Главная > Uncategorized > «Тоҷикстандарт»-и «таблиғотчӣ» ва гӯштҳои «Деҳқон»-у «Шоҳмансур»

«Тоҷикстандарт»-и «таблиғотчӣ» ва гӯштҳои «Деҳқон»-у «Шоҳмансур»

Пеш аз фаро расидани моҳи шарифи Рамазон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири паст фаровардани нарху наво дар бозорҳои пойтахт қарор қабул намуда буд, ки он аз 5-уми августи соли ҷорӣ то ҳол амал карда истодааст. Иҷроиши талаботи қарори мазкур дар ҳар бозор ба ҳар навъ аст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки баъди ба охир расидани моҳи шарифи Рамазон оё нархҳои бозорҳои шаҳр ва умуман бозорҳои кишвар якбора ба осмон дакка намехӯранд?

Умуман, қисми зиёди маҳсулоте, ки аз берун ба кишварамон ворид карда мешавад, нархашон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалист. Маводи ниёзи аввалияи мардум орд аст. Ҳоло нархи арзонтарини як кило гандум дар бозорҳои кишварамон ба як сомонию 40 дирам, муодили 31 сенти амрикоӣ баробар аст. Дар ҳоле ки соли гузашта як кило гандум муодили чизе беш аз 13 сент арзиш дошт. Пас, метавон пешгӯӣ кард, ки баъд аз моҳи шарифи Рамазон нархи як халта орди навъи якум ба чанд сомонӣ хоҳад расид?Имрӯзҳо натанҳо орд нархи дандоншикан дорад. Нархи тамоми маҳсулоти ниёзи мардум ба бозорҳои байналмилалӣ қариб ки баробар шуда истодааст. Чун кишвари мо кишвари аграрист, бояд нархи тамоми намуди маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус орд аз дигар давлатҳо фарқ дошта бошад. Лекин дар асл чунин нест. Гаронии нарх дар бозорҳо мардумро нигарон кардааст. Таҳлилгарон бо такя ба ҳушдори созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид низ гуфтаанд, ки бинобар вазъи душвори иқтисодӣ ва хисороти ворида аз ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҳудудан 390 ҳазор ё 9 дар сади сокинони деҳкадаҳои кишвар метавонанд бо хатари гурӯснагӣ мувоҷеҳ шаванд. Бар замми ин, ҳама хабар доранд, ки воридоти орд аз Русияву Қазоқистон манъ шудааст ва ин ҳама миёни аҳолӣ тарсу ваҳмро аз камчинии орд ба миён меорад.

Тавре зикр кардем, дар моҳи шарифи Рамазон натанҳо нархи орду гандум боло меравад, балки дигар намуди маҳсулоти ниёзи аввал низ рӯ ба гароншавии нарх доранд. Масалан, Мавлуда ном сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санаи 12-уми авусти соли ҷорӣ ба идораи ҳафтаномаи «Пайкон» занг зада, дар бобати нарху наво норозигӣ баён намуда, чунин гуфт: «Ман имрӯз як килограмм гӯшти говро бо нархи 30 сомонӣ гирифтам». Бо чанд нафар харидори дигар низ сӯҳбат доштем, ки ба гуфтаи онҳо, баъзе фурӯшандаҳо барои фиреби назари масъулини бозор дар пештоқи дӯконашон нархи гӯштро 18 ё 19 сомонӣ менависанду онро беш аз ин маблағ мефурӯшанд.

Дар мавриди болоравии нарху наво як тан табиби тоҷик Муҳаммад Кенҷаев, ки дар Арабистони Саудӣ адои вазифа дорад, чунин мегӯяд: «Умуман, дар бозорҳои инҷо нархи хӯрока боло меравад, чунки бештари дӯконҳо шахсиянд. Лекин, агар давлатӣ бошанд, 50% арзон мешавад». Салимшоҳ Саламшоев, ки дар Федератсияи Русия кор мекунад, мегӯяд: «Нархҳои бозору мағозаҳои Русия ба ҷашнҳояшон ҳеҷ рабте надорад. Танҳо дар ҷашне бо номи «Пасха» каме тағйир меёбаду бас. Лекин нархҳо то андозае тахфиф карда мешаванд. Масалан, нархи маводи хӯрока хеле гарон аст».

Истиқоматкунандаи пойтахт Салмон Шарипов бар ин назар аст, ки ҳамасола пеш аз моҳи мубораки Рамазон нархҳо боло мераванд. «Чӣ мешуд, ки баъд аз Рамазон нархҳоро боло бардоранд?»,- мегӯяд ӯ. Аммо фурӯшандае аз бозори «Баракат»-и пойтахт бо номи Ҷамшед чунин андеша дорад: «Мо ҳам мехоҳем орде, ки ба мизоҷон мефурӯшем, арзон бошад. Аммо ҳукумати шаҳр танҳо мо — тоҷиронро сахтгирӣ мекунад. Охир, маводи хӯрока худ аз ҷояш бо нархи гарон меояд. Пас мо чӣ гуна метавонем бо нархи гарон гирифта, арзон фурӯшем. Назари банда ин аст, ки ҳукуматдорон сараввал воридшавии маҳсулотҳоро зери назорат гиранду маълум намоянд, ки бо арзиши чанд сомонӣ ба Тоҷикистон ворид  карда мешавад. Дар ин давра ҳеҷ як тоҷир намехоҳад, ки бар зарари худ кор кунад».

Тибқи маълумоти таҳлилгарони соҳаи кишоварзӣ, мумкин аст як халта орд баъд аз моҳи шарифи Рамазон то ба 140-150 сомонӣ расад. Аммо касе ҳанӯз ҳам гуфта наметавонад, ки болоравии нархи орд ба қимати дигар маҳсулот то куҷо таъсир расонида метавонад. Ва ҳама дар фикри нарх афтода, аз сифати маҳсулот фаромӯш кардаанд. «Тоҷикстандарт» ҳам масъулияти ташхису назорати худро бо таблиғ иваз кард. Яъне, ин ниҳоди назоратчӣ тӯли як моҳи Рамазон фаъолияташ иборат аз таблиғи маҳсулоти «арзон» будааст. Аҷаб хандахарише! Бо чунин усули фаъолият шояд кор ба ҷое расад, ки баъди Рамазон ҳам гӯштҳои чандрӯзаву кӯҳнаи бозорҳое ба монанди «Деҳқон» ва «Шоҳмансур» зиёд шаваду кам не.

Умари УСМОН,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: