Главная > Uncategorized > Убайдуллоев як холи дигар гирифт

Убайдуллоев як холи дигар гирифт

Вохӯрии раиси шаҳри Душанбе бо сокинони пойтахт бори дигар собит сохт, ки танҳо камбизоатон пушти дари роҳбарон солҳо боз навбат мепоянду мушкилашон ҳамоно ҳал нашуда мемонад.

То оғози ҷаласа

Рӯзи 23-юми август раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев барои сокинони пойтахт ҷаласаи дарҳои кушодро доир кард, ки дар он ҳар нафари мушкилдошта метавонист иштирок кунад. Ҳарчанд ин ҷаласа барои арзу доди мардумро шунидан буд, вале пеш аз оғози қабули шаҳрвандон бо роҳбарони тамоми идораву сохторҳои зертобеи худ ҷаласаи дигар гузаронидан як андоза шубҳанок менамуд. Зеро агар мақсад вохӯрии ошкоро ва ислоҳи камбудиву бемасъулиятии зертобеонаш бошад, шояд дар ҷаласаи «махсус» барои зертобеон доиршуда сабру таҳаммулро хоста бошад?

Аммо тибқи хабари расмӣ, ин ҷаласаи васеи назоратии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба баррасии масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр дар моҳи шарифи Рамазон унвон гардидааст.

Ва то лаҳзае, ки ҷаласаи роҳбарон идома мекард, дар беруни маҷлисгоҳ мардумро ҷамъ намуда, аз ҳар кадоме шахсони масъули дастгоҳи Ҳукумати шаҳр мепурсиданд, ки то ин дам ба куҷо чанд маротиба муроҷиат бурдаву мушкилашонро ҳал накардаанд?

Баробари вориди толор шудани арзкунандагон раиси шаҳр дарҳол «э-ҳа, мардум ин қадар бисёр будаанд-ку! Боз ман гумон кардам, ки 5-6 нафар меоянду халос. Маълум, ки додашонро шумо нашунидед ва маҷбур шуданд то назди ман оянд»,- гуфта, бо зарда ба муовинон, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар сохторҳои масъул расонид.

Албатта, ин ҷумлаҳо боис ба он гаштанд, то мардум худро озод эҳсос кунанд ва донанд, ки ин вохӯрӣ ғайрирасмӣ аст. Ҳамин тавр, беш аз 48 нафар сокинони пойтахт тавонистанд бе хушомадгӯиву мадҳиясароӣ арзу доди худро расонанд.Арзкунандагон ҳамагӣ камбизоат

Намедонам сабаб аз ноогоҳии мардум буд ё чизи дигар, ки тибқи эълони пешакӣ ин вохӯрӣ барои 400 нафар сокинони пойтахт ба нақша гирифта шуда буд, вале маълум гардид, ки ҳамон табақаи аҳолӣ назди раиси шаҳр даромаданд, ки солҳост пушти дари роҳбарон интизорӣ мекашанд. Зеро агар тамоми аҳолии дар пойтахт зиндагимекарда дарак меёфтанд, бовар доштам, ки аз 400 нафар ҳам зиёд мардуми мушкилдошта мерафтанд.

Бо вуҷуд, ин вохӯрӣ то андозае тезутунд сурат гирифт, ки агар раиси шаҳр намебуд, ҳатман ҷангу ҷанҷол миёни шаҳрвандон ва роҳбарон ба миён меомад.

Масалан, ҳангоми арзи 14 нафар аз сокинони маҳаллаи Буниҳисорак, ки аз хонаҳояшон маҳрумашон кардаанд, ҳатто як нафар аз роҳбарон аз он ки зиёд наздаш рафтаанд, гуфт, ки «безорам карданд, барои ҳамин дарамро қулф кардаму набаромадам».

Дар ин вохӯрӣ баҳси ин гурӯҳи занон ва як гурӯҳи дигари кормандони Заводи яхдонбарорӣ тақрибан як соат бо масъулин тӯл кашид ва аз он маълум гардид, ки ҳамагӣ камбизоатоне ҳастанд, ки зӯран ба гирдоби мушкил андохта шудаанду акнун сарсону саргардонанд.

Масъалаи дигаре, ки аксарияти шаҳрвандон муроҷиат карда буданд — ин дар навбати замин ва хона солҳо интизорӣ кашидани мардуми бенаво ва дар ҳамин ҳол ба зудӣ соҳиби хонаву замин шудани шахсони пулдор буд. Вақте масъулон хостанд ин далелро рад кунанд, раиси шаҳр гуфт: «Навбат нест! Чӣ даркор гапи дурӯғ гуфтан?! Заминро мефурӯшед! Хона нест. Мардумро ҳамин хел дурӯғ гуфта, боумед мекунед!».

Бояд гуфт, ки дар ин ҷаласа дар баробари масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ, инчунин роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ширкатҳои соҳибмулкони манзил ва раисони шӯроҳои хонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо иштирок намуданд, ки аз рӯи шикояти мардум ба ҳар кадоме супориш ва мӯҳлати иҷрои камбудиҳо дода шуд.

Танбеҳгирӣ ва аз вазифа сабукдӯшшавӣ

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин ҷаласаи назоратӣ таваҷҷӯҳи асосӣ ба дастрасии сокинони пойтахт ба маҳсулоти хушсифат ва арзони ғизоӣ дар моҳи Шарифи Рамазон нигаронида шуда буд, ки раиси Комиссияи марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Иззатулло Сатторӣ аз рафти корҳои ҷараёндошта дар бозорҳои шаҳри Душанбе гузориш дод.

Новобаста аз мӯҳтавои мусбати гузориш фаъолияти анҷомдодаи масъулин дар таъмини иҷрои талаботҳои Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе нокифоя арзёбӣ гардида, барои роҳ додан дар фурӯши орд бо нархҳои ғайримуқаррарии дар моҳи Рамазон пешбинигардида ба муовини Раиси шаҳр, масъули назорат дар бозори Саховат С. Раҳимова ва директори он Б. Абдуллоев танбеҳ эълон намуда, дар ҷаласа директори бозори Қарияи Боло В. Давлатов аз вазифа сабукдӯш карда шуд.

Дар ин зимн, ба директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолгии шаҳри Душанбе З. Авғонов ва сардухтури Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе Б. Қармишев бобати беназоратӣ дар роҳ ёфтани гӯшти пастсифат ба бозори истеъмолии пойтахт танбеҳ эълон гардида, ба тамоми муовинони масъули Раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои зидахл ва кулли директорони бозорҳои шаҳр дастур гардид, дар муддати ду шабонарӯз камбудиҳои мавҷударо бартараф  созанд, дар сурати акс нисбати ҳар кадоме тадбирҳои ташкилӣ андешида хоҳад шуд.

Ку интизор шавем, боз навбати директори кадом бозори пойтахт мерасад барои хунукназарӣ нисбати ин қарори раиси шаҳр ва фармони Президент!

Ҷамъбасти ҷаласаи дарҳои кушод

Дар умум, ин гуна мулоқотҳо хоҳ ба хотири имиҷ бошад, хоҳ ба хотири таъриф шунидан, вале дар муқоиса бо он раисчаҳое, ки бо вуҷуди аз ҷониби Президенти кишвар дар мавриди ҳар рӯзи шанбе қабул намудани шаҳрвандон супориш гирифтанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев як холи дигар ба фаъолияти худ зам кард. Зеро дар ин вохӯрӣ то андозае ӯ тавонист талаботи чанд нафар мӯҳтоҷеро, ки ба ӯ рӯи ниёз оварда буданд, қонеъ созад. Яъне, аз 900 то 3000 сомонӣ кӯмаки яквақта расонид.

Ҳамчунин, аз рӯи шикояти сокинони пойтахт, ки то ин дам ӯ аз камбудиҳои ҷойдошта бехабар буд, огоҳ шуда, ваъда дод, ки он мушкилоте, ки дар салоҳияти раиси шаҳр ва раиси Маҷлиси миллӣ аст, ҳатман дар чаҳорчӯбаи қонун ҳалли худро меёбанд.

Вале он мушкилоте, ки дар салоҳияти Ҳукумати шаҳр нест, ба муроҷиаткунандагон фаҳмонид, ки барои ҳалли он бояд чӣ мекарданд ва чӣ кор кардан даркор. Дар ин зимн ба роҳбарони масъул гӯшрас кард, ки «бадбахтӣ аст, ки кореро анҷом дода наметавонанд, ваъдахилофӣ накунанд. Ҳақиқатро гуфтан даркор!».

Ва дуруст ҳам мегӯяд. Зеро ҳамин гуна бемасъулиятиву дурӯғгӯии аксар роҳбарон мардумро, хусусан шахсони камсаводро солҳо пушти дарашон медавонанду ҷавоби аниқ дода наметавонанд.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: