Главная > Uncategorized > Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Во ғарибо, во ғарибӣ, во ғариб

Давомаш.

Агар хӯҷаину хӯҷаинзан даъват мекарданд, Азиз барои коре аксар вақт то ошёнаи якум ва таҳхона рафта меомад. Ба ошёнаҳои боло шавқи баромадан надошт ва ӯро ба онҷо даъват ҳам намекарданд.

Инак, дар ин нимашаб Оксана ӯро ба утоқи хоб, ба ошёнаи дуюм даъват мекунад. Оқибаташ ба хайр шавад.Азиз бо хотири парешон ба ошёнаи дуюм баромад. «Азизджон, иди сюда!»,- овози Оксана баланд шуд аз меҳмонхона. «Ба ин зан чӣ шуда бошад?»,- фикр мекард Азиз. ӯ аз Оксана дашному таҳқирро интизор буд. Вале бо эҳтиром «Азизчик» гуфта хитоб кардани ӯ ғайричашмдошт буд. Азиз ба меҳмонхона даромадан замон ҳайрон монд. Оксана бо мӯйҳои жулидаву парешон, лабу даҳон, сару рӯйи рангумолкардашуда қариб ки тамоман бараҳна буд. Фақат камтар порчаи матои ҳарир ҷойҳои нозуки ӯро панаҳ мекарду халос.

— Азиз, иди комне!,- хитоб кард Оксана ба Азизи беҷуръат ва ҳайрон мондаву табассум карда, худ ҷониби ӯ ҳаракат намуд. Ба назди Азиз расида, ду дасташро ба гардани ӯ ҳамел карда, гуфт:

— Азизчик, я знаю, что ты давно в России и один. И я хочу разок осветить твое одиночество.

Азиз ҳоло дуруст ба худ наомада буд. Хаёлоташ ба кӯҷоҳое намебурд. ӯ шунида буд, ки азбаски мардҳои рус аксаран дар сиюпанҷ ё чилсолагӣ дар ҳолати бисёр ба шароб дода шудан аз зан дилхунук мешаванд ва бисёрии онҳо бо занҳояшон ҳамхобагӣ намекунанд, занҳо номурод аз навозишу силаҳои шавҳар мардони ғайрро меҷӯянд. Ғарқи ин фикру хаёлҳо ба Оксана муқобилият накард. Вақте ҳуш ба сараш зад, худро аз оғӯши Оксана халос карду ду қадам ба қафо монд. Оксана ҳама роҳҳоро истифода бурд, шароб нӯшониданӣ шуд, ба кисаи ӯ пул андохт, вале Азиз қабул намекард. Дар охир ба таҳдид гузашт. Вале Азизро ром карда натавонист.

Азиз он шаб мижа таҳ накарда, шабро рӯз кард. Чӣ кор кунад? Ба куҷо равад? Аз кӣ маслиҳат пурсад? Бо кадом роҳ аз ин зани далла халос шавад? Охир Артуру Диана ба ӯ инқадар хубӣ карданд. ӯро аз мурдан раҳониданд. Охир, намак хӯрда ба намакдон туф кардан… Насиҳатҳои раҳматии падараш ба хотираш мерасид: «Писарам, амонатро хиёнат накун! Касе ки ба ту бовар мекунад, ба боварии ӯ сазовор бош!».

Нормуҳаммади Бекзода,

Санкт-Петербург

(Давом дорад)

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: