Главная > Uncategorized > «Дайте бедному таджику…»

«Дайте бедному таджику…»

Ё худ, ҷӯгиҳои Колхозобод Русияро роҳат меҳисобанд

Ҳар сол ба Русия ҳазорон нафар муҳоҷирони корӣ раҳсипор мешаванд. Бахусус аз ҷумҳуриҳои ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон шаҳрвандон бо умеди ризқу рӯзӣ ёфтан ба қаламрави ФР медароянд. Бӯҳрони иқтисодии солҳои охир ба иқтисодиёти кишварҳои ғарбу шарқ таъсири манфии худро гузошта, бозори меҳнати муҳоҷиронро хароб гардонд. Ва ин бекорӣ ба он оварда расонд, ки қисми зиёди муҳоҷирон даст ба ҷиноятҳои дуздиву вазнин зананд.

Тоҷики бадном

Аз рӯйи нишондодҳои омории прократура, дар шаҳри Санкт-Петербург зиёда аз 40 фоизи ҷиноятҳои ахлоқиву вазнинро шаҳрвандони Ҷумҳурии ӯзбекистон содир менамоянд. Аммо ҳайфо, ки моҳҳои охир дар расонаҳои хабарии Русия боз воқеаву ҳодисаеро иншо месозанду дар анҷом бо зарда қайд менамоянд, ки «муҳоҷирони тоҷик бештар ҷиноят содир мекунанд». Як моҳ пештар дар вилояти Санкт-Петербург кормандони ФМС ва прократураи вилоят рейдҳои муштарак гузаронида, дар шаҳрчаи Горелево 200 нафар лӯлиҳои аз Тоҷикистон омадаро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ боздошт карданд. Ҳамчунин, дар рафти рейд аз онҳо моддаҳои нашъаовару силоҳҳои оташфишон дарёфт гардида, парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот идома дорад. Вақте ин лӯлиҳоро дар телевизиони шаҳрии Санкт-Петербург бадвоҳима карда ба мардум нишон доданд, журналисти рус махсусан таъкид кард: «Тоҷикони сиган зиндагии аҳолии вилоятро халалдор кардаанд». Ҳол он ки, онҳо аслан ба мардуми бошарафи тоҷик каробате надоранд. Дар маркази шаҳр дар хиёбони зебои Нева лӯлизанеро бо кӯдакони кӯчакаш ба навор гирифта, дар телевизионҳо барнома карда, бо дабдаба мегӯянд: «Таджикские циганы». Боз тоҷики тоҷдор бадном мешаваду аҳволи муҳоҷирони аз Тоҷикистон омада вазнинтар мегардад. Афсӯс, ки зани муҳоҷири ҳалолкор дар чашм нонамоён мемонаду зани лӯлӣ дар маърази тамошои шаҳрвандони Русия ҳамчун тоҷик ҷилва мекунад!

Ба куртаи атлас гиряам меояд

Замоне зани тоҷикро бо пероҳани атлас мешинохтанду хориҷиёни ба Тоҷикистон омада ҳатман аз ин пероҳан барои худ куртаву поҷома дӯхта, бо ифтихор ба бар мекарданд. Ё ин ки, меҳмони аз беруни кишвар омадаро бо куртаи атлас дар фурӯдгоҳ пешвоз мегирифтем. Сироҷиддини сарояндаро ҳам суруди «зебанда ба ту куртаи атлас» машҳур сохта буд. Аммо имрӯзҳо дар шаҳри Санкт-Петербург ҷӯгиҳои атласпӯшро дида, ҳайфам меояд. Мехоҳам бо тамоми овоз дод зада, гӯям, ки «атласро хор кардед!». Дар кӯчаву дар метроҳо занҳои лӯлиро бо кӯдакони ҷандапӯшашон зуд-зуд мушоҳида кардан мумкин аст, ки аз одамон пул талабида мегарданду бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Субҳи барвақт шавҳаронашон ба кори сохтмон мераванду занҳову кӯдаконашон ба талбандагӣ мебароянд ва бо тамоми овоз фарёд мезананд: «Дайте бедному таджику…». Ба куртаи атласи тоҷикии онҳо нигариста, нафрати кас меояд. Ин бадномӣ боис мегардад, ки шаҳрвандони муқими Питер занҳои батавфиқи тоҷики либоси миллӣ пӯшидаро дида, бо нафрату шубҳа менигаранд ва таҳқир мекунанд.

Рӯзи ҷумъа — рӯзи ҷӯгиҳои Питер

Коргоҳи мо дар назди бозори «Сенной» воқеъ аст. Рӯзи ҷумъа ҳангоми нисфирӯзӣ аз тиреза ба берун нигариста, анбӯҳи зиёди занҳои лӯлиро бо кӯдаконашон мебинам, ки назди дари масҷид ҷамъ омада, дасти талбандагӣ сӯйи роҳгузарҳо дароз мекунанд. Ин рӯзи ҷумъа бо баҳонае поин фаромада, наздашон рафтам. Панҷ нафар ҷавонзани синну солашон гуногун бо халтаҳову бо тифлони ширмак аз паси як зани калонсолтари абрувонаш кабуди холҳои сунъидошта мерафтанд. Ба ҳар як дӯкони меваҷоту сабзавот наздик шуда, мегуфтанд: «Рӯзи ҷумъа як хайр кунед». Чун бозори «Сенной» аслан макони тоҷирону фурӯшандагони тоҷик ба ҳисоб меравад, онҳо аз ин пайт истифода бурда, халтаҳояшонро аз меваю сабзавот пур мекарданд. Кунҷкобона рафта салом додаму пурсидам:

— Салом холаҳо, аз куҷоҳо омадед?

— Ассалом хоҳар. Мо аз Тоҷикистон, аз Колхозобод.

— Тоҷикед?

— Оре.

(Ончунон бо воҳимаю боварӣ ҷавоб доданд, ки аз ҳайрат гиребон гирифтам).

— Дар Русия чӣ кор мекунед?

— Русия — роҳат.

— Чӣ?

— Мо ҳар тобистон оилавӣ меоему кор карда пул ҷамъ мекунем.

— Дар куҷо зиндагӣ мекунед?

— Дар загород (берун аз шаҳр).

— Ному насаби шумо?

— Ман Хосият, инҳо духтаронаму келинҳоям.

— Шавҳаратон куҷост?

— Шавҳарам мурд. Азодорам хоҳар, суратама нагир.

(ӯ чун дид, ки ман аксгиракамро баровардам, рӯяшро зуд гардонд).

— Дар ин ҷо аслан ба чӣ коре машғулед?

— Ба касби бобоӣ — талбандагӣ.

— Киҳо ба шумо хайр мекунанд?

— Боз ҳамин ҳамшаҳриҳоямон — тоҷико…

— О шумо аслан лӯлӣ-ку… Пас, чаро худро тоҷик мегиред?

— Э хоҳар, мо аз ҷӯгиҳои Колхозобод.

— Забони русиро дар куҷо омӯхтед?

— Дар сафар.

ҷибаш ин аст, ки лӯлиҳо назар ба муҳоҷирони навомад бо забони русӣ бехато ҳарф мезананд).

— Барои хонаи иҷора пул медиҳед?

— Не, мо дар загород дар палаткаҳои муваққатӣ зиндагӣ мекунем.

— Аз хӯрокаву пӯшока танқисие намекашед?

— Не, барои мо Русия роҳат аст. Раҳмат ба Медведев.

(Онҳо ҳатто номи президенти ФР-ро бехато медонистанд).

Лӯлии телефондузд

Гоҳо мешавад, ки камина дар суду парвандаҳои ҷиноӣ ба ҳайси тарҷумони русӣ-тоҷикӣ даъват мешавам. Ду моҳ пештар ба шаҳраки Приозерскийи Санкт-Петербург рафтаму ба лӯлибачае аз деҳаи Ҷӯгиободи шаҳраки Ваҳдати Тоҷикистон тарҷумонӣ кардам. Ин ҷӯгибача бо номи Акбар шаби соли нав ба духтараки русе дарафтода, бо истифодаи зӯроварӣ телефони мобилии ӯро мегирад. Ҳангоми сӯҳбати рӯ ба рӯ суолҳои додгустару шоҳидонро барояш тарҷума мекардаму ба зиракии ин ҷавони лӯлӣ тааҷҷуб. ӯ фақат такрор ба такрор мегуфт ки «ман масту махмур будаму чизе ба ёдам намондааст». Боз ин ҷинояткор «шаҳрванди Тоҷикистон, миллаташ тоҷик» қайд гардид.

То ба кай тоҷик ҷӯгӣ асту ҷӯгӣ тоҷик?

Имрӯз чунин ҳодисаҳо дар қаламрави Русия хеле зиёд рух медиҳад. Аз ин хотир, тоҷик кори сияҳтарину арзонтаринро ба анҷом мерасонад. Номаш бад аст. Вале мо — тоҷикон бояд ба маҳалбозӣ дода нашуда, як ҷамъияти мустаҳками ватандӯстонаеро бо номи «Ватандӯст» ташкил намоем. Аммо то вақте лӯлиҳои тоҷики ваҳдативу роҳатичиву раштие байни ҳам созиш накарда, ифтихори миллиро хор мекунанд, ин бадномии тоҷик аз байн нахоҳад рафт. Дар ин моҳи шарифи Рамазон аз Яздони пок барои мардуми бошарафи тоҷикам дар ин шаҳри мардум тани сиҳату хотирҷамъиро таманно дорам.

Шаҳлои НАҶМИДДИН, Санкт-Петербург

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: