Главная > Uncategorized > Театрравии акаи Ҷалил ва сагҷанги Содиқ

Театрравии акаи Ҷалил ва сагҷанги Содиқ

Рӯзи саг, ки буд шуд, дар девори масҷид… Буза тиёқ форад, нони чӯпона мехӯрад. Буқара, ки хумори тезии корди қассоб омад, ягон каса шох мезанад. Агар ягон ақлак ё маҳмадонора гапи қоғазпеч форад, бо акаи Ҷалилтон сарбасар мешавад. Чӣ бигум, додарҳои ҷон, ки дунёра бариши беақлаш бисёр аст.

Як вақт мисли шумо хеле ҷавон будам. Ба Душанбе омадаму ду-се ҷӯрам гирифта тамошои консерт театрам бурданд. Таърифи театра бисёр шунавида будаму акнун якум бор даромадам. Дар қатори пеш фукҳора чухт гирифтему шиштем. Ду ё се ҳофиз баромад карду баъди ӯҳо як баталиён одам дар дастҳошон карнаю сурнаю ғиҷҷаку рубоб омада шиштанд рушон тарафи мо. Баъд як бузбалаи дигар, аз рӯйи либоспӯшиш пеши синаш ширворӣ дар назарам ранги ғулбак (алошақшақаш меган ин шаҳриҳои шумо) тофт, омаду пушташ тарафи мову рӯш тарафи ҳамон як баталиён одами шиштагӣ чухт истод. Баъд дастҳош боло мераванду поин. Он бачаҳалокҳои шиштагӣ байни худшон пешакӣ чӣ маслиҳате карда буданд, ки музикара сар карданду ин чухт истодагӣ дасҳоша боло мебараду поин. Дар дасти росташ чӯби борик дошт. Ман фикр кардам, ки ҳамин чухт истодагӣ мардаки бечора мумкин гунг асту бо ишораи дастҳош мегӯяд, ки бас кунед. Лекин ин галаи бекора ӯ бечорара ба назар нагирифта, кори худша мекунад. Ба дилам гуфтам, ки Ҷалил ҳамин ҷову дар байни ин қадар одам ӯ бечорара масхара мекунанд. Ҳозир ҳадакшона меёбам. Бо қаҳр хестаму рафтам болои саҳна, пеши ҳамон галаи бекорхуҷа. Рафтаму ба сари ӯ галаи музикакун дод задам:

— О ҳамин мардаки бечора ним соат шуд ба шумо ишорат дорад, ки бас кунед! О ин қадар беинсофӣ чӣ даркор!? Бас кунед, охир, бечорара дастҳош шал шуд!Он мардаки чухт даррав давида пеши ман омад:

— О бародар, ин хел накунед, ин аркестр аст, дириҷор дорад, қойдаш ҳаминай.

Ман гуфтам, ки мо ҳам аз кӯча омадагӣ не, як чиз-ним чиза мефаҳмем. ӯ хеле, ки худат мекунӣ, дар ҷойҳои мо дар ҳелак гӯсфанду буза ҳисоб мекунанд. Як худта дар ойна бин, ранги ғулбакӣ. Ин як баталиён одам масхарат дораду гӯшат намекунаду боз гап мезанӣ. Дилам ба ту сӯхту ҳамин кора кардам…

Аз гапаш сахт қаҳрам омад. Баъд ба ӯ баталиён гуфтам, ки агар ҳамин одам то илтимос накунад, музикара бас накунед. Ҳолаш бадтар. Ин одам хубира намефаҳмидааст.

Галаи музикакун нӣ аз ин гапи ман шерак шуда, чунон музикара ҷӯр кард, ки мардак ахир ба саршапӣ даромад. Ман бошам ҳамин қаҳри кардагӣ қатӣ дигар дуюмбора театр нарафтам. Он ақлак ҳам нафаҳмид, ки бо кӣ гап мезанад.

Дар ҷавонӣ ҳар кор мешудааст. Баъд ман ҳам фаҳмидам, ки дириҷораш кӣ будаст, лекин шавқи театрравӣ дигар набуд.

Вале дар ҳамон давраҳои ҷавонимон корҳои бисёре кардем, ки дар таърихи район монд. Мана, як ҳодисачае ки агар ҳозир ҳам, агар ҳамон одамони тамошо кардагӣ зинда бошанд, хандашона нигоҳ карда наметонанд. Даҳанҳо гиз механданду механданд.

Фахриддина амакиш, мумкин шунавида бошед, одами хуб буд, Содиқи сагҷангаш мегуфтанд. Содиқ ҷӯраи давраи бачагии мо буд. Дар вақташ дар район ба Содиқ ҳам вазифа расид. ӯра раиси шӯъбаи спорт монданд. Кадом калоне аз райондорҳо ба ӯ супориш медиҳад, ки як тантанаи калон мешаваду ту фикр бикун, ягон мусобиқаи нағзи спортӣ ташкил кардан даркор.

Вегаҳ дар хона парсуми кадом коре будам, ки Содиқ хона омад. Маслиҳат пурсид, ки чӣ кор кунад, аз вилоят намоянда меомадааст, одами бисёр ҷамъ кардан даркор, ду-се гӯштингир дорем, дар ҳамаи ҷо ҳамонҳо, тамошобин надоранд. Ман гуфтам, ки агар гапи мара бигирӣ мусобиқара аз сагҷанг сар кардан даркор. Ҳозир дар ҳар ҳавлӣ як-ду саг ҳаст. Чанд бачара бигӯ, ки сагҳора гирифта биёранд. Барои сагҷанг ҳама ҷамъ мешавад. Дидӣ ки мардум бисёр шуд, сагҳора сар медиҳиву гӯштингирҳора мебарорӣ ба майдон.

Содиқ ҳайрон-ҳайрон тарафи ман нигоҳ мекунаду “шухӣ намекунӣ?” гуфта мепурсад. Ба ӯ гуфтам, ки дар вақташ дар кадом китобе хонда будам, ки дар Рими Қадим одамҳора бо ҳайвонҳо ҷанг андохта, тамошо мекардаанд. Дар он ҷо шахсан худи император ҳамроҳи зану фарзандаш нишаста, ба ҳамаи ин роҳбарӣ мекардааст.

Баъди ҳамаи ин Содиқ ба хулосае меояд, ки агар ҳайвонҳора дар мусобиқа истифода барад, тамошои зӯр мешавад.

Рӯзи таъинкардагишон дар майдони маркази район бояд мусобиқа сар шавад. Чанд нафар ҷамъ шудаст, нисфаш даъвогари гӯштин. Дар мусобиқа иштирок мекардагиҳо аз тамошобин бисёртар. Ҳақатан райондорҳо омаданд, байншон намояндаи вилоят, лекин одам кам, торҳои риши кӯса ворӣ ҳарҷо-ҳарҷо шиштанд бепарво. Аз калонҳои район кадоме Содиқа ҷеғ мезанаду мега, ки барои чӣ одам кам аст, намояндаи вилоят дар боло танқидмон мекунад, бояд майдон аз одам пур мешуд. Содиқ ки маслиҳати мара гирифта буд, «ҳозир» мегаву як ҳуштак мекашад. Аз пушти майдон мебарояд сағераи бисёр ҳар кадом сагҳои санҷирбанда кашолакунон. Даҳ-понздаҳ сага байни майдон бароварданд. Бо фармони Содиқ ин сағераҳои навболиғ сагҳора сар доданд. Баъд кадоме байни сагҳо як сағали гӯшта партофт. Ана буд ки сар шуд сагҷанг. Чунон кашокаш карданд, пашму пӯсти якдигара чунон кандане карданд, ки қиёмат қоим гашт. Дар як дам мардуми тамошобин чанд баробар зиёд шуд, аз гирду атроф мардаку занаку кампиру пиракӣ — ҳама хамбид тарафи майдон. Вағасту ҷағасти мардум то фалак. Ҳама балелшик. Хулоса, мардуми район ҳиҷ гоҳ ин хел мусобиқара надида буд. Оқибат як саги даҳандораш устухони мондагира гирифту гурехт ба берун аз байни одамҳо. Сагҳои дигар ҳам давиданд аз думболаш. Баъд Содиқ мардума ором карду гӯштингирҳора ба майдон даровард.

Мусобиқа бисёр хуб гузашт, лекин ҷӯраи мо баъди он дар бало монд. Аз милисаи район одам омад, ки барои чӣ Содиқ дар мусобиқа сагҷанг кардаст. Як бало карда, халос хӯрда буд, ки боз аз вилоят намоянда омад. Саволуҷавоб ҳамон: сагҷанги Содиқ. Баъди ин боз аз чанд идораи дигар ҳамин масъалара пурсупос карданд. Аҷоиботаш дар ҳамин ки ҳамон намояндаҳои тафтишгара ҳамашона сагҷанг мефораду лекин дар қонун нест гуфта, гаранг мекарданд. Содиқи бечора чанд китоби дигара гирифта, исбот карданӣ мешуд, ки сагҷанг ҳам як намуди спорт аст. Лекин касе бовар кардан намехост. Дидам ки намешавад, хеста рост пеши ҳамон намояндаи вилоят рафтам. Асли масъалара фаҳмондам. ӯ мардак ки худаш аз ҳамон сагҷанг хуб мазза карда буд, дар пеши худам тилфон карда, райондорҳора як дуғу пӯписа карду бо ҳамин ҳамаш хомӯш шуд.

Аз ҳамон мусобиқа дар ёди мардум фақат сагҷанг монду кличкаи ҷӯрамон ҳам «Содиқи сагҷанг» шуд. Пас аз ҳамаи ин ҳар гоҳе Содиқ мара медид, як механдиду мегуфт, Ҷалилҷон, ҳай маслиҳатмон додӣ-да, дар таърихи район номмона навиштӣ.

Дорои ДИЛОВАР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: