Главная > Uncategorized > Гурезогурез

Гурезогурез

Чаро ин воқеа баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Медведев ба вуқӯъ пайваст?

Аз вохӯрии ин дафъаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев, Президенти Русия дар Сочӣ миёни коршиносон интизориҳо ба таври мухталиф арзёбӣ мегардад. Иддае бар ин назаранд, ки ин вохӯрӣ чизеро тағйир дода наметавонад, аммо бархе чунин мешуморанд, ки Маскав дар баҳси миёни ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар бораи «Роғун» ва об нақши муҳим дорад. Вале афроде низ ҳастанд, ки ба бовари онҳо, ин вохӯрӣ нишасти 5 сол пеши Владимир Путин, Президенти собиқи Русия бо Раҳмонро ба хотир меорад. Зеро он вақт гузаштҳои зиёди ҷониби Тоҷикистон муносибати сардгаштаи дутарафаро гармтар карда буд ва эҳтимоли ба миён омадани чунин вазъият низ вуҷуд дорад.

Сукути Русия чӣ маънӣ дошт?

Ҷамъоварии маблағ барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун» дар ҳоле сурат гирифта буд, ки Президенти Тоҷикистон аз сафари Русия баргашт. Дар доираи коршиносон сӯҳбатҳо ва ибрози назарҳо баён карда мешуд, ки шояд ҷониби Русия барои пиёда сохтани манфиатҳояш дар Тоҷикистон аз сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» пуштибонӣ кардааст. Аммо бо як мухолифати Тошканд нисбати бунёди ин нерӯгоҳ мавқеи Медведев ноустувор ба назар мерасид. Беҳуда намегӯянд, ки дар сиёсат манфиат дар ҷои аввал аст. Чун ӯзбекистон беш аз 25 миллион нуфус дорад ва доду гирифти ӯ бо Русия табиист, ки ба маротиб бештар аз Тоҷикистон аст.

Нахуст фишори Русия дар он зоҳир мешуд, ки бо баҳонаи паҳн шудани бемории фалаҷи сар дар Тоҷикистон кӯдакони хурдсолро иҷозаи вуруд ба сарзаминаш намедод ва баъдан ба таври густарда аз қабул кардани меваи хушки Тоҷикистон даст кашид. Ҳарчанд далел пеш меовард, ки ин тасмим ягон тобиши сиёсӣ надорад, аммо ба иддаои баъзе коршиносон, ин танҳо як фишоре буд, ки бо роҳандозӣ кардани он Русия нишон додан мехост, ки ҷонибдори Тошканд аст.Фишори дигаре, ки ҳама вақт Маскав сармашқи амалӣ кардани манфиатҳояш дар Тоҷикистон қарор медиҳад, ин муҳоҷирони меҳнатии тоҷиканд, ки дар хоки Русия кору фаъолият доранд. Аз нигоҳи иқтисодӣ, маблағе, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷети давлати Тоҷикистон ворид мегардад, хеле назаррас аст ва инро дастандаркорони Русия хуб медонанд ва онро маҳаки фишорҳои худ қарор медиҳанд.

Дар мавриди баҳси оби минтақа миёни Душанбе ва Тошканд, ки манбаи аслии он аз Тоҷикистон сарчашма мегирад ва мо танҳо 5 дар сади онро истифода мебарему халос, Русия хомӯширо ихтиёр кард. Агарчи истифода аз об ҳуқуқи мост, ки табиат дар ихтиёрамон додааст, аммо дигарон бо баҳонаи он ки саҳроҳояшон мехушкад, манфиати худро ба инобат гирифтанду манфиати мардуми солҳо маҳрум аз нерӯи барқ сарфи назар шуд. Ҳол он ки, ҳамин гуна захираи зеризаминӣ ё аз табиат меросмонда дар ихтиёри ӯзбекистон ва Русия низ ҳаст, ки якеи он гази табиист. Вале Русия ба Аврупо ва ӯзбекистон ба Тоҷикистону Қирғизистон онро бепул интиқол намедиҳад. Агар пардохти маблағ ба таъхир афтад, ҳатман интиқоли газ ба Белорусия ё Тоҷикистон қатъ мегардад. Ҳарчанд Тоҷикистон обро бастанӣ ё фурӯхтанӣ нест, аммо аз он об ками кам истифода кардан мехост, лекин муқобилият нишон медиҳанд.

Ҷонибдории Москав аз ҳадафҳои Тошканд бештар аз он ҷиҳат равшан гашт, ки тӯли 5-6 моҳ вагонҳои молу таҷҳизоти Тоҷикистон дар муҳосираи иқтисодии ӯзбекистон қарор дошт, ки масолеҳи сохтмонии ширкатҳои русиву эронӣ низ истисно набуданд. Дар ҳоле, ки Эрон ӯзбекистонро барои раҳо кардани вагонҳои масолеҳи сохтмонии марбут ба «Сангтӯда -2» ҳушдор дод, Русия бо вуҷуди он ки масолеҳи сохтмонии якчанд ширкатҳои русӣ дар ин муҳосира буданд, куллан хомӯширо ихтиёр кард. Сукут аломати ризост, гӯё фаҳмониданӣ мешуд, ки бо хомӯшияш аз тасмими ӯзбекистон розист.

«Панд»-ҳои Русия барои ибрат

Низоъе, ки дар Қирғизистон сар зад ва дар пай кушокушиҳои зиёдеро овард, ба иддаои коршиносон, даст доштани қудратҳо дар ин нотинҷӣ равшан эҳсос мешуд. Яке аз ин қудратҳои сиёсӣ, ки низоми нави идораи давлатиро дар Қирғизистон ба дасти зане ҷорӣ кард, бо эҳтимоли қавӣ Русия буд. Таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки бо ин амалаш Русия нишон доданист, ки дар минтақа қудрат аст ва агар хоҳад заминаи барҳамдиҳии ҳар кишвареро пайдо мекунад ва Тоҷикистон аз ин рӯйхат истисно буда наметавонад. Вале аз ҷониби дигар, розӣ шудани мақомоти Тоҷикистон ба шарти Русия дар бораи «Роғун», ки шояд мисли «Сангтӯда-1» 75 дар сади саҳмияҳоро дар ихтиёр доштан мехоҳад, чандон пайомади хуб нахоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол, аз сӯи дигар, ба андешаи корманди Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия Сергей Панарин, зимни ин ва дигар масъалаҳо худи Раҳмон дарвоқеъ ба як мушкил табдил ёфтааст. Ҳамчунин, Леонид Гусев, устоди Донишкадаи давлатии равобити байналмилалии Русия аз эҳтимол дур намедонад, ки Маскав барои танг кардани вазъи ҳукуматдорони Тоҷикистон нақшаи муайяне надошта бошад. Аммо дар тафовут ба Қирғизистон роҳбари Тоҷикистон қудратро дар қабзаи худ сахту мустаҳкам гирифтааст.

Ҳарчанд расман сардиҳо дар муносибати ин ду кишвар ошкор намешаванд, аммо ҳолат баёнгари вазъ аст. Аммо аз ҷониби дигар миёнравии Маскав бо мақоми Тоҷикистон ва ӯзбекистон як навъ хуб шудани муносибатҳоро нишон медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ҳадс задан мумкин аст, ки Маскав мехоҳад бо баҳонаи миёнаравӣ худро ба Тоҷикистон наздик кунад ва дубора пиёда сохтани ҳадафҳои сиёсӣ дар хоки ин кишварро ба роҳ монад. Аз сӯи дигар, Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» дар натиҷаи як назарсанҷӣ миёни сокинони шаҳри Душанбе эътимоди мардум ба мутахассисони рус дар соҳаи нерӯи барқро бештар арзёбӣ кардааст. Ҳамчунин, пурсидашудагон аз сохтани нерӯгоҳҳои муштарак, монанди «Сангтӯда 1»-ро аз ҷониби Русия мувофиқи мақсад шуморидаанд, ки ин як бозии сиёсӣ ба назар мерасад. Зеро бо ин роҳ ҳам имкони ҷалби таваҷҷӯҳи мардум ба мутахассисони русро зиёд карданиянд ва ҳам масъалаи кӯшиши саҳмгузорӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» аз ҷониби Русияро дар миён монданиянд. Вале дар гузашта Русия барои бунёди якчанд иншоот, аз ҷумла нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» сармоягузорӣ кардан мехост, вале то он замоне  ки Хитою Эрон ба хотири сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ вориди Тоҷикистон нашуданд, бунёди ин нерӯгоҳ кашол меёфт. Баъд аз рақобате, ки бо омадани ширкатҳои чиниву эронӣ оғоз шуд, русҳо низ чораи дигар ғайр аз сохтан надиданд. Вале танҳо бо саҳми 75 дар сад. Барои бунёди «Роғун» ҳам Русия ваъдаҳо дода буд ва мехост мисли «Сангтӯда-1» бештари саҳми онро соҳиб шавад. Аммо Тоҷикистон ба ин розӣ нашуд. Ҳоло ҳар фишору баҳонаеро шояд ба хотири «Роғун» дар нақша дошта бошад.

Ҳақиқат ва маслиҳат

Иддае аз коршиносон мухолифати шадиди ӯзбекистон барои бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро аз таблиғи ниҳоят зиёд ва бемавриди телевизионҳои Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд, ки ҳамсоякишварро ба таҳлука андохтааст. Зеро аз Украина барои «Роғун» агар як таҷҳизот ё техника харанд, ҳанӯз вориди Тоҷикистон нашуда, ба маротиб дар телевизион реклама мекунанд, ки ба «Роғун» як трактори нав меояд ва ин гуна ҳолатҳо бештар ба чашм мерасид. Ба андешаи коршиносон, дар сиёсат истилоҳе ҳаст, ки «ҳақиқат ва маслиҳат» меноманд ва онро ҷониби Тоҷикистон чандон риоя накард. Яъне ҳақиқат он аст, ки «Роғун»-ро сохта истодаем, аммо маслиҳат ин аст, ки бояд хеле эҳтиёткорона, бе популизм анҷом медодем. Вале иддае аз коршиносон бар ин назаранд, ки дар сурати набудани тарғибу ташвиқи харидории саҳмияҳои «Роғун» таваҷҷӯҳи мардуми кишвар ҷалб намешуд ва дар натиҷа он миқдор пуле, ки ҷамъоварӣ гаштааст, ба даст намеомад. Аз ин рӯ, ҳукумат маҷбур буд даст ба иқдоми популистӣ занад.

Гузориши бетафсил

Ҳангоми сафари президенти Тоҷикистон ба ягон шаҳр, вилоят ё кишваре телевизионҳои давлатӣ гузоришҳои расмии батафсил пахш мекарданд. Дар мисоли шаҳру вилоят сафари Президент ба Бадахшон ва шаҳру навоҳии вилояти Суғдро метавон ба ёд овард, ки аз ҳар гуфтугӯву суханронӣ ва сайри мавзеъҳои таърихиву навбунёд лаҳзаҳоро ба маърази тамошо мегузоштанду ба таври пурра мақсаду мароми сафар ва натиҷаи онро баён мекарданд. Дар мисоли кишвар сафари Президент ба Ҷумҳурии халқии Чинро метавон ба хотир овард, ки ҳатто рақсу дилхушии мансабдорони давлатӣ аз назари гузоришомодакунандагони телевизионҳои Тоҷикистон дур намонд. Аммо дар сафари Сочӣ танҳо гузориши кӯтоҳи расмие пахш гардиду бас. Ба истиснои пахши барномаи телевизионҳои ҳар ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ва ба тавофуқ омадан сари масъалаи дароз кардани мӯҳлати буду боши беқайди муҳоҷирони тоҷик дар ҳудуди Русия аз 3 рӯз то 90 рӯз. Дигар аз натиҷаи миёнравии Маскав байни Душанбеву Тошканд сари баҳси обу энергетика ва бунёди «Роғун» ҳарфе гуфта нашуд. Бо вуҷуди он ки бархе аз коршиносон чунин интизор доштанд, ки мавзӯи вохӯрии Медведев бо Раҳмон асосан сари «Роғун» сурат хоҳад гирифт.

Воқеаи ғайричашмдошт ё огоҳии дигари Русия?

Баргаштани Эмомалӣ Раҳмон аз Сочӣ дар вақте рост омад, ки дар Тоҷикистон шаби 22 ба 23-юми август воқеаи ғайричашмдоште ба вуқӯъ пайваст. Маҳбусони боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, иборат аз 25 нафар аз СИЗО фирор кардаанд. Рӯзи пеш бо ҳукми Суди олӣ 46 нафар ширкаткунандагони ҳодисаҳои шарқи кишвар, ки бо қатли Мирзо Зиёев, собиқ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва нооромиҳо рабт доштанд, ба мӯҳлати аз 20 сол боло ба зиндон равона гаштанд. Аммо санаи ёдшуда 25 нафар боздоштшудагон аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (СИЗО) фирор карданд. Аз рӯи иттилои расонаҳо, дар байни фирориён Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллӣ низ будааст. Ҳамчунин, шаҳрвандони Русия ва Афғонистон низ дар ин саф шомил будаанд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки Ёқуб Салимов, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва Ғаффор Мирзоев аз фирор кардан худдорӣ намудаанд.

Ҳарчанд масъулини Кумитаи амнияти миллӣ сабаби фирори зиндониёнро аз бемасъулиятии посбонҳо медонанд, аммо таҳлилгарон ба воқеият доштани ин тасдиқоти расмӣ шубҳа доранд ва ҳар гуна фарзияҳоро ба миён мегузоранд. Тибқи таъйиди расмӣ, рӯзи 22-юми август, соати 22:10 дақиқа гурӯҳи ҷинояткорон, ки дар маҳбасхонаи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳ дошта мешуданд, дар натиҷаи бемасъулиятӣ ва ба вазифаҳои хеш хунукназарона муносибат кардани нозирони маҳбасхона яроқҳояшонро тасарруф намуда, ба онҳо ҳамла кардаанд. Дар натиҷа яке аз нозирони маҳбасхона кушта шуда, 25 нафар маҳбусони яроқнок либосҳои худро бо либосҳои ҳарбии саҳроӣ иваз намуда, аз зиндон фирор кардаанд.

Фарзияи аввале, ки аз назари таҳлилгарон ба воқеият наздикӣ дорад, шояд дасти берунист, ки бе ёрии он фирор аз зиндон имкон доштанаш зери суол аст. Кӣ медонад, шояд ин огоҳии навбатии Русия аст, ки эҳтимол қудрат будани худро ҷилва медиҳад. Зеро ба ҳадси коршиносон дар баъзе масъалаҳо Тоҷикистон бо Русия ба тавофуқ нарасидааст ва эҳтимол Русия ҳушдор доданист, ки аз контроли Маскав баромадан оқибати хуб надорад.

Баъдан фарзияи мақомотро таҳлилгарон зери суол мебаранд, ки чӣ гуна имкон дорад дар СИЗО 25 нафар бо либоси низомӣ таъмин шаванд, дар ҳоле ки он ҷо анбори либосворӣ вуҷуд надорад. Дигар ин ки, ба андешаи коршиносон, фирор кардан аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ кори чандон саҳлу осоне нест, ки бо куштани як тан ва бастани 4 нафар гурехтан имконпазир гардад. Ин воқеа дар даҳсолаҳои ахир нодир ба назар мерасад. Журналист Сафват Бурҳонов бар ин назар аст, ки шояд ин ҷо пул нақши асосиро бозидааст. Ё ин ки мақомот ба хотири пайдо кардани баҳонаи боздошти дигар мухолифон замина муҳайё мекунанд. ӯ мегӯяд, дилам ба Мирзохӯҷа Аҳмадов месӯзад, ки чормағзи хом бар сари ӯ мабодо нашканад.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ корманди милиса ахиран гуфта буд, ки агар ҳукумат бар зидди ӯ ягон иқдоме кунад, маҷбур мешавад силоҳ ба даст гирад.

Ба гумони таҳлилгарон, баррасии парвандаи марбут ба 46 нафаре, ки дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон даст доштанд, пушти дарҳои пӯшида гузашт ва аз ҷинояткор будани 5 шаҳрванди Русия низ хабар дода мешавад, ки додгоҳ онҳоро ҳам маҳкум ба зиндон карда буд.

Аммо боре дар телевизион ё ягон нашрия сурати шаҳрвандони Русия нишон дода нашудааст, ки чеҳраашонро касе бинад ва шиносад, ки ӯ кисту оё воқеан ба қафқозӣ монанд аст ё бо номи кадом Магамедови қафқозӣ шояд разведчику шпиони рус вориди зиндон гаштааст?

Агар дар ин фирор дасти бегонаҳо бошад, эҳтимол хатари нооромӣ Тоҷикистонро таҳдид кунад. Зеро аз як ҷониб ӯзбекистон бо Тоҷикистон мухолифат дорад, аз ҷониби дигар заминаи таъмини манфиатҳои Русия дар Тоҷикистон маҳдуд гаштааст, аз сӯи дигар вазъи минтақа то ҳанӯз чандон ором ба назар намерасад.

Вале дар ҳамин ҳол ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки эҳтимолҳои зиёд вуҷуд дорад. Аз ҷумла, гирифтани маблағ, будани дасти беруна ва ғайра. Аммо ба хотири халалдор насохтани амнияти ҷомеа мақомоти зирабт бояд кӯшиш кунанд, ки дуруст ё нодуруст будани ҳар гуна эҳтимолро таъйид ё рад намоянд.

Фирориён бо Маҳмуд Худойбердиев мепайванданд ё бо Толибон?

Ҳоло ки ҷинояткорон аз маҳбас фирор карданд, мавзӯи асосӣ на ин аст, ки чӣ тавр гурехтанд, балки оқибати кор ба чӣ меанҷомад? Оё онҳо дастгир мешаванд, кушта хоҳанд шуд ё марзҳоро убур карда, ба кадом гурӯҳи террористӣ мепайванданд?

Чуноне маълум аст, бо мақсади ошкор ва дастгир намудани ҷинояткорон ситоди фаврӣ бо роҳбарии вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милиса Абдураҳим Қаҳҳоров таъсис дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол манобеи ғайрирасмӣ хабар додаанд, ки дар миёни маҳбусони фироркарда Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллии Тоҷикистон, писарони Мирзо Зиёев, вазири собиқи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бародарони Неъмат Азизов низ ҳастанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ду писари Мирзо Зиёевро ба 28 ва 30-солӣ аз озодӣ маҳрум карда буд.

Дар ҳоли ҳозир, барои боздошти маҳбусони фирорӣ нерӯҳои низомӣ ва назоратии вазорати умури дохила ва Кумитаи амнияти миллӣ сафарбар шудаанд. Дар шаҳри Душанбе ва роҳҳои атрофи шаҳр посгоҳҳоро башиддат тақвият додаанд ва тамоми мошинҳоро тафтиш мекунанд.

Бино ба охирин хабарҳои таъйидношуда, дар ҳудуди ноҳияҳои Файзобод ва Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон миёни посгоҳҳои милиса ва афроди ношинохта даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Лекин ҳоло маълум нест ин афроде, ки бо нерӯҳои милиса даргир шудаанд, маҳбусони фирорӣ ҳастанд ва ё не.

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, раиси собиқи Агентии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистонро рӯзи 20-уми июли соли ҷорӣ ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум карда буд. ӯ дар талош барои табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва баъзе амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шудааст.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев дар таърихи 12-уми январи соли равон аз Дубай ба Душанбе оварда шуд. Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ — корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи «Ҷоми Ҷамшед» ва мағозаи «Кооператор»-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд. Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки дар сурати боздошт карда натавонистани ҷинояткорон онҳо ба кадом самт ва ба қаламрави кадом кишвар ворид шуданӣ ҳастанд?

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ӯзбекистон барои ворид шудан ба қаламраваш шояд ҳеҷ монеае эҷод накунад. Зеро қаблан як нафар шахси хатарнок барои Тоҷикистон бо исми Маҳмуд Худойбердиев дар ҳудуди ин кишвар умр ба сар мебурду аз қаламрави он кишвар ба хоки Тоҷикистон ҳуҷум кард, вале шикаст хӯрда, дубора ворди ӯзбекистон гашта бошад ҳам, аз ҷониби мақомоти он кишвар ҳеҷ мамониате эҳсос намешуд ва ҳоло дар ҳудуди ҳамсоякишвар умр ба сар мебарад. Дар сурати якҷоя шудани фирориён ба дастаи ӯ, хатари дигаре амнияти Тоҷикистонро халалдор месозад.

Дар сурати ворид шудан ба қаламрави Афғонистон ва пайвастан ба гурӯҳи Толибон низ барои онҳо монеае пеш нахоҳад омад. Мақомоти Тоҷикистон интизоранд, ки ин гурӯҳ дар дохили кишвар боздошт мешаванд ва нисбати онҳо чораҳои таъхирнопазир андешида хоҳад шуд. Аммо эҳтимол, агар ин гурӯҳи фирориён аз ҳудуди кишвар берун раванд, боз суоли матраҳ он аст, ки ба кадом гурӯҳ мепайванданд, Маҳмуд Худойбердиев ё Толибон?

Вохӯрӣ бенатиҷа буд?

Ҳоло дар сурати баргаштан ба асли мавзӯъ суоле, ки матраҳ мегардад, ин аст, ки аз вохӯрии сарони Душанбеву Москав ягон натиҷае ҳосил шуд ё на?

Албатта ин ҷо метавон пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар Русия ва телевизиони Русия дар Тоҷикистон ё дароз шудани мӯҳлати буду боши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русияро мисол овард, ки ин баҳси кӯҳна буд ва то ҳол идома дорад. Зеро ин бори аввал нест, ки Русия дар мавриди дароз кардани мӯҳлати буду боши беқайди муҳоҷирони кории Тоҷикистон ваъдаҳо мекунад, аммо то ҳанӯз ин тасмим мавриди амал қарор нагирифтааст ва Маскав ҳар замон метавонад аз он ҳамчун фишор ё баҳонае истифода кунад.

Масъалае, ки бояд мавриди муҳокимаи Маскав, Душанбе ва Тошканд қарор мегирифт ва дар он ҷониби Русия ҳамчун довар ширкат мекард, тамоман аз назарҳо дур монд. Яъне чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки Маскав ҳанӯз ҷонибдори он аст, ки кишварҳои болооби минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавриди истифодаи об бояд иҷоза ва розигии Тошкандро дошта бошанд. Чуноне аз хулосаи сӯҳбатҳои коршиносони рус низ бармеояд, ӯзбекистон ба ҳифзи маҷрои об ҳаётан манфиатдор аст ва ин масъала фақат марбути Тоҷикистон нест, балки масъалаи ӯзбекистон низ ҳаст ва раҳбарияти Тоҷикистон бояд ин воқеиятро дарк кунад.

Ин хулосабарориҳои мақомоти Тошканд ва Маскав суолеро пешорӯ қарор медиҳад, ки Тоҷикистон воқеиятро дарк мекунад ва обро фурӯ бурданӣ нест, аммо ӯзбекистон воқеиятро кай дарк хоҳад кард, ки як гектар ҳам замини пахтааш аз беобӣ хушк нашудааст, лекин сардиҳои зимистону бебарқии Тоҷикистон тифлони навзоди тоҷикистониро аз кайҳо боз дар таваллудхонаҳову ҳуҷраҳои сармозадаи деҳаҳои дурдаст нобуд карда ё асари сармохӯрдагӣ дар ҷисми мардум то ҳол боқӣ мондааст?

Иқболи САИДЗОД,

БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: