Главная > Uncategorized > Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ҳадаф хона, парванда баҳона

Давомаш. Аввалаш

Мегӯянд, ки “ҳалворо ҳоким хӯраду калтакро ятим”. Мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ М. Ш. Иззатов ҳама корро мекунаду дигарон бояд ҷавоб гӯянд. Диққати хонандаро каме ба қафо бармегардонем. Дар ин пораи аз фикри айбдорӣ иқтибосоварда зикри чанд нукта муҳим аст. Аввалаш, таъкид карда мешавад, ки гӯё Л. Ҷабборов бо қарори раиси ноҳия ҷиянаш З. Авезоваро парастор таъин намуда бошад, ки Л. Ҷабборов чунин ваколат надошту надорад. Ин қарорро раиси ноҳияи Ёвон қабул кардааст. Сониян, сухан дар бораи маълумотномаи қалбакӣ меравад, ки асоси ин парвандаи ҷиноятӣ гардидааст.

Дар ҷои дигар не, дар дохили парванда нишондодҳо ҳастанд ва онро кормандони прокуратура гирифтаанд. Шаҳрвандон шаҳодат медиҳанд, ки дар он хона ҳамроҳи кампир Зайнураю писарчааш ва ду хоҳару додараш зиндагӣ мекарданд. Инро ҷонишини раиси маҳалла А. Имомова ҳам омада, аз забони Медведова шунида, пас дар бораи дар ин хона зиндагӣ доштани онҳо маълумотнома додааст. Вале тафтишгарон як чизро аз ҳам фарқ кардан намехоҳанд: дар қайд будан (прописка) ва зиндагӣ доштан (жительство). Далели бебаҳс аст, ки дар он хона танҳо кампир дар қайд буд. Вале дигарон бе қайди дахлдор ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекарданд. Муовини раиси маҳалла ҳам маълумотномаро “дар қайд ҳастанд” гуфта, надодааст-ку! Нигоҳ кунед. Агар ҳамин маълумотнома асоси содир намудани ҷиноят бошад, пас он аз тарафи А. Имомова дода шудааст. Вале худи мақомоти тафтишот дар рафтори А. Имомова аломатҳои ҷиноят нест гӯён, қисми парвандаро қатъ намудаанд. Модоме дар ҳаракатҳои А. Имомова таркиби ҷиноят набошад, пас маълумотномаро қалбакӣ гуфтан бармаҳал аст. Ғайр аз он, агар ин маълумотнома боиси ба ҷавобгарӣ кашидани шахси маълумотдиҳанда нагардад, пас дар рафтори онҳое, ки барои гирифтани чунин маълумотнома муроҷиат карданд, таркиби ҷиноят нест. Камтар пеш равем ҳам таъкид намудан бамаврид аст, ки дар таъиноти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон ҳам ин ҳолат таъкид шудааст.

Дар нишондоди Л. Ҷабборов омадааст, ӯ хабар надорад, ки Медведова маълумотномаро аз ҷонишини раиси маҳалла Имомова А. бо кадом роҳ гирифтааст. ӯ танҳо бо хоҳиши Медведова то ҷамоати шаҳраки Ёвон рафта, дар асоси ҳамин маълумотнома аз котиби ҷамоат Ҳоҷиев М. Маълумотномаи дигар гирифта, оварда ба мудири бахши давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ М. Ш. Иззатов месупоранд. Акнун нигоҳ кунед, ки М. Иззатов чи хел ҳаракат мекунад. Дар ҳоле метавонист, пас аз гирифтани ин маълумотнома аз 20-уми июни соли 2008 аризаи шаҳрванд И. Медведоваро гирифта, тибқи талаботи қонун ба ҳукумати ноҳия пешниҳод кунаду раиси ноҳия дар асоси ҳуҷатҳои пешниҳодшуда қарори дахлдор қабул намояд. М. Ш. Иззатов далел меорад, ки қаблан гӯё дар асоси қарори раиси ноҳия аз 16-уми январи соли 2008 хонаи Медведова бо арзиши 26272 сомонӣ муқаррар карда шудаасту вай ба кампир гуфта бошад. Ин фикр дар протоколи пурсиши гумонбаршуда М. Иззатов, ки дар ҷилди 2-и парванда дар саҳифаи 43-50 меистаду пурсиш бо ду ҳусни хат навишта шудааст, баён мегардад. Таъкид кардем, бори дигар зикр мекунем, ки оид ба хусусӣ гардондани хонаи И. Медведова ягон хел қарори раиси ноҳия ба тасвиб нарасидааст. На пулакию на бепул.

Дар даст нусхаи як қарору як протокол вале дар ду шакл бударо дорем. Қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 16-уми январи соли 2008 таҳти рақами 48. Дар нахустинаш навишта шудааст: «Мувофиқи протоколи №3540 нархгузории коммиссия хонаи истиқоматии №2 хонаи №33 деҳаи Фурқат ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба Пардаев Ҳасан дода шавад”. Дар протоколи №3540 бошад, таҳти рақами тартибии 8 навишта шудааст: “Хонаи истиқомати №2 хонаи №33 деҳаи Фурқат ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба Пардаев Ҳасан мувофиқи протоколи 3541-и комиссияи нархгузории комиссия бепул дода шавад”. Дар нусхаи дигари ҳамин қарору ҳамин протокол ба ҷои ному насаби Ҳасан Пардаев ва нишонаи манзилаш, ному насаби И. Медведова ва макони зисти ӯ навишта шудааст.

Дар нишондодҳояш М. Ш. Иззатов қайд кардааст, ки гӯё пас аз гирифтани маълумотнома рафта, бе иҷозати роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Ёвонро фиреб дода, қарори қаблан қабулшударо гирифта, хонаи И. Медведоваро “бепул” кардааст. Ин ҷо суоле пеш меояд. Оё М. Ш. Иззатов ваколати қарорро дигар кардан дошт? Ин як ҳисоби оддӣ аст, монанди ду ҷамъи ду, ки барои баровардани қарору “бепул” намудани манзили истиқоматӣ М. Ш. Иззатов ягон хел ваколат надошт. ӯ танҳо метавонист маводҳои барои хусусигардонии хона пешниҳодшударо ба комиссия ирсол намояд. Вале аз ваколати мансабии худ истифода бурда, даст ба чунин амал мезанад. Модоме хонаи И. Медведова “пулакӣ” буду он маълумотнома асос барои ройгон додани хона гардид, пас дар нусхаи дигари қарор номи Ҳасан Пардаев аз куҷо пайдо шуд? Ку он нусхаи қарор, ки аввал хонаи истиқоматии №9, хонаи 51 кӯчаи ба номи  А. Ҷомӣ ба номи И. Медведова пулакӣ дода шуда буду баъди маълумотнома ройгон хусусӣ карда шуд? Дар нишондодҳояш М. Ш. Иззатов иброз доштааст, ки нусхаи қарори пулакӣ будани хонаи И. Медведоваро гӯё дарронда партофтааст. Гуфтем, ки М. Ш. Иззатов нусхаи қарорро дарронда партофт. Пас дигар маводҳои хусусигардонии манзил куҷо шуданд? Мақомоти тафтишот ба ин гуфтаҳои М. Ш. Иззатов бовар кардаанд. Вале мо ба ин гуфтаҳо эътимод надорем. Чунки дар нусхаи дигари қарор ному насабу нишонаи манзили нафари дигар меистад. Мутаассифона дар рафти тафтишоту дар баррасии парванда ба ин ҷиҳати масъала касе аҳамият намедиҳад. Муайян накардаанд, ки бепул хусусӣ кардани манзили истиқоматии Ҳ. Пардаев ягон заминаи воқеӣ дорад ё на. На аъзоёни комиссияи хусусигардонӣ пурсида шудаанду на соҳибмулки дигар Ҳ. Пардаев. Ҳама ба хонаи И. Медведова часпидаанд. Гӯё он пулакӣ буду баъд бепул шуд. Вале дар асл қарори раиси ноҳия дар баробари дигарон нисбат ба Ҳ. Пардаев барои ройгон додани хонааш бароварда шудааст. М. Ш. Иззатов бошад, дар қарори раиси ноҳия ба ҷои номи Ҳ. Пардаев ва нишонаи манзилаш ному насаби И. Медведоваю хонаи истиқоматиашро дар саҳифаи аввал иваз намуда, ба дасти  соҳибхона И. Медведова супоридааст. Бори дигар таъкид менамоем, ки оид ба манзили И. Медведова ягон хел қарор қабул карда нашудааст. Вале аз тарафи Прокуратураи ноҳияи Ёвон ба ҳамин қарори набуда, яъне ба тариқи ройгон додани манзили И. Медведова эътироз оварда мешавад, ки банди 8-и протоколи №1-и маҷлиси комиссияи хусусигардонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон аз 15-уми январи соли 2008 оид ба ройгон додани манзили истиқоматии №9, хонаи 51, кӯчаи ба номи  А. Ҷомӣ бекор карда шавад. Раиси ноҳия он эътирозро  бо қарори худ аз 10-уми феврали соли 2009, таҳти №170 қонеъ мекунад. Касе аз худ намепурсад, аниқтараш пурсидан намехоҳад, ки чӣ кор карда истодааем…

Худ аз худ боз ҳамон маълумотномаи ба истилоҳ “хилофиқонунӣ” ва ин амали М. Ш. Иззатов пеши назар меояд ва нахустин суоли гиребонгир пайдо мешавад: он маълумотнома дар ин амал, яъне дигар кардани ному насабу манзили як шаҳрванд ба шаҳрванди дигар чӣ нақш дошт?! Агар қароре оид ба пулакӣ намудани ин манзили баҳсӣ мебуду пас аз он дигар карда мешуд, гуфтан мумкин буд, ки маълумотномаи “қалбакӣ” дар пайдо шудани қарори хилофи қонун нақше дорад. Бале, агар қарор пас аз гирифтани маълумотнома 20-уми июни соли 2008 пайдо мешуд, далели бебаҳсе буд. Мутаассифона, дар ин қазия мақомоти тафтишот ҳамин масъаларо сахт қапидаанду судя ҳам фаҳмидан намехоҳад, ки умуман барои амали М. Ш. Иззатов  ин маълумотнома ягон замина буда наметавонад. Зеро М. Ш. Иззатов  ному насабу нишонии манзилро дигар кардааст, ки бе мавҷуд будани маълумотнома ҳам ин амалро иҷро мекард. Чизи дигар. Гуфтем, ки И. Медведова, Л. Ҷабборов назди М. Ш. Иззатов омаданду маълумотномаро доданд. Пас дар ҳаракати минбаъдаи М. Ш. Иззатов онҳо чӣ нақш доштанд? Магар аз дасти ӯ гирифта, бо роҳе маҷбур намуданд, ки чунин амалро иҷро намояд? Ин ҷо “зери коса нимкоса”-е ҳаст ва умедворем, мақомоти дахлдор мӯйро аз хамир ҷудо мекунанд. Таваҷҷӯҳи хонандаро боз ба қафо бармегардонем, ба масъалаи хонаро маҳкам намудани кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон, пайдо шудани мактуби Раёсати хоҷагии коммуналӣ ба унвони прокуратура ва аз ҳама асосияш дар мӯҳлати кӯтоҳ, пас аз 1 рӯзи марги И. Медведова фаҳмидани он ки хона дар мувозинаи Раёсати коммуналист. Кӣ аз куҷо медонист?! Парвандаи ҷиноятӣ оид ба ин масъала санаи 12-уми феврали соли 2009 оғоз карда шудаасту санаи 28-уми май ҳамон сол тафтишотро ба охир расонда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол мекунанд. Чаро дар ин муддат кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон муайян накарданд, ки оид ба манзили баҳсӣ ягон қарор несту танҳо ному насаби шаҳрванд ва макони зисташ иваз карда шудаасту дар як мӯҳлати кӯтоҳ тавонистанд маълум созанд, ки хона дар баланси Раёсати коммуналист? Барои чӣ шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи моликият, ки онро Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ёвон 25-уми июни соли 2005 оид ба ин манзили баҳсӣ ба И. Медведова додаасту то ҳол онро касе бекор накардааст, ба инобат нагирифтанд? Чаро М. Ш. Иззатов санаи 15-уми январи соли 2009, пас аз 4 рӯзи марги И. Медведова ба прокуратура “хабар” медиҳад, ки бе аризаи дахлдори соҳибхона манзили ӯ хусусӣ карда шудааст? Чаро кормандони Прокуратураи ноҳияи Ёвон нисбат ба амали М. Ш. Иззатов танҳо тибқи талаботи моддаи 323 КҶ ҶТ парванда оғоз намуда, дар рафти тафтишоти пешакӣ бинобар пушаймонӣ аз кирдор дар истеҳсолот қатъ намуда, дар фикри айбдорӣ онро дарҷ намекунанд? Танҳо баъд аз  супориши хаттии муовини аввали прокурори вилояти Хатлон, ки нисбат ба М. Ш. Иззатов бо аломатҳои моддаи 323 ва 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карданро вазифадор менамоянд, ҳама ба даҳон об гирифтанду пас аз ин супориш қонун ба ин шахс ҳам дар ҳаракат даромад? Барои чӣ собиқ  ёрдамчии прокурори ноҳия Б. Х. Раззоқов аз қарори раиси ноҳия таҳти №48, аз 16-уми январи соли 2008, ки барои ба таври ройгон хусусигардонии хонаи истиқоматии №2 хонаи № 33 деҳаи Фурқат, ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба номи Пардаев Ҳасан хабар дошту нисбат ба он ягон амалиёт гузаронда нашуд. Оиди аз ин қарор хабар доштани Б. Х. Раззоқов мудири шӯъбаи умумии ҳукумати ноҳияи Ёвон дар маҷлиси судӣ шаҳодат дод.

Собиқ прокурори ноҳияи Ёвон Т. Ю. Юлдошев дар мактубаш ба сардори раёсати қонунӣ будани қарорҳои судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандӣ ва хоҷагии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро собиқ ёрдамчии прокурори ноҳияи Ёвон  Б. Х. Раззоқов омода намудааст, менависад: “Дар асоси ин мактуби зикргардида (мактуби сохтаи Раёсати хоҷагии коммуналӣ,- шарҳи мо) ва бо мақсади таъмини ҳимояи молу амвол ва манзили истиқоматии марҳум Медведова И. воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомӣ хонаи №51, ҳуҷраи 9, шаҳраки Ёвон ва дар асоси санади тартибдодашуда ва шахсони дахлдор, аз ҷумла кормандони прокуратура, нозири минтақавии ШКД-и ноҳия ва идораи манзилӣ аз санаи 14.01.2009 сол дари ҳуҷраи истиқоматии марҳум Медведова И. бо мӯҳр маҳкам карда шудааст”. Намедонем, чаро дурӯғ мегӯянду дурӯғ менависанд. Дари хонаро, ҳамон тавре, ки пештар таъкид намудем, танҳо кормандони прокуратураю милиса маҳкам мекунанду санад тартиб медиҳанд. Ягон нафар аз кормандони идораи коммуналӣ дар мӯҳр кардани дари хона ширкат надоштаанд. Ғайр аз он, то мактуби Раёсати хоҷагии коммуналӣ дари хонаро маҳкам карда буданд. Сабаби ин дуруғгӯйӣ чӣ бошад?!

Дарвоқеъ, вақти тадқиқот гузаронданамон — аввалҳои моҳи феврали соли 2009 дар Раёсати хоҷагии коммуналӣ гуфта буданд, ки мактубро дар асоси супориши Прокуратураи ноҳияи Ёвон омода намуда, котиба дар китоб қайд кардааст. Намедонем, ин гуфта то кадом андоза дуруст асту  кӣ баҳри хона ҷаҳд дошт. Чунки дар даст санади дақиқ надорему манзил то ба имрӯз мавриди баҳс аст. Вале медонему маводҳои зиёде дорем, ки ғасби хонаи бесоҳибон ва ё ягон каси наздик надошта барои баъзе кормандони суду прокуратура анъана шудааст. Собиқ раиси суди ноҳияе, ки имрӯз дар Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, дар хонае зиндагӣ намуда, бо раиси ноҳия забон як карда, хонаро хилофи қонун хусусӣ мекунад. Корманди прокуратураи генералӣ барои “парастор” шудан ба кампире, ки ягон каси наздике надораду хонаи барҳаво дорад, хеле ҷаҳду талош дораду маблағи калон сарф карда истодааст. Чунин далелҳо кам нестанд ва онҳоро ҳатман манзури хонандагон менамоем.

Аз мавзӯъ андаке дур рафтем. Ниҳоят, дар асоси ҳамон маълумотнома нисбати Л. Ҷабборов ва З. Авезова бо моддаҳои 247 қисми 3 банди “а”, 36 қисми 3, 340 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи фикри айбдорӣ парванда ба суд ирсол карда мешавад. Дар рафти тафтишот, аниқтараш санаи 20-уми майи соли 2009 Л. Ҷабборовро ба беморияш нигоҳ накарда, ба ҳабси пешакӣ мегиранду нисбат ба З. Авезова забонхат барои аз манзили зист набаромаданро тадбиқ мекунанд.

Ҷумъаи ТОЛИБ, БМСТЖ

(Давом дорад)

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: