Главная > Uncategorized > Барои чӣ мо чунинем!?

Барои чӣ мо чунинем!?

Баъди чопи мақолаи «Хуросон аст инҷо!» дар ҳафтаномаи «Пайкон» (№30 (72), аз 28-уми июли соли 2010) масъулини ҳукумати ноҳияи Хуросон як маротиба ба назди муҳоҷирон рафта, боз ваъдаи бисёре доданду мисли ҳардафъаина проблемаро аз сари худ соқит карданд. Баъди омадани эшон хурсандии муҳоҷирон ҳадду канор надошт, зеро онҳо ба умеде буданд, ки мушкилоташон як андоза бояд ҳал шавад. Қисме, ки соҳиби барқ буданд, умед доштанд симҳои мисли тори анкабут кашидашуда аз нав (тибқи меъёр ва ҷавобгӯ ба қоидаҳои бехатарӣ) барқарор карда мешавад. Қисми дигари муҳоҷирон, ки умуман аз нерӯи барқ (аз сабаби набудани трансформатор) истифода намебаранд, ба он умед буданд, ки масъулини соҳа ҳадди ақал 1 трансформатор ёфта меоранду мушкилашон каме осон мегардад. Аммо ҳайҳот. Ҳамаи ваъдаю суханҳои масъулини соҳа ба ҳаво рафтаву муҳоҷирони бечора мисли пештара зиндагии худро давом дода истодаанд.

Дар мақолаи пештара муҳоҷирон аз набудани ҷой барои мактабу масҷид ва оби нӯшокӣ шикоят карда буданд, аммо ин дафъа дар ин бора ҳатто сухан гуфтан нахостанд. Як тан муҷоҷир, ки нахост номаш ифшо шавад, ақидаи хешро чунин баён намуд: «Аслан, дар ҳозира шароит даъво кардан барои ҷойи мактабу масҷид ва набудани оби нӯшокӣ ҳеҷ маъное надорад! Зеро ҳукуматдорони ин ноҳия ҳатто як мушкилоти ҷузъиро, ки ҳамагӣ 2000 доллар маблағ сарф мешавад, қудрати ҳал кардан надоранд. Яъне, ман дар назар дорам 1 трансформаторро, ки онро бо ин маблағ мешавад харидорӣ кард ва ин маблағро сари ҳар оила тақсим кардан мумкин, ҳарчанд ин кор аз чаҳорчӯбаи адолат берун ҳам бошад. Пас чӣ лозим даъвои дигар!?». Як муҳоҷири дигар андешаҳои худро чунин баён намуд: «Имсол мо заминҳои худро гандум корида будем, аммо аз сабаби қимат будани нархи комбайнҳо ва нашудани ҳосил беҳад зарар дидем. Худи шумо тасаввур кунед, барои 1 га гандумро даравидан 100 доллар пули нақд лозим аст ва ин ҳам ҳамон вақт, ки аз сабаби дер омадани комбайн аллакай 50%-и ҳосил талаф ёфта буд. Ман як хоҳиш доштам, ки агар Вазорати кишоварзӣ барои мо ҳадди ақал 1-то комбайн ва 1-то «пресс»-кунак медод, иншоаллоҳ ҳосили хуб гирифта, нақшаҳоро дар вақташ иҷро менамудем. Баъдан, як чиз моро дар ҳайрат мегузорад. Барои чӣ нархи кори техникаҳо дар ноҳияи Зафаробод қариб 2 маротиба нисбати ин ҷо арзон аст?».

Муҳоҷири дигар, ки худро Шерзамон муаррифӣ намуд, гуфт: “Мо ба назди раиси «Барқи тоҷик» даромадем барои мушкилоти барқ. Ин моҳи май буд ва онҳо ваъда доданд, ки мушкили шуморо ҳал менамоем. Аммо то ҳол ба мо ғайр аз ваъдаҳои хушку холӣ дигар чизе надодаанд. Ният дорем ба болотар, яъне ба Президент нависем. Дар масъалаи мактаб бошад, ҳамон мактабе, ки дар деҳаи ҳамсоя дар масофаи 3 км сохта шудааст, гӯё барои муҳоҷирон бошад. Охир фарзандони мо зимистон дар ин роҳҳои обу гил, ки ба воситаи мӯзаи резинӣ базӯр роҳ меравӣ, чӣ хел метавонанд саломатии худро ҳифз намуда, ба мактаб раванд? Агар ин мактаб барои муҳоҷирон бошад, барои чӣ онро дар деҳаи ҳамсоя сохтанд?”.

Азбаски сафари мо ба ин ноҳия дар моҳи шарифи Рамазон сурат гирифт, аз вазъи рӯзаву намози таровиҳи муҳоҷирон пурсон шудем. Як муҳоҷир, ки худро Абдураҳмон муаррифӣ намуд, аз набудани ҷойи масҷид шикоят намуда, чунин гуфт: «Имрӯзҳо муҳоҷирон аз ноҳияи Айнӣ дар як хона, 1 нафар аз Мастчоҳ дар ҷойи дигар ва муҳоҷирон аз Ғарм дар ҷойи ҷудогона намози таровиҳро ба ҷо меоранд, ки ин ба назари ман хеле вазъи ногувор аст. Зеро ман мехоҳам сарҷамъ бошем. Ин ҷудоиҳо моро боз ба маҳалҳо ҷудо менамояд, ки оқибати хубе надорад».

Як муҳоҷири дигар, ки нахост номашро ифшо кунад, чунин андеша дорад: «Мо дар ин ҷо албатта мушкили моддӣ дорем, аммо ба назари ман, мушкили маънавиямон аз моддӣ бештар аст. Дар назар дорам ходимони динии ноҳиявиро, ки дар давоми 3 сол то ба ҳол ягон маротиба ба назди мо наомадаанд. Танҳо намояндагони бахши ноҳиявии ҲНИТ як-ду маротиба омаданд ва ба мо бисёр ёрии маънавии хубе расониданд. Мардуми муҳоҷирро даъват ба ваҳдату якдилӣ намуда, эшонро аз аҳамияти ҳиҷрат аз нуқтаи назари динӣ ва дунявӣ хабардор намуданд. Илоҳо онҳо дар амони Худо бошанд. Агар сухани маро шунаванд, онҳоро боз даъват менамоям, то ки моро насиҳат кунанд».

Бале хонандаи азиз, дар байни муҳоҷирон ҳар қадаре бигардӣ, ба ҳаёти эшон аз наздик шинос мешавӣ. Дар байни онҳо шахсони боистеъдод — чӣ шоир, чӣ рассом, овозхону бузкашу паҳлавонҳои гӯштингир низ ёфт мешаванд. Аммо то ба ҳол ягон масъули бахши фарҳанги ноҳия ба назди онҳо нарафтааст. Барои чӣ мо чунинем!? Шояд мо фармони болоро интизорем? Интизорем, то фармон бидиҳанду гӯянд, ки “ба назди муҳоҷирон равед!”? Дар он сурат мо — «фармонбардоракон» шитобон бо сурнаю карнай ба назди муҳоҷирон меравем?

Аз аксари муҳоҷирон мепурсам, ки ба назди шумо аз масъулини ҳукуматӣ киҳо меоянд? Танҳо як ҷавоб аст: “Раиси ҷамоат ва муллоҳои наҳзатӣ”. Эй, офарин бар шумо! Оид ба телевизиони вилоятӣ як нафар муҳоҷир, ки нахост номаш фош шавад, чунин гуфт: «1 рӯз гуфтанд, ки намояндаи телевизиони вилоятӣ омадааст, аммо танҳо ду-се таъриф ҷамъ карда, боз ваъдаи омаданро доду рафт. Аз телевизионҳои ҷумҳуриявӣ бошад, не хат ҳасту не хабар. Дар бораи ба муҳоҷирон расонидани кӯмакҳои башардӯстона дар соли 2010 ягон хабаре нест ва масъулин ин кӯмакҳоро танҳо дар зимистон ба муҳоҷирон мерасонанд, ки дар ин вақт аксари онҳо аз сабаби набудани қувваи барқ ва ангиштсанг ба зодоҳи худ мераванд ва шахсони рафтаро аз рӯйхат мебароранд. Ин то кадом андоза қонунӣ аст, ман намедонам».

Пайрави СОЛИҲИН,

Мастчоҳ — Душанбе — Хуросон — Душанбе — Мастчоҳ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: