Главная > Uncategorized > Эълом мекунам!

Эълом мекунам!

Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Раёсати БДА-и ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз сабаби он ки:

1.      Соли 2009 тендерҳо (озмунҳо) оид ба тайёр намудани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо чаҳорчӯбаи пластмасӣ ва талонҳои муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт бо дағалона вайрон кардани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтанд;

2.      Дар тӯли се моҳи охири соли равон Озмуни байналмилалӣ оид ба тайёр намудани шаҳодатномаҳои пластикии ронандагӣ бо дастрас намудани таҷҳизоти махсус ва маводи сарфшавандаи зарурӣ баргузор гардид, ки он як масхарабозиро мемонду бас. Зеро дар он ширкати ватании «Камнамо» бо бартарии калон ғолиб омаду то ҳол натиҷаҳои расмии ин озмун эълон карда нашудааст, ки хеле тааҷҷубовар аст;

3.      Муроҷиатҳои сершумори мо ба ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқу вазоратҳои дахлдор натиҷа надоданд,

ва дар натиҷаи гуфтаҳои дар боло қайдшуда ба буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи миллионҳо сомонӣ зарар оварда шуду оварда хоҳад шуд, агар кор ҳамин зайл давом дода шавад.

ҶДММ «Дурнамо» бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ дар оянда зарур мешуморад, ки эълом намояд:

— Бо истифода аз имкониятҳои васеъи моддию техникӣ ва маҳсулоти пурбаҳои зеҳнии худ ба тайёр намудани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ бо чаҳорчӯбаи пластмасӣ ва талонҳои муоинаи техникӣ барои воситаҳои нақлиёт бо сифати аъло ва нархҳои соли 2007 пешниҳоднамудааш дар 10 соли пешоянд кафолат медиҳад.

Умедворем, ки пеши роҳи қонунӣ ғорат намудани халқи ҷафодидаи Тоҷикистони азиз аз ҷониби ташкилоту вазоратҳои дахлдор гирифта хоҳад шуд.

А. АЗИЗХОҶАЕВ,

директори ҶДММ «Дурнамо»

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: