиносони асри ҳозир ҳар кадом дастуроте барои тақвияти ҳофиза (ёд, хотира) додаанд, муҳимтарини онҳо ҳамон аст, ки биноёбанда бар парвариши қувваи муолиҷаи маъонӣ дар фикр мебошад, зеро ҳофиза ба тавассути муолиҷаи маъонӣ анҷомпазир аст, мусулмононе, ки рӯза мегиранд, абадан мӯҳтоҷ ба пайравӣ аз тамринот барои тақвияти ҳофизаи хеш нестанд, зеро яке аз фоидаҳои рӯза тақвияти ҳофиза (ёд, хотира) аст.

Асароти қироати Қуръон ва рӯзаю мисвок дар тақвияти ҳофиза

Аз ҳазрати амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу расидааст, ки се чиз муҷиби зиёдшавии ҳофиза аст: мисвок кардани дандонҳо, рӯза доштан, Қуръон хондан. Албатта мусулмонон ҳар се корро анҷом медиҳанд, мӯҳтоҷи тамрини ҳофиза нестанд, дар бораи фоидаҳои зиёдшавии ҳофиза ва инки чи хадамоте дар зиндагии илмӣ ва адабӣ ва ҳатто умури рӯзмараи ашхос анҷом медиҳад, сухан гуфтан ҳукми тавзеҳи (равшан кардан, маънидод кардан) ошкоро аст ва аммо асаре, ки рӯза дар зиёдшавии ҳофиза мебахшад, таъсири физиологӣ аст, ки дар натиҷаи ғизои пок пас аз чанд соати беғизоӣ дар сулулаҳои мағз ба вуҷуд меоварад ва осори рӯҳии дигар низ дорад

Ҳикмати тиббии рӯза аз доктор Тумонёнс

Доктор Тумонёнс дар китоби худ роҷеъ ба фоидаҳои рӯзадорӣ чунин менависад: Фоидаи бузурги кам хӯрдан ва парҳез намудан аз ғизоҳо дар як муддати кӯтоҳ он аст, ки чун меъда дар тӯли ёздаҳ моҳ мураттаб пур аз ғизо буда ва дар муддати як моҳи рӯзадорӣ маводи ғизоии шиками худро дафъ кунад ва ҳамин тавр кабид (ҷигар), ки барои ҳал ва ҳазми ғизо маҷбур аст, доиман сафрои худро масраф кунад, дар муддати сӣ рӯз тарашшаҳоти сафро (талха), вайро сирф ҳал кардани боқимондаи ғизои ҷамъоваришуда хоҳад кард. Дастгоҳи ҳозима дар натиҷаи кам хӯрдани ғизо андаке фароғат ҳосил намуда ва рафъи хастагӣ менамояд. Рӯза, яъне кам хӯрдан ва кам ошомидан дар муддати муайяне аз сол аст ва ин беҳтарин роҳи муолиҷа ва ҳифзи тандурустӣ аст, ки тибби қадим ва ҷадидро (нав) аз ин ҳайс мутаваҷҷеҳи худ сохта. Махсусан амрозеро, ки ба олоти ҳозима, бахусус кулияҳ (гурда) ва кабид (ҷигар) ориз мешавад ва тавассути дору наметавон онҳоро муолиҷа намуд, рӯза ба хубӣ муолиҷа менамояд. Беҳтарин дору барои бартараф сохтани сӯи ҳозима рӯза гирифтан аст. Марази махсуси кабид (ҷигар) низ, ки муҷиби «ярақон» мегардад, беҳтарин тариқи муолиҷааш ҳамоно рӯза гирифтан аст, чи он, ки эҷоди ин бисёре вақтҳо ба воситаи хастагии кабид (ҷигар) аст, ки дар мавқеи зиёди амал ва фаъолият наметавонад сафроро (талха) аз хун бигирад.

Як таҳлили тиббӣ аз рӯза

Парҳез аз хӯрдан ва ошомидан дар айёми рӯза яке аз васоили бисёр бузурги тандурустӣ ва саломатӣ аст, зеро вақте инсон муддате аз хӯроки оддии рӯзонаи худ даст кашид ва дар тағзияи хештан тахфиф дод, биттабъ иштиҳо ва майл ба ғизо пайдо карда ва дар натиҷаи маводи шимёии хӯрок, ки мавриди эҳтиёҷи бадан ва олоти ҳазм аст, дар ниҳояти хубӣ ва ба роҳатӣ ҷазб мегардад, бадеҳӣ аст дар ин сурат саломатӣ ва тандурустӣ инсонро истиқбол хоҳад кард.

Илоҷи бемориҳо бо имсок (парҳез кардан)

Муҳаммад Халилӣ дар китоби «Ал-Қуръону ва-т-тибулҳадис» менависад: Табиб ва донишманди бузурги Юнон Фисоғурс шогирдҳои худро дар ҳангоми маргаш ба рӯза гирифтан тавсия менамуд. Ва низ ҳамин китоб менависад: Табибон ва пизишкон дар замони Буқрот беморони худро, ки ба бемории сахт дучор мешуданд, аз ғизо хӯрдан манъ месохтанд. Ҳорис бинни Колдаҳ, пизишки маъруфи замони ҳазрати Расул салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам мегӯяд: Ягона дорӯ, ки бештари амрозро аз байн хоҳад бурд, гуруснагӣ мебошад. Доктор Адворд мегӯяд: Ҳеҷ дарде нест, ки рӯза муолиҷи он набошад. Доктор Бухунгар мегӯяд: Дар муддати панҷоҳ сол, ки аз таъсиси «Клиники Утубухунгар» мегузарад, 50000 бемор дар ин клиник тавассути рӯза дармон шудаанд.

Алексей Суфурин: Номи бузург дар дармон бо рӯза

Китобе ба номи имсок дар ғизо (рӯзаи тиббӣ), ки як табиби рус бар асоси таҷрибиёти дақиқ ва мутолиоти фаровоне, ки натиҷаи солиёни дарозе аз умри ӯ аст, ба риштаи таҳрир дароварда, онгоҳ як кашиши олимақоми масеҳӣ онро ба арабӣ тарҷума намуд ва дар Буйинос Айрес — пойтахти кишвари Аргентина, ки аз кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ аст, ба чоп расонда аст. Асли мавзӯи китоб асари маҷмӯаосои имсок дар ғизо (рӯзаи тиббӣ) дар мубориза бо анвои беморист, ҳатто бемориҳое, ки тибби ҷадид бо он ҳама пешрафтҳо, аз мубориза бо он оҷиз монда, ё ба заҳмат битавонад дармон кунад.

Абдуҷаббори АМИНЗОДА

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: