Главная > Uncategorized > Акбар Тӯраҷонзода: «Калтакро гирифта, чунон занед, ки…!»

Акбар Тӯраҷонзода: «Калтакро гирифта, чунон занед, ки…!»

Дар аҳодиси ислом омадааст, ки додани садақа ба ҳар марди доро фарз гардонида шудаааст. Шояд ҳамин бошад, ки чун мардуми мо мусалмонанд, баробари дидани талбандае сари роҳи роҳгузарҳо даст ба киса бурдаву пайсае ба хотири савоб гирифтан берун меоранд. Аммо зиёд ҳолатҳое мешавад, ки намедонанд он талбанда дар асл кист: нодор ё нафаре дар пӯсти нодор?

Умуман, додани садақа ба шахсони ниёздошта фарз аст. На ба онҳое, ки дороянду боз ба талабидан даст мезананд, масалан ҷӯгиён. Шукронаи 5-сола, ки аз ин қавм аст, дар кӯчаҳо гаштаву ба домани куртаи роҳгузарҳо чанг зада, пул мепурсад. Чун аз ӯ «дар оянда кӣ шудан мехоҳӣ?» гуфта пурсидем, далерона ҷавоб дод: «Касби модарамро давом медиҳам». Ҳол он ки, модараш мехоҳад дар оянда духтараш пизишк шавад, то ба қавм  хизмат кунад. Аммо хизмат чи ки, ин амали фарзандони онҳо ба мафкураи бисёре аз наврасон таъсири манфӣ мерасонад. Ба хотири муфт ба даст овардани пул кӯдакони таҳҷоӣ низ ин амали лӯлибачаҳоро пешаи худ кардаанд ва гадоиро ба як навъ анъана низ табдил додаанд. Имрӯзҳо шахси низёмандро аз бениёз фарқ кардан хеле мушкил шудааст. Махсусан кӯдакон бо роҳи талбандагӣ мехоҳанд маблағ ба даст оваранд ва аз ояндаашон ҳеҷ фикре надоранд. Дар ҳоле, ки қисми зиёд ноқисие аз лиҳози ташаккули ҷисмонӣ надоранд. Пас, додани пул ба ин қабил нимчагадоҳо равост?Сархатиби масҷиди ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби шаҳри Душанбе Ҳамдуллои Раҳимзод мегӯяд, ки «Пайғамбари Худо нисбати шахсоне, ки мӯҳтоҷ нестанд, дасти гиро, пойи равон, чашми бино, ақли расо ва гӯши шунаво доранду бо вуҷуди ин даст ба талбандагӣ мезананд, мефармояд: «Мо яҷалу раҷъуин ва яҷлу ясалу носа ҳатто яътия явма қиёма лайсафи ваҷҳиҳи муҷъати лаҳмин». Яъне, «Вақте рӯзи қиёмат барпо мешавад, дар майдони арасот Худованд ӯро бо як сурате машҳур месозад, ки як тарафи рӯяш аз гӯшт холӣ аст». Ва боз аз пайғамбари Худо ривояте ҳаст, ки вақте шахсе ки қувваи корӣ дораду боз аз мардум садақа мепурсад, дар майдони арасот байни милиардҳо одамон, ки як ҷо ҷамь меоянд, Худованд дар пешонии ӯ мӯҳре мезанад, ки андаруни он мӯҳр талбанда навишта шудааст».

Чун анъана, талбандагӣ ҳар сол дар моҳи шарифи Рамазон даҳчанд мешавад. Бо ин фикр, ки дар ин моҳи муборак дари дилҳои мардум ба рӯи бенавоён боз аст, гадо ба дарвозаи хона наздик мешаваду «як ояти Қуръон хонем» мегӯяд. Жарфтар пурсон шавӣ, «аз масҷиди Ҳазрати Мавлоноем» гӯён, ояти каломро ба маблағи 5-10 сомонӣ мефурӯшад! Оё ояти Қуръонро харидаву фурӯхта мешавад!? Дар ҳамин маврид истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе — Ҳикматулло мегӯяд: «Борҳо шудааст, ки мӯйсафедони ришашон дар миён баъд аз дуо гуфтан як сомонии додаамро «кам аст» гуфтаанд».

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода бар ин назар аст, ки ҳеҷ як талбанда ҳуқуқ надорад бар ивази ояти хондааш пул талаб кунад. «Агар талаб ҳам кунад, ман пешниҳод мекунам, як калтакро гирифта чунон занед, ки дубора даст ба гадоӣ дароз карданро фаромӯш кунад!»,- мегӯяд ӯ.

Эшони Давлатхӯҷа Назаров бошад, дар боби пул талаб кардани гадоҳо барои қироати ояти Қуръон мегӯяд: «Касоне ки чунин амал доранд, тамоман кори хуб намекунанд. Мушкилоте имрӯз ҷомеаи моро фаро гирифтааст, ки ҷавонон, махсусан писарбачаҳо мехоҳанд бо ҳар роҳе  набошад, чизе аз мардум гиранд. Лекин Қуръон барои соилонро дастгирӣ кардан таъкидоти дигари зиёде кардааст. Бинобар ин, агар касе пушти дарамон ояду оят хонад, бояд ӯро насиҳат кунем. Қуръон барои он наомадааст, ки дар пуштҳои дар хонда шавад. Барои он омадааст, ки онро дастурамали зиндагии худ қарор бидиҳем, то саодати дунё ва охиратро ба мо диҳад».

Сайёдӣ ШАРИФОВ, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: